Дуктур Ҷалоли Матинӣ*: «Агар паҳлавони пиреро бибинед, ки дар рӯзгори ҷавонӣ пирӯзиҳо дида ва номаш дар саросари ҷаҳон печида ва акнун солхурда ва нотавон шуда ва бозичаи дасти кӯдакони кӯчаву бозор гашта, чунонки ҳар як ба баҳонаи дастгирӣ озораш медиҳанд ва ба чола ва санглохаш меафкананд, оё ҷавонмардӣ шуморо бар он намедорад, ки ба дифоъ аз ӯ бархезед ва аз чанги тифлони шарир ё нодон наҷоташ диҳед? Пас чиро аз забони форсӣ дифоъ намекунед?
Забони форсӣ ҳамон паҳлавони номдор аст. Рӯзгоре ин забон кишвареро аз Деҳлӣ то Қустантания ва аз Фарғона то Бағдод гушӯда буд, подшоҳони Ъусмонӣ ва Ҳинд сухан гуфтан ба ин забонро ҳунар ва ифтихори худ мешумурданд, кишваргушоёни хунрези муғул тоҷ аз сари шаҳриёрон мербуданд, аммо пеши ӯ, форсии паҳлавон, ба ситоишгарӣ меомаданд, имрӯз нотавон аст. Нотавонии забон нотавонии касонест, ки ба он сухан мегӯянд. Мо баҳона меоварем ва гуноҳи дармондагӣ ва бечорагии фикрии худро ба гардани забони форсӣ меандозем. Забони ҳар қавм ойинаи таҷаллии зеҳну андешаи ӯст»[1]
Зиндаёд Парвизи Нотил-Хонларӣ дар мақолае [дар соли 1323] ба дифоъ аз забони форсӣ пардохт, ки ду банди нахустини онро дар садри ин мақола қарор додаам. Ӯ ҳангоме ин мавзӯъи бунёдиро матраҳ сохт, ки Эрон аз назари сиёсӣ ва иқтисодӣ яке аз тиратарин адвори торихии худро мегузаронид. Эрон дар ишғоли қувои муттафиқин буд. Қувои ишғолгар подшоҳи мамлакатро, ки водор ба истеъфо шуда буд, ҳамроҳи аксари афроди хонаводааш ба ҷазираи Мурис дар Офриқо ба табъид бурда буданд. Аз як сӯ, тарафдории кӯр аз Олмони ҳитлерӣ то бад-онҷо расида буд, ки бо афзудани яке ду калима ба номи Одулф Ҳитлер вайро бар асоси ҳуруфи абҷад «Имоми Замон» муъаррифӣ мекарданд, то ба шиъиёни хушбовар мужда бидиҳанд, ки «имом» дар роҳ аст ва таклифи шаръии онон аст, ки мақдами сарбозони «имом»-ро, ки мепиндоштанд базудӣ аз роҳи Қафқоз ба Эрон хоҳанд расид, гулборон кунанд. Аз сӯи дигар, ҳизби нируманди Тӯда ҳалли тамоми мушкилоти Эронро дар итоъати кӯркӯрона аз Истолин медонист ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравиро қиблаи навҷавонону ҷавонон ва рӯшанфикрони Эрон қарор дода буд. Саркашии ъашоир аз як тараф ва қудрат ёфтани роҳзанон аз тарафи дигар ва дар натиҷа набудани амният, ҳатто дар пойтахти мамлакат, ва аз ҳама муҳиммтар, набудани ҳадди ақалли маводди ғизоӣ дар шаҳрҳо, ва султаи комили «нони силу» дар Теҳрон фурсате барои касе боқӣ нагузошта буд, ки ҷуз ба қути лоямут ва андаке амният ба чизе дигар бияндешад. Дар чунон рӯзгоре афроди ангуштшумор, монанди зиндаёдон Ъаббоси Иқбол-Оштиёнӣ ва Парвизи Нотил-Хонларӣ, ки соҳибназар буданд ва дардшинос ва оянданигар ва ъалоқаманд ба Эрон, дар нивиштаҳои худ ба ин мавзӯъ такя мекарданд, ки дар он ошуфтабозор ҳаргиз набояд аз Эрон ва ҳифзи тамомияти арзии Эрон ва фарҳанги Эрон ва забони форсӣ ғофил буд. Хонларӣ дар мақолаи «Дифоъ аз забони форсӣ» ба ҷои он ки ба шеваи маъмул, пойи абру боду маҳу хуршеду фалак, ё фулон сиёсати хориҷиро дар гирифториҳои забони форсӣ ба миён бикашад, ангушти иттиҳомро ба сӯи бархе аз нухбагони муддаъии ислоҳи забони форсӣ дароз мекунад ва мегӯяд: «Нотавонии забон нотавонии касонест, ки ба он сухан мегӯянд. Мо баҳона меоварем ва гуноҳи дармондагӣ ва бечорагии худро ба гардани забон меандозем».
