Ҳарфи ‘вов’-и торихӣ ё ғайрималфуз чист?
Чиро ин “вов” нивишта мешаваду талаффуз намешавад? Чун дар гузаштаҳои дур таркиби “хв” як садои воҳид буд ва талаффуз мешуд. Масалан, вожаи “хуш” ба шакли “хваш” ба забон меомад ва рафта-рафта “вов” уфтод ва табдил ба “хаш” шуду баъдан “хуш” бо “у”-и кӯтоҳ. Ҳанӯз ҳам дар бисёре аз гӯишҳои порсӣ “хаш” ба маънои “хуш” роиҷ аст. Ҳамин таркиби “хв” дар бархе аз забонҳои жерманик ҳам ба ашколе дигар вуҷуд дорад. Ба монанди sw дар забони инглисӣ ва schw (шв) дар забони олмонӣ.