Бобоҷон Ғафуров: Фаромӯш кардани форсӣ мумкин нест

باباجان غفوروفСируси Алинажод:* Ин мусоҳиба сӣ солу анде (ҳоло чиҳил солу анде – Порсӣ Анҷуман) пеш анҷом шудааст, замоне ки Бобоҷон Ғафуров*, сиёсатмадор ва донишвари тоҷик (1909-1977), барои нахустин ва охирин бор ба Эрон омад. Он замон ӯ 64-сола буд ва ду-се сол баъд шунидам, ки гӯё дар худи Тоҷикистон даргузашт.

Ёдам нест чигуна бохабар шудам, ки ӯ ба Эрон сафар кардааст, вале то он ҷо ки ба ёд дорам, ин танҳо мусоҳибаест, ки дар сафар ба Эрон аз ӯ дар матбӯъоти Теҳрон интишор ёфт. Ман ӯро дар ҳутели маҳалли иқоматаш дар Теҳрон мулоқот кардам ва мусоҳиба низ дар ҳамон ҷо анҷом пазируфт.

Он тавр ки ба хотир дорам, сафари ӯ ба Теҳрон наздики як моҳ тӯл кашид ва шавоҳид низ долл бар чунин амрест. Барои ин ки мусоҳибаи ӯ дар ду шумораи паёпайи «Ояндагони адабӣ» дар торихҳои 11 баҳмани 1352 ва 18 баҳмани 1352 интишор ёфтааст ва ман ба ёд дорам, ки пас аз чопи мусоҳиба боз ҳам ӯро дидам ва нусхаҳое аз «Ояндагони адабӣ»-ро ба ӯ тақдим кардам ва ӯ, ки қаблан мусоҳибаро дида ва хонда буд, аз ман бобати нанивиштани чанд ҷумла гила кард. Аз он ҷо ки ҳофизаам мегӯяд, мусоҳиба тақрибан як ҳафта пас аз нахустин дидор ва суҳбати мо интишор ёфт, бино бар ин, бояд ҳудуди як моҳе дар Теҳрон иқомат карда бошад.

Бо он ки форсиро хеле хуб суҳбат мекард, аммо мусоҳиба бо кумаки мутарҷим, устод дуктур Иноятуллоҳи Ризо, ки мизбонии ӯро дар Теҳрон ба уҳда дошт, анҷом гирифт. Ин бад-он чиҳат буд, ки Бобоҷон Ғафуров бо таваҷҷуҳ ба тафовути лаҳҷаҳо ва ҳамчунин солҳои дурӣ аз Тоҷикистон фикр мекард мумкин аст дар баёни посухҳо ба форсӣ салосат ва равонии лозимро натавонад ба кор гирад. Русиро равонтар аз форсӣ суҳбат мекард.

Дар он замон ӯ бист соле мешуд, ки муқими Маскав буд ва риёсати Анститу (Институти)-и ховаршиносии Маскавро ба ъуҳда дошт. Бо вуҷуди ин, мегуфт ҳаргиз натавонистааст забони форсиро канор бигзорад, «фаромӯш кардани форсӣ мумкин нест». Ман бо вуҷуди ин ки дар он замон ҳанӯз хеле ҷавон будам, вале ба хотири ъалоиқам бисёре аз эроншиносонро аз русӣ то омрикоӣ дида будам, бо онҳо ҳамсуҳбат ва ҳамсафар шуда будам, мусоҳиба карда будам, аммо пас аз дидани Ғафуров донистам, ки дар байни эроншиносон марде ба дониш ва пухтагии ӯ надидаам. Шояд ҳам дар тамоми ъумр марде ба қомати ӯ дар фазлу дониш камтар дида бошам.

Тоза нишаста будам ва ҳанӯз мусоҳиба оғоз нашуда буд, ки гуфт: «Ман якчанд сухан мегӯям, баъд….» Фикр кардам мехоҳад ҷуз мусоҳиба як чизи фармоишӣ ҳам аз ӯ чоп шавад. Пеш аз он ки мувофиқатамро эълон кунам, хондани матнеро, ки бар ёддоштҳои ҷайбӣ нигошта буд, оғоз кард. Ман бо пешдоварӣ нахуст ба ӯ гӯш насупурдам, аммо чанд сатре нахонда буд, ки лаҳни калом ва самимияти суханаш маро гирифт. Вожаҳоро чунон шавқомез адо мекард, ки ангор як эронии солҳо дурмонда аз ватан дорад чизе дар бораи сарзамини худ мегӯяд. Ёди Иброҳимбег уфтодам, ҳангоме, ки (дар) «Сафарнома»-аш ба онҷо мерасад, ки аз марзи Русия вориди Эрон мешавад. Вақте тамом шуд, мисли ин ки фикри аввали маро хонда бошад, гуфт: «Фикр накунӣ… ман воқеъан эҳсосамро баён кардам». Ман аз бадгумонии худ шармсор шудам. Гуфтам ёддоштҳоятонро бидиҳед, бибинам. Мехостам хатти форсияшро бибинам. Гуфт: «Хондан наметавонед шумо инро» ва дар ҷайбаш гузошт. Он ёддоштҳо нишон медод, ҳамонгуна, ки ёди тоҷикон ва сарзаминашон ҷони моро аз шавқ бармеоварад, вуҷуди ӯ аз шавқи Эрон моломол буд.

