Порсиситезӣ дар Афғонистон

Сулаймон Қиёмат: Ситезагарӣ бо забони порсӣ ва порсигӯён дар Афғонистон аз оғоз то кунун моҳияти сиёсӣ дошта ва зодаи зеҳнийят ва андешаи бартариҷӯии таборгароёнаи ҳокимияти сиёсӣ дар ин кишвар будааст. Ҳукуматҳои табормеҳвари Афғонистон аз замони таъсиси ин кишвар дар авохири садаи нуздаҳум бо симои сиёсӣ ва марзҳои ҷуғрофиёии кунуниаш то имрӯз пайваста дар ҷиҳати таҳмили ҳувийяти таборӣ-забонии хеш ба унвони ҳувийяти миллӣ ва расмӣ барои ин сарзамин кӯшидаанд. Онҳо ситезагарӣ бо забон ва фарҳанги порсиро ба ъунвони бахши калоне аз барномаҳои ҳувийятпардозӣ барои Афғонистон тарҳ карда ва онро аз маҷроҳои қавонин, сиёсатгузориҳо ва роҳкорҳои табъизомез созмон дода ва амалӣ кардаанд. Ин амр ба ъунвони яке аз ъавомили муҳимми тадовуми султаи онҳо кор кардааст.

Рӯйовариши шаҳрвандони Эрон ба «Зардуштнома», сурудаи чомасарои тоҷикистонӣ

Порсӣ Анҷуман: Чопи нахусти нибег (китоб)-и «Зардуштнома», сурудаи чомасарои тоҷикистонӣ Меҳроспанди Отбиён, ки нашри «Шӯрофарин» дар 370 рӯя ва бо пӯшинаи нарм дар дастраси пижӯҳандагон ва дӯстдорони фарҳанги эронию забони порсӣ ниҳода, бо рӯйовариш (истиқбол)-и фаровони шаҳрвандони Эрон рӯбарӯ шуд.

Кӯшиши барномаманд барои порсизудоӣ аз Афғонистон

Порсӣ Анҷуман: Ғуфрони Бадахшонӣ зодаи 26-и шаҳривари 1361 дар Баҳористони Бадахшон аст. Ў омӯзишҳои нахустинро то 13-солагӣ дар Бадахшон гирифт ва сипас роҳии Ҳуланд шуд ва дар он ҷой дастурӣ (дуктурӣ)-и фалсафа гирифт.

Бадахшонӣ то кунун нибегҳое чанд, монанди «Баҳори бедорӣ», «Ман Эронам», «Нақде бар сохтори низоми сиёсӣ дар Афғонистон» ва «Пашшаҳои дурдикаш», чоп кардааст.

Ончи дар пай меояд, бахше аз гуфтугӯи торнамои «Хабар-онлойн» аст бо ӯй дар бораи рӯзгори порсӣ дар Афғонистон.

Шаби дерёзи забони форсӣ дар Афғонистон

Дар оғози соли 1401-и хуршедӣ, шоҳиди як чархишгоҳи дигар дар сарнавишти забони форсӣ ҳастем. Дандонҳои вопасгароёни қавмию динӣ дар Афғонистон бар гулӯи забони форсӣ нишастааст. Дар вопасин рӯзҳои соли 1400-и хуршедӣ, гурӯҳи Толибон вожаи «донишгоҳ»-ро аз лавҳа (тоблу)-и Донишгоҳи Балх ҳазф кард.[1] Масъала фақат вожаи «донишгоҳ» нест, забони форсӣ ва форсизабонон аз ҳар назар зери фишори инсонситезонаи толибҳо қарор доранд; Аз кӯчи иҷборӣ ва рондану овора кардани ҳазораҳо то куштору оворагии панҷшериҳо.

Номаи сухансарои афғонистонӣ ба фарзандонаш

Фарзандони ъазизам!

Ин номаро барои ояндаи шумо менивисам. Инҷо, ки истодаед, оромгоҳи бузургтарин шоъири порсӣ, Абулқосим Фирдавсии Тӯcист. Шумо ҳоло намедонед, ки дар куҷо истодаед, аммо вақте бузург шавед, аз ин ки дар кӯдакӣ инҷо тасвире доред, ифтихор хоҳед кард. Қатъан агар падари шумо низ дар синну соли шумо инҷо ъаксе мегирифт, ба он ифтихор мекард.

