Гузор ба хатти порсӣ: Ба ақаб ё ба сӯи ояндае рӯшан?

Гузор ба хатти порсӣАҳмадшоҳи Комилзода:* Тавре ки ба назар мерасад, мушкилоти забон дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик наметавонад баосонӣ ҳал шавад, магар ин ки давлат ба иқдомоте устувору ҷиддӣ дар ин росто даст бизанад.

Далели аслии мушкилот пойбандии мо ба сиёсатҳои бегонагон аст. Ёдовар шудан аз мухолифати доираҳои мухталифи Русия бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба тағйири номи хонаводагияш ва табдили он аз “Раҳмонов” ба “Раҳмон” шаҳодати ин гуфтаҳост.

Раванди ислоҳи номи хонаводагӣ дар миёни мардум ҳанӯз аз оғози даҳаи 90-уми садаи гузашта оғоз шуд ва пеш мерафт. Доираҳои вижаи Русия баъдтар барои ҷилавгирӣ аз ин раванд бо ибтикороти мардуми мо мухолифат варзиданд ва ҳанӯз ҳам мушкилоте дар ин росто эҷод мекунанд.

Барои мисол, дар ду соли ахир бархе аз мақомоти рус дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик, ки шумораи онҳо дар ин кишвар наздик ба 1,5-2 милиюн нафар мерасад, ба тазйиқу фишори касоне оғоз кардаанд, ки номи хонаводагии бидуни пасвандҳои русӣ доранд.

Бонкҳои Русия пулҳои интиқолии ин гуна одамонро ба Тоҷикистон дар бисёр маврид қабул намекунанд, маъмурони пулиси Русия дар коргоҳу фурӯдгоҳҳо, дар кӯчаву бозор, дар истгоҳҳои қатор ва васоили нақлия соҳибони чунин номҳои хонаводагиро бо мушкилоте аз қабили ҷарима, боздошти муваққат, ғасби шиноснома ё гузарнома рӯбарӯ мекунанд.

Саранҷом кор ба ҷое кашида, ки дар Тоҷикистон ба сурати умум ағлаби ҷавонон ва духтарон (албатта касоне, ки майли сафар ба Русия доранд) дубора шиносномаҳои нав бо номҳои хонаводагии дорои пасвандҳои русӣ мегиранд. Акнун ин раванд ба сурати густарда идома дорад.

Тавре ки мушоҳида мешавад, яке аз маншаъҳои русизадагии фарҳангу забони миллии мо дар сиёсатҳои ошкору пинҳони давлати Русия нуҳуфтааст. Вобастагиҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистон ба Русия садди роҳи ислоҳи хеле аз қаринаҳои фарҳангиву забонӣ барои ин кишвар мебошад.

Албатта, ибтикороти каму беши давлатмардони тоҷик, ки сарфи назар аз дахолати мақомоти Русия гоҳе ба раванди ислоҳот дар арсаҳои мухталиф даст мезананд, шоёни тавсиф аст. Дар ҷараёни як-ду моҳи ахир бархе аз давлатмардони Тоҷикистон ба табдили ному насабашон ба русуми миллӣ оғоз кардаанд, ки дубора сару садои мухолифини дохиливу беруниро ба миён овардааст.

Рӯиҳамрафта, мушкилоти ҳарҷу марҷ дар гуфтору навиштори расонаҳо ва матбӯъот ба сурати фоҳиш идома дорад. Тавре ки мушоҳида мешавад, давлати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз ин раванди номатлуб сохторҳое созмон додааст. Аммо ҷилавгирӣ аз ҳарҷу марҷ ва анҷоми ислоҳот дар ин арса чандон пурранг ба назар намерасад, то ҷое, ки гӯё ин сохтору созмонҳо танҳо барои мавҷудияташон ташкил шудаанд.

Амалан сарриштаи мушкилоти забони форсии тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ дар тайи дувист соли ахир ба сиёсатҳои давлати рус бармегардад. Русияи тезорӣ пас аз ғасби кишварҳои Осиёи Марказӣ талош кард, то пайвандҳои мардуми эронитабори ин минтақаро бо ҳамтаборонашон бибурад ва бар пояи ниёзҳои истеъморияш барои ин мардумон сохторҳои тозаи фарҳангиву иҷтимоъӣ бисозад.

