Дориюши Ошурӣ: Имрӯза мо хушбахтона аз рӯзгоре гузаштаем, ки касоне ки бар адабиёти клосики форсӣ чирагӣ доштанд, худро худованди забон медонистанд ва тамомии паҳнаи забонро ҷавлонгоҳи худ мешумурданд ва, дар натиҷа, ҷилави ҳаргуна таҳаввул ва пешрафти забонро мегирифтанд. Бо ривоҷи ъилму фалсафа ва ҳунар ва адабиёти мудерн дар қаламрави форсӣ ва ҷунбуҷӯше, ки ин забон дар ҷиҳати парвариши худ барои баёни мафоҳими тоза ёфтааст, имрӯз дигар ҳарфҳое монанди ин ки то ду-се даҳа пеш аз ин шунида мешуд, шунида намешавад, ки “луғат дар форсӣ самоъӣ (шунидорӣ ё калимоте, ки бузургон ба кор бурдаанд ва барои ҳама улгӯ қарор гирифтаанд) аст, на қиёсӣ”. Зеро вожасозии қиёсӣ, яъне сохтани вожаҳои тоза ва қиёси улгӯҳои забонии мавҷуд, роҳи худро гушуда ва дар ин чанд даҳа садҳо вожаи тоза бар ганҷинаи забони форсӣ дар заминаҳои гуногун афзудааст ва камобеш ҳамагон пазируфтаанд, ки густариши доманаи забони форсӣ барои баровардани ниёзҳои зиндагии ҷадид ва ъилму фалсафа ва ҳунар ва текнулужии мудерн амрест зарурӣ ва бадеҳӣ ва чоранопазир ва имрӯз ҳар мутарҷими форсизабон дар ин заминаҳо камобеш ба андозаи тавоноии худ як фарҳангистони такнафара аст, ки дар бораи баргардони вожаҳои истилоҳӣ ва фаннӣ аз забонҳои урупоӣ ба форсӣ тасмим мегирад ва ъамал мекунад ва камтар китоби тарҷумашуда ба форсӣ дар ин заминаҳост, ки баробарномае аз вожаҳо дар поён надошта бошад.
——
Сиришти забони форсӣ: Бахши нахусти ин ҷустор (1)
Имконоти вожасозӣ дар забони форсӣ: Бахши дувум (2)
——
Дар бораи ин ки забони форсӣ чигуна ва аз кудом мояҳо бояд вожаҳои баробар бо вожаҳои забонҳои пешрави урупоӣ бисозад (албатта, дар мавориде, ки ҳамакнун чунин вожае ва маъное дар форсӣ вуҷуд надошта бошад) баҳсу гуфтугӯ бисёр шуда ва агарчи ҳанӯз усули роҳнамои мо дар ин кор бахубӣ рӯшан нест, то ба марҳилаи имрӯзин роҳи дарозе паймудаем. Агар ба ёд оварем, ки мо дар авохири қарни нуздаҳум ва авоили қарни бистум ҳанӯз дар чи оламе мезистем ва чи андоза аз он чи дар ҷаҳон мегузашт, бехабар будем ва дар чи фасоду дармондагии торихӣ дасту по мезадем ва забони пурпечутобу фарсудаи насри форсӣ чи андоза аз баёни мафоҳими андеша ва зиндагии мудерн нотавон буд, яъне замоне ки беш аз як қарн аз он намегузарад, мебинем, ки дар ин фосилаи бошитоб роҳи дарозе паймудаем ва таконҳои сахте бар зеҳну забони мо ворид омадааст. Форсии имрӯз ганҷинаи вожагонии бузурге дар ихтиёр дорад, ки шаст сол пеш аз ин надошт ва муҳимтар аз ҳама ин ки яхҳои равонӣ ва иҷтимоъӣ ва торихии мо зуб (гудохта ё об) шуда ва зеҳну забон бар асари зеру боло шуданҳои торихӣ ба ҷунбиш даромадааст. Имрӯз овардани вожаи тоза ва тартиби тоза бо мафҳуми тоза дар забон дигар гуноҳ шумурда намешавад ва касе ба ин хотир аз дасти посдорони суннати адабӣ чӯб намехӯрад. Ҳол он ки то чанд соле пеш ин чунин набуд.
