Сафари Абдуллоҳ нишони заррини ягонагии Қазоқистонро дарёфт кард

استاد صفر عبداللهУстод Сафари Абдуллоҳ, донишманди эроншиноси тоҷик ва аз ҳамвандони Анҷумани донишварони Порсӣ Анҷуман,нишони заррини ягонагии Қазоқистонро дарёфт кард. Ҳамвандон ва хонандагони Порсӣ Анҷуман дарёфти ин нишонро ба устод Абдуллоҳ шодбоши фаровон мегӯянд.

Ба гузориши Би-би-сӣ, Сафари Абдуллоҳ, донишманди тоҷик, бунёнгузор ва сардабири маҷаллаи илмии “Эроннома” дар Олмотӣ, “барои саҳме, ки дар таҳкими ваҳдати мардуми Қазоқистон, барои ҳифзи сулҳу ризоят ва тавсеъаи фарҳанги маънавии” он кишвар дошта, медоли тилоии “Ваҳдат”-и Анҷумани мардуми Қазоқистонро дарёфт кардааст.

Маросимиэътои ин нишон рӯзи 30 урдибиҳишт (20 май) дар Кохи Дӯстии шаҳри Олмотӣ дар ҳузури шахсиятҳои иҷтимоъиву сиёсӣ, фарҳангиён ва намояндагони ақаллиятҳои қавмии Қазоқистон баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш, Ёръалӣ Тугжонов, муъовини аввали раиси Анҷумани мардуми Қазоқистон, суханронӣ кард ва нишони “Ваҳдат”-ро ба дуктур Абдуллоҳ эъто кард. Раиси ин анҷуман, ки таҳкими ваҳдат миёни мардумони Қазоқистонро ҳадафи худ медонад, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон аст.

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст

Сафари Абдуллоҳ зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш аз давлат ва мардуми Қазоқистон барои қадрдонӣ ибрози сипос кард ва гуфт, ки дар ин кишвар ҳеч қавме худро бегона ҳис намекунад. Вай бо хондани ин абёти Мавлавӣ афзуд, ки дар Қазоқистон талош мекунанд “ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар” бошад:

Эй басо ҳиндиву туркӣ ҳамзабон,
Эй басо ду турк чун бегонагон
Пас забони ҳамдилҳӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Пруфесур Сафари Абдуллоҳ дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ гуфт, ки аз дарёфти ин нишон хушҳол аст: “Нивисандаи маъруфи қазоқ, Улжос Сулаймонуф, боре гуфта буд, ки “бо рафтори ман дар мавриди қазоқҳо қазоват кунед.” Ман низ ҳамеша ба ёд хоҳам дошт, ки тоҷик ҳастам ва мардум метавонанд бо рафтори ман дар мавриди мардуми ман қазоват кунанд, ва ин масъулияти бузурге аст ва ман талош мекунам ба номи бузургони гузаштаамон сазовор бошам.”

Устод Абдуллоҳ корманди илмии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Вазорати маъориф ва илми Қазоқистон аст, ки аз соли 1993 ба ин сӯ дар Олмотӣ зиндагӣ мекунад. Вай чанде пеш дар гуфтугӯе ихтисосӣ бо Исфандиёри Одина, рӯзноманигори тоҷик, дар бораи таъсири забон ва адабиёти порсӣ дар фарҳангу зиндагии мардуми қазоқ ва забони қазоқӣ, ки аз ҷумлаи забонҳои туркӣ маҳсуб мешавад, гуфта буд, ки мардуми қазоқ бо эрониён аз дерзамон иртиботи торихӣ доштаанд:

“Дар забони қазоқӣ ҳудуди 3068 вожаи муштарак аст, ки аз забони мо ба забони қазоқӣ иқтибос шудааст, бавижа аз форсии Варорӯд, чун иртибот мустақим буда ва алъон ҳам ҳаст. Шумо дар хиёбонҳои Қазоқистон бисёр ба осонӣ бо вожаҳои дорухона, ошхона, кӯча, шаҳар, ободонӣ (дар шакли аудонӣ!) ва ё бисёр номҳои қазоқие рӯбарӯ мешавед, ки муштарак аст. Ҷолиб ин аст, ки номи Исфандиёр дар шакли Аспандиёр дар миёни қазоқҳо хеле фаровон аст, номи Рустам ҳам фаровон аст.

Оқои Абдуллоҳ афзуд: “Яъне на танҳо номҳои одии эронӣ, балки номҳоест, ки мо ба онҳо ифтихори миллӣ дорем ва ин номҳо номҳои ҳамосии мост, номҳое, ки дар “Шоҳнома” омадааст, мисли номи Бежан. Ҳатто номҳое, ки дар таркибаш вожаи “гул” ҳаст, хеле фаровон аст, 125 номи занонаи қазоқиро ман гирдоварӣ кардам, ки дар таркибаш вожаи “гул” омадааст, аз қабили Гулбадан, Гулноз, Гулнор, Гулдона, Гулбаҳром, ва ғайра…”

Ӯ кутуб ва мақолоти зиёде дар бораи торихи фарҳанг ва адабиёти Эрон, шеъри гузашта ва муъосири порсӣ, забони форсӣ ва фарҳанги исломӣ, ирфону тасаввуф, пайвандҳои фарҳангии мардумони турку эронӣ интишор додааст. Аз муҳиммтарин корҳои пруфесур Абдуллоҳ дар ин замина чопи чаҳор ҷилд китоби “Равобити торихию фарҳангии Эрон ва дашти Қипчоқ” аст, ки мақолот ва суханрониҳои ҳамоишҳои илмии Теҳрону Олмотиро дар бар дорад.