Хонларӣ дар он мақола ъайбҳоеро, ки муддаъиёни «ислоҳи забони форсӣ» бар ин забон мегиранд, баихтисор бармешумурад ва ба якояки онҳо ҷавоб медиҳад… Бар гурӯҳи луғатсозон метозад, ки «имрӯз кор ба ҷое расидааст, ки ҳар кас хондан ва нивиштан медонад, агарчи сару кораш бо адабиёт нест, аз рӯи тафаннун луғат ҳам месозад». Вай дар зимн шеваҳои гуногуни луғатсозии ин луғаттарошон ва нақси кори ҳар як аз ононро низ ёд мекунад. Ӯ аз касоне, ки мегӯянд «барои таъбири бисёре аз маъонӣ дар форсӣ алфозе нест», мепурсад «ин маъонии тозаро аз куҷо овардаед? Маънии белафз, ки дар зеҳни касе намегунҷад. Магар он ки ин маъниро аз лафзе хориҷӣ омӯхта ва муъодили онро дар забони форсӣ наёфта бошед». Агар ин маъонӣ «истилоҳи ъилмӣ ё фанеист, ҳақ бо шумост. Аммо ин ъайби форсизабонон аст, на нақси форсӣ… Вақте ки шумо дар тамаддуни пешрав будед, луғоте дар забони шумо вуҷуд дошт, ки дар забонҳои дигар набуд». Дар забони ъарабӣ ингуна луғоти қадими форсӣ ва ё тарҷумаи онҳо ҳанӯз фаровон аст ва акнун ъакси ин ҳол пеш омада ва ин гуноҳи забон нест. Ва саранҷом бо таассури тамом менивисад «забони форсии бечора ба бадрӯзӣ уфтодааст. Бояд барои раҳоии ӯ чорае ҷст…».
Хонларӣ дар он рӯзгор дар бораи ин мавзӯъи муҳим танҳо ба тарҳи ду-се нуктаи асосӣ басанда кардааст, дар ҳоле ки имрӯз забони форсӣ бамаротиб беш аз он даврон ниёзманди дифоъ аст, зеро бар забони форсӣ дар тайи ним қарни ахир, ҳам дар Эрон ва ҳам дар хориҷ аз Эрон, осебҳои бисёр ворид гардидааст, на аз сӯи душманон, бал аз сӯи дӯстон!
Воқеъият ин аст, ки ҳам мо эрониён забони форсиро хеле якдастӣ гирифтаем ва ҳам гурӯҳе аз хориҷиёни дастандаркори омӯзиши забон ва адаби форсӣ дар донишгоҳҳояшон. Агар касе ин суханро қабул надорад, иҷоза бифармоед банда ба ъунвони касе, ки солҳо забон ва адабиёти форсиро дар Эрон, дар дабиристон ва донишгоҳ тадрис кардааст ва аз шеваи таълими забон ва адаби форсӣ дар донишгоҳҳои Омрико низ пур бехабар нест, далоили худро барои исботи ин муддаъо, бо ихтисор ба ъарз бирасонад.