Боре, нахустин асли асосӣ, ки имрӯз ба сурати асли бадеҳӣ даромада ва камтар касе дар бораи он чунучаро мекунад, он аст ки бар асари бархӯрди ҷомеъаи эронӣ бо фарҳангу тамаддуни мудерн ва гушуда шудани дарҳо ва дарвозаҳои ин ҷомеъа ба рӯи ъаносири моддӣ ва маънавии ин фарҳангу тамаддун, забони форсӣ низ ногузир бар асари ин бархӯрд дигаргун шуда ва ногузир аз баровардани ниёзҳои забонии тозаест, ки ин бархӯрд падид овардааст.
Ин дигаргунӣ аз назари вожагонӣ, чи ба сурати вомгирии ҳазорон вожа аз забонҳои фаронса ва инглисӣ ва камтар аз онҳо аз русӣ ва олмонӣ, ё таҳаввули маъноӣ дар вожаҳои мавҷуд, ё афзоиши вожагони форсӣ аз роҳи зояндагии табиъии забон рух дода ва бахше аз он огоҳона ва бахше ноогоҳона сурат гирифтааст.
Дувум он ки насри форсӣ аз инҳисори адабиёт ва донишҳои суннатӣ раҳо шуда ва барои баёни андешаҳо ва мафоҳими тоза дар заминаҳои гуногун таҷрубаҳои тозае дар он сурат гирифтааст. Аз ҷумла, сарварии торихии забони ъарабӣ дар қаламрави забони форсӣ поён ёфта ва кори перостану полудани забон аз он чи донишфурӯшии суннатӣ ба зӯру зарб дар қолаби забони форсӣ рехта буд, бисёр пеш рафтааст. Имрӯз метавонем гуфт, ки бар асари чанд даҳа кӯшиш ва ҷангу ситез бо завқи суннатӣ, саранҷом, завқу огоҳӣ ва дониши нав забонро ба роҳи тозае андохтааст ва он такяи забони форсӣ бар усули сохтории худ ва густариши худ аз роҳи он ва зудудани ъаносири зӯрчапони зоид аз даруни худ аст. Ба ин тартиб аст, ки мебинем дарсади вожаҳои ъарабӣ дар форсӣ аз ҳафтоду ҳаштод ва гоҳ навад дарсад ба камтар аз панҷоҳ ва гоҳ ба камтар аз сиву бист дарсад расида ва рафта-рафта ба онҷо мерасем, ки ончи аз мояи ъарабӣ дар забони форсӣ мемонад, он андозае бошад, ки ба он ниёзи воқеъӣ дорем. Ва ин андоза низ камобеш аз асли худ ҷудо шуда ва, ба хилофи гузашта, пайрави дастгоҳи дастурӣ ва маъноии забони форсӣ мешавад. Бино бар ин, андак-андак ба ин асли ъилмӣ наздик шудаем, ки вомгири вожа ба худии худ ъайбе нест, ба шарти он ки вожа дар дастгоҳи забон бигардад ва битавонад дар баданаи он ҷазб шавад. Севум он ки онҷо ки зарурӣ бошад, асли барсохтани вожаҳои форсӣ аз дарунмояҳои забони форсӣ ва бар асоси қоъидаҳои вожасозӣ дар ин забон аст. Ҳамон гуна, ки ишора кардем, забони форсӣ бар асоси имконоти таркибсозии худ майдони густардае барои афзоиши вожагони худ дорад, аммо ин коре нест, ки якбора ва ба дасти як ё чанд нафар анҷом шавад, балки корест гомбагом, ки дар тӯли наслҳо пеш меравад ва чи басо таҷрубаҳои дубора ва чандбора лозим аст, то ба дақиқтарину расотарин вожаи мумкин барои як мафҳум бирасем ё як имкони дарунии забонро барои баёни як маъно ва мафҳум кашф кунем. Чунонки гоҳ лозим аст барои расидан ба беҳтарин баробари мумкин барои як вожа дар забони форсӣ аз чанд марҳила гузар кунем. Барои рӯшан шудани матлаб чанд намуна меоварем:
-Барои Nihilisme / Nihilism дар форсӣ “нестангорӣ” ва “нестгароӣ” ва низ “ҳечгароӣ” ва “логароӣ”-ро пешниҳод кардаанд ва бавижа “нестангорӣ” зиёд ба кор рафтааст. Вале ба назари мо баробари дақиқу дурусти ниҳилисм “ҳечангорӣ” аст, зеро ниҳилисм гоҳ ба мафҳуми нафйи вуҷуд аст ва гоҳ нафйи арзиш ва ин ҳарду аз маънои “ҳечангорӣ” ба даст меояд. Афзун бар ин ки таркиби ҳеч ангоштан ва ҳечангор низ дар форсӣ вуҷуд дорад ё метавонад вуҷуд дошта бошад ва “ҳечангорӣ” бароянди табиъии он аст. Дар мавриди ишколи “-гароӣ” ҳам пас аз ин ишора хоҳем кард.
