Исфандиёри Одина: Дар мақолаи пруфесур Иброҳим Ъусмонуф дар бораи босмачиҳо, ки зери ъунвони “Ба таърих бо чашми хирад бингарем” дар торнамои хабаргузории расмии «Ховар» ва нашрияҳои давлат ва порлумони Тоҷикистон, «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» авоили моҳи февриаеи 2019-и милодӣ мунташир шуд, ҷумалоте омада, ки таваҷҷуҳамро ба худ ҷалб кард: “Ҳадафи онҳо [босмачиҳо – ИО] муттаҳид кардани мардуми турк[и]забон дар зери як парчам буд. Он вақт ҳамин гуна парчам амири Бухоро маҳсуб мешуд.” (1)
Яъне оқои Ъусмонуф бидуни кӯчактарин далел муддаъиянд, ки босмачиҳо ҳадаф доштанд мардуми туркизабонро зери як парчам муттаҳид кунанд. Ин як дурӯғи шохдор аст! Бояд аз ишон пурсид, ки оё пешвоёни понтуркисм дар минтақа монанди Ъабдуррауфи Фитрат, Файзулло Хоҷаюф, Ъабдулло Раҳимбоюф ва чанде дигар босмачӣ буданд ё ҷузви артиши сурх ва ҳизби булшевики Русия, ки Бухороро бумборон кард ва онҳоро бар тахт нишонд?
Ин артиши сурхи Русия буд, ки Бухороро вайрон кард ва понтуркистонро дар онҷо бар тахт нишонд, на босмачиҳо! Ин артиши сурхи Русия буд, ки забони порсиро дар Бухоро мамнӯъ кард ва ба ҷояш чағатоӣ ва русиро забонҳои расмӣ кард, на босмачиҳо!
Босмачиҳо бар хилофи назари оқои Ъусмонуф, ки тарбияти қавмгароёнаи Шӯравиро гирифтаанд, қавмият барояшон аслан аҳаммият надошт, намедонистанд, ки аслан давлат чиро бояд қавмӣ шавад ва қавмӣ шуданаш аслан чӣ аҳаммияте дорад. Бештари босмачиҳо раҳбарони қабоиле буданд, ки дар қаламраве хос сарпарастии қабоили худро ба дӯш доштанд ва тибқи суннати қабилаишон ва аҳкоми динияшон мебоист аз сарзамин ва қаламрави худ ва аз ҳамтаборонашон дифоъ кунанд. Онҳо бо қабоили дигар ва бо мардуми рустонишин ва шаҳрнишин ҳамеша дар робита буданд ва ин равобит ба таври ҳамоҳанг пеш мерафт, ҳар кас кори худро анҷом медод ва яке дар умури дигаре дахолат намекард ва ба қаламрави дигаре бе далел по намегузошт. Босмачиҳо на аз морксизм хабар доштанд, на аз носиюнолисм ва на аз идеи давлати қабилаӣ, ки русҳо ба минтақа оварданд ва тазриқ карданд. Онҳо на аз кумунисм хабаре доштанду на аз низоми сармоядорӣ, на медонистанд синфи коргару деҳқон чист ва на медонистанд буржуозӣ кудом аст.
Онҳо басодагӣ артиши ғоратгари русро як мутаҷовизи бегона медонистанд, ки қасд дошт ба сарзамини онҳо ҳамла кунад ва дар молу амвол ва ъоилаву ъиёлашон дастдарозӣ кунад ва худро басодагӣ муваззаф медонистанд, ки дар баробари душман биҷанганд. Тоҷику турк барояшон ҳеч тафовуте надошт. Масалан, Иброҳимбек ҳаргиз аз минтақаи таҳти қаламрави худ фаротар наҷангидааст, чанд бор аз ӯ хостанд фаротар аз он минтақа биҷангад, рад кард ва фақат хостааш ин буд, ки русҳо қаламрави ӯро тарк кунанд.
