Сарвари арҷманд, дуктур Фарҳоди Раҳимӣ, фарнишини Фарҳангистони донишҳои Тоҷикистон (раиси Академияи ъулуми Тоҷикистон), ба номаи саргушодаи Порсӣ Анҷуман ба сарриштадорони Тоҷикистон посух додааст.
Ишон дар посух бад-ин дархости Порсӣ Анҷуман, ки «номи дурусту ростини забони тоҷикон, ки «порсӣ» аст, ба расмият шинохта шавад», бадурустӣ гуфтаанд, ки донишмандони эронӣ, афғонистонӣ ва тоҷик ҳаргиз «порсӣ/форсӣ», «дарӣ» ва «тоҷикӣ»-ро се забони ҷудо надонистаанд, вале, бо ҳамаи ин, афзудаанд: «Ғайр аз заминаҳои торихӣ ва адабӣ, ки қаблан ёд шуда буданд, воқеъияти сиёсии имрӯзи кишвар, минтақа ва ҷаҳонро низ бояд дар назар дошт.»
Вай дар посух ба дархости дигари Порсӣ Анҷуман барои пайрезии «барномае замонманд барои бозгардондани хатти ниёконӣ ба Тоҷикистон» нивиштаанд: «Мо, тоҷикон, тақрибан 90 сол аст, ки бо алифбои кириллӣ (сириллик) менависем ва эҷод мекунем ва дар ин муддат соҳиби мероси гаронбаҳои адабӣ ва илмӣ шудем… Аз мероси адабӣ ва илмие, ки ба алифбои сириллик навишта шудааст, наметавон сарфи назар кард. Илова бар ин, дар ин фосила миқдори ҳангуфти асарҳои адабӣ ва илмии гузаштагон ба хатти кириллӣ (сириллик) баргардон ва нашр гардидаанд.»
Эшон, сипас, ба ҳазина ва замони ҳангуфте, ки дигаргунии дабира ниёз дорад, пардохта ва аз роҳкорҳое ҳамчун баҳра бурдан аз фанноварӣ барои гардониши дабира ва низ боистагии омӯзиши дабираи порсӣ дар дабистонҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон сухан гуфтааст.
Фарнишини Фарҳангистон, дар поён, дар посух ба дархости Порсӣ Анҷуман барои фароҳамиши «заминаҳои қонунӣ барои полоиши забони порсӣ дар Тоҷикистон аз вожаҳои бегона, ҷилавгирӣ аз ошуфтагии бештари забон ва ҷойгузинии комили забони порсӣ ба ҷои забони русӣ» душвориҳои дар пеши пояшон ҳамчун «паст будани сифати таълими забону адабиёти тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, бад будани сифати аксари китобҳои дарсии забон ва адабиёти тоҷик, набудани назорати лозима ба иҷрои қонун оид ба забони давлатӣ, қарору фармонҳои сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз тарафи ниҳодҳои зидахл»-ро баршумурда ва навид дода: «Дар ин замина амалҳои муҳимме ба сомон расиданд ва барномаҳои азимтаре дар ҳоли татбиқ (иҷро) қарор доранд.»
Ба дунбола, посухи фарнишини Фарҳангистони донишҳои Тоҷикистон ба номаи саргушодаи Порсӣ Анҷуман омадааст.
***
Боъиси қаноъатмандист, ки Шумо ба масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалталаби забони тоҷикӣ, аз он ҷумла ном, алифбо ва вазъи имрӯзаи он таваҷҷуҳ намудаед ва мушкилиҳои дар замина мавҷудро ба мушоҳида гирифта ва ба миён гузоштаед.