Дар ин миён, мардуми бумии минтақа, ки ба онҳо расман номи “тоҷик” дода шуд, аз сиёсатҳои истеъмории Русия беш аз дигарон зиён диданд. Ҳадафи русҳо пора кардани сарзамин ва ҳукумати порсигӯёни ин минтақа ва қатъи ҳама гуна равобити онҳо бо ҳамтаборонашон дар хориҷ аз қаламрави Шӯравии собиқ буд.

Русҳо муваффақ шуданд, ки номи “тоҷик”-ро, ки дар бештари осори гузашта ба маънои “эронӣ” буд, ба унвони номи қавму нажоде тоза матраҳ созанд ва сарзамини онҳоро миёни ақвоми расида тақсим ва гӯшаи кӯчаке аз онро бо номи Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон эълом кунанд. Ва забони мардуми бумии ин қаламравро, ки тайи садаҳо порсӣ номида мешуд, дар ростои ҳамон аҳдофи худ “забони тоҷикӣ” хонданд.

Хатти порсӣҲукумати русимеҳвари Шӯравии пешин низ, ҳарчанд худро “интерносиюнолист” ва пуштибони заҳматкашон мехонд, бо табдили алифбои модарии форсӣ ба лотин дар соли 1929 ва сирилик дар соли 1939 мардуми порсигӯи ҳавзаи Варорӯд (Осиёи Миёна)-ро аз сарчашмаи аслии фарҳангию маънавияшон – забону адаби порсӣ – ҷудо кард ва ононро дар инзиво қарор дод.

Дар паҳлӯи ин, давлати Шӯроҳо ба ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон, ки ба унвони танҳо пойгоҳи аслии густариши забону фарҳанги форсӣ дар ин ҳавзаи бузург боқӣ монд, сели мутахассисони бегона, умдатан намояндагони забонҳои русию туркиро, ворид кард. Ҳамаи онҳо ба забони русӣ сухан мегуфтанд ва забони русӣ дар ин ҷумҳурӣ ба забони аввал табдил шуд.

Ин гурӯҳи калон, ки амалан ҳамаи сохторҳои давлатиро дар ихтиёри худ гирифта буданд, нахуст ба решаҳо ва пояҳои забону фарҳанги тоҷикон дастдарозӣ карданд: дар асоси гӯишҳои маҳаллӣ дар Осиёи Миёна алифбои ноқиси сириликро ба иловаи чанд ҳарф барои овоҳои вижаи порсӣ сохтанд. Ин алифбо, ки барои баёни чанде аз овоҳои забони порсӣ ҳуруф надорад, гӯиш ва талаффузи забони порсиро ба русӣ табдил дод.

Фиристодагони Маскав, ки ҳамагӣ аз донишҳои забони бумии ин сарзамин огоҳӣ надоштанд, худ барои ин мардум “забон” эҷод мекарданд, ҳама чизро бар пояи забони русӣ ва фарҳанги русӣ нусхабардорӣ ва тарҷумаи таҳтуллафзӣ мекарданд ва мардумро ба пайравӣ аз ин усул водор месохтанд.

Онҳо аз тариқи вазорату идороти давлатии Тоҷикистон фармон содир карда, аз забон сохторҳои қолабӣ, вожаву иборот, истилоҳоти давлатдории миллии мардуми тоҷикро бо баҳонаи “орхоистӣ ё куҳна будан” ё ҳатто “эронӣ будан” ва баҳонаҳои дигар мамнӯъ эълом мекарданд. Ба ҷои онҳо ба таври мустақим истифода аз вожаву иборатҳои забони русиро ривоҷ медоданд.

Саранҷом, дар муддати камтар аз 60-70 сол дар забони форсии тоҷикӣ ва забонҳои дигари минтақа бештари вожаву истилоҳот ё бо такя ба қолаби забони русӣ сохта шуда ё сирфан бо вожаҳои русӣ мавриди истифода қарор мегирифтанд.

Вазъи ноҳамвори забони форсии Тоҷикистон ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз хеле аз рӯшанфикрон ва донишмандони ин кишварро нигарон кардааст. Дар поёни даҳаи 1980 ва оғози даҳаи 1990-и садаи гузашта рӯшанфикрони тоҷик ниҳодеро бо номи “Бунёди забон” роҳандозӣ карда, раванди поксозӣ ва ислоҳи калимаву вожаҳои роҳбурдиро оғоз карданд.