-Барои вожаҳои Elastic / Elastique ва Elasticity / Elasticite дар форсӣ баробарҳои “нарм”, “кашдор” ва “кашсон” ва “қобилияти инъитоф”, “қобилияти кашиш” ва “кашсонӣ”-ро то кунун ба кор бурдаанд ва чи басо баробарҳои дигаре низ. Вале, ба гумони мо, баробари табиъӣ ва дақиқу расои ин ду калима (ки аз ъилми физик то иқтисод ба кор меравад) “кашоянд” ва “кашояндӣ” аст, ки аз масдари “каш омадан” муштақ мешавад (монанди “хушоянд” аз “хуш омадан”). Ин намуна нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба мояҳо ва сохти табиъии вожа дар забон ва имконоти зоишиии он метавонад то чи андоза корро осон кунад.
-Барои Animisme / Animism баробарҳои “рӯҳигарӣ”, “ҷонгароӣ”, “ҳамзодгароӣ”, “ҷонангорӣ” ва “асолати ҷон”-ро пешниҳод кардаанд, ки ҳама бар асоси решаи калима, яъне Anima = равону ҷон аст. Вале, ба назари мо, бо таваҷҷуҳ ба мафҳуми ин калима дар инсоншиносӣ ва фалсафаи мобаъдуттабиъа баробарҳои расотари он барои маъноҳои дугона ё сегонаи калима ъиборат аст аз “зиндаангорӣ”, “равонмандангорӣ” ва “равонбоварӣ”.
-Намунаи дигаре аз вожаҳои хушсохт, ки ба сурати мантиқӣ аз мояҳои забон берун кашида шуда, “миёнмоя” ва “миёнмоягӣ” дар баробари Mediocre / Médiocre ва Mediocrity / Médiocrité аст ]1[. Ин ду вожа, ки ба қиёси “каммоя” дар баробари “пурмоя” ва ҳамчунин сурати исмии онҳо, яъне “каммоягӣ” ва “пурмоягӣ” сохта шуда, бисёр дақиқиу расост ва бисёр беҳтар аз таркиби ноҳамвору зумухти “мутавасситулаҳвол” аст, ки пеш аз ин ба кор мерафт. Ин ду вожа, ки имрӯза гурӯҳе аз нивисандагон ва мутарҷимон ба кор мебаранд, нишондиҳандаи он аст, ки чигуна, ба ёрии завқи дурусту дониш, аз мояҳои табиъӣ ва фародасти забон беҳтарину расотарину зеботарин вожаҳо, ки бо табъи аҳли забон созгор аст, берун меҷӯшад.
