Фарҳангистони забони форсӣ 16 ҳазор вожа ба Тоҷикистон тақдим кард

sharafzadeh-haddad300Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон теъдоди 16 ҳазор вожа ё истилоҳи илмии ҷадидро “барои истифода” дар ихтиёри Кумитеи забон ва истилоҳоти вобаста ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додааст.

Ба гузориши Би-би-сии Форсӣ, Ғуломъалии Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, рӯзи 5 амурдод (27 жуие) дар суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалии “Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ” дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар ин бора хабар дод.

Оқои Ҳаддоди Одил гуфт: “Имрӯз қабл аз ин ҷаласа дар дидоре, ки бо хонум ] Гавҳар [ Шарофзода (раиси Кумитеи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон) доштем, 16 ҳазор вожа дар риштаҳои мухталифро барои истифода дар Кумитеи истилоҳот тақдими ишон кардем.”

Ба гуфтаи оқои Ҳаддоди Одил, яке аз корҳои Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ эҷоди гурӯҳе ба номи “Гурӯҳи вожагузинӣ” будааст, ки тайи беш аз ду даҳаи гузашта ба ёфтани муъодилҳои форсӣ барои истилоҳоти бегона машғул аст.

Дар ин даврон адибоне аз Тоҷикистон, монанди Муҳаммадҷони Шакурӣ ва Абдулқодир Маниёзуф, ҳам дар Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон узвият доштаанд. Ҳамин ҳоло Додихудо Саймуддинов, коршиноси забонҳои бостонӣ аз Тоҷикистон, аз аъзои пайвастаи ин фарҳангистон аст. Ахиран Сафари Абдуллоҳ, адиби тоҷики муқими Қазоқистон, ҳам ба узвияти Фарҳангистон пазируфта шудааст.

Оқои Ҳаддоди Одил дар бораи дастовардҳои Фарҳангистон гуфт: “Мо то кунун тавонистаем ба лутфи худо 50 ҳазор вожаи форсии ҷадид барои муъодилҳои хориҷӣ тасвиб кунем. Ин луғоти муъодил ба муддати се сол ба назархоҳӣ гузошта мешавад, ба сурати пешниҳодӣ, ва сипас бо имзои раиси ҷумҳур расмият пайдо мекунад. Вожаҳои мусавваби Фарҳангистонро ҳарсола мо дар як китоби луғати мустақил мунташир мекунем. То кунун 12 ҷилди фарҳанги луғоти мусавваби Фарҳангистонро мунташир кардаем.”

Таҳлилгаргон мегӯянд ҳарчанд талошҳое барои ҳамгунсозии истилоҳот дар миёни кишварҳои форсизабон сурат мегирад, аммо ҳамзамон мухолифатҳое бо ин раванд дар бархе аз ин кишварҳо, бавижа Афғонистону Тоҷикистон, мушоҳида мешавад. Дар ҳарду кишвар иддае аз мақомот бо ҳар вожаю истилоҳе, ки фикр мекунанд “аз Эрон ворид мешавад”, мухолифанд.

Дар ҷараёни ин ҳамоиш Додихудо Саймуддинов, донишманди тоҷик ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, пешниҳод кард, ки се кишвари форсизабони Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ як шӯрои муътабари илмии вожагузинӣ таъсис кунанд.

Вай афзуд: “Агар мо ин корро анҷом надиҳем, дар се кишвар ба сурати сари худ, истилоҳоти навин пайдо мешаванд, ки дар натиҷа, коре, ки Фарҳангистон мекунад, фоидаи хубе намедиҳад. Забоне, ки як бунёди муштарак дорад, дар оянда бояд ин бунёд ҳифз шавад.”

Ин нахустин ҳамоиши муштараки Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон ва Кумитеи истилоҳоти давлати Тоҷикистон буд. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон хатти сириллик ҷойгузини хатти суннатии форсӣ шуд. Ин хат ҳамчунон хатти расмии Тоҷикистон аст.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*