Бар асоси барномаи ин ниҳод, ки дар оғоз ҷонибдорони зиёде дошт, Тоҷикистон мебоист дар соли 1994 ба алифбои ниёкон ё хатти порсӣ бозгардад. Агарчи ҷанги дохилии солҳои 1992-97 ҳамаи ин барномаҳоро баҳам зад, вале мавзӯъи ислоҳи забон ва поккории он ҳамеша аз мавзӯъоти мавриди баҳси рӯшанфикрон будааст.

Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоъӣ гурӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд ба ин ҳолати ногувор поён бидиҳанд. Дар шабакаи Фейсбук гурӯҳи “Забони порсӣ” ду сол пеш ва гурӯҳи “Дуруст бинависем” дар ин авохир ба фаъъолият пардохта, пешниҳодҳо ва роҳи ҳалҳоеро аз ҷумла дар бораи корбурди дурусти вожаву истилоҳот ва ислоҳи ҷойномҳо пешниҳод мекунанд. Аммо ин барои рафъи мушкилоти забон кофӣ нест.

Ба андешаи бештари коршиносон, умдатарин роҳи рафъи мушкилоти забон дар Тоҷикистон бозгашт ба алифбои форсист, ки қодир аст баякборагӣ ҳамаи садду қайдҳоро бартараф кунад. Аммо ин роҳи дурусту амалгароёнаи ислоҳот ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ мухолифони зиёде дорад ва тайи беш аз ду даҳаи ахир мавзӯъи баҳсҳои доғи доираҳои гуногуни фарҳангӣ будааст.

Аз мухолифони аслии ин роҳ дар навбати аввал маҳофили ҷудогонае аз мақомоти Русия ҳастанд, ки ин давлат дар сиёсати Тоҷикистон таъсиргузор аст. Дар дохили кишвар бахше аз мардум, ки дар натиҷаи солҳои зиёди инзиво аз фарҳангу забон ва хатти форсӣ ба сардаргумӣ расидаанд, аз алифбои ниёконашон то андозае ҳарос доранд.

  Бархе гузор ба хатти порсиро ҳаракате “ба ақаб” медонанд ва аз гароишҳои мазҳабӣ ҳарос доранд, ки ин иддиъо бепоя аст- Комилзода

Бахши дигар ҳам ба истилоҳ “рӯшанфикроне” ҳастанд, ки пойбанд ба сиёсатҳои бегона ва фарҳанги русӣ мебошанд ва аз ҷумлаи мухолифони сарсахти бозгашт ба алифбои ниёконашон маҳсуб мешаванд. Онҳо ҳамвора иддиъо мекунанд, ки бештари мардуми Тоҷикистон барои бозгашт ба алифбои модарӣ омода нестанд ва ҳукумат қудрати ин корро надорад. Дар натиҷа, ҳарҷу марҷ ҳамоно идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз кишварҳои туркизабони ҳамсояи Тоҷикистон домани алифбои сириликро солҳо пеш сар дода ва алифбои лотинии ҳамранги кишвари Туркияро пазируфтанд. Аммо аз зиён дидани ин кишварҳо дар натиҷаи гузор ба алифбои лотин ҳеч гузорише мунташир нашудааст. Лоақал, ба назар мерасад, зиёни молие, ки ин кишварҳо дар асари табдили хат бо он мувоҷеҳ шуданд, чандон чашмгир набудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳарҷу марҷи густарда ва мунзавӣ шудани Тоҷикистон аз ҷаҳони порсигӯ, донишмандону соҳибназарон бозгашт ба алифбои форсиро роҳи ягонаи ислоҳи мушкилоти забон дар ин кишвар медонанд, ки дар бораи бурду бохти ин иқдом суханҳои бисёре гуфта шудааст.

Мунтақидони бозгашт ба хатти форсӣ дар Тоҷикистон дар баробари далелҳои гуногуни сиёсиву иқтисодии мушкили бозгашт, ҳамчунин таваҳҳумотеро барои мардум эҷод кардаанд, ки бархе аз онҳо хеле содалавҳона аст. Бузургтарини ин таваҳҳумот “бозгашт ба хатти ниёкон – бозгашт ба ақаб” аст. Табъан, ин масъала ба мавзӯъи гароишҳои исломӣ низ марбут аст, ҳарчанд ин иддиъо пояи қавие надорад.

