Паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои бегона (4)

parsi285Бегона пиндоштани вожаҳои порсӣ

Сомони Ҳасанӣ: Яке дигар аз паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои ъарабӣ ҳамоно «бегона пиндоштани» шуморе аз вожаҳои забони порсӣ аст. Чунончи пештар ёдоварӣ шуд, дар давраи омехтагӣ нивисандагон ва хушнивисон на аз рӯи ниёз, ки барои нозидан, ба гунае бедару пайкар, вожаҳои ъарабии бисёреро ба даруни забони порсӣ кашонданд. Ҳатто фаромӯш карданд, ки бисёре аз ин вожаҳо порсӣ ҳастанд ва бар пояи рожмони забони ъарабӣ дигардеса шудаанд ва онҳоро ба ҳамон деса пазируфтанд.

На танҳо вожаҳоро бидуни ҳеҷ гуна дигаргунӣ вориди забони порсӣ намуданд, ҷудоомадҳои онҳоро ҳам, ки бар бунёди забони ъарабӣ сохта шуда буд, ба даруни забони порсӣ оварданд. Афзун бар он, дастури забони ъарабиро ҳам бар забони порсӣ бор карданд ва барои вожаҳои порсӣ ҳам ба кор гирифтанд. Дигар ин ки бакоргирии вокҳои вежаи ъарабӣ ҳам равоӣ ёфт ва бисёре аз вожаҳои порсиро ҳам, ки ба ъарабӣ бурда нашуда буданд, бо вокҳои вежаи забони ъарабӣ нивиштанд. Бино бар он чи гуфта шуд, бегона пиндоштани вожаҳои порсӣ метавонад ба чанд шаванд бошад:

——

Бахшҳои пешини Паёмади омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои бегона:

Бахши нахуст: Фаромӯшидани вожаҳои порсӣ
Бахши дувум: Корвожаҳои сода ва омехта
Бахши севум: Такол ва бешол

——

  • Вожаи порсӣ ба ъарабӣ рафта ва бо вокҳои вежаи ъарабӣ нивишта шуда, сипас бо ҳамон деса (шакл) ба забони порсӣ бозгардонда шудааст; монанди: «чалипо» , ки шуда «салиб», «обрез» , ки шуда «ибриқ».
  • Вожаи порсие, ки ба забони ъарабӣ рафта, дорои яке аз вокҳои вежаи забони порсӣ буда, ки бо вокҳои дигар ҷойгузин шудааст; монанди: «пардес» , ки шуда «фирдавс», «гизидаг», ки шуда «ҷизя».
  • Вожаи порсие, ки ба ъарабӣ рафта, на дорои вокҳои вежаи порсӣ буда ва на дар ҳангоми дигардесӣ бо вокҳои вежаи забони ъарабӣ нивишта шудааст; монанд: «андоза» , ки шуда «ҳандаса».
  • Вожаи порсӣ ба ъарабӣ бурда шуда ва барпояи дастури забони ъарабӣ бешолида шудааст; монанд: «замон», ки ба десаи «азмина» бешолида шудааст.
  • Вожаи порсӣ ба ъарабӣ рафта ва аз он ҷудоомадҳое дар ъарабӣ сохта шудааст; ҳамчун «ҳаво», ки аз он вожаи «таҳвия»-ро сохтаанд.
  • Вожаҳои порсиро бидуни ин ки ба забони ъарабӣ рафта бошанд, бо вокҳои вежаи забони ъарабӣ нивиштаанд; монанд: «урус», ки ба десаи «ъарӯс» нивишта шуда ва вожаи «ғолӣ», ки ба десаи «қолӣ» нивишта шудааст.
  • Ҳамонандии вокҳои вожаи порсӣ бо нишонаҳои ъарабӣ ҳам шаванди дигаре барои ъарабӣ пиндоштани вожаҳост; монанди: «алмос» ва «Албурз», ки ду воки нахусти онҳоро нишонаи ъарабӣ будани онҳо пиндоштаанд.

Дар зер ба шуморе аз вожаҳое, ки дар бунёд порсӣ ҳастанд, вале бегона пиндошта шудаанд, менигарем:

Ибриқ = обрез; вожае порсӣ аст, ки ба ъарабӣ рафта ва воки «зе» дар он ба воки «қоф» дигардеса шуда ва ба десаи «ибриқ» даромадааст.

Албурз = дар Авесто Ҳара Березаитӣ, дар паҳлавӣ Ҳарабурз ё Ҳарбурс; мураккаб аз ду бахши «ҳар» ба чими кӯҳ ва «бурз» ба чими боло ва… [Луғатнома]. Чун ин вожа бо вокҳои «алиф» ва «лом» оғоз шуда, онро ъарабӣ пиндоштаанд.

