Исфандиёри Одина:* Яке аз аъзои гурӯҳи “Дуруст бинависем” дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук дар ин гурӯҳ қаламфарсоӣ мекунад, ки чиро мо “чиро” менивисем ва чиро “нивиштан” мегӯем ва чиро “пидар” бар “падар” ва “иморат” бар “аморат” арҷаҳият дорад.
Ӯ аз ҷумла менивисад: “Имрӯз гурӯҳе пайдо шудаанд, ки дар такя ба луғатномаҳои пешин ва фарҳангҳои имрӯзаи эрониёни ғарбӣ (ки ҳамаашон бо хати ниёгон тартиб дода шудаанд,) тарзи талаффузи тоҷикони Мовароуннаҳрро ғалат эълон доштаанд ва таъқид бар он доранд, ки талаффузи эрониёни ғарбӣ дуруст аст.”
Ин дӯстамон, ки худро як ҳуқуқдон муъаррифӣ мекунад ва ба эътирофи худаш аслан забоншинос нест ва ба торихи такомули забонҳои эронӣ вуқуфе надорад, дарвоқеъ ба назар мерасад, ки як маҳалгарои тамомъаёр аст ва ба забони порсӣ аз зовияи маҳал ё зодбуми худ менигарад, ғофил аз ин ки забони меъёр қавоъиди худро дорад ва тобеъи гӯиши ҳеч маҳалле нест.
Бояд ин рафиқи ношафиқ ва аъзои дигари ин гурӯҳ бидонанд, ки бар асоси қавоъиди овоии забони меъёри порсӣ ва бар пояи қавоъиди такомулии ин забон “нивиштан” ва “чиро” ва “пидар” ва “иморат” (дар номи Иморати Бухоро) саҳеҳ аст.
Вожаи “нивиштан” (نوشتن) дар забони порсии бостон ба гунаи “нипишта” буд, ки батадриҷ дар забони порсии миёна ба “нибиштан” (نبشتن) табдил шуд ва имрӯза дар забони порсии навин ба шакли “нивиштан” (نوشتن) даромадааст. Албатта, дар шеъри порсӣ ин вожа гоҳ ба гунаи “нибиштан” (نبشتن) ҳам фаровон ба кор рафтааст:
Масалан, Фирдавсӣ гӯяд:
Нибиштанд маншур бар парниён,
Хуросону Рай, ҳам Қуму Исфаҳон.
Раҳоми Аша, пажӯҳишгари забонҳои бостонии Эрон, дар китобе дар бораи дастури забони порсии миёна ё паҳлавии сосонӣ фароянди такомулии вожаи “нивиштан”-ро чунин менигорад:
nibišt < *ni-pi(x)šta-(Opers. ni-pišta-. Av. *pišta-/*pixšta-, Skt. pișta-, piṡita-, Sogd. nepixšt-,… Pers. نوشت.).
Ин вожа аз ду ҷузъи “ни-” ва “-пиштан” бармеояд, ва пешванди “ни-” дар забонҳои ҳиндуэронӣ пешвандест, ки ба пойин ишора мекунад, масалан “ни-шастан” ва “ни-гоштан” ва “ни-ҳодан” ҳам бо ҳамин пешванд сохта шудаанд. Дар забони авестоӣ вожаҳои зерин ба кумаки пешванди “ни-” сохта шудаанд:
ni- (pref.) зер, пойин
nidadhât [ni-dâ] гузоштан, ниҳодан
nidarezayen [ni-darez] фурӯбастан, таранг кардан, устувор кардан
nijaiñti [ni-jan] шикастан, хароб кардан, саркуб кардан
nikañte [ni-kan] дафн кардан
nimraomnô [ni-mrû] сухан гуфтан (мутеъона ё фурӯтанона)
nishhidhaêta [ni-had] нишастан
nitemem [nitema] пойинтарин, кӯчактарин
Ҳеч далеле вуҷуд надорад, ки “нИвиштан” дар забони порсии дарӣ ё порсии нав ба “нАвиштан” бадал шуда бошад ва ба ҳамин далел дар ҳамаи луғатномаҳои порсӣ ин вожа ба гунаи “нивиштан” (نوشتن – ба касри нун ва вов) сабт шудааст. Дар бисёре аз гӯишҳои Варорӯд низ мардум ҳамчунон “нИвиштан” мегӯянд, на “нАвиштан”.
Албатта, дар забони порсӣ вожаҳои дигаре ҳастанд ба шакли “наваштан” (نوشتن), ки он ба маънои печидан ва дарнавардидан аст, ва ва “нуваштан” ё “навиштан” (نوشتن) ба маънои аз дур гузаштан ва нолидану зоридан, ва ҳамчунин “нӯштан” (نوشتن) ба маънои нӯшидану ошомидан, ки ҳамаи инҳо дар хатти порсӣ бо “нивиштан” (نوشتن) ҳамсон ҳастанд, аммо маъноҳои мутафовите доранд.
