Вожагузинӣ ва чироии парҳез аз вожаҳои ошно

Куруши Ҷаннатӣ: Гоҳ пеш меояд, ки дар бархурд бо наввожае ноошно, дӯстон ва ҳамвандони «Порсӣ Анҷуман», ҳамарз ва баробарниҳодаи ошнотареро пешниҳод мекунанд ва мепурсанд чиро бо доштани ҳамарзи содатар, шумо наввожае дерёбро пешниҳод мекунед; барои намуна пурсида мешавад ё гилоя мешавад, ки бо доштани вожаи «мардум» чӣ ниёзе ба вожаи «миллат» ё баробарниҳодаи порсии он «нафон» дорем? Ё чиро ба осонӣ ба ҷойи вожаи «ғизо» аз «хӯрок» баҳра намебарем?

Чироии полоиши порсӣ аз вомвожаҳои арабӣ

Куруши Ҷаннатӣ: Далелҳои бисёре дар пуштибонӣ ва падофанд аз полоиши забони порсӣ аз вожаҳои арабӣ вуҷуд дорад. Дар ин нивиштор мекӯшем ба се далел ва ангезаи барҷаста дар ин замина ишора кунем ва ҳар якро ба кӯтоҳӣ бознамоем.

Дар бораи номи «Порсӣ Анҷуман»

Порсӣ Анҷуман: Гурӯҳе аз хонандагони «Порсӣ Анҷуман» дар бораи номи анҷуман ва чироии пеш уфтодани гузорвожа(сифат)-и (порсӣ) бар номвожа (анҷуман) дар ин ном пурсидаанд.

Дар посух бояд гуфт, ки номи «Порсӣ Анҷуман» омехтае аз «порсӣ» ва «анҷуман» аст, ва ҳамонгуна, ки рафт, нахустин гузорвожа ва дувумӣ номвожа бошад. Дар забони порсӣ, ҳамчун забони порсиг (паҳлавӣ), гузорвожа тавонад пеш ё пас аз номвожаи вобастааш ояд. Дар нивиштаҳои порсӣ ва порсиг намунаҳо бас фаровонанд, онсон, ки дар Шоҳнома, ки сари сухани порсӣ аст, гузорвожа бештар пеш аз номвожа ояд.

Қавонини ҳуқуқибашарӣ дар бораи омӯзиши забонҳои маҳаллӣ ва қавмӣ чи мегӯянд?

Аббос Салимии Онгил: Дар ин ёддошт, бо истинод ба «Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар», «Мисоқи байналмилалии ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ», «Мисоқи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ», «Кунвонсиюни ъадами табъиз дар омӯзиш ва парвариш», «Кунвонсиюни ҳуқуқи кӯдак» ва «Қонун асосии Эрон», иддаъоҳои ҳуқуқии мухолифони расмӣ будани забони форсӣ ва ҳаводорони иҷборӣ шудани «омӯзиши забони модарӣ» ва «омӯзиш ба забони модарӣ» баррасӣ мешавад. Дар оғоз, мавод ва усуле аз қавонини ёдшударо, ки ба амри «омӯзиш» пардохтаанд, меоварем то бидонем чи мегӯянд ва дар бораи чи чизе сухан мегӯем, онгоҳ назари яке аз ҳуқуқдонони баном ва ботаҷрибае, ки пижӯҳишҳояш дар ин бора дар дарун ва буруни Эрон маҳалли руҷӯъ аст, оварда мешавад ва сипас ба бархе савийяҳои нопайдои ин мабоҳис хоҳем пардохт.