Нахустин масъалае, ки шумо матраҳ намудаед, ба номи забони тоҷикӣ вобаста аст. Ба нивиштаи шумо, “номи дурусту ростини забони тоҷикон “порсӣ” аст.” Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аҳли илму адаби мо дар гузаштаҳои дур ва наздик дар мавриди забоне, ки бо он асарҳои адабӣ ва илмӣ офаридаанд, ба ҷуз истилоҳи “порсӣ” (“Торихи Сиистон”), ҳамчунин мафҳумҳои “порсии дарӣ” (Абулъаббоси Марвазӣ), “форсии дарӣ” (Фирдавсӣ), “лафзи дарӣ” (Унсурӣ), “дарӣ” (“дурри дарӣ”) (Носири Хусрав), “назми дарӣ” (Низомӣ), “сухан гуфтани дарӣ” (Ҳофиз), “гуфтори дарӣ” (Иқбол), “лисони форсӣ” (“Торихи нофеъ”-и Муҳаммадъалии Балҷувонӣ, садаи 19м) истифода кардаанд. Аммо бо дигар шудани марзбандиҳои сиёсӣ ва ҷуғрофӣ дар қаламрави як замон ягонаи забони форсии дарӣ дар Эрон онро “форсӣ”, дар Афғонистон “дарӣ” ва дар Тоҷикистон “тоҷикӣ” номиданд.
Лозим ба таъкид аст, ки бузургони илму адаби муъосири тоҷик, аз қабили устод Садриддин Айнӣ ва окодемисян Бобоҷон Ғафуров ҳаргиз ин се забонро се забони мустақил ва аз ҳам бегона нашуморидаанд. Барои мисол, устод Айнӣ, ки дар саргаҳи ташаккули адабиёти муъосири тоҷик меистод, мақолаи худро “Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ” (маҷаллаи “Раҳбари дониш”, 1928, шумораи 4-5) бо чунин ҷумлаҳо оғоз намудааст: “Баъзе касоне, ки ба забони тоҷикӣ дуруст ошно нестанд, “забони тоҷикӣ аз форсӣ чи қадр фарқ дорад?” гуфта мепурсанд, аммо касе, ки ба адабиёти куҳна ва нави форсӣ ва тоҷикӣ шиносоӣ дорад, бахубӣ медонад, ки дар миёни инҳо фарқи асосӣ нест. Дуруст, агар мо лаҳҷаҳои маҳаллиро дар назар гирем ва ба ҳамон нигоҳ карда, забонро ба гурӯҳҳо ҷудо кунем, на ин ки дар байни Эрон ва Осиёи Миёна, балки дар байни худи аҳолии Тоҷикистон ва Узбакистон ҳам хеле лаҳҷаҳои ҷудогона ёфт мешаванд. Лекин дар дунё ҳеч қавме нест, ки ҷудогонагии ҷузъии лаҳҷаҳои маҳаллиро дар назар гирифта, барои ҳар лаҳҷа як забони ҷудогона сохта бароварда бошад. Як тоҷик ё як эронӣ асарҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Низомӣ ва монанди инҳоро чи қадар фаҳмида ва дӯст дошта хонад, ҳамон қадар ҳам асарҳои Абӯъабдуллоҳи Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Исмати Бухороӣ, Сайфи Исфарангӣ ва монанди инҳоро фаҳмида ва дӯст дошта мехонад. Як тоҷик барои фаҳмидани баъзе луғатҳои аз форсии қадим гирифташудаи Фирдавсӣ ба чи андоза ба душворӣ уфтад, як эронӣ ҳам барои фаҳмидани он ҳамон қадар душворӣ мекашад.” (Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо.- Душанбе: “Ирфон”.-2007.-С. 162). Ва ё окодемисян Бобоҷон Ғафуров дар яке аз сафарҳояшон ба Эрон, соли 1973 дар ҷавоб ба суоли рӯзноманигори эронӣ Сируси Алинажод “Нахуст мехостам аз вуҷӯҳи иртибот ва ихтилофи форсии Эрон ва Тоҷикистон бароям бигӯед?” гуфтаанд: “Тоҷикҳо забони форсиро ба шакли асилтаре нигоҳ доштаанд. Чунонки камтар омехтагӣ пайдо кард бо забони арабӣ, ки дар Эрон нуфуз ёфт. Албатта, дар ин замина бояд гуфт, ки ин танҳо тафовутест, ки байни забони тоҷикӣ бо забони эронӣ вуҷуд дорад”… “Забони мо якест, мунтаҳо тарзи талаффуз мутафовит аст” (Маҷаллаи “Садои Шарқ”, 2014, шумораи 12).