Ҳатто як бор бо шумори касире аз мардуми шӯрида ъалайҳи давлати булшевикӣ ягонҳои артиши ғоратгари сурх дар Душанберо ба муҳосира гирифт (2) ва метавонист онҳоро қатли ъом кунад, ки дигар пои рус ба ин сомон нарасад, вале чун русҳо тарсиданду пешниҳоди сулҳ карданд, зуд розӣ шуд ва худаш онҳоро аз муҳосира берун кард, ба шарти ин ки ба хонаҳояшон баргарданд ва дигар ҳамла накунанд, вале артиши ғаддори сурх пас аз чанде дубора нерӯ гирифт ва бо нерӯи бештар ин сарзаминро ишғол кард ва хуни ҳазорон нафарро ба замин рехт ва моли мардумро ғорат кард!
Ъусмонуф ҷои дигар нивиштаанд: “Дуруст аст, ки дар аввали солҳои 20-уми асри гузашта забони Бухоро тоҷикӣ [порсӣ – ИО] буд. Аммо набояд аз ёд бурд, ки бо таъсиси Ҷумҳурии Халқии Бухоро имкони фаъолияти забонро танг намуда буданд. Ин, албатта, пеш аз зуҳури ҳаракати босмачигарӣ татбиқ шуда буд. Аллома Аҳмади Дониш дар асарҳояш Бухороро чун давлати манғития ном мебарад. Яъне, нагуфтааст, ки ҳукумати тоҷикии Бухоро. Агар чунин мебуд, Аҳмади Дониш онро бо ифтихор таъкид мекард.”
Худашон басароҳат менивисанд, ки то ишғоли Бухоро аз сӯи Русия забони расмии Бухоро ПОРСӢ буд ва пас аз ишғоли Бухоро аз сӯи Русияи булшевикӣ ва таъсиси давлати дастнишондаи Русия, яъне Ҷумҳури Халқи Бухоро, ғоратгарони сурх ва кумунистони понтуркисти маҳаллӣ, ки ба сарзамини худ хиёнат карданду ба душман пайвастанд, забони порсиро мамнӯъ карданд! Ин босмачӣ ё амири манғит набуд, ки забони порсиро дар Самарқанду Бухоро мамнӯъ кард! Ин давлати ишғолгари Русияи Шӯравӣ буд, ки забони порсиро дар Самарқанду Бухоро мамнӯъ кард! (3)
Ва ин ҳарфашон дар бораи ин ки Аҳмади Дониш давлати Бухороро манғития хонда ва на тоҷикия, комилан берабт ва содалавҳона аст. Манғития хондани давлат, ки ишора ба сулолаи ҳоким аст, ба забон ва фарҳанги кишвар ҳеч рабте надорад. Сомониён ҳам ҳаргиз худро тоҷик нахондаанд ва ҳеч адибу шоъири замони Сомониён ҳам давлати онҳоро тоҷик ё тоҷикия ё ҳукумати тоҷикӣ наномидааст, балки ба он давлат мегуфтанд давлати Сомониён ё Оли Сомон ё Сомония!
Манғития хондани давлати Иморати Бухоро ҳам аз сӯи Аҳмади Дониш ҳамин маъноро дорад! Ва боз ҳам, Аҳмади Дониш мисли оқои Ъусмонуф тарбияти қавмӣ ва қавмзадагии Шӯравиро нагирифта буд ва дар бораи давлати қавмӣ ва суду зиёни он чизе намедонист.
Ишон ҷои дигар мегӯянд: “Дар Бухоро забон тоҷикӣ [порсӣ – ИО] буд, аммо дар Туркистон забон туркӣ.”
