Забони ширини порсӣ

Порсӣ Анҷуман: «Забони ширини порсӣ» суханронии дастур (дуктур) Жолаи Омӯзгор аст, ки дар ойини гушоиши Анҷумани ҷаҳонии эроншиносӣ (The International Soсiety for Iranian Studies, ISIS) дар 27-уми жуани 2010 дар Лус-Онҷелус бар забон ронда шуда.
Ин суханрониро дар зер бибинед ва бишинавед, ё онро аз «ин ҷой» боргиред то ба чироии шаккарин будани порсӣ пай бибаред.

Баробарниҳодаҳое барои ду вожа: «тазоҳурот» ва «инқилоб»

Куруши Ҷаннатӣ: Ҷунбишҳои сарагароёна ба думболи онанд, ки то онҷо ки шуданист ва дар чаҳорчӯби дониш ва санҷидорҳо(завобит)-и вожагузинӣ мегунҷад, забонро аз вомвожаҳои бегона сабукбор кунанд. Бар пояи дидгоҳҳои сарагароёна бисёре аз наввожаҳои порсӣ, ки дар оғоз ноошно ва шигифт менамоянд дар гузари замон ҷойи худро дар баданаи забон боз мекунанд.

Деҳқони фасеҳи порсизод (бахши поёнӣ)

Мустафо Насирӣ: Касоне (мисли Фирдавсӣ ва Ганҷавӣ), ки аз тариқи шоъирӣ унвони «ҳаким»-ро аз ҷомеъаи худ мегиранд, шеърашон бисёр фаротар аз тавсифи гулу булбул ва дар ҳақиқат шомили низоме аз дониш ва инъикосдиҳандаи мантиқи гуфтори як кулли тамаддунӣ ва фарҳангист. Аз сӯи дигар, фарҳанг, ахлоқ, панд ва андарзҳои ҳикамии Низомӣ чизе нест, ки аз як дунёи туркӣ илҳом гирифта шуда ва ба зеҳни ӯ хутур ва сипас шоъир, он мазомин ва мафоҳими асолатан туркиро аз иктиноҳи зеҳнӣ ва равонӣ дарёфт ва дар рӯшанои зеҳни худ ба забони дигаре (мисли форсӣ) тарҷума ва адо карда бошад.

Ҳафт фарнуди меҳодин (далели аслӣ)-и носозгорон бо полойиши забони порсӣ

Ориё Сарвар

Пурсишҳои носозгорон:

1- Забон, забон аст дигар чи ин, чи он, омоҷ (ҳадаф) танҳо пайванди миёни мардум аст.

2- Забони пок ва сара ҳеч ҷойи ҷаҳон надорем ва доштани вомвожа чизе баҳанҷор аст.

3- Ниме аз забони инглисӣ вомвожа ҳаст; вале забони инглисӣ бисёр комёб аст.

4- Забони форсӣ ба ангезаи вожаҳои арабӣ, забоне фохир аст ва бе онҳо лухту бараҳна ва “алкан”(гунг)!

5- Забони порсии сара хандадор ва ришхандист (масхара аст).

6- Забон чун пӯёст, пас бигзорем, ки вожаҳо бо раванди “табиъӣ” биёянд ва бираванд.

7- Забон дар пешрафт ё вопасмондагии гӯяндагони он забон, ҳануд (таъсир) надорад.
Ва аммо посухҳо:

Фарҳангистон ва забони мардум: нигоҳе гузаро ба коркарди чанд коргурӯҳи Фарҳангистон

Аббос Салимии Онгил: Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ аз муҳиммтарин ниҳодҳои фарҳангии як садаи ахир аст ва ба андозаи аҳаммияташ душманони огоҳу ноогоҳ, босаводу бесавод ва дилсӯзу ғаразварз доштааст. Аз сӯе, нивисандаи тавоное чун Содиқ Ҳидоят баробарёбиҳо ва вожагузиниҳои Фарҳангистонро даст андохт ва ё дастикам бо он мухолифат кард ва аз сӯи дигар, таҷзияталабон ва душманони забони форсӣ бар ин ниҳод ханҷар охтаанд.