Ба давраи таҳсили худ дар яке аз дабиристонҳои Эрон баргардем. Магар ҷуз ин буд, ки ҳар гоҳ яке аз муъаллимони риёзӣ, физик, шимӣ … ғайбат мекард, маъмулан масъули дабиристон он клосро таътил мекард, вале вақте муъаллими забони форсӣ дар сари кораш ҳозир намешуд, ҳамон шахс яке аз кормандони идории мадрасаро ба клоси дарси форсӣ мефиристод, яқинан бо ин истидлол, ки ӯ форсӣ медонад ва метавонад ба бачаҳо дарс бидиҳад. Чун эътиқоди бисёре аз дастандаркорон ин буд ва шояд ҳанӯз ҳам бошад, ки таълими забону адабиёти форсӣ бар хилофи дарсҳое монанди физик ва шимӣ ва риёзӣ тахассус лозим надорад. Аз сӯи дигар, ба назари шогирдон, бисёре аз муъаллимони забони форсӣ – бар хилофи дабирони риштаҳои мухталифи ъулум – «хушнумре» будем, чун ба шогирдони заъифу камсавод ҳам нумреи қабулӣ медодем. Донишомӯзон, ки бадурустӣ дасти моро хонда буданд, ба нумреи қабулӣ, ки ба онон медодем, иктифо намекарданд ва тоза чона мезаданд, ки оқо, чиро ҳафт ва на 15 ё 16? (Дар солҳое, ки ҳадди ақалли нумреи қабулӣ дар дарси форсӣ 10 буд, эътироз мекарданд, ки чиро 10 ва на бештар?). Дар ҳоле ки ҳамин шогирдон агар дар дарсҳои ъулум бо 25 садуми камтар аз ҳадди нисоби нумреи қабулӣ таҷдид ё мардуд мешуданд, камтар пеш меомад, ки аз муъаллимони он дарсҳо гиламанд бошанд, то чи расад, ки ба онон эътироз кунанд. Дар бораи бетаваҷҷуҳии мо муъаллимони забони форсӣ ба корамон мисоле дигар ба ъарзатон бирасонам. Дар он солҳо дар Эрон тақрибан ҳамаи масъулони идорӣ аз ин мавзӯъ шокӣ буданд (мақсудам давраи пеш аз ҳукумати исломист), ки на танҳо диплумеҳои дабиристонҳо, балки бештари лисонсияҳои донишгоҳҳо ҳам аз ъуҳдаи нивиштани як тақозономаи ду-сесатрӣ барнамеоянд. Ва ин амр ба таври куллӣ дуруст буд. Вале агар касе дар он солҳо нумреи имтиҳонҳои сулси аввал ва дувум ва севуми иншои донишомӯзонро дар як соли таҳсилӣ – аз соли севуми ибтидоӣ то шашуми мутавассита – дар саросари кишвар мавриди баррасӣ қарор медод, мутаваҷҷеҳ мегардид, ки бисёр-бисёр банудрат донишомӯзе дар «иншо» (ки дар ҳамон солҳо баъзе аз донишомӯзон онро «иншоҳ» менивиштанд) нумреи таҷдидӣ гирифтааст. Вақте мо ба донишомӯзон баройгон дар дарсҳои марбут ба забони форсӣ нумреи қабулӣ медодем, чигуна метавонистем таваққуъ дошта бошем, ки онон кор кунанду заҳмат бикашанд, то аз ҷумла дурустнивисиро биёмӯзанд. Ба назари банда, донишомӯзон ба ҳеч ваҷҳ дар ин боб гуноҳкор набуданд. Зеро дар назари шогирдон – ки ҳар як аз мо низ даврони шогирдиро гузаронидаем – ҳамаи дарсҳо яксон аст ва мавзӯъ танҳо бастагӣ ба тарзи талаққии муъаллим дорад. Вақте муъаллим дарси худро ҷиддӣ намегирифт, табиъист, ки шогирдон низ барояш тарра хурд намекарданд. Чунон ки дар дабиристони Албурзи Теҳрон, ки чанд соле дар онҷо тадрис мекардам, клосҳои дарси наққошӣ аз соли аввал то панҷум – ки муъаллимаш марде ҷиддӣ ва сахтгир буд – ҳамеша ором буд ва садо аз касе дарнамеомад, вале дар ҳамон мадраса, дар клоси хат, ки муъаллимаш аз уҳдаи идораи клос барнамеомад, ҳамеша ончунон ҷору ҷанҷоле барпо буд, ки муъаллимони клосҳои муҷовири он клос басахтӣ метавонистанд дарс бидиҳанд. Дар ҳоле ки дар назари донишомӯзон, хатту наққошӣ – аз назари аҳаммият – ҳарду дар як ҳад қарор доштанд.
