Ба куҷои ин шаби тира биёвезам қабои жандаи худро…
- Ҳикояти забони форсӣ ва Афғонистон ҳикояти гӯшти қурбонӣ ва тахтаи қассоб аст.
- Забони расмии Афғонистон то панҷоҳ сол пеш порсии дарӣ будааст, лек акнун бингаред, ки суруди миллии кишвар ба забони пашту аст ва дареғ аз ҳатто як вожаи порсӣ!
- Соли 1343-и хуршедӣ барои мо порсизабонон дар Афғонистон соли баде буд. Дар қонуни асосӣ ва ба ангезаи паштунизе кардани мардуми ғайриафғон ҳамаи мардуми Афғонистон афғон номида шуданд ва дигар ин ки забони порсии дариро бо бешармӣ дарӣ хонданд ва вожаи порсиро, ки адабиёти моро дар ҷаҳон ба он ном мешинохтанд, ба дур афканданд. Ин ҳамон сарнавиште аст, ки бар сари порсизабонони Самарқанд, Бухоро ва мардуми Тоҷикистон низ омад, шӯрбахтона. Ман ва ҳамзабононам ҷое дар торихи Афғонистон гум шудем. Ман аз қиссаи пурғуссаи порсии дарӣ бо шумо сухан мегӯям. Аз марсияе, ки чашмро гирён мекунад ва дилро бирён. Ин сӯзи ҷигарро магар метавон дар пайкари вожаҳо рехт? Вожаҳо медаранду пора мешаванд ва пироҳан бар тани худ чок мекунанд. Вожаҳо лабу даҳонамро месӯзонанд ва гӯё тиккаҳои гудохтаи оташанд дар миёни ангуштонам.
- Мехоҳам бо ҳамкорон ва форсизабонони Эрон гап бизанам. Меҳрубонии мардуми Эрон бар ман пӯшида нест, аммо гилаву шикояти ман аз ҳамзабонони порсизабонам дар Эрон ин аст, ки мо ҳамзабононашонро дар Афғонистон бегона, ноошно ва ношинос меангоранд.Сухани ман ин аст, ки шаҳрвандони шаҳрҳои порсизабон агар гӯиши ҳамдигарро бифаҳманд, шеъру адаби порсиро беҳтар хоҳанд фаҳмид.
- Ба бадхоҳони забони форсӣ дар Афғонистон мегӯям, ки мо форсизабонони Афғонистон бо бузургтарин сарояндагон, андешамандон ва нависандагони шарқу ғарб аз роҳи тарҷумаҳои Наҷафи Дарёбандарӣ, Хашоёри Дайҳимӣ, Аҳмади Ором, Абдулҳусейни Озаранг, Ҳасани Комшод ва дигар мутарҷимони эронӣ ошно шудем. Бале, дуруст фаҳмидед. Мо форсизабонон дар Афғонистон вомдори форсизабонони Эрон ҳастем.
Фирдавси Аҳмадӣ: Ҳамкори паштузабонам бо бисту панҷ сол пешинаи омӯзиши забони форсии дарӣ аз дугонагии форсӣ ва дарӣ сухан мегуфт ва ин ки форсиву дарӣ ду забон астанд! Ва ман ки ҳамаи ҷону ҷавониямро ба пои адабиёти форсии дарӣ рехта будам, ин суханро як шухии бамазза донистаму бас, аммо пас аз пора-пора шудани забони форсии дарӣ ва сохта шудани ду гурӯҳ ба номҳои форсӣ ва дарӣ, донистам, ки сухани ҳамкори паштузабонам аз рӯи шӯхӣ набудааст. Шеъри зебои Нимо ҳоли манро дар он рӯзҳои торику шабҳои беситора хуб гузориш медиҳад:
Нозукоройи тани соқаи гул,
Ки ба ҷонаш киштам.
Ва ба ҷон додамаш об,
Эй дареғо ба барам мешиканад.
