Пидром: Мо бо хатти порсӣ робитаи женетик дорем

Муҳаммадъалии Истам*: Мусоҳибаи ман бо Латифи Пидром, намояндаи порлумони Афғонистон, дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳеч чашмдоште барои дидор бо эшонро надоштам.Хеле тасодуфӣ ва бенақша. Тавонистам назарашонро дар бораи бархе мавзуъоти марбут ба Тоҷикистон бипурсам.

– Аввалан ба Шумо дуруд ва Шуморо ба Тоҷикистон хушомад мегуям.

Ташаккур.

– Лутфан, чанд ҳарфе аз ин сафаратон ба Тоҷикистон бигуед!

Ман ба Тоҷикистон зиёд меоям. Аввал инки ман аз Анҷумани Пайвандам. Узви Шурои раҳбарии Анҷумани Пайванд ҳастам. Анҷумани форсизабонҳову тоҷикҳо, ки марказаш Душанбе аст. Замони устод Осимӣ таъсис шуда буд, Худо биомурзад (ки дар ҷанги дохилӣ кушта шуданд). Баъд аз он масъулаш оқои Ъайнӣ буд, писари оқои Садриддин Ъайнӣ. Мо аз ин анҷуман ҳастем. Баъд, ман шаҳрванди ифтихории Тоҷикистон, бавижа Кулоб ҳастам. Ба дастури Ҷаноби Ъолӣ барои ман шаҳрвандӣ доданд. Ман феълан як кулобӣ ҳам ҳастам (бо нимханда).

Табъан ба муносибатҳои мухталиф ба Тоҷикистон меоям: барои ҷаласоти адабӣ, фарҳангӣ, ҷаласоти пайванд, семинор, кунфронс, масоили амният, масоили фарҳанг ва хеле чизҳои дигар. Ҳоло ки омадаам, интихоботи порлумонии Афғонистон аст. Ва ман қаблан ҳам намояндаи Бадахшони Афғонистон дар порлумон будам.

Ва ҳоло ҳам дубора номзад ё кондидои порлумон аз тарафи мардуми Бадахшон ҳастам. Инҷо омадем барои дидор бо мардум ё ба забоне компойнҳои интихоботӣ. Шуғнон будам, баъд имрӯз рафтем Моҳимай ва баргаштем. Фардо ҳам соъати 10 то 12 дар Хоҳон бо мардум дидор хоҳем кард ё ба қавли мову Шумо вохурӣ дорем.

Ҳоло ба хотири ин кор омадам, чун масирҳои Дарвозҳо, ки 5 вулусволӣ ё шаҳрак мешавад, баъзе қисматҳо онҷо толибҳо мусаллат ҳастанд, кунтрул мекунанд. Бинобар ин мақдур нест, ки мо аз ин масир бигзарем. Барои рафтан ба Дарвозҳо бояд аз ин масир бигзарем, яъне бояд Тоҷикистон биёем, баъд биравем Шуғнон ва инҷо. Барои ҳамин омадем, фардо Хоҳону баъд аз Хоҳон меравем Душанбе.

– Аз интихобот ки суҳбат кардед, лутфан бигуед мавқеъи тоҷикон дар интихобот чи тур аст.

Тоҷикон қавми аввали Афғонистон ҳастанд, ба лиҳози ҷамъият, ба лиҳози нуфус, ба лиҳози фарҳанг, ба лиҳози дониш. Барои интихобот вазъияташон хуб аст ва теъдоди зиёде ҳам кондидо барои порлумон ҳаст. Умедворем имсол ҳам теъдоди зиёде намоянда ба порлумони Афғонистон бифиристем, ин шо Аллоҳ.

– Занҳо чи ҷойгоҳе доранд дар интихобот.

Занҳо ҳузур доранд дар интихоботи Афғонистон. Аз Бадахшон мо 9 намоянда дорем. Ҳарчанд мо бояд 12 намоянда дошта бошем. Ба теъдоди ҷамъияте, ки мо дар Бадахшон дорем, намояндаҳои мо каманд. Умедворем, дар солҳои баъд мо битавонем теъдоди намояндаҳоро зиёд бикунем.Феълан 2 намояндаи зан дорем барои Бадахшон ва 7 намояндаи мард, ки умедворем 9 намоянда аз Бадахшон бираванд ва ду нафар аз инҳо зан хоҳад буд. Вале занҳо дар порлумони Афғонистон ҳузур доранд. Ҳоло чизе ҳудуди 60 вакили зан дорем дар порлумон, ки хеле хуб аст.