Порсиситезӣ дар Афғонистон

Сулаймон Қиёмат: Ситезагарӣ бо забони порсӣ ва порсигӯён дар Афғонистон аз оғоз то кунун моҳияти сиёсӣ дошта ва зодаи зеҳнийят ва андешаи бартариҷӯии таборгароёнаи ҳокимияти сиёсӣ дар ин кишвар будааст. Ҳукуматҳои табормеҳвари Афғонистон аз замони таъсиси ин кишвар дар авохири садаи нуздаҳум бо симои сиёсӣ ва марзҳои ҷуғрофиёии кунуниаш то имрӯз пайваста дар ҷиҳати таҳмили ҳувийяти таборӣ-забонии хеш ба унвони ҳувийяти миллӣ ва расмӣ барои ин сарзамин кӯшидаанд. Онҳо ситезагарӣ бо забон ва фарҳанги порсиро ба ъунвони бахши калоне аз барномаҳои ҳувийятпардозӣ барои Афғонистон тарҳ карда ва онро аз маҷроҳои қавонин, сиёсатгузориҳо ва роҳкорҳои табъизомез созмон дода ва амалӣ кардаанд. Ин амр ба ъунвони яке аз ъавомили муҳимми тадовуми султаи онҳо кор кардааст.

Рӯйовариши шаҳрвандони Эрон ба «Зардуштнома», сурудаи чомасарои тоҷикистонӣ

Порсӣ Анҷуман: Чопи нахусти нибег (китоб)-и «Зардуштнома», сурудаи чомасарои тоҷикистонӣ Меҳроспанди Отбиён, ки нашри «Шӯрофарин» дар 370 рӯя ва бо пӯшинаи нарм дар дастраси пижӯҳандагон ва дӯстдорони фарҳанги эронию забони порсӣ ниҳода, бо рӯйовариш (истиқбол)-и фаровони шаҳрвандони Эрон рӯбарӯ шуд.

Забони порсӣ ва бунёди достонҳои меҳанӣ (шоҳномаҳо)

Ҷовид Ашконӣ: Ба гоҳе, ки Дориюши севуми ҳахоманишӣ дар соли 331 пеш аз зоиши Масеҳ кушта омад ба дасти Искандари гуҷаста, кушта шудани ӯ як «марзи торихӣ» барои забонҳои эронӣ ба шумор ояд, зерок зи марги ӯ то соли 867-и тарсоӣ – яъне давраи миёнаи забонҳои эронӣ – то рӯзгоре, ки Родмон пури Моҳак (Яъқуби Лайси Саффор) ба фармонравоии бахшҳои ховарии Эрон расид ва забони порсиро бунёди кори хеш сохт, ҳазор сол гузашт. Пеш аз он давра «порсии бостон», ва пас аз он давра «порсии нав» номгузорӣ гардид[1].

Номаи сухансарои афғонистонӣ ба фарзандонаш

Фарзандони ъазизам!

Ин номаро барои ояндаи шумо менивисам. Инҷо, ки истодаед, оромгоҳи бузургтарин шоъири порсӣ, Абулқосим Фирдавсии Тӯcист. Шумо ҳоло намедонед, ки дар куҷо истодаед, аммо вақте бузург шавед, аз ин ки дар кӯдакӣ инҷо тасвире доред, ифтихор хоҳед кард. Қатъан агар падари шумо низ дар синну соли шумо инҷо ъаксе мегирифт, ба он ифтихор мекард.

Забони порсӣ дар остонаи тозиш ва се сада пас аз он

Порсӣ Анҷуман: Алиашраф Содиқӣ, забоншинос, дар нишасти “Забони порсӣ дар се даҳаи нахусти пас аз тозиш” дар оғоз ба номи забони порсӣ ва хостгоҳи он пардохт ва гуфт, ки хостгоҳи забони форсии дарӣ устони Хуросони куҳан нест. Номи ин забон порсӣ аст ва ҳамон гуна, ки аз ин ном барояд, хостгоҳи порсӣ устони Порс аст.

Шеъре аз Абулқосими Лоҳутӣ: хатти ПОРСӢ ва кохи тамаддуни тоҷик

Шеъри “Қасри тамаддун”-ро Лоҳутӣ дар авоили вурудаш ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз ошноияш бо Тоҷикистон ва эҳтимолан дар аввалин сафараш ба Самарқанд ё Бухоро ё Душанбе нивиштааст ва дар ин шеър ъишқе, ки Лоҳутии бузургвор ба ХАТТИ ПОРСӢ дорад, бармалост! Вай хатти порсиро, ки имрӯз бархе бо он сари ситез доранд, “хатти тоҷикон” ва далеле мутқан барои исботи фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар Варорӯд медонад.

1 4 5 6 7 8 9