«Ман чандин дафъа инҷо будаам»

«Агарчи ман дафъаи аввал аст, ки қадам ба сарзамини Эрон ниҳодам, бо вуҷуди ин, мисли ин ки ман чандин дафъа инҷо будаам. Чунки аз китобҳо, аз лаҳҷаҳо ва аз ҳар навъ тасвирҳо ман Эронро мисли ин ки пеши чашми худ мебинам, ва хушбахтона, ман ҳоло ҳақиқатан пеши чашми худ мебинам. Ду-се рӯз зиёда нест, ки ман дар Эрон ҳастам, аммо ман меҳмоннавозӣ ва дӯстию ҳамкории донишмандони Эронро ҳис кардам. Дар Эрон як зарбулмасали машҳур аст: «Дӯстӣ бо мардуми доно накӯст». Ин ки дуруст аст, ба ғайр аз ин сарзаминии Эрон аз ҳар тараф қашанг аст. Ин кӯҳҳои баланду боъазаммат, ин офтоби дурахшон, ин обу ҳавои соф одамро хушҳол мекунад. Ин замини самарноки Эрон бо дастҳои мардуми доно ва коркунони Эрон натиҷаи хуб медиҳад. Дар ин айём дар Эрон дигаргуниҳои бузург мешавад. Тамоми дунё медонад, ки адабиёти қадими Эрон ба тамоми дунё хидмат кардааст. Ба фикри ман, адабиёти форсӣ фарҳанги ҷаҳонро ғанӣ кардааст. Устураҳои дурахшони дараҷаи аввал ва шоъироне мисли Рӯдакӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз ва Фирдавсии кабир бо нури худ роҳи дӯстиро нишон додаанд ва нишон медиҳанд. Масалан, суханони ҷовиди Фирдавсӣ, ки гуфтааст:

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.

Ин калимот андешаҳои бузурги шоъирон ва мардуми наҷиби Эронро нишон медиҳад. Барои ҳар кас дидани сарзамине, ки шоъироне мисли Фирдавсиро додааст, хушбахтии бузурге бояд бошад. Бояд самимона арз кунам, мардумони Шӯравӣ ба Эрон на ба унвони хориҷӣ ворид мешаванд, мисли ҳамсояе ба хонаи дӯстони худ меҳмон меоянд. Дӯстии байни Эрон ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ торихи дуру дарозе дорад ва фоидаи бузурге барои ҳар ду мамлакат бахшидааст. Шакке нест, ки бо кӯшиши ҳарду тараф муносиботи Эрон ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ рӯз ба рӯз мустаҳкамтар ва самарбахштар хоҳад шуд».

Даъвати Фараҳи Паҳлавӣ

Нуктае, ки лозим аст дар бозхонии он мусоҳиба бинвисам, ин аст ки Бобоҷон Ғафуров ба даъвати Фараҳи Паҳлавӣ ба Эрон сафар карда буд. Дар он мусоҳиба низ аз ман хост, ки маротиби ташаккур ва қадрдонии ӯро аз «Шаҳбонуи Эрон» бобати ин даъват дарҷ кунам, аммо ман бар асоси афкори он замон аз нивиштани он ъиборот дар мусоҳиба худдорӣ кардам. Дар дидори баъд аз интишори мусоҳибааш ташаккур кард, вале зимни он аз ман гила кард, ки чиро ташаккури ӯро аз Шаҳбонуи Эрон чоп накардаам? Ман, ки ҷавобе надоштам ва зимнан бо каллахаробиҳои он замон бо нивиштани чунон чизе мувофиқ набудам, чизҳое гуфтам, ки рабте ба қазия надошт ва бештар мушти маро назди ӯ во мекард. Имрӯз аммо фикр мекунам ҳар кас кори нек кард, бояд нивишту гуфт ва бар он таъкид кард ва ҳамвора бояд корҳои некро аз ҳар кас, ки сар зада бошад, донист. Даъват аз Бобоҷон Ғафуров кори арзандае буд. Ҳама чизро набояд аз зовияи сиёсат нигарист. Кишвар муҳиммтар аз сиёсат аст.

