Пешинаи забони порсӣ ва мушкили номи расмии он дар Тоҷикистон

Сомониён порсиро бар курсии заррине нишонданду ба забони дуюми ҷаҳони ислом табдил доданд ва забони адабиёти мондагори ҷаҳон карданд! Ҳоло чигуна мешавад, ки Исмоъили Сомониро бунёдгузори давлати мутамаркази тоҷикон дар ҳудуди 1200 сол пеш бидонему муҷассамаи ӯро ҳамчун намоди давлатдории миллии худ дар маркази пойтахти имрӯзиямон бунёд кунем, аммо забонеро, ки худи Сомониён ПОРСӢ номидаанд, напазирем?

‘Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ’ чоп шуд

“Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ”, нивиштаи Раҳоми Аша ва гардониши Марями Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон ба порсии сара чоп шуд. Нивисанда худи забони порсигро пояи кори хеш ниҳода, бад-он чунон забоне зинда ва пӯё дарнигариста, сарчашмаҳоро борикбинона ва санҷишгарона баррасида ва намунаҳое бисёр аз камобеш ҳамаи нивиштаҳои порсиг фародасти омӯзанда гузордааст.

Устод Шаҳриёр: Озарбойҷон конуни забони паҳлавӣ ва нажоди ориё буд

Устод Шаҳриёр на танҳо яке аз чомасароёни номдори забони порсӣ дар рӯзгори мост, ки меҳандӯсте огоҳ низ буд. Ин эрондӯстии ӯ дар чомаҳояш, ҳамчун сурудаи Тахти Ҷамшед ё Дар ситоиши Фирдавсӣ, бозтобе густарда дорад. Ӯ ба некӣ аз ин ростии торихӣ огоҳ буд, ки забони Озарбойҷон пеш аз турктозии туркон гӯише аз забони порсӣ бо номи паҳлавии озарӣ буда ва бар ҳамин поя аст, ки барӯшанӣ мегӯяд, ки “Озарбойҷон конуни забони паҳлавӣ будааст.

Боло гирифтани ҳаёҳӯҳо бар сари вожаи “хиёбон” дар Афғонистон

Вожаи “хиёбон” пеш аз он ки кишваре ба номи Афғонистон дар паҳнаи гетӣ по гирад, бар забони порсизабонони ҳиротӣ равон буда ва шигифт инҷост, ки хостгоҳи вожаи “хиёбон”, ки шаҳри Ҳирот аст, ва ин вожа аз гӯиши ҳиротии порсӣ ба дигар гӯишҳои забони порсӣ андар шуда, акнун дар зодгоҳи худ бегона дониста шуда ва шаҳрдори ин шаҳр ҳамаи кӯшиши худро дар ин гузоштааст, то вожаи “хиёбон”-ро аз гузаргоҳҳои Ҳирот бизудояд.

Кудоме дуруст аст: ‘нИвиштан’ ё ‘нАвиштан?’

Вожаи “нивиштан” (نوشتن) дар забони порсии бостон ба гунаи “нипишта” буд, ки батадриҷ дар забони порсии миёна ба “нибиштан” (نبشتن) табдил шуд ва имрӯза дар забони порсии навин ба шакли “нивиштан” (نوشتن) даромадааст. Ҳеч далеле вуҷуд надорад, ки “нИвиштан” дар забони порсии дарӣ ба “нАвиштан” бадал шуда бошад ва дар луғатномаҳои порсӣ ин вожа ба гунаи “нивиштан” (نوشتن – ба касри нун ва вов) сабт шудааст. Албатта, ин вожа гоҳ ба гунаи “нибиштан” (نبشتن) ҳам фаровон ба кор рафтааст.

‘Pārsīg Language’ номзади ‘Китоби сол’ шуд

Забони порсиг (паҳлавӣ), нивиштаи Раҳоми Аша ба забони инглисӣ, ки соли гузашта барои нахустин бор дар Эрон ба чоп расид, номзади “Китоби сол”-и Эрон шудааст. Аша намунаҳои ин нибегро дар беш аз яксад нивиштаи порсиг (ҳар нивиштаи порсиге, ки то кунун ба дасти мо расида) баргузидааст.

Забони форсӣ ва ҳукуматҳои туркон

Аз салотини ғазнавӣ, ки дарборашон маркази аҳли шеър ва ъилму адаб буд, дар дарбори дигар силсилаҳои бузургу кӯчаки туркнажод ҳам бозори шеъру адаби форсӣ гарм буд, то бад-он ҳад, ки бархе аз ин фармонравоёни туркнажод худ низ ба забони форсӣ шеър месуруданд. Чунонки аз Қарохониён Амир Бурӣ-Такин, Ҷалолуддини Қилиҷ-Тамғоҷхони Иброҳим, ва Нусратуддини Қилиҷ-Арсалон Хоқони Ъусмон на фақат забони форсиро фаро гирифта буданд, балки ба ин забон шеър низ месуруданд.

Ҳафта дар Эрони бостон

Устод Бадруззамони Қариб бо пажӯҳише дар “Ҳафтпайкар”-и Низомӣ ва нивиштаҳои монавиён ба “ҳафта дар Эрони бостон” пардохтааст. Низомии Ганҷавӣ аз ангуштшумор чомасароёнест, ки пайванди рӯзҳои ҳафтаро бо ҳафт абохтар [=сайёра] нишон додааст. Дар фарҳанги эронӣ якони замон на ҳафта, ки моҳу рӯз аст ва ҳар рӯзи моҳ ба номи минуе хонда мешавад ва торихи ҳар рӯйдод низ бар пояи номи моҳ ва номи рӯз аст, ҳамчун моҳи фарвардин, рӯзи хурдод, зодрӯзи Ашу Зардушт.

Посухи Ҳидоят ба Тақизода дар бораи боистагии бакоргирии вожаҳои порсӣ

Содиқи Ҳидоят на танҳо поягузори достоннивисии навин дар забони порсӣ буд, ки порсигдоне (паҳлавидоне) барҷаста низ ба шумор мерафт, ки нибегҳое чанд аз порсиг ба порсӣ гузорда буд. Вай, ки ҷоне эронӣ ва донише фарох дошт, дар посухи Сайидҳасани Тақизода, ки сухан аз бартарии бакоргирии вожаҳои ъарабӣ дар порсӣ ронда буд, чунин гуфтааст…

Дар бораи вожаи “меҳан” аз устод Пурдовуд

“Меҳан” вожаест чандинҳазорсола. Дар Авесто, номаи динии ниёкони мо, ки куҳантарин санади катбии Эронзамин аст, ва дар ҷуғрофиё ва торихи мо ва дар адабиёти форсӣ бисёр ба кор рафта, ончунон ки пас аз баршумурдани ин маъхаз хоҳам дид, ки меҳан вожаи .беному нишоне нест, реша ва буни устуворе дорад

1 4 5 6 7 8 16