Хушбахтона, адибон ва донишмандони Эрон ва Афғонистон низ, ки аз ин қазия огоҳӣ доранд ва дар ин замина таҳқиқ кардаанд, монанди Маликушшуъаро Баҳор, Саъиди Нафисӣ, Парвизи Нотил-Хонларӣ, Лутфъалии Суратгар, Нодири Нодирпур, Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ (Эрон), Абдулаҳмади Ҷовид, Восифи Бохтарӣ, Наҷми Ковиёнӣ, Латифи Низомӣ, Носири Раҳёб (Афғонистон) ва дигарон миёни “форсӣ”, “дарӣ” ва “тоҷикӣ” на танҳо тафовути ҷиддие надидаанд, балки ба ягонагии онҳо таъкид намудаанд.
Баҳси се забони мустақил будани “форсӣ”, “дарӣ” ва “тоҷикӣ”, тавре ки аз мактубҳои устод Айнӣ бармеояд, аз шарқшиносони рус, аз ҷумла Е. Э. Бертелс, М. Андреев ва А. Н. Болдирев сар шуда, бино бар қавлӣ ӯ, “ин ҷанҷол то солҳои 1928-1930 рӯз то рӯз шиддат карда давом намудааст.” (Номаҳои устод Айнӣ дар бораи забон//Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Сарнивишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист.-Душанбе: “Адиб”.-2003.-С.88) Устод Айнӣ шаҳодат додааст, ки “вақте ки ман “Намунаи адабиёт”-ро нивишта баровардам, ҳамаи шарқшиносҳо ба ман муқобил баромаданд ва онҳо “забони адабӣ доштани халқи тоҷикро” инкор карданд ва ҳамаи гузаштагони моро, ҳарчанд дар Мовароуннаҳр расида бошанд, ба мунупулиёи Эрон додан хостанд” (Ҳамон ҷо, замон саҳифа).
Марҳилаи нави баҳси забони тоҷикию тоҷик ва муносибати онҳо ба забони форсию эронӣ, ба мушоҳидаи пруфесур А. Сатторзода, бо чопи мақолаи рӯзноманигор Обиди Шакурзода “Забони тоҷикӣ пояи торихӣ надорад” (рӯзномаи “Нигоҳ”, 10 октябри 2012) ва посухи забоншинос Сайфиддини Назарзода “Забони тоҷикӣ пояи торихӣ дорад!!!” (рӯзномаи “Ба қуллаҳои дониш”, 29 ноябри 2012) оғоз гардид. Мутаассифона, ҳам О. Шакурзода ва ҳам С. Назарзода, яке камтар ва дигаре бештар, ба ифроту тафрит роҳ дода, ҳалли масъалаи мавриди баҳсашонро саҳл пиндоштаанд. Бар хилофи пиндошти онҳо масъалаи мазкур хеле печидатар аст ва онро наметавон бо равиши “сиёҳу сафед” ҳал кард. Зеро на “таъбири “забони тоҷикӣ” бофтаи душман асту тавҳине ба исми забони модарии мост (О. Шакурзода) ва на ба маҳзи “омадани арабҳову маволиҳову дини ислом дар сарзамини Осиёи Марказӣ истилоҳи “форсӣ” аз вожаҳои “тоҷикӣ” ва “дарӣ” дида бештар ривоҷ пайдо мекунад” (С. Назарзода), (А. Сатторзода. Сухане чанд дар ҳошияи рисолаи пруфессур Иброҳими Усмон “Сарнивишти “тоҷик”// Иброҳими Усмон. Сарнивишти “тоҷик”.-Душанбе.-2015.-С.7).