Ман шикояте аз ҳамкори паштузабонам надорам, аммо дигар коре ҳам ба корашон надорам. Дар миёни ин ҳама саргардонӣ ва дилтангӣ ва дар поёни корам дар Испарк Сентрум бигзоред бо ҳамо ҳамзабонони шаккаршикани ширингуфтори порсигӯ андаке сухан бигӯям.
Боре, пас аз тохтутози арабҳои мусалмон давраи заррингунае аз забони порсӣ оғоз шуд, ки онро порсии дарӣ хонанд. Подшоҳони сарзаминҳои дуру наздик, аз шаҳди ширини шеъру адаби порсии дарӣ ҷуръаҳо менӯшиданд ва навиштаҳову сурудаҳои порсии дарӣ аз Чин то Урупо ва аз Осиёи Миёна то Ҳиндустон коми кохнишинонро ширин мекард. Аз ин рӯ, забони дарбораш хонданд. Забони дарӣ солиёни сол дар ояндаҳои дур замоне ки султони турк Султон Муҳаммади Ъусмонӣ Қустантанияро аз они худ кард, ва пирӯзмандона ба кохи имперотури Бизонс андар шуд, ин шеъри Анварии Абевардиро хонд:
Пардадорӣ мекунад дар қасри қайсар анкабут…
Ибни Батута, ҷаҳонгарди марокашӣ, шашсаду панҷоҳ сол пеш аз ин шеъри ҷаноби Саъдиро дар овозҳои хунёгарони сарзамини Чин мешунуд, ки:
То дил ба меҳрат додаам, дар баҳри фикр уфтодаам,
Чун дар намоз истодаам, гӯё ба меҳроб андарӣ.
Ҳофизи ширинсухани Шероз низ гӯё аз забони корвонҳои омада аз Ҳиндустон достони дилбохтагиву дилдодагии мардумони он сомонро ба байтулғазали худ мешунидааст, онҷо ки месарояд:
Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,
Зин қанди порсӣ, ки ба Банғола меравад.
Бигзоред каме ба гузаштаи дуртар баргардем, онҷо ки равоншод Маликушшуъаро Баҳор, сароянда ва сиёсатмадори баноми Эрон дар нивиштаи сутурги “Сабкшиносӣ” менависад: “Зуҳури назму насри дарӣ осори Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Фирдавсӣ, Балъамӣ, Абулмуайяди Балхӣ ва Торихи Систон ба ъунвони намунаҳои зебо мерасонад, ки забони дарӣ лаҳҷаи хосси мардуми Хуросон, Мовароуннаҳр, Нимрӯз ва Зобулистон будааст. Мардуми мағриб, марказ, шимол ва ҷанубу ғарби Эрон то муддатҳо ба забони паҳлавӣ ва ё табарӣ сухан мегуфтанд. Пас аз нашри осори адабии дарӣ аз самти Хуросон соири мардумони билоди Эрон аз ин шеваи зебо пайравӣ карданд ва рафта-рафта аз гуфтани ашъори фаҳлавӣ, розӣ ва ё табарӣ ва ҳамчунон аз нивиштани насри паҳлавӣ ва табарӣ даст бардоштанд ва тобеъи сабки лаҳҷаи ширину саҳлулмахраҷи дарӣ гардиданд.”