Фарҳангистон ва вомвожаҳои арабӣ

Куруши Ҷаннатӣ: Подком(ба рағм)-и ҳамаи кӯшишҳое, ки бавижа дар яксад соли гузашта дар заминаи полоиши забони порсӣ аз вомвожаҳои бегона анҷом шудааст, ҳамчунон вомвожаҳои бисёре дар забони порсӣ вуҷуд дорад. Бахши бузурге аз вомвожаҳои забони порсӣ, вожаҳои арабие ҳастанд, ки пас аз тозиши тозиён ба Эрон багустардагӣ дар забони порсӣ корбурд ёфтаанд. Деринагӣ ва пешинаи корбурди шуморе аз ин вожаҳо дар забони порсӣ ба беш аз ҳазор сол мерасад ва аз ҳамин рӯ канор гузоштан ва полоиши онҳо кори осоне нест. Фарҳангистон низ бахши бузурге аз ин вомвожаҳоро пазируфта ва бештарин кӯшиши худро бар рӯйи вомвожаҳои урупоитаборе мутамаркиз карда, ки дар ин чанд даҳа ба гунае селосо дар ҳоли вуруд ба забони порсӣ ҳастанд.

Чироии полоиши порсӣ аз вомвожаҳои арабӣ

Куруши Ҷаннатӣ: Далелҳои бисёре дар пуштибонӣ ва падофанд аз полоиши забони порсӣ аз вожаҳои арабӣ вуҷуд дорад. Дар ин нивиштор мекӯшем ба се далел ва ангезаи барҷаста дар ин замина ишора кунем ва ҳар якро ба кӯтоҳӣ бознамоем.

Қавонини ҳуқуқибашарӣ дар бораи омӯзиши забонҳои маҳаллӣ ва қавмӣ чи мегӯянд?

Аббос Салимии Онгил: Дар ин ёддошт, бо истинод ба «Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар», «Мисоқи байналмилалии ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ», «Мисоқи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ», «Кунвонсиюни ъадами табъиз дар омӯзиш ва парвариш», «Кунвонсиюни ҳуқуқи кӯдак» ва «Қонун асосии Эрон», иддаъоҳои ҳуқуқии мухолифони расмӣ будани забони форсӣ ва ҳаводорони иҷборӣ шудани «омӯзиши забони модарӣ» ва «омӯзиш ба забони модарӣ» баррасӣ мешавад. Дар оғоз, мавод ва усуле аз қавонини ёдшударо, ки ба амри «омӯзиш» пардохтаанд, меоварем то бидонем чи мегӯянд ва дар бораи чи чизе сухан мегӯем, онгоҳ назари яке аз ҳуқуқдонони баном ва ботаҷрибае, ки пижӯҳишҳояш дар ин бора дар дарун ва буруни Эрон маҳалли руҷӯъ аст, оварда мешавад ва сипас ба бархе савийяҳои нопайдои ин мабоҳис хоҳем пардохт.

Боргирии «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»

Донишмандон ва фарҳангнивисони гузашта Фарҳанги Ҷаҳонгириро аз беҳтарин ва бавандатарин (ҷомеътарин) фарҳангҳои порсӣ донистаанд, ки бар пояи 53 фарҳанги пеш аз худ нивишта шудааст. Нивисандаи фарҳанг, Мирҷамолуддин Ҳусейн ибни Фахруддин Ҳасани Инҷуи Шерозӣ, чунон як забоншинос, дигаргунии воҷҳо ва вожаҳоро гузориш мекунад ва нивиштаҳои ҳамаи гӯяндагон ва нивисандагонеро, ки дар паҳнаи паҳновари забони порсии он рӯзгор номвар будаанд, ба чашми як забони ягона менигарад.

Забон ва хатти мо

Аз касоне, ки нақоиси хатти форсиро бармешумурданд, бояд пурсид, чи мефармоед дар бораи забони ҷаҳонгиру байналмилалии инглисӣ ва хатти он, ки аз ҷумла барои овои «Ш» на фақат ду ҳарфро бояд пайи ҳам нивишт (Sh), балки ҳамин «Ш» дар хатти инглисӣ ба 17 сурати дигар низ китобат мешавад. Овои T ба даҳ сурат, Z ба 9 сурат, K ба 15 сурат, F ба 5 сурат нивишта мешаванд, ва теъдоди ҳарфҳое, ки дар калимоти инглисӣ нивишта, вале талаффуз намешаванд, низ ҳадду ҳасре надорад.

1 2 3 12