Онгуна, ки Луғатномаи Деҳхудо бо такя ба чанд фарҳангномаи дигари порсӣ оварда, вожаи “чиро” (چرا) ҳам аз ду ҷузъи “чӣ-” ва “-ро” сохта шуда ва ба маънои ‘аз баҳри чӣ’ ва ‘аз барои чӣ’ аст ва ҳаргиз “чаро” набудааст, чун маъно надорад. Вожаи “чаро” (چرا), агарчи бо “чиро” (چرا) ҳамсон нивишта мешавад, вале ба маънои чаридани ҳайвон дар мазореъ ва дашту даман аст. Луғатнивисони порсизабон бар хилофи бисёре аз забоншиносону нозабоншиносони имрӯз дар Тоҷикистон, ки дӯст доранд дар ҳар умуре, коре балад нестанд, фузулӣ кунанд, аз торихи таҳаввул ва такомули вожагон бахубӣ огоҳ буданд.
Вожаи “пидар” (پدر) ҳам аз забони авестоӣ гирифта, то порсии бостон ва аз порсии бостон то порсии миёна ва аз порсии миёна то порсии дарӣ, ки забони имрӯзи мост, раванди такомулии мушобеҳеро пушти сар карда ва ба шакли имрӯзияш, яъне ‘пидар’ даромадааст. Чунончи ин вожа дар забони порсии бостон ба гунаи “пита(р)” аст. Ба ин пора аз овонивисии сангнибиштаҳои Шоҳ Дориюш бинигарем:
thâtiy : Dârayavaush : xshâyathiya : manâ : pitâ : Vishtâspa : Vishtâspahyâ : pitâ : Arshâma : Arshâmahyâ : pitâ : Ariyâramna : Ariyâramnahyâ : pitâ: Cishpish : Cishpâish : pitâ : Haxâmanish:
Тарҷума: “Гуфт Дориюш Шоҳ: пидари (pitâ) ман Виштосп аст, пидари (pitâ) Виштосп Аршом аст, пидари (pitâ) Аршом Ариёрамна аст, пидари (pitâ) Ариёрамна Чишпиш, пидари (pitâ) Чишпиш Ҳахоманиш.”
Ба ин тартиб, ин вожа дар забонҳои авестоӣ ва порсии бостон ба шакли ‘питар’ (pitar) буда ва дар забони порсии миёна батадриҷ ба шакли ‘пидар’ (pidar) даромадааст ва тақрибан ба ҳамин шакл ва бо андаке тағйир дар кайфияти талаффуз (pedar – پدر) вориди забони порсии нав ё ҳамон порсии дарӣ шудааст, забоне, ки мо аз даврони Рӯдакӣ то ба имрӯз бад-он такаллум мекунем. Зимнан, вожаи “пидар” дар бархе аз забонҳои шарқии эронии имрӯз, монанди рӯшонӣ, ба гунаи “пид” аст, ки ба муродифи порсияш наздик аст.
Луғатнивисони қадими эронӣ, ки ғаризаи маҳалгароӣ бо онон бегона буд, ва аз ин дарди бедаво ва шоеъ дар миёни бисёре аз порсигӯёни Тоҷикистон ранҷ намебурданд, беғаразона ин вожагонро дар луғатномаҳо ва фарҳангҳои худ ба шакле, ки дар миёни мардумони порсигӯ роиҷ буд, оварда ва ба ҳамин шакл сабти торих кардаанд.
Албатта, корбурди “падар” дар гӯишҳо ишколе надорад, аммо эрод гирифтан ба ин ки чиро дар фалон минтақа ё маҳал “пидар” ё “педар” мегӯянд ва он гӯё ғалат аст ё дуруст нест ва фақат “талаффузи роиҷ дар лаҳҷаи қишлоқи ман дуруст аст”, камоли ҳамоқат аст! Аз тарҳи чунин баҳсҳои хиҷолатовар беҳтар аст бипарҳезем!
Аз вожагони дигари баҳсбарангез, ки имрӯзҳо ҳассосияти бархеро дар Тоҷикистон бармеангезад, “иморат” (امارت) аст. Ба воруни се вожаи ёдшуда дар боло ин вожа як вомвожаи тозӣ дар порсӣ аст ва аз решаи “амр” (امر) бармеояд ва ба маънои амирӣ ва фармонравӣ аст. Ин вожа дар қолаби вожагоне чун риёсат, рифоқат, риъоят ва ғайра сохта шуда ва дар ҳиҷои аввал касра дорад.