Боре, Сомониён дар чаҳор бахши Хуросони бузург (Нишобур, Марв, Ҳирот ва Балх) фармон меронданд ва дар парваришу густариши забони порсии дарӣ кӯшиши бисёр карданд ва гомҳои бузурге бардоштанд. Ончи ман ба андозаи тавонам мефаҳмам, ин аст, ки ситорагони дурахшоне чун Рӯдакии Самарқандӣ ва Робеъаи Балхӣ дар осмони адаби порсии дари рух намуданд ва Фирдавсии бузург “Шоҳнома”-и худро дар ин давра сурудан оғоз кард ва дар давраи Ғазнавиён ба поён бурд. Пойтахти Ғазнавиён, шаҳри Ғазнин, конуни шеъру адаби порсии дарӣ буд, бо сарояндагону нивисандагони номдоре чун Саноии Ғазнавӣ. Ошкор аст, ки будубоши забони порсии дарӣ дар Фарорӯду Хуросони бузург буда ва аз ин хоки пок аст ки ин дарахти хуррам шохаю барг медавонад ва бо меваҳои ширину гулҳои ноз ҷони инсонҳоро тоза мекунад. Аз Райу Исфаҳону Шероз то Осиёи Миёна ва аз Ҳинд то Осиёи Сағир. Оғозин шеъри порсии дариро шеър ба сабки хуросонӣ меноманд ва пас аз он давраи сабки ъироқӣ оғоз мешавад бо сарояндагони бузурге ҳамчун Саъдии Бузург ва Ҳофизи Лисонулғайб. Дар он даврон сарзаминҳои миёнӣ ва ғарбии Эрони бузургро Ироқи Ъаҷам мехонданд. Сабки ҳиндӣ яке аз сабкҳои дигари сароиши шеър буда ва аст, ки аз панҷ сада пеш дар Ҳинд ривоҷ ёфт ва акнун дар миёни порсизабонони Афғонистон хоҳони бисёр дорад. Шеъри нимоӣ низ бо Нимои бузург оғоз мешавад ва албатта ҳавохоҳу дӯстдорони фаровон дорад дар миёни порсигӯёни саросари ҷаҳон.
Дар инҷо мехоҳам се нуктаро ёдоварӣ кунам. Нахуст ин ки забони модарии мо гоҳ порсии дарӣ, гоҳ порсӣ ва гоҳ дарӣ хонда шудааст. Бо пайдоиши миллигароӣ дар Эрон номи дарӣ дур андохта шуд ва танҳо номи порсӣ монд.* Ақаллияти қавми афғон (паштун), ки дар шаҳрҳои бузурги порсизабонон чун Ҳирот, Ғазнин ва Балх (Мазори Шариф) ҳоким шуданд, дариро гирифтанду порсиро ба гӯшае андохтанд, то порсизабонони зери фармони худро аз ҳамзабонони порсизабонашон дар Эрон ҷудо кунанд. Албатта шоиста аст ёдовар шавам, ки забони порсии дарӣ ҳамешаи рӯзгор ва дар давраи ҳокимону подшоҳони арабу турку муғул забони расмӣ ва идории имрӯза Афғонистон будааст. Ҳокимони нахустини афғон, аз он миён, Аҳмадшоҳи Абдолӣ, низ ки паштузабон буданд, тавону ҷасорати онро надоштанд, то забони паштуро дар низоми идорӣ ҷойгузини порсӣ кунанд. Тавони сиёсию низомӣ дар дастони ақаллияти афғонҳо (паштунҳо) буд вале ҳамаи номаҳои расмӣ ва идорӣ ба забони порсӣ нигошта мешуд. Саду панҷоҳ сол пеш аз ин нахустин нашрия дар Афғонистон ба номи «Шамсуннаҳор» ва албатта ба забони порсии дарӣ чоп мешавад, ки албатта нишон аз сарсупурдагӣ ва иззату эҳтиромест, ки ҳокимони паштун ба забони порсии дарӣ доранд. Забони расмии Афғонистон то панҷоҳ сол пеш порсии дарӣ будааст, лек акнун бингаред, ки суруди миллии кишвар ба забони пашту аст ва дареғ аз ҳатто як вожаи порсӣ! Албатта, ёдовар мешавам, ки ман на аз рӯи курбоварӣ ва хушкандешӣ сухан мегӯям, на! Ман аз забони порсӣ ба ъунвони яке аз гаронмоятарин ва сутургтарин ганҷинаҳои дониши башарӣ сухан мегӯям. Инчунин ганҷи шойгон, ки ба ройгон ба дасти мо расидааст, дар ҷаҳон камтар ёфт мешавад. Ҳикояти забони форсӣ ва Афғонистон ҳикояти гӯшти қурбонӣ ва тахтаи қассоб аст ва агар беш аз ин наметавонам ва намехоҳам аз ситами ситамкорон ва ҷафои ҷафокорон сухан бигӯям, аз рӯи ъиззат ва эҳтиромест, ки ба дӯстони паштузабони хеш дорам. Дӯстон ва ёроне, ки дар футуввату ҷавонмардӣ ва меҳрубонӣ ягона ва беҳамтоянд.