– Мехостам назари Шуморо дар мавриди вазъи зиндагии занҳои ин су ва он суйи марз, бахусус Дарвоз, бифаҳмам. Вазъи зиндагиашон чи тур аст?

Табиист, тафовутҳои ҷиддӣ ҳаст.

– Хуб, метавонед сареҳан ба чанд то аз ин тафовутҳо ишора бифармоед?

Чанд то мушаххаса вуҷуд дорад. Як мушаххаса ин аст, ки заноне ки дар ин суйи марз зинадагӣ мекунанд, ба тури куллӣ таҳсилкарда ҳастанд. Яъне ман гумон намекунам заноне, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ҳадди ақал клоси 11 ё лисонс нахонда бошанд. Хуб, инҳо ҳама босаводанд, дар хондан, донишгоҳ рафтану инҳо…

Унтарафи марз занҳо дар ин мавқеъият нестанд. Теъдоди занҳо, ки донишгоҳ рафта ва дарс хондаанд, хеле каманд. Бисёр рушан аст. Бист – сӣ сол ҷанги дохилӣ буд, вазъи ҷанги дохилӣ бо ҷурҳое буд. Ва дар ъайни ҳол, суннатҳое ки онҷо мусаллат аст, имкони инки занҳо дар он Дарвози Бадахшон вориди донишгоҳҳо шаванд, хеле кам буд. Ба далели суннат, мазҳаб, дин, ойин ва хеле масоили дигар. Вале ҳоло хуб аст. Албатта, макотиби духтаро ҳаст. Духтаро дарс мехонанд. Вале қобили муқоиса бо Тоҷикистон нест.

Шумо дар чорчуби гузаштаҳо барои Иттиҳоди Шуравӣ будед ва ин як ҷомеъаи секулор, як ҷомеъаи кумунистӣ буд. Ҳоло дар ниҳоят як секулор ё ба қавли Ҷаноби Ъолӣ як давлати қонунбунёд аст, як ҷомеъаи секулор аст. Хеле фарқ дорад, ки шумо дар як ҷомеъаи секулор зиндагӣ бикунед, то дар як ҷомеъаи мазҳабии баста.

Аз ин назар, вазъияти занҳо дар Тоҷикистон хеле хуб аст, яъне қобили муқоиса бо вазъияти занон дар онтарафи рудхонаи Ому нест. Яъне, заноне ки дар ин тарафи рудхона зиндагӣ мекунанд, бахусус дар Дарвозҳо дар вилояти Бадахшон бо занони мо дар Вилояти Бадахшони онтараф хеле мутафовит аст. Ҳам ба лиҳози кор, ҳам ба лиҳози иштиғол, ҳам ба лиҳози сатҳи таҳсил ва ҳам ба лиҳози озодиҳои фардӣ.

– Биёед қадре дар мавриди забон суҳбат бикунем. Чунон чи медонем, хатту номи забони тоҷикон дар Тоҷикистон ба дастури Истолин ъиваз шуд. Ва ҳанузам афроди зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд мо ба хатти ниёкон бозгардем. Бо таваҷҷуҳ ба бинишу огоҳие ки Шумо аз Тоҷикистон доред, оё дар чанд соли оянда ин корро шуданӣ медонед?

Бибинед, тағйири хатт ба лотину сириллик танҳо дар Тоҷикистон нашуд, дар Туркия ҳам ин иттифоқ уфтод. Дар Туркия ҳам хатт лотин шуд. Истидлоле ки он замон дар робита бо тағйири хатт мешуд, ин буд ки ин навъи хатт, яъне сириллик ё лотин ба лиҳози нивишторӣ содатар аст. Барои ирҷоъ ба сохторҳои компютерӣ ҳам осонтар аст аз назари фаннӣ. Ин албатта, дуруст аст. Ин кори нивишторро ба лиҳози имло осонтар карда. Чун имлои забони порсӣ, ( ҳоло тоҷикӣ бигуем ё форсӣ ё дарӣ ҳар се як аст дар ниҳоят, бо се то номи мутафовит) имлои сахте ҳаст.