Шоҳиде дигар: Рӯзе дар имтиҳони сулси севуми забони форсии яке аз клосҳои дувуми ҳамон дабиристон, вақте ба ҳамкоре куҳансол, ки муштаракан аз донишомӯзони клосм ӯ имтиҳон мекардем, гуфтам ин шогирд хеле заъиф буд ва нумреаш беш аз 4 ё 5 нест. Ӯ бо лаҳне падарона ба ман гуфт, вақте дар имтиҳон донишомӯзе қитъаеро қироат мекунад ва шеъре ҳам аз бар мехонад, дар бораи дастури забон ҳам яке ду суол аз ӯ мекунем ва чанд луғат ҳам аз ӯ мепурсем, «виҷдон ба мо ҳукм мекунад, ки ҳадди ақал ба ӯ нумреи қабулӣ бидиҳем». Бо эҳтиром аз вай пурсидам: – Яъне бетаваҷҷуҳ ба дурустии ҷавобҳои донишомӯз? Ва чун посухи мусбат дод, гуфтам, мутаассифона то кунун бар асоси ин «зобита» ба донишомӯзон нумре надодаам. Пас ором аз ҷаласа хориҷ шудам ва ба суроғи раиси дафтари дуруси дабиристон рафтам ва хоҳиш кардам, ки бесарусадо муъаллими дигареро ба ҷои мани бадқилиқ ба он утоқ бифиристад ва чунин шуд.
Мисоле дигар: Дар даҳаи сӣ, мақомҳои вазорати фарҳанг барои он ки таваҷҷуҳи донишомӯзонро ба аҳаммияти дарси форсӣ дар дабиристонҳо ҷалб кунанд, тасмим гирифтанд нумреи қабулии се дарси форсиро истисноан аз 7 ба 10 афзоиш бидиҳанд (шояд дар ин амр зиндаёд дуктур Ъисо Садиқ, ки ба забони форсӣ ва фарҳанги Эрон самимона ъишқ меварзид, нақше асосӣ дошт). Ин кор анҷом пазируфт. Маъмулан пас аз эъломи ин амр шогирдоне, ки қаблан дар забони форсӣ нумреҳое камтар аз 10 мегирифтанд, ё мебоист бештар кор мекарданд, то ҳадди ақал нумреи 10 бигиранд, ва ё агар ба чунин коре тан дарнамедоданд, теъдоди донишомӯзони таҷдидӣ ё мардуд дар ин дарсҳо боист нисбат ба солҳои пеш дар ҳудуди се бистум афзуда мегардид. Вале ин пешбиниҳо дуруст аз об дарнаёмад, зеро на донишомӯзон заҳмати бештаре кашиданд ва на теъдоди таҷдидиҳо ва мардудини ин дарсҳо афзоиш ёфт. Чиро? Зеро ъумуман мо муъаллимони забони форсӣ ба касоне, ки дар солҳои пеш нумреи ҳафт медодем, то таҷдид нашаванд ва аз шаррашон халос шавем, аз он ба баъд ба ҳамон шогирдон ва бо ҳамон савод нумреи 10 додем. Дар натиҷа, аз ин имомзода низ муъҷизае ба вуқӯъ напайваст. Дар ҳоле ки албатта мо муъаллимони забони форсии дабиристонҳо ҳамвора аз бетаваҷҷуҳии авлиёи умур ва донишомӯзон ва волидайни ишон нисбат ба забони форсӣ сахт гиламанд будем!