Алмос = вожаи алмос дар порсиг ҳам ба ҳамин деса аст. Чун дар оғозаш вокҳои «алиф» ва «лом» омадааст, ъарабӣ пиндошта шудааст.

Равоҷ/ривоҷ = ин вожа ҳамон «равог»-и порсиг аст, ки ба ъарабӣ рафта ва дар он воки «гоф» ба воки «ҷим» дигардеса шудааст.

Замон = ин вожа ба ҳамин деса ба ъарабӣ рафтааст. Чун ба десаи «азмина» бешолида (ҷамъ) шудааст, ъарабӣ пиндошта шудааст.

Занбақ = номи гиёҳест худрӯ бо гулҳои дурушти обиранг, ки дар баҳор дар кӯҳпояҳо мерӯяд. Ба нигари ман, воки «ғайн» дар он ба десаи «қоф» нивишта шудааст. Чун «занбағ» аз ду вожаи «зан» ва «бағ» сохта шудааст. «Бағ» вожае порсӣ аст ба чими Худо. Пас занбағ мешавад эзадбону. Ва гули занбағ ҳамон гули эзадбонуи об ва борварӣ аст, ки Аноҳито ном дорад.

Ҷизя = дар бунёд ҳамон «гизидаг»-и порсиг аст.

Хатт = ба гуфтаи Ҳайдарии Малоирӣ, «хатт» вожаест порсӣ, ки бо воки ъарабии «то (итқӣ)» нивишта шудааст.

Харҷ = «ҳарг» вожае порсиг аст, ки ба ъарабӣ рафта ва ба десаи «харҷ» даромадааст.

Хароҷ = «ҳарог» вожаест порсиг ба чими «бож ва молиёт». Ин вожа дар ъарабӣ ба десаи «хароҷ» даромадааст.

Хандақ = ҳамон «кандак»-и порсӣ аст. Вокҳои «коф» дар ин вожа ба «хо» ва «қоф» дигардеса шудаанд.

Соъат = бино ба пажӯҳиши Забеҳи Беҳрӯз, «соя» яке аз нахустин абзорҳои андозагирии замон буда, ки ба ъарабӣ рафта ва ба «соъа» дигардеса шуда ва мо онро ба десаи «соъат» менивисем.

Шатранҷ = вожаест порсӣ ва дар бунёд ба десаи «чатранг» мебошад.

Шуҳрат = вожаест порсӣ ва дар бунёд ба десаи «шаҳр» будааст.

Салиб = ин вожа дар бунёд «чалипо» буда, ки ба ъарабӣ рафта ва ба десаи «салиб» даромадааст.

Заҳҳок = ба нивиштаи Маҷмаъ-ут-таворих, «Даҳок» вожаест паҳлавӣ, ки ба ъарабӣ рафта ва «Заҳҳок» шудааст. Даҳок реша дар вожаи авестоии «Ажидаҳок» дорад. Ажӣ ҳамон аждаҳо аст ва «ок» ба маънои зиштӣ, офат ва бадӣ аст.

Тибб = ин вожа ҳамон «таб»-и форсӣ аст, ки ба ъарабӣ рафта ва ба десаи «тибб» нивишта шудааст. Дар гузашта бемории «таб»-ро решаи ҳамаи бемориҳо медонистаанд. Аз вожаи «тибб» вожаҳоии «матабб», «табиб» ва «табобат»-ро сохтаанд.

Тароват = вожаест порсӣ, ки дар бунёд ба десаи «таровад» будааст.

Тало/тило = ба нигари Ҳайдарии Малоирӣ, ин вожа ъарабӣ нест ва аз номи яке аз конҳои тило гирифта шудааст ва боистӣ бо воки «то» ба десаи «تلا» нивишта шавад.

Ъомиёна = ҳангоме ки мегӯем «омдабира» яке аз хатҳои ҳафтгонаи даврони соcонӣ будааст, пас «ъом» вожае порсӣ аст ва «ъомиёна» ҳам бояд ба десаи «омиёна» навишта шавад.

Ъарӯс = «арус» (اروس) вожаест порсӣ, ки дар садаҳои пасин ба десаи «عروس» нивишта шудааст.

Ъанбар = ин вожа дар бунёд бо воки «алиф» ва ба десаи «انبر» нивишта мешудааст.

