Боргирии «Фарҳанги тотӣ ва толишӣ»-и Ъабдулӣ 

Бадбахтона, забони толишӣ ҳамакнун низ зери фишору тозиши рӯзафзуни забони туркӣ ҷой дорад, то онҷо ки дар бахшҳое аз дӯшастари Гелон, ҳамчун бахшҳое аз Осторо, ки рӯзгоре ҳамагӣ толишизабон буданд, забони туркӣ ба ҷои забони толишӣ нишастааст ва дар Аррон низ гӯишварони толишӣ, ки шуморашон 500 ҳазор тан баровард мешавад, бо сахтиҳои густардаи фарҳангӣ ва забонӣ даступанҷа нарм мекунанд.

Аз «тавон доштан» то «тавонистан»

Муҳаммадҳасани Ҷалолиёни Чолиштурӣ, устодёри донишгоҳи Табрез, дар гуфтори “Аз «тавон доштан» то «тавонистан»” ба сохти корвожаи бекасонӣ (ғайришахсӣ)-и «тавон» дар забони порсиг мепардозад, то аз ин роҳ чигунагии сохти корвожаҳои бекасонӣ дар забони порсиро, ки реша дар порсиг (паҳлавӣ) ва порса (порсии бостон) доранд, барнамояд.

Дар бораи корвожаҳои барсохта

Ъалиашрафи Содиқӣ, нивисандаи ин ҷустор, бад-ин гурӯҳ ҳушдор дода ва ёдовар шудааст: «Усулан набояд масдарро бо феъл хилт кард. Масдар яке аз муштаққоти феъл аст, ҳамон туре ки исми масдар ва сифати фоъилӣ ва сифати мафъулӣ чунинанд, аммо феъл шаклҳои сарфшудаест, ки дорои шахсу шумору замонанд ва дар ҷумла дар нақши гузора ба кор мераванд. Ончи дар вожагони ъилмӣ мавриди ниёз аст, муштаққоти исмӣ ва сифатии феъл аст, на шаклҳои сарфшудаи он.

Барномаи шунидории «Вопасин мардони тот»

Бар пояи гувоҳҳои устувор ва рӯшани торихӣ ва забоншинохтӣ, забоне, ки тотиёни имрӯз бад-он сухан мегӯянд, то чаҳорсад сол пеш (то замони Сафавиён) забони ҳамаи озарбойҷониён буд, лек бо турктозии забони туркӣ, забони тотӣ андак-андак аз миён бирафт ва танҳо бошандгони чанд ободӣ ин забонро нигаҳ бидоштанд ва то ба имрӯз расонданд. Забони тотӣ гӯишҳои гуногун дорад ва худ бозмондаи забони озарӣ – забони куҳани Озарбойҷон – аст, ки гӯише аз забони порсиг (паҳлавӣ) будааст.

Баррасии густараи забони порсӣ дар ҷаҳон дар гуфтугӯ бо Ҳасани Ануша

Қаламрави фарҳангии мо то Ӯш будааст, ки дар мағриби Қирғизистон аст ва аз тарафи дигар то Чимкант, ки дар ҷануби Қазоқистон қарор дорад. Ҳамчунин саросари Узбакистон ва Тоҷикистони имрӯзро низ дар бар мегирифтааст. Дар ъасри пас аз ислом, Тоҷикистон хостгоҳи забон форсӣ ва забони эронӣ дар давраи Сомониён будааст. Самарқанд, Бухоро, Чоч, Тирмиз, Хуҷанд ва… бахше аз ҳавзаи шарқии тамаддуни мо будаанд.

Боргирии “Луғатномаи Деҳхудо” дар 16 пӯшина

Фарҳанги Деҳхудо яке аз арзишмандтарин фарҳангҳои забони порсӣ аст, ки чам (маъно)-и вожаҳои порсӣ ва анеронӣ ва низ гузорише аз он вожаҳо ба ҳамроҳи гувоҳҳое аз нивиштаҳои гузаштагон ва шеваи хониши ҳар вожаро ба даст медиҳад. Ин фарҳанг, афзун бар вожаҳо, ба дастури забони порсӣ, касномҳо, ҷойномҳо ва… низ мепардозад. Деҳхудо беш аз чиҳил сол аз зиндагии худро бар ин кор гумошт ва наздики сад тан низ дар кори ин фарҳанг бо вай ҳамкории наздик доштаанд.

Инфандиёри Одина: Дар Бухоро забони порсиро булшевик аз расмият андохт, на босмачӣ

Оё пешвоёни понтуркисм дар минтақа монанди Ъабдуррауфи Фитрат, Файзулло Хоҷаюф, Ъабдулло Раҳимбоюф ва чанде дигар босмачӣ буданд ё ҷузви артиши сурх ва ҳизби булшевики Русия, ки Бухороро бумборон кард ва онҳоро бар тахт нишонд? Ин артиши сурхи Русия буд, ки Бухороро вайрон кард ва понтуркистонро дар онҷо бар тахт нишонд, на босмачиҳо! Ин артиши сурхи Русия буд, ки забони порсиро дар Бухоро мамнӯъ кард ва ба ҷояш чағатоӣ ва русиро забонҳои расмӣ кард, на босмачиҳо!

Дидгоҳҳои дуктур Муллоҷон дар бораи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ

Истилоҳи “забони тоҷикӣ” на ба лиҳози ъилмӣ дуруст аст, на аз назари торихӣ саҳеҳ ва на ба эътибори нажодӣ солим, балки дарвоқеъ ҳомили навъе табъиз аст. Чун “форсӣ” аз даврони Сомониён ба ъунвони як забони муштарак барои ҳамаи эрониёни шарқӣ ба кор бурда мешуд; мардумоне, ки тақрибан то замони ҳамлаи муғул, ва дар манотиқи кӯҳистонӣ то охирҳои қуруни вусто, ба забонҳои эронии шарқӣ такаллум мекарданд.

Назри Яздонӣ: Ҳар зиёии тоҷик бояд хатти порсиро бидонад

Бародари гиромӣ, зиёӣ ҳастӣ, масъул ҳастӣ, ки алифбои форсиро бидонӣ. Адабиёти худро, торихи худро, бояд бидонӣ. Омӯхтани ин алифбо ҳам он қадар мушкил нест. Ман шахсан як дарси форсиву дарси алифбои арабӣ нахондаам, вале аз синфи ҳаштум ин алифборо мехонам. Дар ин таҷрибае, ки дорам, ҳатто нафаронеро дарс додам, ки дар ҳафт дарс китобхон шуданд. Яъне, диққат лозим аст, кӯшиш лозим аст.