Аммо аз худ намепурсанд, ки чиро? Барои он ки Туркистон бахше аз Русияи тезорӣ буд! Русия забони порсиро ҳаргиз таҳаммул намекард! Аз забони ПОРСӢ мероси ғание, ки ба он эҷод шуда буд, дарвоқеъ метарсид! Ва аз ҳамон оғоз, ки Русия қисматҳое аз имрӯза Осиёи Миёнаро ишғол кард ва номашро “Туркистон” гузошт (дар ҳоле ки Туркистон дар забони порсӣ ба даштҳои моварои Фарғона ва Чоч гуфта мешуд), аввалин коре ки кард, аз миён бурдани омӯзиш ва коргузорию девондорӣ ба забони ПОРСӢ буд! (4)
То ишғоли Фарғона ва Чоч аз сӯи Русияи тезорӣ забони порсӣ то сарҳадди Муғулистон ва Чин (яъне дар Туркистон ҳам!) забони ъилму омӯзиш буд! Дар дарбори хонҳои Хӯқанду Кошғар шуъаро ва удабои зиёде буданд, ки ба порсӣ ва чағатоӣ шеър менивиштанд! Забони расмӣ ва коргузорӣ ғолибан забони ПОРСӢ буд. Аммо вақте ки Русияи тезорӣ хонии Хӯқандро дар соли 1876и милодӣ ишғол кард ва аз миён бурд, аввалин коре, ки кард, ин буд, ки забони порсиро дар он минтақа решакан кард. Ва номи он минтақаро ҳам “Туркистон” гузошт! Дар ҳоле ки мардуми маҳаллӣ ба қисматҳое аз Чину Қазоқистон «Туркистон» мегуфтанд, ҳамон тур, ки дар адаби порсӣ роиҷ аст, на ба Фарғона ва Чоч ва Хуҷанду Самарқанд! Ин Русия буд, ки Мовароуннаҳр ё Варазрӯдонро бори аввал Туркистон хонд!
Ҳатто дар фармондории Туркистони Русия бо пули ҳукумати подшоҳии Русия ба забонҳои қазоқию тоторию узбакӣ (ва русӣ) нашрияҳо чоп мешуд (5), аммо нашри рӯзнома ва кутуби ПОРСИРО ин давлати ғаддор ва мутаҷовиз мамнӯъ карда буд! Ба ҳамин далел аст, ки дар фармондории Туркистони Русия, агарчи минтақаҳои порсигӯ аз Хуҷанду Истаравшан гирифта то Самарқанд тоҷик ва порсизабон буданд, аммо давлати Русия намегузошт онҳо ба забони худ таҳсил кунанд, ба забони худ осоре чоп кунанд, ба забони худ нашрия дошта бошанд, ин забонро ва номи тоҷикро қадаған карда буд. Бозори кутуби порсиро низ дар манотиқи таҳти сайтарааш қадаған кард!
Ишон мегӯянд, ки дар Туркистон номи тоҷик вуҷуд надошт, аммо чиро? Магар Туркистон давлати туркҳо буд? На! Туркистон як бахши давлати подшоҳии РУСИЯ буд ва ин давлати Русия буд, ки забони порсиро дар қаламрави худ мамнӯъ карда буд! Аммо дар Бухоро, ки ҳануз истиқлоли худро ҳифз карда буд, забони ПОРСӢ то замони таҷовузи Русияи булшевикӣ забони расмӣ буд ва ҳеч забони дигаре дар иморати Бухоро расмият надошт, ҷуз ПОРСӢ!
Русия бо ишғоли Бухоро забони ПОРСӢ-ро дар инҷо ҳам аз расмият андохт ва решакан кард! Аввалин коре, ки давлати Русияи рӯсиёҳи булшевикӣ пас аз ишғоли Бухоро анҷом дод, ҳамин МАМНӮЪ сохтани забони порсӣ буд! Ва ба ҷои он ба забонҳои русӣ ва чағатоӣ (имрӯза узбакӣ) расмият бахшид!
Пруфесур Ъусмонуф тавони рад кардани ин ҳақоиқи торихиро надоранд! Ҳамаи асноди торихӣ дол бар ин аст, ки ин Русия буд, ки забони порсиро дар Бухоро ва дар манотиқи дигари ишғолӣ ва мустаъмарааш мамнӯъ кард! Понтуркистҳои тоҷику узбак монанди Раҳимбоюфу Фитрату Хуҷаюф ва дигарон фақат дастнишонда ва фармонбардори артиши сурхи ғоратгар ва мутаҷовизи Русия буданд ва бар табли ин давлати истилогар пой мекӯбиданд!
