‘Донишнома’-и Майсарӣ – нахустин асари манзумаи пизишкӣ ба порсии дарӣ
Муҳимтарин вижагии ин асар он аст, ки Ҳакими Майсарии Суғдӣ бо таъкид изҳор медорад, ки ‘Донишнома’-ашро на ба ъарабӣ, балки ба забони модарияш – ПОРСӢ сурудааст. Фарзанди арҷманди Суғд – Ҳакими Майсарӣ дар баробари тозӣ аз забони поки порсии хеш, аз сарзамини номдораш Эрон бо ифтихори тамом сухан мегӯяд. Ин ҳама ифтихору сарбуландии миллӣ он замон албатта аз баракати давлати Сомониён дар рӯҳу шарёни ъумум туғён карда буд.