Ва саранҷом он ки чанд сол пеш бо пруфесур Раҳими Мусалмониёни Қубодиёнӣ – аз рӯшанфикрони дараҷаи аввали тоҷик, ки акнун дар Теҳрон зиндагӣ мекунад ва мо эрониён ифтихори мизбонии ӯро дорем, мусоҳибае кардам, ки дар маҷаллаи «Паёми имрӯз» чоп шуд. Аз он пас ошноии мо ба дӯстӣ бадал шуд ва гоҳ-гоҳ дар дафтари маҷалла дидор мекардем. Як рӯз суҳбати Бобоҷон Ғафуров пеш омад, гуфтам, ки ӯро дида будам ва бо ӯ мусоҳибае дорам. Бисёр иштиёқ нишон дод, ки нусхае аз онро дошта бошад. Аз асли он фақат як нусха доштам, ки наметавонистам тақдимаш кунам, вале дар дидори баъдӣ футукупии онро ба ишон додам. Намедонам бо он чӣ кард, аммо гӯё ба навъе онро дар Тоҷикистон интишор дода бошад. Шунидам дар китоби тозаи асноди Муҳаммадҷони Шакурӣ, донишвари тоҷик, ба ин мусоҳиба ишора рафтааст. Фикр кардам, чи беҳтар, ки ин гуфтугӯи камёб бо интишори муҷаддад дар ин сафаҳот дар ихтиёри тамоми касоне қарор гирад, ки ба сарнивишти форсӣ дар он сӯи Ҷайҳун меандешанд.

‘Забони мо якест, талаффуз мутафовит аст’

Алинажод: Нахуст мехостам аз вуҷуҳи иртибот ва ихтилофи форсии Эрон ва Тоҷикистон бароям бигӯед.

Ғафуров: «Тоҷикхо забони форсиро ба шакли асилтаре нигаҳ доштаанд. Чунон ки камтар омехтагӣ пайдо кард бо забони ъарабӣ, ки дар Эрон нуфуз ёфт. Албатта, дар ин замина бояд гуфт, ки ин танҳо тафовутест, ки байни забони тоҷикӣ бо забони эронӣ вуҷуд дорад. Дар забони тоҷикӣ таъсир ва нуфузи туркӣ мушоҳида мешавад. Далел он аст, ки тоҷикҳо ҳамвора дар муҳосираи туркон мезистаанд. Аз он ҷо ки Тоҷикистон дар давраҳои мутамодӣ таҳти таъсири Русияи тезорӣ буд, дар натиҷа забони русӣ ҳам дар Тоҷикистон таъсир ва нуфуз пайдо кард. Ин вазъ то сароғози Инқилоби Уктубр ва пайдоии ҳокимияти Шӯравӣ дар Русия идома дошт.

Албатта, бояд гуфт, ки фарҳанги Ғарб ҳам аз тариқи Русия ба Тоҷикистон роҳ ёфтааст. Ҳамон гуна ки дар Эрон дар садаҳои ахир забонҳои урупоӣ аз тариқи таъсири фарҳанги урупоӣ роҳ ёфтанд, бавижа аз тариқи забони фаронса, дар Тоҷикистон ҳам бисёре аз вожаҳои байналмилалӣ аз роҳи забони русӣ ворид шуданд. Мисли «кунгре», ки шумо аз забони фаронса гирифтаед ва ба ин шакл талаффуз мекунед, вале мо чун аз забони русӣ гирифтаем, «конгресс» мегӯем. Ё ҳавопайморо, ки мо надорем ва аз забони русӣ гирифтаем, «самолёт» мегӯем. Албатта, бояд гуфт, ки ҳеч айбе дар ин нест. Ман ҳеч чизи баде дар ин намебинам. Ин вожаҳо, ки ҳамроҳи ъилму санъат ва иқтисод аз забони русӣ дар забони тоҷикӣ ва аз тариқи Урупо дар забони форсӣ нуфуз кардаанд, ин забонҳоро ғанитар кардаанд».

Оё беҳтар нест, ки мо вожаҳоро аз якдигар ҳам бигирем? Чи басо мумкин аст вожаҳое, ки дар Эрон ва Тоҷикистон сохта шудааст, мову шуморо аз бисёре вожаҳои бегона бениёз кунад?

Ғафуров: «Албатта мо бояд барои наздик кардани ин ду забон бикӯшем, ё беҳтар бигӯям, забони мо якест, мунтаҳо тарзи талаффуз мутафовит аст. Вале бояд инро ҳам дар назар гирифт, ки дар забони мо вожаҳое ҳастанд, ки наметавон онҳоро аз даруни забон берун андохт. Бисёре аз вожаҳое, ки мо гирифтаем ва шумо гирифтаед, дигар гузарномаи эронӣ ва тоҷикӣ гирифтаанд. Беҳтар он аст, ки кӯшиш кунем, то фарҳанги бузурге аз вожаҳои форсию тоҷикӣ фароҳам ояд. Чунин фарҳанге ҳам ба эрониён, ҳам ба тоҷикон ва ҳам ба афғонҳо кумак хоҳад кард. Бавижа ба форсизабонони Афғонистон. Барои он ки онҳо дар вазъи бисёр баде қарор гирифтаанд. На ба ин тараф тамоюл пайдо кардаанд, на ба он тараф. Як чизи байнобайн шудаанд. Фаромӯш накунем, ки нивиштани чунин фарҳанге мусталзими кӯшиши ъилмии фавқулъодаест».