Аммо, як мушкил дорад, як халаъ эҷод мешавад. Ва он ин аст, ки: намешавад шумо мутунеро ки аз қарни 3 ё 4 ҳиҷрӣ ба забони мо омада, намешавад тарҷума бикунем, мақдур нест. Ва ин боъиси инқитоъ мешавад. Яъне, робитаи насли ҷадид бо гузаштаи забони худашон ва фарҳанги худашон қатъ мешавад.

Шумо медонед, ки осори Буъалӣ, осори Носири Хусрав, осори Бедили Деҳлавӣ, осори Манучеҳрӣ, Торихи Байҳақӣ ва ҳазорҳо ҳазор китобе ки ба хатти ниёкон нивишта шуда, қобили ирҷоъ бо ин хатт нест. Ба лиҳози ъилмӣ мумкин аст, аммо солҳо тул мекашад. Чанд насл худро бояд талаф бикунад, зоеъ бикунад, то ин ҳама барбигарданд ба хатти сириллик. Бинобар ин, ба назари ман зарараш хеле бештар аз фоидааш аст. Ва баъд, масъалаи хатт танҳо масъалаи нивиштор нест, як масъалаи сикулуҷик (вобаста ба равоншиносӣ) аст.

Дар бораи хатти порсӣ муҳаққиқон зиёд таҳқиқ кардаанд, бахусус жопуниҳо. Хатти порсӣ, ба лиҳози сохторӣ як навъе грофик ё фурми ҳунарӣ дорад. Ин хеле муҳим аст, ки ба нохудогоҳи ҷамъиамон бисёр муносиб ҳаст. Хаттҳо ки сода ихтироъ намешаванд. Масалан, ба таври намуна ба шумо бигуям, ман хатти сириллик метавонам бихонам, аммо вақте ки ба хатти ниёкон Ҳофиз мехонам ё Хайём ё Туғрал ё ҳар каси дигаре аз ин бузургон, ман эҳсоси дигаре мекунам. Ин фурми хатт ҳам хеле муҳим аст. Ман бо сириллик онқадр лаззат намебарам, ки масалан шеъри Камоли Хуҷандиро дар хатти ниёкон бихонам. Гумон мекунам он ба ман хеле наздик аст. Ба ҳар ҳол, ин як зоеъаи бузург аст.

– Агар Шумо масалан, дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардед ва яке аз касоне мебудед, ки хостори бозгашт ба хатти ниёкон ҳастанд, барои таҳаққуқи ин амр чи пешниҳоде мекардед?

Бубинед, мо як ошноӣ ё як хотираи азалӣ бо хатти порсӣ дорем. Ман вақте хотираи азалӣ мегуям ба ин маънист, ки як робитаи женетикӣ мо бо хатти ниёкон дорем. Дар равони мо, дар замири мо он суратҳои гузаштаи хатти ниёкон зинда аст. Барои ҳамин, мо метавонем онро хеле зуд ёдоварӣ бикунем. Ба гумони ман ин корро хеле осон мекунад.

Ман агар дар клосҳои дарс будам, аз аввал ин хаттро тадрис мекардам. Ман як барномаи дарсӣ мегузоштам барои омузиши хатти ниёкон. Омузиши хатти ниёкон кори сахте нест. Чун мо як ҳофиза дорем дар зеҳнамон, яъне дар ин шуъури пинҳони мо ин фурми хат як ҳолати женетикӣ дорад. Дар мо путонсиалаш ҳаст, ки ин хатро зуд ёд бигирем.

Бинобар ин агар аз клосҳои аввал устодҳо хатти ниёконро дарс бидиҳанд, ин хаттро мешавад хеле зуд ёд гирифт. Бибинед, дар замони мо як одами мудерн ҳаддиақал яке ду то забон медонад. Вақте шумо ду се то забон ёд мегиред, хеле сода аст, ки хатти ниёконро ҳам фаро бигиред.

– Хеле мамнунам аз Шумо ки вақти арзишманди худро сарфи мо кардед.

*Муҳаммадъалии Истам рӯзноманигор ва пажӯҳишгари ҷавон аз Тоҷикистон аст.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*