Дуввум ин ки номи Хуросон дар ҳамин гузаштаи начандон дур ва дар садаҳои миёна ба чаҳор шаҳри бузурги Нишобур, Марв, Ҳирот ва Балх гуфта мешудааст. Акнун номи Хуросонро бо шаҳри Нишобур дар нақшаи Эрон мебинему бас. Нукта инҷост, ки бисёре аз шаҳрҳои Хуросони бузург бо гузаштаи пурбори худ дар Афғонистони кунунӣ ҷой доранд ва яке аз номҳое, ки барои ҷойгузинии номи Афғонистон пешниҳод мешавад, ҳамин номи Хуросон аст. Ҳокимони паштузабон низ дар оғози роҳ худро шоҳи Хуросон меномиданд.
Севум ин ки номи Эрон дар дарозои замон ба сарзамини бисёр фароху густардае гуфта мешудааст ва ин ки кишваре, ки ҷаҳони имрӯз ба номи Эрон мешиносад, як бахш аз он Эроне аст, ки Фирдавсии бузург аз он дар Шоҳномаи сутургу мондагори худ ёд мекунад. Ин ҳамон тасмияи кулл ба ҷузъ аст ва метавон аз он ба як лағзиши торихӣ ном бурд, ки огоҳона ва зери фишори рӯйдодҳои ҷаҳонии он давра рух дод.
Чунончи мебинед, бо шумо сарварону ёрон суханҳои бисёр дорам. Соли 1343-и хуршедӣ барои мо порсизабонон дар Афғонистон соли баде буд. Дар қонуни асосӣ ба ангезаи паштунизе кардани мардуми ғайриафғон ҳамаи мардуми Афғонистон афғон номида шуданд ва дигар ин ки забони порсии дариро бо бешармӣ «дарӣ» хонданд ва вожаи «порсӣ»-ро, ки адабиёти моро дар ҷаҳон ба он ном мешинохтанд, ба дур афканданд. Ин ҳамон сарнивиштест, ки бар сари порсизабонони Самарқанд, Бухоро ва мардуми Тоҷикистон низ омад, шӯрбахона. Ман ва ҳамзабононам ҷое дар торихи Афғонистон гум шудем. Ман аз қиссаи пурғуссаи порсии дарӣ бо шумо сухан мегӯям. Аз марсияҳое, ки чашмро гирён мекунад ва дилро бирён. Ин сӯзи ҷигарро магар метавон дар пайкари вожаҳо рехт? Вожаҳо медаранду пора мешаванд ва пероҳан бар тани худ хок мекунанд. Вожаҳо лабу даҳонамро месӯзонанд ва гӯё тиккаҳои гудохтаи оташанд дар миёни ангуштонам. Муддати мадидест ҳолати таҳаввуъ дорам. Ман ҳамаи ишқбозиҳоям бо илоҳаи шеъру адаби порсии дариро имсол тобистон дар зери дарахти чаноре дар саҳну сарои оромгоҳи Фирдавсии бузург дар Тус қай кардам.
Ҳар майи лаъл, к-аз он дасти булӯрин ситадем,
Оби ҳасрат шуду дар чашми гуҳарбор бимонд.