Чаҳорум, асли парҳез аз вожасозии меконикӣ то оҷи мумкин аст, ки ба асли севум, яъне кӯшиш барои берун кашидани табиъитарину расотарин мояҳои забон марбут мешавад. Мақсуд аз вожасозии меконикӣ (2) таҷзияи вожаи аслӣ дар забони бегона ба ъаносири созаии он ва таркиби ъаносири муъодили аҷзои он дар форсӣ аст. Барои мисол, “инсоншаклигарӣ”, ки оқои Аҳмади Ором баробар бо Anthropomorphism гузоштаанд, чунин сохтмоне дорад, яъне инсон ([= anthropo-) + шакл ([= morph-) + гарӣ (= ism), ки иқрор бояд кард таркиби хушоҳанг ва расову, саранҷом, вожаи маънодоре дар форсӣ нест. Ба ҷои он мо таркиби “инсонгунаангорӣ”-ро пешниҳод мекунем (бо таваҷҷуҳ ба корбурди “-гуна” назди нивисандагоне чун Абулфазли Байҳақӣ). Албатта, ин ҳукм, яъне парҳез аз вожасозии меконикиро ҳам набояд мутлақ гирифт, балки гоҳ аз роҳи тарҷумаи вожа ба вожа ё ҷузъ ба ҷузъ як таркиб ва мафҳуми тоза дар забон пайдо мешавад ва ҷо меуфтад, ки аз намунаҳои он “роҳи оҳан” ва “себзаминӣ” дар форсӣ аст, ки яке тарҷумаи Chemin de fer аст ва дигаре тарҷумаи Pomme de terre дар забони фаронса. Таркибҳое монанди “зистшиносӣ” ва “ҷонваршиносӣ” дар форсӣ низ ҳамхонии ҷузъ ба ҷузъ бо Biologie ва Zoologie доранд ва метавонанд тарҷумаи меконикӣ шумурда шаванд, вале дар ҳақиқат тарҷумаи меконикӣ нестанд ва аз сохти табиъӣ ва ҳамонанди форсӣ бо фаронса ва дигар забонҳои ҳинду-урупоӣ бурун ҷӯшидаанд. Аммо ин ҳамонандии сохтмони вожа дар ду забон ончунон нест, ки ҳама ҷо роҳ ба тарҷумаи меконикӣ бидиҳад. Албатта, ин низ аз гароишҳои табиъии зеҳн аст, ки ҳамеша дунболи муъодили аҷзои як луғат ё таркиб ё таъбир дар забони худ биравад ва онро ба равиши меконикӣ тарҷума кунад. Ҳамчунон ки ишора шуд, ин равиш гаҳгоҳ судманду коромад аст, аммо ҳамеша на.
Барои рӯшантар шудани матлаб мисоле дигар бизанем: Дар тарҷумаи Polytheism табиъӣ аст, ки зеҳн ба дунболи таҷзияи вожаи Poly- ба (=чанд)+-the- (худо)+-ism биравад ва таркиби “чандхудогароӣ” баробари он гузошта шавад. Дар ин маврид нахустин мушкил ин аст, ки маънои Poly- дар ин таркиб чи басо “чандин” ва “бисёр” аст, на “чанд”, яъне бовар доштан ба вуҷуди чандин ё бисёр худо. Афзун бар ин, агар ба ҷои таваҷҷуҳ ба таркиби решаии калима ба дунболи маънои он биравем ва дар баробари он, ба гумони мо, масалан, “эзадонпарастӣ”-ро баргузинем, таркиби сода ва табиъии форсии баробар бо онро ба даст овардаем, ки барӯшанӣ маъноро мерасонад ва беҳтар ба ҷои таркиби ночасби “чандхудогароӣ” менишинад. Агарчи дар мавриди дигар вожаҳое, ки бо пешванди Poly- оғоз мешаванд, метавон “чанд-“-ро баосонӣ ба кор бурд, монанди “чандзабона” баробар бо Polyglot, ки дар ин маврид низ як таркиби табиъии форсӣ ва расонои маъно аст.