Ъайёр = «ъайёр» вожаест порсиг ба чими дӯст ва ё ёр. Дар гузар ба порсии нав воки «алиф»-и ин вожа уфтода ва ба десаи «عیار» даромадааст.

Ъелом = ин вожа ъарабӣ нест ва боистӣ ба десаи «Элом» нивишта шавад.

Фараҳ = ин вожа дар бунёд ба десаи «фара/фарра» буда, ки ба ъарабӣ рафта ва бо воки вежаи ъарабӣ (ح) нивишта шудааст.

Фирдавс = ҳамон «пардес»-и порсӣ ва ба чими «биҳишт» аст.

Фариза = ба гуфтаи Миршамсуддини Адибсултонӣ, ин вожа дар бунёд вожаи «фарез»(فریز)-и порсиг аст, ки ба ъарабӣ рафта ва ба десаи «фариза» (فریضه) нивишта шудааст.

Қозӣ = «кодик» вожаест авестоӣ, ки ба забони ъарабӣ рафта ва вокҳои «коф» дар он ба «қоф» ва «зод» дигардеса шуда ва ба десаи «қозӣ» нивишта шудааст.

Қолӣ = ғолӣ вожаест порсӣ, ки дар садаҳои пасин ба десаи «қолӣ» нивишта шудааст ва бар ҳамин поя туркӣ пиндошта шудааст.

Қабо = ин вожа дар порсиг ба десаи «кабоҳ» будааст.

Қабр = ин вожа дар порсиг ба десаи «габр» ва ба чими «гӯдӣ ва сӯрох» аст ва бо вожаи «габр», ки дар рӯзгори пасин ба чими «зартуштӣ» ба кор рафтааст, яке нест.

Қурбон = ба гуфтаи Муҳаммади Муқаддам, «паристорон ва парастандагони эзади Меҳр дар ойини вежае, ки дар торикии ғорҳо баргузор мешуд, говеро қурбонӣ мекарданд ва аз ин рӯ парасторони Меҳрро ˮкарпан“ меномиданд, ки вожаи ˮқурбон“ аз он омадааст».

Қалён = ин вожа дар бунёд ба десаи «ғалаён» ва ба чими «ҷӯшидан ва ғул-ғул кардан» аст.

Мазоҳ = ин вожа дар бунёд «маза» будааст.

Масҷид = «мазгит»; дар «Луғатнома» ба чими «намозхона» аст. Ин вожа ба ъарабӣ рафта ва шуда масҷид. Дар гӯишҳои марказӣ ду воки «зе» ва «гоф» ба воки «че» тародесида ва шуда «мачид».

Меҳроб = «меҳроба» номи ниёишгоҳи ойини Меҳр аст. Ин вожа ба ъарабӣ рафта ва ба десаи «меҳроб» нивишта шудааст. Дар масҷидҳо, ҷое ки «меҳроб» номида мешавад, гӯдтар аз дигар ҷоҳост, ҳамонгуна ки барои рафтан ба «меҳроба» чанд пилла ба пойин мераванд.

Вазир = вичира вожаест ба забон авестоӣ, ки дар забони ъарабӣ ба десаи «вазир» даромадааст.

Вақт = ба гуфтаи Ҳайдарии Малоирӣ, «вахт» вожаест порсӣ ва ба чими «порае аз замон» мебошад. Ин вожа ба ъарабӣ рафта ва ба десаи «вақт» даромадааст.

Ҳаво = вожаест порсӣ, ки ба ъарабӣ рафтааст ва чун вожаи «таҳвия»-ро аз он сохтаанд, ъарабӣ пиндошта шудааст.

Ҳандаса = «андоза» вожаест порсӣ, ки ба ъарабӣ рафта ва ба десаи «ҳандаса» даромадааст.

Ҳаяҷон = дар бунёд «ҳаягон» будааст, ки воки «гоф» дар он ба десаи «ҷим» нивишта шудааст.

Бозбурдҳо

Ёддоштҳои Авесто, Иброҳими Пурдовуд
Сабкшиносӣ, Муҳаммадтақии Баҳор
Торихи забони форсӣ, Парвизи Нотили Хонларӣ
Ҷусторе дар бораи Ноҳид ва Меҳр, Муҳаммади Муқаддам
Тақвим ва торих, Забеҳи Беҳрӯз
Луғатнома, Деҳхудо
Торнигори Шаҳрбароз
Торнигори Забон ва адабиёти форсӣ, Ориё Адиб
Суханрониҳо ва нивиштаҳои Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ
Нигарише бар забони тозӣ, Зиёуддини Ҳоҷарӣ

متن پارسی اینجا است

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*