Зеҳнӣ: Забон ва адабиёти форсӣ муштарак аст!

Адабиёти муштараки форсиро ба кишваре, бо вилояте нисбат додан норавост, зеро падидоварандаву офаринандаи ин адабиёти нафису муҳташам танҳо мовароуннаҳриён ё хуросониён, эрониён набуда, балки дар ин роҳ муштаракан хидматҳо ва ҷонсупориҳо ба вуҷуд омадаву гуна-гуна шоъирони муҳтарам аз ҳар сарзамин гул кардаанд. Бинобар ин адабиёти форсӣ муштарак аст, чи афғон, чи тоҷик, чи эронӣ, ҳатто ҳиндустониҳои мусалмон ҳақ доранд бигӯянд: адабиёти мост!

Эрон сарзамини мо ва порсӣ забони мо!

Ин мақолаи устод Айнӣ дар торихи 30.9.1934 нивишта шудааст – андаке пештар аз шурӯъи қатлиъоми труйкои истолинӣ ва терури сартосарии равшанфикрони тоҷик ба ҷурми дониши донишгоҳӣ (мадориси Самарқанду Бухоро) доштан ва пеш аз лак андар лак ба оташ кашидани китобҳои ҳазорсолаи мо ва пеш аз он ки забони моро хоҷагони бадманиши Кремлин “забони тоҷикӣ” (соли 1938) эълом доранд. Замони нивиштани ин мақола ҳатто дар андешаи устод Айнӣ намегунҷид, ки пас аз се-чаҳор солаке ба забон овардани вожаи “порсӣ” ё “форсӣ” ҷурму ҷиноят маҳсуб хоҳад шуд.

Шакурӣ: Аммаам худро “форс” гуфт, “узбечка” навиштанд

баъд аз он ки аммаамро “ӯзбечка” навистанд, аз ман пурсиданд, ки “туя миллатат чӣ?” Ман гуфтам, ки “ман тоҷик.” Баъд гуфтанд, ки “о туя модаркалонат узбек будаасту ту тоҷик-мӣ?” Ман гуфтам, ки “ин кас модаркалони ман не, ин аммаи ман.” Ман гуфтам, ки “ман тоҷик, ин кас ҳар чи ки бошанд.” Баъд гуфт: “Не, фикр кун, чиба ту тоҷик?” Ман гуфтам, “ҳамту тоҷик.” Бисёр исрор карданд, ки “тоҷик нестӣ ту ҳам”, ман гуфтам, “не, маро тоҷик нависед.” Баъд “хайр” гуфту чизе навишт ба дафтараш, ки ман акнун намедонам, ки вай чи навишт.

Алифбои тоҷикӣ ва зарурати ислоҳи он

Бештарин мушкилоти забонии мо ба камбудҳо ва навоқиси алифбои сохтае марбут аст, ки боъиси сар задани мушкилоти ҷиддӣ дар илмҳое чун овошиносӣ ё фонетика, сарф ё морфология ва, то андозае, ҷумла ё граматика шудааст. Бояд таъкид кард, ки мушкилоти забон бар асари камбудиҳои ҷиддии алифбо дар ташаккули тафаккур ва андешаи миллии мардуми мо, ки забон яке аз манбаъҳои аслии он аст, нақши манфие бозидааст.

Забони форсӣ: Қолабҳои шӯравӣ ва тафаккури қолабӣ

Табдили хат амали сиёсатҳои бузург буда, аз доираи хоҳишу фаъъолияти шахсиятҳои ҷудогона берун аст ва аз ҷониби бархе гунаҳкор кардани нависандаи маъруфи тоҷик, аллома Садриддини Айнӣ дар табдили хатти форсии тоҷикӣ ба лотинӣ аз даъвое хушку холӣ беш нест. Ӯ нуқсро на дар алифбо, балки дар усули таълими он дарёфта, ҳамчун таҷаддудхоҳи бузург бо Абдулвоҳиди Мунзим аввалин мактаби усули навро дар Бухоро (1908) таъсис дод.

