Дар бораи пешванди “ҳо-“
“Ҳо-“ яке аз пешвандҳои камшинохтаи порсӣ аст, ки ҳам дар бофа (матн)-ҳои куҳани порсӣ дида мешавад ва ҳам дар гӯишҳои кунунии Эрон ба кор меравад. Корбурдҳои ин пешванд чунинанд: А) Ба карвоз (феъл) мепайвандад, вале чимор (маъно)-и онро дигар намекунад, балки гунае согин (нуонс, тағйири кам дар маъно) падид меоварад, ё бар он куниш таъкид мекунад.