Ёдамон наравад, ки дар соли 1912 низ аввалин нашрияи ПОРСӢ дар Бухоро, ки исмаш “Бухорои Шариф” буд ва бо сармояи як тоҷики яҳудимазҳаб ва ба ибтикори бархе аз рӯшанфикрони вақти Бухоро мунташир мешуд, бо дастур ва бо фишори мустақими давлати Русия мамнӯъ шуд! (6) Ин Русия буд, ки бо забони ПОРСӢ ҳамеша душманӣ дошт, то ҷои пое барои забону фарҳанги ба дур аз фарҳанги худаш боз кунад. Ва ин Русия буд, ки қасди решакан кардани забону адабу фарҳанги моро дошт ва ҳамчунон дорад! Пас, беҳтар аст оқои Ъусмонуф даст аз таблиғоти ҳизби кумунист, ки замони Шӯравӣ шуғли аслияшон буд, бардоранд ва нигариши худ ба торихро ислоҳ кунанд! Чун тақрибан се даҳа аз истиқлоли Тоҷикистон ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ гузашта ва давлати булшевикии Шӯравӣ, ки зоҳиран ҳамчунон қиблаи ишон аст ва дасти дуъо ба сӯяш буланд мекунанд, дигар дар хок хуфтааст!
Бояд воқеъиятҳои тозаро бипазирем ва ба торих ба чашми худамон бингарем, на ба чашми бегона, бо мағзи худамон онро таҳлил ва баррасӣ кунем, на бо мағзи пӯсидаи бегона! Ҷомеъа пеш рафта ва куҳнагароӣ ва гирйистан барои низоме, ки хуни милюнҳо нафар бар гарданаш аст ва ин ҳама дурӯғро ба хӯрди мо дод, дигар писандида нест. Бояд рӯ ба ҷилав буд ва пеш рафт! Бояд ба домони фарҳангу адаби худамон, ба арзишҳои миллии худамон, ба забони аҳуроӣ ва адаби пурбори худамо, ки ҳовии волотарин арзишҳои башарӣ ва инсонӣ ҳастанд, баргардем. Эдун бод!
Понивиштҳо:
1) Ъусмонов, Иброҳим: Ба таърих бо чашми хирад бингарем. №15 (3965) 07.02.2019; Торнамои “Садои мардум”: http://sadoimardum.tj/far-ang/ba-ta-rih-bo-chashmi-hirad-bingarem/
2) Шерматов, Гафур: Тайная сделка советской власти с главным “басмачом” Средней Азии. 20 деcомбри 2017, Торнамои Би-би-сии Русӣ: https://www.bbc.com/russian/features-42399231
3) Бухорои 1920: Нигоҳе тоза ба ҳаводиси навад сол пеш; Гуфтугӯ бо Окодемисиян Муҳаммадҷони Шакурӣ, 01 жуани 2010; Торнамои Би-би-сии Форсӣ: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/07/100701_rm_sz_bukhara_revolution.shtml
4) Лвов, И: Завоевание Туркестана: Заметки по среднеазиатскому вопросу, Д. И. Романовского. Спб. 1868 г. http://www.vostlit.info/Texts/Dokumenty/M.Asien/XIX/1840-1860/Lvov_I/text1.htm
5) Дубовицкая И. М.: Н. П. Остроумов и становление СМИ в Средней Азии в конце XIX – начале ХХ вв.; Журнал: История и современность. Выпуск №2(10)/2009: https://www.socionauki.ru/journal/articles/130560/?sphrase_id=543688
6) Гулмуродзода, Пайванд: “Бухорои Шариф” – нахустин нашрияи форсизабон дар Осиёи Миёна; 7 морси 2012; Торнамои Би-би-сии Форсӣ: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120306_ea_bukharai_sharif
____________________________
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.
Бифирист