Дар зимн, ин вожа бо “ъаморат” ё “ъиморат” (عمارت) ба маънои обод кардан ва ободию ободонӣ ва биною сохтмон, ки дар хатти пириллик гоҳ шабеҳи “иморат” нивишта мешавад, мутафовит аст. Вожаи “иморат” (امارت) ба маънои амирӣ дар хатти порсӣ ҳамза дорад ва бо алиф шурӯъ мешавад, дар ҳоле ки вожаи “ъиморат” ё “ъаморат” (عمارت) ба маънои сохтмон ва бино ва таъмир ва ободӣ бо ҳарфи ъайн оғоз мешавад ва талаффузи он дар ъарабӣ шадидтар аст, ҳарчанд дар порсӣ талаффузи ҳарду хафиф ва шабеҳи ҳам аст.
Дар инҷо хитоб ба афроди ноогоҳ аз масоили забон ва забоншиносӣ, ки бедалел дар ин масоил мудохила мекунанд, бояд гуфт, ки аз тарвиҷи афкори тафриқабарангез дар миёни порсизабонон бипарҳезанд ва беш аз ин худро шармандаву шармсор накунанд ва дар бораи масоиле, ки вуқуф надоранд, сукут кунанд. Шоъире гумном дуруст гуфта, ки
Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан,
Гови нар мехоҳаду марди куҳан!
Понивиштҳо:
1 Гурӯҳи “Дуруст бинависем” дар Фейсбук, ба торихи 7-уми баҳмани 1397 дида шуд: https://www.facebook.com/groups/750326131656793/
2 Ҳамон ҷо, https://www.facebook.com/groups/750326131656793/
3 Фирдавсӣ, Шоҳнома, Достони Сиёвуш, ба торихи 7-уми баҳмани 1397 дида шуд: https://ganjoor.net/ferdousi/shahname/siavosh/sh3/
4 Asha, Raham. Parsig Language (The So-called Pahlavi): Parts of Speech, Word Formation and Phonology. Printed in Iran, Sade Publication, 2017, с. 322
5 Dictionary of most common AVESTA words, Copyright 1995, Joseph H. Peterson, http://www.avesta.org/avdict/avdict.htm#dctp
6 Луғатномаи Деҳхудо, дар сойти Вожаёб, ба торихи 7-уми баҳмани 1397 дида шуд: http://www.vajehyab.com/dehkhoda/%D9%86%D9%88%D8%B4%D8%AA%D9%86-3
7 Луғатномаи Деҳхудо, дар сойти Вожаёб, ба торихи 7-уми баҳмани 1397 дида шуд: http://www.vajehyab.com/dehkhoda/%D9%86%D9%88%D8%B4%D8%AA%D9%86-4
8 Луғатномаи Деҳхудо, дар сойти Вожаёб, ба торихи 7-уми баҳмани 1397 дида шуд: http://www.vajehyab.com/dehkhoda/%D9%86%D9%88%D8%B4%D8%AA%D9%86
9 Луғатномаи Деҳхудо, дар сойти Вожаёб, ба торихи 7-уми баҳмани 1397 дида шуд: http://www.vajehyab.com/dehkhoda/%DA%86%D8%B1%D8%A7-3
10 Луғатномаи Деҳхудо, дар сойти Вожаёб, ба торихи 7-уми баҳмани 1397 дида шуд: http://www.vajehyab.com/dehkhoda/%DA%86%D8%B1%D8%A7
11 Луғатномаи Деҳхудо, дар сойти Вожаёб, ба торихи 7-уми баҳмани 1397 дида шуд: http://www.vajehyab.com/dehkhoda/%DA%86%D8%B1%D8%A7-3
12 Old Persian Texts, Based on Roland G. Kent, Old Persian, 1953, retrieved on 27 January, 2019. http://www.avesta.org/op/op.htm
13 Луғатномаи Деҳхудо, дар сойти Вожаёб, ба торихи 7-уми баҳмани 1397 дида шуд: http://www.vajehyab.com/dehkhoda/%D9%BE%D8%AF%D8%B1
14 Луғатномаи Деҳхудо, дар сойти Вожаёб, ба торихи 7-уми баҳмани 1397 дида шуд: http://www.vajehyab.com/dehkhoda/%D8%A7%D9%85%D8%A7%D8%B1%D8%AA
15 Луғатномаи Деҳхудо, дар сойти Вожаёб, ба торихи 7-уми баҳмани 1397 дида шуд: http://www.vajehyab.com/dehkhoda/%D8%B9%D9%85%D8%A7%D8%B1%D8%AA
*Исфандиёри Одина рӯзноманигор ва пажӯҳишгар аз Тоҷикистон аст.
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.
Бифирист