Боргирии китоби “Забон ва адаби форсӣ дар қаламрави Усмонӣ”

Саргузашти пурфарозунишеби забон ва фарҳанги эронӣ дар ҳар диёр ҷудо-ҷудо бояд бадиққат мавриди баррасӣ ва шинохт қарор гирад. Ҳосили кор, аз як тараф, риштаҳои дӯстӣ ва пайванди маънавӣ миёни мо ва ҳамсоягони моро устувории бештар хоҳад бахшид. Аз тарафи дигар, чеҳраи фарҳанги ҷаҳонгири дерсоли Эрон, ин пири сарфарози қурун ва аъсорро, тобноктар хоҳад кард. Гавҳарҳои гумшудае ба бозор хоҳад омад, ки таҳқиқ дар онҳо ва баҳраҷӯӣ аз онҳо забону фарҳанги моро ғанитар хоҳад кард ва бар ҷилваю ҷамоли он хоҳад афзуд.

Форсӣ ё тоҷикӣ: ‘Қонуни забон ноқис боқӣ мондааст’

Бузургтарин осори форсиро бухориёну балхиён ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Самарқандӣ, Дақиқии Тусӣ, Кисоии Марвазӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Робиъа ва Шаҳиди Балхӣ, Шавкат ва Шокири Бухороӣ ва даҳҳои дигар, ки дар аҳди Сомониён ба воя расида буданд, навиштаанд. Ҳич кадом аз инҳо нагуфтаанд, ки “мо тоҷикӣ навиштаем”, балки фармудаанд “мо форсӣ ё дарӣ гуфтаем.”

Форсӣ дар Покистон: Аз суруди миллӣ то шарофати фарҳангӣ

Афзун бар шоъирону нивисандагони форсии покистонӣ, дар ҳоли ҳозир, шумори зиёде аз сиёсатдонон ва сиёсатмадорон ва ҳунармандони овозхон дар Покистон ҳастанд, ки ба забони форсӣ сухан мегӯянд. Қозӣ Ҳусайн Аҳмад Собиқ, раҳбари Ҷамоъати исломии Покистон, Мавлоно Фазлурраҳмон, раҳбари Ҷамъияти исломии Покистон, Ҷовид Ҳошимӣ, муъовини ҳизби Муслим Лиг дар Покистон, ва ҳамчунин Афросиёби Хатак, раҳбари Авомӣ Нейшнал Портӣ, ва хонум Бегум Насим Валӣ ва шумори зиёде аз сиёсатдонон, метавонанд ба забони форсӣ сухан гӯянд.

Дориюши Раҷабиён: Ман тоҷикам, яъне эронӣ” (посух ба Иброҳим Усмонов)

Имрӯза бо тағйиру таҳаввуле, ки дар таркиби қавмию нажодии афрод сурат гирифта, суҳбат аз қавми сараву поки порс ё ҳар қавми дигаре бемаъност. Бад-ин ҷиҳат, ҳар он касро, ки аз нажоди эронисту забони модариаш порсист, мешавад “порс” номид. Садриддин Айнӣ дар соли 1919 ҳеч ибое надошт, ки тоҷиконро “форсиён” биномад ва дар мақолае навишта буд: “Бадбахтона, мо, форсиён, ҳанӯз дар кӯчаи бехабарӣ тамошогарӣ мекунем” (“Танвири афкор”, 1919). Ва “форсиён” барои устод Айнӣ ва бузургони дигари даврон мутародифи вожаи “тоҷик” буд.

Боргирии китоби “Ҳувияти эронӣ ва забони форсӣ”-и Шоҳрухи Маскӯб

Шоҳрухи Маскӯб бар ин бовар аст, ки забони форсӣ ва торихи миллии Эронзамин ду ҳанованд (омил)-и маҳанде (муҳимме) аст, ки эрониёнро аз ҳал шудан дар уммати исломӣ ва низ араб шудан нигаҳ дошт. Ба гуфтаи Маскуб: “Дуруст бар ҳамин ду омил ҳувияти миллӣ ё қавмии худро бино кардем. Яке (торих) пуштвона, тӯшаи роҳ ва такягоҳамон буд ва дигарӣ (забон) шолуда, пойгоҳ ва ҷонпаноҳ, ҳисоре, ки дар он истодем.”

1 10 11 12 13 14 16