Баъдҳо омаданду се соъат дарси забони форсиро дар як нимсоли таҳсилӣ дар тамоми риштаҳои таҳсилии донишгоҳҳои Эрон иҷборӣ эълом карданд. Зоҳиран мақсуд ин буд, ки донишҷӯён агар дар давраи дабиристон натавонистаанд дуруст нивиштанро биёмӯзанд, инак дар сатҳи донишгоҳ дар як давраи фишурда ҷуброни мофот (ончи фавт шуда ва аз даст рафта) бикунанд, вале мо устодони забони форсӣ дар клоси аввали донишкадаҳои фаннӣ ва дандонпизишкӣ ва пизишкӣ ва риштаҳои риёзӣ ва физик ва…, дар ин дарси ҷадид, боз, бо обутоб ва тумаънина (оромишу сукун), филмасал қасидаи
Макун дар ҷисму ҷон манзил, ки ин дун асту он воло,
Қадам з-ин ҳарду берун неҳ, на инҷо бошу на онҷо.
ва назоири онро ба донишҷӯёни бечорае, ки ҳоҷувоҷ (гиҷу ҳайрон) монда буданд, дарс додем, бад-ин гумони ботил, ки коре кардаем користон! Дар ҳоле ки намедонистем бо ин кор донишҷӯёнро дар ин марҳала аз таҳсил дар донишгоҳ низ аз забону адабиёти форсӣ сахт мутанаффир месозем. Баҳонаи мо чи буд? Мегуфтем нигориши насри муъосир ва ё ошноӣ бо шеъри муъосир, ки эҳтиёҷе ба муъаллим ва клоси дарс надорад!
Ин бахше аз корҳое буд, ки мо дар Эрон барои эътило (бартарӣ ёфтан)-и забони форсӣ анҷом медодем! Дар солҳои ахир дар Эрон чи дастагуле бар сари забони форсӣ задаанд, Худо доност. Фақат медонам, ки зимни баргузории кунферонсҳо ва кунгреҳои гуногун дар Эрон ва Ҳинду Покистон бар аҳаммияти забони форсӣ таъкид мекунанд, ки албатта мӯҷиби камоли хушвақтист, вале дар зимн медонем, ки ҳам бар тибқи асли шонздаҳуми Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломӣ тамоми донишомӯзони дабиристонҳои кишвар мулзам гардидаанд дар ҳамаи риштаҳои таҳсилӣ шаш сол ба таҳсили забони ъарабӣ бипардозанд, ва ҳам дар ба кор бурдани калимаҳои бисёр маҳҷури ъарабӣ монанди «усва» (намуна, пешво) ва «мушавваҳ» (зиштрӯ) ва «мансий» ва… дар суханрониҳо ва рӯзномаҳо парвое ба худ роҳ намедиҳанд.