Вобаста ба пешниҳоди ба расмият шинохтани “порсӣ” ҳамчун номи забони тоҷикӣ лозим ба таъкид аст, ки ғайр аз заминаҳои торихию адабие, ки қаблан ёд шуда буданд, воқеъияти сиёсии имрӯзи кишвар, минтақа ва ҷаҳонро низ бояд дар назар дошт. Ҳақ ба ҷониби шоъири маъруфи тоҷик шодравон Муъмини Қаноъат аст, ки гуфтааст:
Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо,
Ҳарчи мегӯӣ, бигӯ,
Марзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо,
Ҳарчи мегӯӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
Пешниҳоди дигари шумо оид ба зарурати барномарезии замонманд барои бозгардондани хатти ниёконӣ ба Тоҷикистон мебошад. Шумо, албатта, хабар доред, ки тоҷикон дар як муддати кӯтоҳи замонӣ дар асри 20 ду бор алифбои худро дигар карданд: яке – аз алифбои арабии форсиасос ба лотинӣ ва дигаре – аз лотинӣ ба сириллик. Яъне мо, тоҷикон тақрибан 90 сол аст, ки бо алифбои сириллик менивисем ва эҷод мекунем ва дар ин муддат соҳиби мероси гаронбаҳои адабӣ ва илмӣ шудем, аз қабили повесту романҳои мондагори устод Садриддини Айнӣ, китоби “Тоҷикон”-и окодемисян Бобоҷон Ғафуров, шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода, асарҳои Сотими Улуғзода, Ҷалоли Икромӣ, Мирсаъиди Миршакар, Пӯлоди Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмини Қаноъат, Лоиқи Шеръалӣ, Бозори Собир, таълифоти Султон Умаров, Акобир Адҳамов, Пӯлод Бобоҷонов, Ҳамид Мансуров, Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, Раҷаб Амонов ва дигарон. Аз ин мероси адабӣ ва илмие, ки ба алифбои сириллик нивишта шудааст, наметавон сарфи назар кард. Илова бар ин, дар ин фосила миқдори ҳангуфти асарҳои адабӣ ва илмии гузаштагон ба хатти сириллик баргардон ва нашр гардидаанд.
Вобаста ба ин падидаи ба алифбои сириллик таълиф намудани адибон ва олимони тоҷик дар 90 соли охир ва ба муносибати пешниҳоди ҷаноби Парвизи Шоҳчироғӣ барои баргаштан ба “хатти ниёконӣ” аз як ташаббусе, ки дар кишвари Эрон чанд нафар аз донишмандон ва адибони эронӣ карда буданд, ёд меорем, зеро басо омӯзанда мебошад. Онҳо дар солҳои 30-юми асри 20 ният кардаанд, ки аз алифбои арабии форсиасос ба иллатҳои маълуме, аз қабили мушкилоти он, ба алифбои лотин бигузаранд. Вале пас аз баррасиҳои ҷиддиву усулӣ ва тӯлонӣ дар ниҳоят ба натиҷае расидаанд, ки набояд ба ин кор иқдом намоянд. Чиро ки шарти баргардондани тамоми осоре, ки то он вақт, яъне аз асри 9 то солҳои сивуми асри 20 ба ин алифбо таълиф шудааст, пеш омадааст, ки иҷрои он харҷи зиёд ва фурсати ҳангуфтеро мехост.
Аз тарафи дигар, имрӯз мо дар замонае зиндагӣ дорем, ки метавонем бо истифода аз воситаҳои фаннии муъосир дар кӯтоҳтарин фурсат матнҳои адабӣ ва илмиро аз ҳар алифбо ба алифбои дигар баргардонд. Барои мисол, чанд сол пеш ходими Пажӯҳишгоҳи форсӣ-тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе шодравон Абдураҳими Беҳрӯзиён барномае танзим сохт, ки дар кӯтоҳтарин фурсат матни ба алифбои арабии форсиасосро ба алифбои сириллик бармегардонад ва баръакс.