Гуфтед, ъайбе дар ин намебинед, ки вожаҳо аз забони русӣ вориди забони тоҷикӣ ва аз забонҳои урупоӣ вориди форсӣ шаванд, вале ин бегонаҳо доранд чунон зиёд мешаванд, ки асолати забони моро хадшадор мекунанд. Дуруст мисли сагвош – мутаассифона номи ъилмии он ъалафи ҳарзро намедонам, ки чунон дар мазраъа худро мегустаронад, ки асли маҳсул аз даст меравад.

Ғафуров: «Ба назари ман, истифода накардан аз вожаҳои хориҷӣ ъамалест ғайримаъқул ва нодуруст, чун ба ҳар тақдир дар пешрафти забон таъсир дорад, аммо дар ъайни ҳол бояд гуфт, ки ин зиёне ҳам дорад ва он ин аст, ки афзоиши бемаънои вожаҳои бегона сабаб мешавад, ки мардум забони худро бо калимоти ғайрилозим олуда кунанд. Ба ҳамин далел, ба назари ман, ҳам дар Эрон, ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Тоҷикистон бояд ҳамеша кумисиюнҳое хосси вожашиносӣ вуҷуд дошта бошанд, ки доиман мутолеъа кунанд, ки кадом вожаро бояд ба ҳамон шакле, ки ҳаст, бипазирем ва кадом вожаро бояд дур бияндозем ва вожаи асили худро баргузинем. Ин ҳатман коре зарурист ва ҳарҷу марҷ дар ин масъала ҷуз зиён чизе ба бор нахоҳад овард».

Бо юрише, ки забонҳои урупоӣ овардаанд, бавижа аз он рӯ, ки Урупо аз лиҳози ъилмӣ ва санъатӣ пешрафта аст ва мо ҳанӯз на, ба назари Шумо, ояндаи форсӣ чӣ хоҳад шуд? Оё метавонад ба унвони як забони ғанӣ ва саршор ҳамчунон барои қарнҳо зинда бимонад?

Ғафуров: «Ман мӯътақидам, ки вуруди вожаҳо ҳеч василаи харобтар кардани забони мо нахоҳад буд. Забони форсӣ аз ин осебе нахоҳад дид, хатар аз ҷои дигарест. Забони форсӣ аз пазириши вожаҳои нозарур осеб хоҳад дид. Хатари дигаре ҳам вуҷуд дорад, масалан, мебинам дар Эрон афроде ҳастанд, ки саъй мекунанд камтар форсӣ суҳбат кунанд ва таъаммуд доранд, ки ба забони инглисӣ ё фаронса суҳбат кунанд».

Бибахшед, ман ҳамин ҷо мехоҳам ба таври муътариза бипурсам, ки дар Тоҷикистон чӣ тур?

Ғафуров: «Дар Тоҷикистон ҳам ин тур буд, вале мо бо он мубориза кардем ва алъон тағйироти васеъе дар ин замина ҳосил шудааст. Барои зинда нигаҳ доштани тоҷикӣ мо аз забони форсӣ истифода мекунем. Дар донишкадаҳо таҳсили забони форсӣ иҷборӣ шудааст. Дар дабиристонҳо ҳам донишомӯзон форсӣ мехонанд».

ghafuruv-money‘Бояд ҳамаи форсизабононро муттаҳид кард’

Хуб, доштед дар бораи хатарҳое, ки мутаваҷҷеҳи забони форсист, баҳс мекардед.

Ғафуров: «Хатари бузурги дигаре ҳам ҳаст, ки бояд ёдовар шавам. Дар Ҳинд ва дар Покистон дар гузашта шумори бисёре аз мардум ба форсӣ сухан мегуфтанд, вале ҳамвора теъдоди форсизабонон каму камтар мешавад ва ин хатари бузурге аст. Акнун танҳо насли гузашта каму беш ба забони форсӣ суҳбат мекунад ва наслҳои тоза нисбат ба ин забон бегонаанд. Масалан, ман ёд дорам панҷоҳ соли пеш мардуми Кашмир ҳама ба забони форсӣ суҳбат мекарданд, аммо ҳоло дигар касоне, ки ба форсӣ сухан мегӯянд, андаканд. Дар гузашта дар Афғонистон ҳам нисбат ба Тоҷикистон ва форсизабонони ин кишвар равише эъмол мешуд, ки хушоянд набуд. Забони форсӣ рафта-рафта маҳдуд мешуд ва ин маҳдуд кардан ба таври маснӯъӣ ва аз рӯи ъамд анҷом мегирифт, вале хушбахтона, давлати кунунӣ ба раҳбарии Сардор Муҳаммад Довудхон роҳи тозае пеш гирифтааст ва дубора роҳро барои забони форсӣ ҳамвор кардааст.