Хатти порсӣТарси ин гурӯҳ ин аст, ки гузор ба хатти порсӣ мӯҷиби густариши исломгароӣ ва ифротгароӣ мешавад. Аммо ин суол матраҳ аст, ки миллиюнҳо порсизабонон, ки ҳамасола ба дунё осори бузурги илмию адабӣ арза мекунанд ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ онҳоро эътироф мекунад, ифротгарою ақабмондаанд?!

Соли ҷорӣ муассисаи байнулмилалии “Томсун Руйтерз” дар миёни 3200 тан аз донишмандони бартари ҷаҳон номи 18 пижӯҳишгари эронӣ ва порсизабонро низ ҷой дод. Аҳаммияти кори онҳо тавассути мақолаҳои илмие, ки дар маҷаллоти муътабари илмии ҷаҳон интишор додаанд, аз сӯи коршиносон санҷида шудааст.

Вале дар ин миён номи ҳатто як пижӯҳишгар, ки бо алифбои сирилики тоҷикӣ пажӯҳиш мекунад, нест. Ҳамин мавзӯъ собит мекунад, ки бозгашт ба хатти форсӣ бозгашт ба ақаб нест, балки ҷаҳише ба пеш, ба сӯи дунёи бузургтару фарохтару рӯшантари оянда аст.

Бозгашт ба хатти ниёкон суди фаровоне дорад. Нахуст, мардуми мо ба бозори бузурги хатти форсӣ ворид мешаванд. Ҷамъияти зиёде аз порсигӯёни ҷаҳон ташнаи осори илмию адабии фарҳангиёни тоҷик ҳастанд, ки ба иллати сириллик будани хатти мо ба он дастрасӣ надоранд.

Дар сурати ворид шудан ба ин бозор, китобу нашрияҳои тоҷикӣ, ки ба хатти сириллик бо тирожи андаке мунташир шуда, вале харидор намеёбанд, бо хатти порсӣ бо тирожи даҳҳо ва садҳо баробар бештар ба фурӯш хоҳанд рафт. Чиро набояд ин бозорро ба даст овард? Ин бозор ҳамчунин соҳиби интернети қавӣ, хабаргузорӣ ва шабакаҳои зиёди родию ва телевизиюн аст, ки мардуми мо низ аз он баҳравар хоҳанд шуд.

Дар ин шабакаҳо махзани бузурге аз китобҳои адабиёти пешини мо вуҷуд дорад, ки истифода аз онҳо хеле осон хоҳад буд. Дар баробари ин, дар ин махзан осори адибони имрӯзаи порсигӯ ва осори адибони кишварҳои мухталифи ҷаҳонро дар тарҷумаи порсӣ метавон ба даст овард.

Дар бозори хатти порсӣ танҳо осори мазҳабӣ вуҷуд надорад. Дар канори осори мазҳабӣ, ки бархе аз онҳо ҳарос доранд, садҳо ҳазор ҷилд аз кутубу маҷаллот ва манобеъи интернетии адабию илмӣ, фалсафию ҳунарӣ, ҷомеъашиносию торих, иқтисоду сиёсат, ҳазорҳо ҷилд аз тарҷумаҳои осори адабию фалсафию ҷомеъашиносии Ғарб, Ҳинду Чин, Жопуну Куре ва кишварҳои дигар мавҷуд аст.

Бояд ёдовар шуд, ки ба гуфтаи пижӯҳишгарони интернет, ҳам аз нигоҳи осори адабӣ ва ҳам аз нигоҳи осори илмиву хабарӣ ҳатто манобеъи катбию чопӣ ва маҷозии (интернетии) русӣ ба андозаи манбаъҳои форсӣ матлаб надоранд, чи расад ба манобеъи маҳдуд ба хатти сириллики тоҷикӣ.

Дар ҳар сурат, ба бовари инҷониб, гузор ба хатти форсӣ, албатта бо барномарезии тадриҷии даҳсола ё бештар, метавонад баякборагӣ ҳамаи мушкилоти рӯзафзуни забони форсии Тоҷикистонро бартараф кунад ва таконе ҷиддӣ барои пешрафти иқтисодию иҷтимоъии кишвар ҳам шавад.

*Аҳмадшоҳи Комилзода рӯзноманигор ва пажӯҳишгар аз Тоҷикистон аст. Ин мақола бори нахуст 22 жуиеи 2014 дар торнамои Би-би-сии Форсӣ мунташир шуда буд.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*