Ва ё дар мавриди вожае монанди Labyrinth агар таваҷҷуҳ дошта бошем, ки дар форсӣ барои шумори зиёд ва пайваста аз чизе вожаи “ҳазор-“-ро пешвандгуна ба кор мебарем, монанди ҳазордара, ҳазорчашма, ҳазорчам, ҳазорло, ҳазорпо, дар ин маврид ҳам метавонем “ҳазордолон” ё “ҳазортӯ”-ро ба кор барем, чунонки то кунун ба кор рафтааст.
Як намунаи муҳим аз ривоҷи вожасозии меконикӣ дар забони форсӣ ривоҷи “-гаро” ва “-гароӣ” дар форсӣ ба ҷои ist ва ism аст. Ин ду пасвандгуна агарчи камобеш ривоҷи ъом ёфта ва корро бар бисёре сода ва осон кардаанд, аммо ба назари мо аз намунаҳои ошуфтакорӣ дар забон аст ва вожаҳое, ки ба ин тартиб сохта мешаванд, чи басо аз шаффофияти маъноӣ бархурдор нестанд. Агарчи ин нивисанда пеш аз ин дар ин боб баҳси камобеш густардае кардааст (3), вале боз ҳам ба ҷанбаҳое аз он мепардозем.
Нуктаи асосӣ он аст, ки агар як пешванд ё пасванд (ё пешвандгуна ва пасвандгуна) дар забони форсӣ бо пешванде ё пасванде дар забони дигар дар як ё чанд таркиби хос ҷӯр бошад ва маъноро бирасонад, ҷавоз он нест, ки онро дар ҳамаи мавориди ҳамонанд яксон ба кор барем ва вожасозии меконикӣ кунем, агарчи ин кор бисёр осон бошгад ва мушкили моро базоҳир ҳал кунад. Барои мисол, Ғазолӣ дар “Кимиёи саъодат” вожаи “газофгароӣ”-ро ба кор мебарад, ки, ба назари мо, баробари дурусте барои Extremism аст ва маънои он гароиш ё тамоюл ба сӯи “газоф” (ифрот ё ҳадди ифротӣ) аст, вале аз онҷо ки маънои “гаройидан” дар форсӣ тамоюл ёфтан ё майл кардан ба сӯи чизе аст ва на, масалан, бовар доштан ба он, муъодили дақиқе барои ҳамаи маъноҳо ва корбурдҳои –ism нест, ҳол он ки “-гаро” ва “-гароӣ” дар мавориди дигаре метавонанд таркибҳои расое барои бархе вожаҳо бисозанд, аз ҷумла баробари ин вожаҳо дар забони инглисӣ:
Нургаро – Phototropic
Нургароӣ – Phototropism
Конунгаро – Centripetal
Содиротгаро – Export-oriented
Фарозгаро – Ascending
Фарозгароӣ – Ascension
Дарунгаро – Introvert
Дарунгароӣ – Introversion
Мебинем, ки “-гаро” ва “-гароӣ” агар ба маънои дурусти худ ба кор равад, муъодили меконикии –ist ва –ism нест, агарчи дар мавориде дар баробари онҳо ҳам метавонад ба кор равад. Ҳамчунон ки “-гарӣ”-ро низ дар мавориде метавон муъодили –ism ба кор бурд (масалан, дар баробари Eugenism метавон “беҳнажодгарӣ” гузошт ва ва дар баробари Colonialism, ки “истеъморгарӣ” мегӯем), вале на ҳама ҷо.