Ду сол пеш, ҳангоме ки ман дар Ҳинд ва Покистон будам, ба равиши онҳо дар баробари забони форсӣ эътироз кардам ва онҳо ваъдаи ҷиддӣ доданд, ки дар пешрафти забони форсӣ ва тадриси он ва васеътар карданаш кӯшиш хоҳанд кард. Ман медонам, ки Индиро Гондӣ, нахуствазири Ҳинд, ба тадриси забони форсӣ ва ишоъаи (густариши) он дар Ҳинд бисёр алоқаманд аст. Донишкадаҳо ва курсиҳое (кафедра) дар Ҳинд ҳаст, ки ба тадриси забон ва адабиёти форсӣ ихтисос доранд. Дар ин замина аз кӯшишҳое, ки барои баргузории солрӯзи таваллуди Амир Хусрави Деҳлавӣ дар Ҳинд анҷом мегирад, ҳам бояд ёд кард».

Ба назари Шумо, ъиллати ин ки теъдоди форсизабонон пайваста каму камтар мешавад, ин нест, ки даври миллатҳои форсизабон деворҳое кашида шудааст ва ин миллатҳо аз ҳам комилан ҷудо шудаанд, чунонки мардуми мо бо тоҷикхо ва афғонҳо ва кашмириҳо, ҳамин тур мардуми он навоҳӣ бо эрониён наметавонанд рафтуомади густарда дошта бошанд?

Ғафуров: «Ман бояд мутазаккир шавам, ки дар солҳои ахир байни донишмандони Эрон ва Тоҷикистон равобите ба вуҷуд омадааст. Ҳамин тур донишмандони Тоҷикистон кӯшишҳое дар ҷиҳати наздик шудан ва иртибот бо Афғонистон ва Эрон нишон медиҳанд. Масалан, ман дар ҳамин сафаре, ки ба Эрон омадаам, дастандаркори музокира барои ташкили кунферонсе дар бораи забони форсӣ ҳастам. Мо тоҷикҳо наметавонем аз адабиёти форсӣ дар миқёси ҷаҳонӣ барканор бимонем. Бояд ҳамаи инҳоро бо якдигар муттаҳид кард. Ҳарчи робита ва бархӯрди донишмандон дар байни мо дар миқёси ҷаҳонӣ зиёдтар шавад, ҳам Эрон ва ҳам Тоҷикистон аз ин иртибот (бештар) баҳра хоҳанд гирифт».

Ростӣ, чиро форсии Тоҷикистон аз форсии Эрон ин ҳама фосила гирифтааст? Бешак, мо дар гузашта, масалан, дар давраи Байҳақӣ, ин ҳама аз ҳам ҷудо набудаем, ки ҳарфҳои якдигарро басахтӣ бифаҳмем.

Ғафуров: «Навоҳии мухталифи Эрон ҳамеша лаҳҷаҳои мутафовите доштаанд, аммо вазъи Тоҷикистон дар қадим бисёр душвортар аз вазъи дигар навоҳии Эрон будааст. Барои он ки дар садаҳои миёна хонот ва хоқоноти бисёре дар ин навоҳӣ ба вуҷуд омада буданд, чун хоноти Бухоро ва хоқоноти Хуганд ва Хива ва дигар… Инҳо ҳар кадом дар заминаи робитаи Тоҷикистон бо дигар навоҳии Эрон мушкилоте падид меоварданд. Дар натиҷа, инҳо тавонистанд таъсири худро каму беш бар мо бигзоранд ва сабаб шуданд Тоҷикистон, ки то ҳудуде худ падидоварандаи адабиёти клоссики Эрон буд, аз ин адабиёт дур бимонад.

Ин дурӣ сабаби ҷудоии фарҳангӣ ва забонӣ ҳам шуд. Аммо бо вуҷуди ин ки мумкин аст вожаҳое, ки мо ба кор мебарем, барои дигаре номаънус ҷилва кунад, дар ҳақиқат решаҳои эронӣ дорад, ки дархури шинохтан аст ва мо бояд аз лиҳози гӯиш якдигарро беҳтар бишносем. Фарҳанги Тоҷикистон ва Эрон дорои решаи бузурги воҳидест, фақат шохаҳои ҷудогонае дорад. Ба ҳамин далел, вақте касе аз тоҷикон ба сарзамини шумо меояд, бешак худро дар хона ва муҳити хеш эҳсос мекунад. Ман дар оғози суҳбатам воқеъан эҳсоси худро баён кардам. Ҳангоме ки ба Эрон омадам, биттабъ худро дар сарзамини наздике ёфтам».