Китобҳои “Пулҳои ҷодуӣ”, “Сеҳрис ухан”, “Феҳристи дастнибиштаҳои форсии маҳфуз дар Китобхонаи миллии Қазоқистон”, “Фарҳанги тахассусии форсӣ ба русӣ ва русӣ ба форсӣ”, “Нури сухан”, “Равшаноии сухан”, “Наврӯз – ҳадяи Эрон ба ҷаҳон”, “Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Обой Қунонбойуф (шоъири маъруфи қазоқ)” аз умдатарин китобҳои илмию адабии пруфесур Сафари Абдуллоҳ ба шумор мераванд.

Чопи маҷаллаи “Эроннома”

ایران‌نامهВай солҳои зиёдест, ки дар риштаи ховаршиносӣ дар Донишгоҳи забонҳои ҷаҳон ва равобити байналмилалии Аблайхон дар Қазоқистон аз забон ва адабиёти порсӣ тадрис мекунад ва соли 2007 маҷаллаи илмии “Эроннома”-ро ба забони русӣ таъсис дод. Ин фаслнома ба унвони умдатарин маҷаллаи илмии эроншиносӣ дар қаламрави Шӯравии собиқ шинохта шуда ва то кунун беш аз 30 шумораи он мунташир шудааст.

Оқои Абдуллоҳ дар бораи ин маҷалла мегӯяд: “Ман ба ин маҷалла хеле арҷ мегузорам. Ин фаслнома аст ва дар он мақолоти дасти аввал, яъне то кунун чопнашударо ба чоп мерасонем. Албатта, ба ҷуз тарҷумаҳо аз забони порсӣ ва забонҳои дигар. Дар ин маҷалла ман тавонистам беҳтарин мақолоти илмиро, ки аз сӯи бузургони Эрон нивишта шудаанд, ба забони русӣ тарҷума ва чоп кунам. Ҳамчунин, аз эроншиносони ҷаҳон, аз эроншиносони Урупо, Русия ва кишварҳои муштаракулманофеъ.”

Ба гуфтаи пруфесур Абдуллоҳ, ӯ ҳамаи корҳои таҳия ва чопи ин маҷалларо худаш бо кумаки як дастёр барои иҷрои корҳои фаннӣ анҷом медиҳад. Дар солҳои пеш шумораи омодашударо ба сурати электруник ба Ройзании фарҳангии Эрон медод ва онон дар Эрон чоп мекарданду ба Олмотӣ мебурданд.

Тайи ду соли ахир Ройзании фарҳангии Эрон дар Олмотӣ аз чопи маҷаллаи “Эроннома” худдорӣ карда буд, вале ба тозагӣ розӣ шудааст, ки ду шумораи онро чоп кунад.

Исфандиёри назар, шоъири тоҷик, дар бораи нақши Сафари Абдуллоҳ дар таблиғи забон ва адабиёти форсӣ дар Қазоқистон мегӯяд: “Ман устод Сафари Абдуллоҳро ҳамчун чеҳраи рӯшану мондагори миллати худмон мешиносам. Марде, ки беэътино ба сангзании аҳли туҳмату ҳасодат, барои беҳтар шиносондани миллати худ, фарҳанги худ, ва бартар аз инҳо, барои амиқ фаҳмондани аҳаммияти бозгашт ба дабираи ниёкон, корҳои арзишманде мекунад. Устод Абдуллоҳ дар кишвари дигар, бо забони дигар ба ҷаҳониён аз КИСТАМ-и миллати тоҷик ҳарф мезанад. Ӯ марди амал аст, на марди пушти деворҳои туҳмату ҳасодат!”

Пруфесур Абдуллоҳ ҳамзамон мудир ва сардабири интишороти “Китобхонаи Улжос” дар Қазоқистон аст ва бисёре аз осори пурхонандаи адабиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла чанде аз шуъаро ва нивисандагони форсизабонро, монанди Муъмини Қаноъат, Лоиқи Шеръалӣ, Баҳманёр, ба чоп расондааст.

Эътои нишони “Ваҳдат”-и Анҷумани мардуми Қазоқистон ба Сафари Абдуллоҳ дар ҳолест, ки ӯ имсол шастсола шуд ва солгарди таваллуди ӯ дар маҳофили адабӣ дар Эрону Тоҷикистон ва Қазоқистон ҷашн гирифта шуд. Ӯ аз тарафдорони бозгашт ба хатти порсӣ дар Тоҷикистон аст. Пайвандҳо ба мусоҳибаи як сол қабли ӯ:

Абдуллоҳ: Забоне ба номи “тоҷикӣ” вуҷуд надорад (бахши нахуст)

Донишманди тоҷик: Эронӣ ҳастем ва забонамон порсӣ аст (бахши дувум)

Эроншиноси тоҷик: Бояд хатти форсиро зинда кунем (бахши поёнӣ)

متن فارسی را از “اینجا” بخوانید.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*