Ёде аз устод Пир Лукук

Порсӣ Анҷуман: Устод Пир Лукук (pierre lecoq) пижӯҳишҳои гуногун ва гаронбаҳо дар бораи забон ва фарҳанги Эрон ба ёдгор ниҳодааст.

Густараи пажӯҳишҳои ӯ аз забони порса (порсии бостон) ва сангнибиштаҳои ҳахоманишӣ, забони авестоӣ ва наскҳои Авесто, забонҳои паҳлавонӣ/портӣ ва порсиг (паҳлавӣ), то гӯишҳои имрӯзи порсӣ ва низ гардониши оҳангини «Шоҳнома» ба забони фаронса ва ҷусторҳои гуногун дар заминаи забон ва фарҳанги Эрони бостонро дарбар мегирад.

Ҳарфи ‘вов’-и торихӣ ё ғайрималфуз чист?

Чиро ин “вов” нивишта мешаваду талаффуз намешавад? Чун дар гузаштаҳои дур таркиби “хв” як садои воҳид буд ва талаффуз мешуд. Масалан, вожаи “хуш” ба шакли “хваш” ба забон меомад ва рафта-рафта “вов” уфтод ва табдил ба “хаш” шуду баъдан “хуш” бо “у”-и кӯтоҳ. Ҳанӯз ҳам дар бисёре аз гӯишҳои порсӣ “хаш” ба маънои “хуш” роиҷ аст. Ҳамин таркиби “хв” дар бархе аз забонҳои жерманик ҳам ба ашколе дигар вуҷуд дорад. Ба монанди sw дар забони инглисӣ ва schw (шв) дар забони олмонӣ.

Шеъре аз Абулқосими Лоҳутӣ: хатти ПОРСӢ ва кохи тамаддуни тоҷик

Шеъри “Қасри тамаддун”-ро Лоҳутӣ дар авоили вурудаш ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз ошноияш бо Тоҷикистон ва эҳтимолан дар аввалин сафараш ба Самарқанд ё Бухоро ё Душанбе нивиштааст ва дар ин шеър ъишқе, ки Лоҳутии бузургвор ба ХАТТИ ПОРСӢ дорад, бармалост! Вай хатти порсиро, ки имрӯз бархе бо он сари ситез доранд, “хатти тоҷикон” ва далеле мутқан барои исботи фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар Варорӯд медонад.

Форсизабонони бегона ва ягона

Онҳое, ки гумон мекунанд адабиёти форсӣ дар Эрон баъд аз қарни XVI-и масеҳӣ дар замони салтанати Сафавиён, дар Мовароуннаҳр, ки Тоҷикистони имрӯза як ҷузъи он ба шумор меравад, пас аз қарни XVI-и масеҳӣ баъди ба сари қудрат омадани хонадони Шайбониён ва дар Афғонистон баъд аз қарни ХVII-и масеҳӣ дар давраи салтанати Дуррониҳо ба се бахши мустақил қисмат шуд, иштибоҳи ъазим мекунанд. Зеро ташхиси тамоюлҳои асосии адабиёт ба забони форсӣ дар ин кишварҳо дар як-ду-се қарни баъдина бармало месозад, ки он ягона боқӣ мондааст.

Ҳаким Майсарӣ: Бигӯям тозӣ, арна ПОРСӢ нағз

”Донишнома”-и пизишкии Ҳаким Майсарии Суғдӣ аз лиҳози сабки нигориш, мазмунҳои ахлоқӣ ва нукоти ҳакимонааш дархури таваҷҷуҳ аст. Аммо бузургтарин вижагии ин асар он аст, ки Ҳаким Майсарӣ бо таъкид изҳор медорад, ки “Донишнома”-ро на ба ъарабӣ, балки ба забони модарияш – ПОРСӢ – сурудааст. Ин фарзанди арҷманди Суғд – Ҳаким Майсарӣ дар баробари тозӣ аз забони поки ПОРСИИ хеш, аз сарзамини номдораш ЭРОН бо ифтихори тамом сухан мегӯяд.

1 2 3 4 6