‘Иттиҳоди форсизабонони Осиёи Миёна’

Сусиёлисм мегӯяд, бигзоред фарҳанг ва адабиёти миллатҳое, ки дар дохили мамлакате зиндагӣ мекунанд, шукуфо гардад, ҳатто миллатҳое, ки дар масири торих ъақаб уфтодаанд ва дар фазои ситам ва истисмор дучори хафақон шудаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин эътиқод, забон ва адабиёти Тоҷикистон пас аз инқилоб чи таҳаввулоте ба худ дидааст?

Ғафуров: «То замоне ки ҳанӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон падид наёмада буд, сухан аз миллияти тоҷик гуфтан кори душворе буд. Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми ин ноҳия андак-андак худро тоҷик эълом карданд ва аз ин роҳ бештар муттаҳид шуданд. Ин иттиҳоди, ба истилоҳ, форсизабонони Осиёи Миёна сабаб шудааст, ки имрӯза Тоҷикистон ба як маркази иттиҳоди забонӣ ва фарҳангӣ бадал шавад. Ин вазифа чун вазифаи хеле бузургест, табъан мусталзими кӯшиши фавқулъодаест. Ин худ масъалаи бузургеро дар баробари мо қарор медиҳад ва он ин аст, ки адабиёти мо ҳарчи бештар бояд кӯшиш кунад, ки ба мардум ва забони мардум наздик шавад. Забони адабии мо дар ин ҷиҳат бояд ҳаракат кунад ва дуруст (аст), ки дар Тоҷикистон инак теъдоди зиёде забоншинос, донишманд ва адиб тарбият шудаанд, вале ҳамаи кӯшишҳо дар ҳоли ҳозир дар ин нукта мутамаркиз шудааст, ки забони адабии мо бо забони ъомма мунтабиқ шавад. Чиро? Барои он ки ин адабиёт аз даруни мардум берун омада ва мутаъаллиқ ба онҳост ва бояд барои онҳо мафҳум бошад. Мутаассифона, ҷараёнҳое мушоҳида мешавад, ки саъй мекунанд забони адабиро аз забони мардум дур нигаҳ доранд. Ин ҷараён бавижа дар Эрон зиёд мушоҳида мешавад».

Чи ҷараёнҳое?

Ғафуров: «Душворнивисӣ, нивиштан ба шеваи клоссик ва ба шеваҳое дур аз забони мардум. Дар заминаи адабиёти клоссик набояд фаромӯш кард, ки мо ниёзманди адабиёти клоссик ҳастем, ин як ҷузъи лоятаҷаззои вуҷуди мост. Бояд аз адабиёти клоссики худ истифода кунем, вале гоҳ мебинем, ки ин истифода шакли меконикӣ ба худ мегирад. Бо таъаққул ва тафаккур омехта нест. Ин албатта музирр аст. Мо дар адабиёти клоссик вожаҳои бисёре дорем, ки ҷиддан бояд аз онҳо истифода кунем, вале ҳастанд вожаҳое, ки батадриҷ ҷои худро ба вожаҳои тозае додаанд, аз миён рафтаанд ва мурдаанд. Мо дар нигаҳ доштани ин вожаҳо, ки худи ҷомеъа онҳоро дур рехтааст, набояд таъассуби кӯдакона ба харҷ бидиҳем. Бино бар ин, истифода аз адабиёти клосики мо лозим аст, вале бояд шакли маъқул дошта бошад, на шакли меконикӣ».

Мебахшед, ба истилоҳ, ҳарф тӯ ҳарф омад. Шумо доштед дар бораи таҳаввулоте, ки забон ва адабиёти Тоҷикистон пас аз инқилоби 1917 ба худ дид, мегуфтед.

Ғафуров: «Адабиёт ҳамеша барои мардуми босавод қобили истифода аст. Дар Шӯравӣ бесаводӣ лағв шудааст. Мардум ҳама босавод шудаанд ва рӯз ба рӯз бештар ба фаро гирифтани адаб машғул мешаванд. Мисли дигар навоҳии Шӯравӣ ин таҳаввули фарҳангӣ ба онҷо анҷомидаст, ки имрӯза тоҷикҳо ба адабиёти худ воқеъан наздик шудаанд. Дар гузашта касоне, ки дар Тоҷикистон «Шоҳнома»-и Фирдавсиро мехонданд, аз ҳазор нафар бештар набуданд ва шеърҳои Фирдавсӣ ағлаб аз тариқи наққолӣ ироа мешуд, вале дар солҳои ахир мардум анбӯҳ-анбӯҳ ба адабиёти клоссики худ рӯй овардаанд. Ҳамчунин, дар гузашта тоҷикон фақат чанд шоъир – Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Амир Алишери Навоиро мешинохтанд. Дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ на танҳо адабиёти клосикро ба забони форсӣ, ки бештари онҳоро ба забони худ мутолеъа мекунанд. Борҳо «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва осори Саъдӣ, бавижа «Гулистон» ва Девони Ҳофиз ва рубоъиёти Хайём ба русӣ тарҷума шудааст. Тозагӣ китобе аз ашъори Фирдавсӣ ба забони русӣ тарҷума шуда ва ман муқаддимае бар он нивиштаам, ки 250 ҳазор нусха аз он мунташир шудааст. Ин тирож худ нишонаи он аст, ки мардуми Шуравӣ дар чи миқёсе аз адабиёти клосики Эрон истифода мекунанд. Як мисоли дигар: Амир Хусрави Деҳлавиро теъдоди андаке дар Шуравӣ мешинохтанд, вале имрӯза ба унвони яке аз машҳуртарин шоъирони порсигӯ дар Тоҷикистон ва дигар навоҳии Шӯравӣ шинохта шудааст ва мардум бо осори ӯ ошноӣ доранд».

