Боргирии “Номномаи эронӣ”-и Юстӣ

Аз Юстӣ корҳое арзанда ба ёдгор монда, ки арзандатарини онҳо “Номномаи эронӣ” (Iranisches Namenbuch) аст, ки ба соли 1895 чопахш шудааст. Ин нибег (китоб) дарбардорандаи наздики 4500 ном ва 9500 каси ҷудогона аст, ки аз нивиштаҳои эронӣ (авестоӣ, порсии бостон, паҳлавонӣ, порсиг ва порсӣ) ва нивиштаҳои анэронӣ (ошӯриён, юнониён, ҷуҳудон, сурёниён, ъарабон ва…) то замони Юстӣ ба даст омада буд.

Решаёбии табор ва забони курдӣ

Дар ин ҷустор Ъаббоси Ҷаводӣ бар пояи дидгоҳҳои модшиносон ва забоншиносони номдоре чун Дёкунуф, Минурскӣ, МакКензӣ ва Виндфур нишон медиҳад, ки забони курдӣ, ки дар гурӯҳи забонҳои эронӣ ҷой дорад, батанҳоӣ бозмондаи забони модии бостон нест ва чунин нигарише ба дур аз ҳар гуна пажӯҳиши донишӣ аст.

Боргирии ‘Фарҳанги Қаввос’

“Фарҳанги Қаввос”, нивиштаи Фахруддини Муборакшоҳи Қаввос ё Фахруддини Камонгар, аз фарҳангҳои куҳани порсӣ аст, ки дар садаи ҳафтум дар панҷ бахш дар Ҳиндустон нивишта шудааст. Нивисандаи онро бояд поягузори фарҳангнивисӣ дар Ҳиндустон ба шумор овард, чи ба пайравӣ аз ин фарҳанг фарҳангҳои бисёре чун “Дастур-ул-фазл”, “Зуфонгӯё”, “Баҳр-ул-фазоил” ва “Шарафнома” дар Ҳиндустон нивишта шудаанд.

Боргирии Фарҳанги Фидоӣ (бархе вожагони сараи порсӣ)

Дар ин фарҳанг шуморе вожаҳои сода ва омехтаи сара ҳастанд, ки метавонанд ба кори порсинивисони имрӯз оянд. Барои намуна, вожаҳое ҳамчун “потоба” ба ҳамтоии “кафш” “потоба гушудан” ба ҳамтоии “истироҳат кардан”, “поандоз” ба ҳамтоии “фарш”, ки дар ин фарҳанг омадаанд.

Боргирии «Тавоноии забони порсӣ»-и Ливоӣ

«Тавоноии забони порсӣ» аз зиндаёд Муҳаммадъалии Ливоӣ, жарфои дониши забоншиносии донишомӯхтагони даврони ризошоҳӣ ва низ кӯшиши ин гурӯҳ дар посдориву полоиши донишваронаи забони порсиро аз ҳар он чи рангу бӯи бегона дорад, банекӣ менамоёнад.

«Номҳои эроншаҳрӣ»-и наврӯзонаи Порсӣ Анҷуман ба хонандагонаш

Фарҳанг ҳамаи огоҳиҳо ва донишу хиради мардумони як сарзамин ё кишвар аст, ки забон дар дарозои замон гузоришгари чигунаги он аст. Ҳар забон аз гурӯҳи анбӯҳе таквожи решаӣ ва вожагони пояӣ ё ҳастаӣ пайкар ёфта ва дар дарозои замон, баста ба пешрафти фарҳангии гӯишварони он забон, бар гурӯҳи он вожагон афзуда шудааст.

Боргирии “Фарҳанги истилоҳоти фалсафа ва улуми иҷтимоъӣ”

Зербинои китоби “Фарҳанги истилоҳоти фалсафа ва улуми иҷтимоъӣ” ба пеш аз инқилоби исломӣ мерасад, ҳангоме ки дар соли 1355 Пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ вожагони фалсафа ва улуми иҷтимоъӣ (баробарниҳодҳои мутарҷимон ва нивисандагони эронӣ)-ро бо гирдоварии Таййибабегуми Раисӣ ва вироиши Дориюши Ошурӣ мунташир ва сипас дар соли 1357 Фарҳанги фалсафа ва улуми иҷтимоъиро вогонд (=мунташир кард).

Пайкараи форсии рӯз

“Пайкараи форси рӯз” пайкарае аст дарбардорандаи матнҳои муъосири форсӣ, ки ба сарпарастии нигоранда дар интишороти Тисо таҳия шуда ва дарбардорандаи 127 матни форсӣ аст. Ин пайкара барои таълифи асаре бо унвони эҳтимолии “Фарҳанги форсии рӯз” гирдоварӣ шуда ва бар мабнои он нармафзоре вижаи фарҳангнивисӣ бо унвони Перлекс (1) тарроҳӣ ва омода шудааст. Барои ин ки забони бакоррафта дар пайкара забони форсии зиндаи имрӯз бошад, тамоми матнҳо аз миёни осори мансуре интихоб шудаанд, ки аз соли 1380 то 1394 нивишта шудаанд ё чопи нахусти онҳо дар ин фосилаи замонӣ будааст.

Боргирии “Фарҳанги ривояти динӣ”

“Фарҳанги ривояти динӣ”, нивиштаи порсӣ аз соли 1023-и яздигирдӣ (1654-и тарсоӣ/милодӣ) аст. Манучеҳри Санҷоно, нивисандаи он, порсиро хуб намедониста ва гӯё барои ёдгирии худ ин фарҳангвораро фароҳам овардааст. Ҳарчанд кори Санҷоно пур аз бадхонӣ ва бадгирӣ аст ва бархе аз вожаҳоро дуруст нахонда ё дуруст андар наёфта, аммо фарҳангҳое аз ин даст нишонгари тародод (суннат)-и фарҳангнивисӣ дар бахше аз густараи шаҳройинии эронӣ (Гуҷарот) ва низ пайванди беҳдинони он паҳна бо забони порсӣ дар се-чаҳор садаи пеш аст.

1 2 3 4 5 6 7