Барои он ки мо тоҷикон ба осори фаровони саромадони илму адаби гузаштаамон дастрасӣ дошта бошем, шарт нест, ки алифбои ҷориамонро ба хатти ниёкон иваз намоем. Ба ҷои ин, моро зарурӣ аст, ки сифати таълими хатти ниёконро дар мактабҳои миёна ва донишкадаву донишгоҳҳои тахассусиамон беҳтар намоем ва чопи мероси гузашта ва имрӯзаамонро ба он хат ба низом дарорем, нашрҳои интиқодӣ ва оммавии осори гузаштагонамонро бештар гардонем. Дар ин сурат ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ба осори гузаштагонамон дастрасӣ дошта бошанд, имкон пайдо хоҳанд кард.
Ниҳоят, мавзӯъи дигаре, ки диққати муаллифи “Номаи саргушода”-ро бештар аз масъалаҳои дигар ба худ ҷалб намудааст, ин аст, ки забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон, бино бар мушоҳидаи ӯ, “зери таъсири шадиди русӣ қарор гирифтааст” ва ҳамаи “ошуфтагиҳои” он вобаста ба ин забон мебошад. Дар иртибот ба ин масъала иқрор бояд шуд, ки воқеъан дар даврони Шӯравӣ замоне шуда буд, ки забони тоҷикӣ бо сабабҳо ва омилҳои мухталиф зери таъсири шадиди забони русӣ қарор дошт ва вазъаш хуб набуд. Ҳамон тавре, ки мутаассифона забони форсӣ дар зери таъсири шадиди забони арабӣ вазъи аз ин бадтаре дошту дорад. Забони тоҷикӣ агарчи расман забони давлатӣ буд, амалан тамоми коргузорӣ ба забони русӣ сурат мегирифт. Забони тоҷикӣ дар доираи китобҳои бадеъӣ, чанд рӯзномаву маҷалла ва барномаҳои родиюиву телевизиюнӣ маҳдуд гардонда шуда буд.
Вале дар баробари ин мунсифона бояд эътироф кард, ки бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ба сифати забони давлатӣ пазируфта шудани забони тоҷикӣ вазъ ба таври ҷиддӣ дигар шуд. Забони тоҷикӣ ба забони коргузории расмӣ, сиёсӣ ва илмӣ табдил ёфт. Аммо ҳанӯз ҳам каму костиҳои ҷиддӣ дар амалияи забони тоҷикӣ вуҷуд дорад. Ин танҳо натиҷаи дар таъсири шадиди русӣ қарор гирифтани он нест. Дар ин ҷо сабаб ва омилҳои зиёде ҳастанд, ки боиси дар вазъияти ногувор қарор гирифтани забони тоҷикӣ шудаанд, аз он ҷумла паст будани сифати таълими забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, бад будани сифати аксари китобҳои дарсии забон ва адабиёти тоҷик, набудани назорати лозима ба иҷрои Қонун оид ба забони давлатӣ, қарору фармонҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз тарафи ниҳодҳои зидахл, масалан Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра. Бояд эҳтиром ва ҳифзи забони давлатиро ба фарҳанги рӯзмарраи ҷомеъа табдил дод, танҳо дар ин ҳолат мо метавонем ба истиқлоли фарҳангии худ муваффақ бишавем. Аз рӯи инсоф бояд гуфт, ки дар ин замина амалҳои муҳимме ба сомон расиданд ва барномаҳои азимтаре дар ҳоли татбиқ қарор доранд.
Дар охир, аз он ки Шумо ва аъзои Созмони мардумниҳоди Порсӣ Анҷуман изҳори омодагӣ ба ҳамкорӣ ва пуштибонӣ бо мо намудаед, сипосгузорем.
Раиси Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Фарҳоди Раҳимӣ
*****
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.
این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید
Бифирист