Дар бораи «Шоҳнома» гуфтед ва суоле дар бораи корҳое, ки рӯи «Шоҳнома» мешавад, бароям пеш омад. Се сол пеш Рустам Алиев (эроншиноси Шуравӣ) ба ман гуфт, ки шӯравиҳо машғули фароҳам сохтани як вожаномаи «Шоҳнома» ҳастанд. Шумо медонед, кори ин вожанома ба куҷо кашидааст?

Ғафуров: «Дар ин замина кори бисёре шуда ва лозим аст бишавад. На танҳо насли кунунӣ, балки наслҳои оянда бояд рӯи «Шоҳнома» кор кунанд. Ин китоби азимест, ки металабад наслҳои мутаъаддид рӯи он ба кори илмӣ бипардозанд ва барои ҳамаи замонҳо имкони кор рӯи «Шоҳнома» ҳаст. Аммо дар бораи худи «Шоҳнома» дар гузашта Анституи Ховаршиносӣ ба интишори матни мунаққаҳ ва интиқодии он пардохт, ки дар нуҳ ҷилд интишор ёфт. Вале ин матн дорои норасоиҳо ва нақоисе буд ва чунин чизе табиъист. Ба ҳамин далел, акнун дар садад баромадаем бо кумаки донишмандони эронӣ матни тозаеро, ки норасоиҳои камтаре дошта бошад, дар Эрон мунташир кунем. Табъан ҳар нусхаи танқиҳӣ беҳтар аз нусхаи пешин аст ва саъй бар ин аст, ки дар ояндаи наздик ин корро ба поён бибарем.

Аммо дар бораи вожанома, марҳум Абдулҳусайни Нӯшин вожаномае барои «Шоҳнома» фароҳам оварда буд, ки дар Эрон ба ҳиммати Бунёди Фарҳанг интишор ёфтааст, вале ин вожанома кофӣ ва комил нест. Донишмандони Шӯравӣ дар сададанд вожаномаи бисёр бузург ва комиле аз «Шоҳнома» таҳия кунанд. Ҳамакнун дар ин замина кор идома дорад ва ин кор ҳам бояд бо кумаки донишмандони эронӣ анҷом шавад. Мо фикр мекунем, ки ин кори пурзаҳмат дастикам шаш то ҳафт соли дигар вақт лозим дорад».

‘Бояд кутуби бештаре аз Эрон ба Тоҷикистон фиристод’

Шояд нахустин вазифаи касоне, ки дар заминаи адабиёти клосик кор мекунанд, ин бошад, ки як матни покиза ва асил, як матни тасҳеҳшуда ва дуруст аз осор ба даст диҳанд, аммо ин ба худии худ ҳадаф наметавонад бошад. Ҳадаф бояд ин бошад, ки пас аз таҳияи матни дуруст ба арзёбии асар биншинем ва чанду чуни онро бисанҷем. Фарз кунед, аз осори Низомӣ як матни дуруст таҳия кардаем, аммо баъд зарурат дорад, ки масалан ашхоси достонии Низомиро ба унвони яке аз абъоди кор арзишёбӣ кунем. Фарз кунед, Лайлиро дар китоби «Лайлӣ ва Маҷнун» ва Ширинро дар китоби «Хусрав ва Ширин», то бибинем ҳар кадом чӣ арзишҳое доранд. Дар Шӯравӣ дар ин замина чи кор кардаанд?

Ғафуров: «Корҳои бузурге дар ин замина анҷом шудааст. Мо гузашта аз анституҳои ховаршиносии мутаъаддиде, ки дар шаҳрҳо ва донишгоҳҳои мухталиф дорем, дар Тоҷикистон як анституи вижаи эроншиносӣ дорем, ки дар онҷо ба ин масоил таваҷҷуҳ мекунанд. Масалан, дар мавриди Низомӣ, ҳамон ки мисол задед, осори мутаъаддиде то кунун нивишта шудааст. Дар бораи ҷаҳонбинии Низомӣ, дар бораи андешаҳои фалсафии Низомӣ, дар бораи вижагиҳои адабӣ ва ҳунарии Низомӣ ва ҳатто кор мекунем рӯи асари Низомӣ бар Амир Хусрав. Инҳо чизҳоест, ки мо дақиқан дар пайи онем, вале чунин корҳое бавоқеъ чунон густарда аст, ки поённопазир аст».