Мисоли дигаре барои ин баҳс “-солорӣ” аст, ки дар солҳои ахир барои чанд вожа дар ҳавзаи ъулуми иҷтимоъӣ ба кор рафтааст, монанди “падарсолорӣ” ва “мардумсолорӣ”. Вале метавон, афзун бар инҳо, дар мавориди дигар ҳам онро ба кор гирифт ва, дар натиҷа, метавонад муъодили чанд пасванд дар забони инглисӣ қарор бигирад. Аз ҷумла, дар чанд маврид баробар бо бархе аз корбурдҳои –ism:
Дигарсолорӣ – Heteronomy
Худсолорӣ – Autonomy
Корсолорӣ – Entrepreneurship (аз корсолор = Entrepreneur)
Мардумсолорӣ – Democracy
Падарсолорӣ – Patriarchy
Ғавғосолорӣ – Mobocracy
Давлатсолорӣ – Statism
Тезорсолорӣ – Tzarism
Артишсолорӣ – Militarism
Бад-ин сон аст, ки бо таваҷҷуҳ ба сохти табиъии вожа дар забони форсӣ ва бор маъноии дақиқи вожаҳо, агар онҳоро ба равиши андомвор (ургоник) таркиб кунем, ба густариши дастгоҳи вожагони забон хидмати беҳтар ва арзандатаре кардаем. Албатта, як мушкили равиши вожасозии андомвор ваҷҳи шуҳудии он аст. Бад-ин маъно, ки бар хилофи равиши меконикӣ, ки аз таҷзияи вожаи аслӣ ё бо таваҷҷуҳ ба решаи таркибии вожа дар забони аслӣ аз он улгӯбардорӣ мекунад, дар равиши таркиби андомвор мебояд бо навъе шуҳуд ба беҳтарин ва табиъитарин таркиби мумкин аз даруни забон даст ёфт, ки ҳамеша осон нест. Вале ҷунбуҷӯши табиъии забон ва пайдоиши вожаҳо ва таркибҳои тоза худ то ҳудуди зиёде роҳгушо аст, зеро ҳар як аз вожаҳо ва таркибҳои тоза худ улгӯе барои таркибҳои дигар дар забон тавонад шуд. Чунонки таркибҳои “падарсолорӣ” ва “мардумсолорӣ” худ улгӯест барои намунаҳои дигаре, ки овардем ва “сангвора” (= Fossil) худ улгӯе барои ҷашнвора ва моҳвора ва ёдвора ва монанди он шудааст, ва корванд улгӯе барои пасванду пешванд ва миёнванд ва шаҳрванд…
Албатта, ҳамонгуна, ки ёдовар шудем, парҳез аз вожасозии меконикӣ ҳукми мутлақе нест. Ба назари мо, дар қаламрави ъулуми иҷтимоъӣ ва инсонӣ ва фалсафа то ҷои мумкин бояд аз он парҳез кард, вале дар қаламрави ъулуми физикӣ, ки барои анвоъи ҷинсҳои ашё (ситорагон, маводди шимиёӣ, зарроти атумӣ, ва монанди онҳо) ниёз ба номгузориҳои занҷираӣ (сериёл) ҳаст, аз равиши меконикӣ бо қарор додани муъодилҳое баосонӣ метавон баҳра гирифт, ва аз ҷумла, аз пешвандҳо ва пасвандҳои забонҳои бостонии эронӣ ва ҳатто аз забонҳои урупоӣ вом гирифт, ҳамон гуна, ки онҳо аз юнонӣ ва лотинӣ вом гирифтаанд.
Як кори бисёр лозим дар ин замина мутолеъаи чигунагии густариши каммиятӣ ва кайфиятии забони ъилмӣ ва фаннӣ дар ҳавзаи забонҳои урупоӣ, бавижа инглисӣ ва фаронса, аст, ки ба мо дониши дақиқе дар бораи он бидиҳад, ва дар ин замина мо форсизабонон бисёр ноогоҳем ва ҳиммати пажӯҳандагон ва дӯсторони ин гуна ҷусторҳо барои чунин пажӯҳише ба рӯшангарии заминаи назарии чигунагии парвариш ва густариши забони форсӣ барои ниёзҳова ҳадафҳои имрӯзини моро ёрӣ хоҳад кард.
Поён
Ин бахш баргирифта аз ҷустори “Забони форсӣ ва коркардҳои тозаи он” аст, ки дар китоби “Бозандешии забони форсӣ (даҳ мақола)”; Теҳрон: Нашри Марказ омадааст.
Понивис:
- Ин ду вожаро гӯё нахустин бор устоди даргузашта, Маҳмуди Саноъӣ, ба кор бурдааст.