Нафасам тангӣ мекунад, панҷараро мекушоям. Оваҳ! Каме ҳавои тоза. Дидаҳо ва шунидаҳои талхи бисёр дорам аз ҳамкори паштузабонам, аммо мехоҳам бо ҳамкорон ва форсизабонони Эрон гап бизанам. Меҳрубонии мардуми Эрон бар ман пӯшида нест, аммо гила ва шикояти ман аз ҳамзабонони порсизабонам дар Эрон ин аст, ки мо ҳамзабононашонро дар Афғонистон бегона, ноошно ва ношинос меангоранд. Сухани ман ин аст, ки шаҳрвандони шаҳрҳои порсизабон агар гӯиши ҳамдигарро бифаҳманд, шеъру адаби порсиро беҳтар хоҳанд фаҳмид. Бигзоред мисоле биёварам аз китоби «Ин қанди порсӣ», нивиштаи оқои Козими Козимӣ. Эшон мефармоянд: “Яке аз ҷанбаҳои судмандии форсии Афғонистон барои мардуми Эрон хониши мутуни куҳани форсӣ аст, чун дар баъзе аз ин мутун вожагоне омадааст, ки акнун дар Эрон роиҷ нест ва ҳамин боъиси ибҳом мешавад. Масалан, дар достони Ҳасанаки вазир дар «Торихи Байҳақӣ» омадааст: «Ва овоз доданд санг диҳед. Ҳеч кас даст ба санг намекард ва ҳама зор зор мегиристанд». Як хонандаи ин матн дар Эрон мумкин аст «санг диҳед»-ро ба маънии «санг бидиҳед» дарёфт кунад ва маънии ъиборатро дуруст нафаҳмад. Вале ҳақиқат ин аст, ки «диҳед» дар инҷо ба маънии «бизанед» аст. Чунонки ҳамакнун дар Афғонистон феъли «деҳ» ба маънии «бизан» роиҷ аст ва бо ин маънӣ ъиборат комил мешавад». (Ин қанди порсӣ, рӯяи 137). Ва ман бовар дорам порсизабонони берун аз Эрон сурудаҳо ва нивиштаҳои нивисандагони Эронро беҳтар хоҳанд фаҳмид, агар бо гӯиши порсӣ дар Эрон ошно бошанд. Ва албатта ин нукта шеъри сабки ҳиндӣ ва дониши мо аз шеъри сарояндагони бузурги порсигӯи Ҳиндустонро низ дар бар мегирад.
Дар поён ба бадхоҳони забони форсӣ дар Афғонистон мегӯям, ки мо форсизабонони Афғонистон бо бузургтарин сарояндагон, андешамандон ва нивисандагони Шарқу Ғарб аз роҳи тарҷумаҳои Наҷафи Дарёбандарӣ, Хашоёри Дайҳимӣ, Аҳмади Ором, Ъабдулҳусейни Озаранг, Ҳасани Комшод ва дигар мутарҷимони эронӣ ошно шудем. Бале, дуруст фаҳмидед. Мо форсизабонон дар Афғонистон вомдори форсизабонони Эрон ҳастем.
Алқисса, форсизабонони Эронро чун ҷони ширин дӯст медорам ва намедонам чиро мо дар маҳалли корамон дар Суэд ва дар шаҳри Ютбурӣ ду гурӯҳ ҷудо аз ҳам, яке ба номи дарӣ ва дигаре ба номи форсӣ дорем. Умедворам ин бардошти дуолистӣ ва дугонагароёна, ки забонро аз зоиш меандозад ва боъиси капакзадагии он мешавад аз забони поки порсии дарӣ зудуда шавад, ки ҳам ба хайру салоҳи мо ва забони мост ва ҳам улгӯи шоистае барои шогирдонамон. Ин бегумон дар ростои арзишҳои инсонии ҷомеъаи Суэд низ мебошад.
Шод бошу дер зӣ!
Пайнавишти Порсӣ Анҷуман:
*Дар Эрон ҳеч гоҳ ситезе бо номи дарӣ ё порсии дарӣ набудааст ва сарриштадорону нивисандагони эронӣ ҳамвора «порсӣ» ва «дарӣ»-ро ду ном барои як забон шинохтаанд ва мешиносанд.
متن این مقاله به خط پارسی اینجا است
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.
Бифирист