Пас чи гуна аст, ки мо аз Шӯравиҳо он қадар ки дар заминаи торихи Эрон корҳои нек дидаем, дар бораи адабиёт надидаем? Оё шумо дар торих бештар аз адабиёт кор мекунед ё то кунун кардаед?

Ғафуров: «На, чунин нест. Бисёре китобҳо ҳаст, ки тарҷума нашудааст. Шумо мутарҷими русӣ ҳам кам доред.

Бо ин ҳама корҳо, ки дар Шӯравӣ дар бораи Эрон мешавад, метавонед бигӯед дар кишвари Шумо чанд эроншинос ҳаст?

Ғафуров: «Ман наметавонам дар ин замина рақами дақиқе ироа кунам, вале метавонам бигӯям, ки беш аз ҳазор донишманд ба маънии васеъи калима дар риштаи эроншиносӣ кор мекунанд, ки агар тасаввур кунед ҳар кадом аз ин донишмандон даҳ нафар ба унвони ҳамкор доранд, ки аз лиҳози мақоми илмӣ ба дараҷаи онҳо намерасанд, даҳ ҳазор нафар дар корҳои марбут ба эроншиносӣ даст доранд. Шоҳаншоҳи шумо дар дидори худ аз Шӯравӣ ба ин нукта басароҳат ишора кардаанд, ки дар ҳеч як аз кишварҳои ҷаҳон ба андозаи Шӯравӣ дар заминаи эроншиносӣ кор ва кӯшиш нашудааст».

Дар чанд донишгоҳи Шӯравӣ курсии эроншиносӣ вуҷуд дорад?

Ғафуров: «Донишгоҳҳои Ленингрод, Маскав, Тифлис, Ирвон, Боку, Тошканд, Самарқанд ва Душанбе, ки ҳар сол садҳо эроншинос тарбият мекунанд. Гузашта аз инҳо теъдоди зиёде анституи пажӯҳишҳои илмӣ вуҷуд дорад, ки зимни фаъъолият дар заминаи эроншиносӣ ба парвариши пажӯҳандагон низ мепардозанд».

Вазъи матбӯъоти форсизабон дар Тоҷикистон чи гуна аст?

Ғафуров: «Нахуст бояд бигӯям, ки осори тоҷикӣ ҳам ба хатти кунунии форсӣ мунташир мешавад ва ҳам ба хатти русӣ, аммо матбӯъот ба хатти русӣ аст. Дар Тоҷикистон теъдоди зиёде рӯзнома ва маҷалла ба забони мардуми тоҷик мунташир мешавад. Маҷаллаҳои махсуси баррасии адабиёт низ ҳаст, ки ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони русӣ мунташир мешаванд. Мисли «Садои Шарқ» ва «Помир», ки ин яке ба забони русӣ ва барои мардуми ғайритоҷик мунташир мешавад».

Аз нашриёти форсизабоне, ки дар Эрон мунташир мешавад, ҳеч ба Тоҷикистон меояд?

Ғафуров: «Маҷаллаи «Сухан», ки мураттаб мерасад. Рӯзномаи «Иттилоъот», маҷаллот ва рӯзномаҳои дигаре ҳам меояд, вале бояд ёдовар шавам, ки вазъи мубодилаи китобҳо ва нивиштаҳо байни ду кишвар вазъи ризоятбахше надорад».

Аз мо чи сохта аст?

Ғафуров: «Яке аз корҳое, ки ба назари ман, хеле асосӣ аст, фиристодани китобҳо, маҷаллаҳо ва рӯзномаҳо аз Эрон ба китобхонаи Окодемии Улуми Тоҷикистон ва китобхонаи Фирдавсӣ дар Тоҷикистон аст. Чи басо иттифоқ меуфтад китобҳое бо мақолоте дар Эрон тарҷума мешавад, ки аҳли фанни Тоҷикистон аз он огоҳӣ надоранд. Бино бар ин, бояд дар тақвияти равобити донишмандони ду кишвар кӯшид, бояд донишмандони ду кишвар огоҳӣ ёбанд аз он чи дар он ҷо ва он чи дар ин ҷо мунташир мешавад. Дар ин сурат метавонед робитаҳоро мустаҳкамтар кунед».

Аз Шумо, ки фурсататонро ба ман додед ва аз устоди азиз дуктур Иноятуллоҳи Ризо, ки заҳмати тарҷумаро кашиданд, муташаккирам.

*Бобоҷон Ғафуров сиёсатмадор ва донишвари тоҷик (1909-1977), ки унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро дорад ва аксаш рӯи искиноси 50 сомонӣ, пули миллии ин кишвар, нақш ёфтааст.
*Сируси Алинажод, рӯзноманигори маъруфи эронӣ.

Баргирифта аз торнамои Би-би-сии Форсӣ

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*