- Ду намояндаи номдори ин равиш дар забони форсӣ, ки беш аз ҳама онро ба кор гирифтаанд, оқоён Аҳмади Ором ва дуктур Ҳамсиддини Адибсултонӣ ҳастанд, ва бавижа дуктур Адибсултонӣ намунаҳои номдоре аз равиши вожасозии меконикӣ ба даст додааст. Вале бояд ёдовар шуд, ки баҳрагирии беш аз андоза аз равиши вожасозии меконикӣ забоне тираву тор падид меоварад, ки вожаҳои он ҳамеша дар баробари вожае дар забони марҷаъ ва ба эътибори он маъно медиҳанд, на ба худии худ, ва ба ҳар ҳол, базаҳмат метавонанд банди нофи худро аз забони марҷаъ бибаранд. Аз намунаҳои он вожаи “дуичемгуик” дар баробари “диёлектик” аст, ки Адибсултонӣ аз таҷзияи Dialectic ба Dia- ва Lectic-, маънои решаии ин ду дар забони юнонӣ, сохтааст, ҳол он ки ин вожа, ки дар забони юнонӣ таркибист, дар забонҳои фаронса ва инглисӣ ва олмонӣ ва забонҳои дигаре, ки онро вом гирифтаанд, як вожаи басит ба шумор меояд (ва аз ҷумла дар форсӣ, ки онро аз фаронса вом гирифтааст) ва аз назари аҳли забон, ҷуз аз назари решашиносӣ таҷзия намешавад, то мо дар форсӣ бо таҷзияи он вожаи ъаҷиби “дуичамгуик”-ро бисозем. Ба ҳар ҳол, диёлектик ҳам монанди бархе дигар аз вожаҳое, ки дорои сайри маъноӣ ва торихии печидае ҳастанд, (ба назари мо монанди “иде” ва “буржуво” ва вожаҳое ҳамонанди онҳо) вогардонпазир нест ва мебояд онро ҳамон гуна вом гирифт ва маънои муҳимму бисёр печида ва фаннии онро дар забони фалсафа ва аз ончи ҳаст, печидатар ва мубҳамтар накард.
- Руҷӯъ шавад ба “Ду мақола” аз Дориюши Ошурӣ (Интишороти Огоҳ, Теҳрон 1356).
Дигар ҷусторҳои Дориюши Ошурӣ дар Порсӣ Анҷуман
Рӯёрӯии забони форсӣ бо дунёи мудерн дар гуфтугӯи Масъуди Луқмон бо Дориюши Ошурӣ (ба хатти порсӣ)
Фарҳанги ъулуми инсонӣ: гуфтугӯи Меҳдии Ҷомӣ бо Дориюши Ошурӣ 1 (ба хатти порсӣ)
Текникҳои густариши вожагон: гуфтугӯи Меҳдии Ҷомӣ бо Дориюши Ошурӣ 2 (ба хатти порсӣ)
Омехтагии форсӣ ва ъарабӣ аз забони Дориюши Ошурӣ (ба хатти порсӣ)
Форсӣ шакар аст (ба хатти порсӣ)
Фарҳанги ъулуми инсонӣ (ба хатти порсӣ)
Достони танвин (ба хатти порсӣ)
Дигаргунии вожагони форсӣ (пириллик)
Перомуни насри форсӣ ва вожасозӣ
Форсии дарӣ ва форсии дарӣ-варӣ (1) (пириллик)
Ҷунбиши Машрутият ва дигаргунии насри форсӣ (2) (пириллик)
Пероиш ва бозсозии забон (3) (пириллик)
Масъалаи вожасозӣ (4) (пириллик)
Ду гунаи бархӯрд бо забон (5) (пириллик)
Масоили вожасозӣ (6) (пириллик)
Вожасозӣ дар чанд марҳила (7) (пириллик)
Фарҳангистони забон ва сиёсати он (8) (порсӣ)
Забони форсӣ ва коркардҳои тозаи он
Сиришти забони форсӣ (1) (порсӣ)
Имконоти вожасозӣ дар забони форсӣ (2) (порсӣ)
Чанд нукта дар бораи вожасозӣ (3) (порсӣ)
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.
Бифирист