Аммо дар шонздаҳ-ҳафдаҳ соли ахир (ин ҷустор дар соли 1374х ё 1995 милодӣ нивишта шудааст), ки мо эрониён даста-даста ва ба ъилали гуногун бо фарзандони худ Эронро тарк карда ва роҳии сарзаминҳои бегона шудаем, ба таври табиъӣ ва ба мурури замон, забони форсии «насли дувумӣ»-ҳои мо бо забони кишвари мизбон аз назари вожагон ва қавоъиди дастурӣ ва амсоли он омехта шуда ва аз ҷумла, таркибҳои ъаҷибу ғарибе дар забони форсӣ ба вуҷуд омадааст, монанди: «номаро мейл (mail) кардан»! ва кореро «фолув (follow) кардан» ва садҳо намунаи дигар, ки дар байни форсизабонони муқими Омрико ривоҷ ёфтааст ва баяқин ҳамватанони муқими Суэду Нурвеж ва Донморку Ҳуланд ва Фанлонду Русияву Олмон ва… низ дар ин кор аз мо сокинони Омрико ъақаб намондаанд. Корбурди чунин таркибҳое бештар дар байни «насли дувумӣ»-ҳо роиҷ аст. Вале на ин ки тасаввур кунед мо «насли аввалӣ»-ҳо дар хориҷ аз Эрон бекор нишаста ва забони форсиро аз назар дур доштаем. Хайр, бархе аз мо ъилова бар он ки дар корбурди таркибҳои форсӣ-инглисӣ аз фарзандонамон ъақаб намондаем, барои ин ки дайни худро ба моми меҳан низ адо карда бошем, дар ин солҳо дар панҷ қорраи ҷаҳон дар зери ъунвони дифоъ аз забони форсӣ ба корҳое даст задаем, ки зикри онҳо барои сабт дар торих лозим ба назар мерасад, то ояндагон напиндоранд, ки мо «сабукборони соҳилҳо» дар ин муддат даст рӯи даст гузошта ва Эрон ва забони форсиро аз ёд бурда будем.
Хайр, дар ин солҳо, бархе аз мо эрониён дар ғурбат ба «луғатсозӣ», ки тахассуси чандоне ҳам лозим надорад, даст задаем. Дар гузашта тане чанд танҳо дар Эрон ба ин кор мепардохтанд, вале имрӯз дар паҳнаи ҷаҳон мо коргоҳҳои луғатсозии мутаъаддиде доир кардаем. Албатта, собиқаи луғатсозӣ ба солҳо пеш аз даврони подшоҳии Ризошоҳ ва ташкили Фарҳангистони Аввал бармегардад.
Имрӯз мо луғатсозон дар сарзаминҳои бегона чи мекунем? Дар дараҷаи аввал ва дар бештари маворид барои маъоние, ки дар забони форсӣ барои онҳо муъодиле надорем – ва ъумуман луғатҳои ъилмӣ ва фаннист – луғате аз дастгоҳи луғатсозии худ ба муштоқон ъарза намекунем…
Ногуфта намонад, ки ба назари нивисандаи ин сутур, забони форсӣ мутаъаллиқ ба як гурӯҳи хос аз эрониён нест, ҳар кас ҳақ дорад дар бораи он изҳори назар кунад ва аз ҷумла ба ҷои калимаҳои роиҷ алфозеро, ки меписандад, пешниҳод намояд. Дигарон ҳам албатта озоданд, ки раъйи худро дар бораи онҳо эълом кунанд. Вале вақте касе дар садад аст тарҳи ӯ дар як кишвари шастмилюнӣ бо он савобиқи фарҳангӣ ба марҳалаи иҷро дарояд, оё набояд ба истилоҳ паҳнои корро ҳам дар назар бигирад?!
Албатта, сохтани луғоту истилоҳоти ъилмию фаннии форсӣ дар баробари калимоти урупоӣ корест бунёдӣ ва лозим. Чи дарди асосии мо ҳуҷуми ҳазорон истилоҳи ъилмии хориҷӣ ба забони форсист, ки ҳар рӯз ҳам бар теъдоди онҳо афзуда мешавад…
Аз тарафи дигар, баъзе аз мо, ки ба забони инглисӣ ошноии кофӣ дорем, дар мавориде низ услуби нигориши забони инглисиро – дониста ё надониста – бар забони форсии бечора таҳмил мекунем ва мепиндорем, ки дар забони форсӣ тарҳе нав дарандохтаем ва номамон дар канори номи касоне чун Абулфазли Байҳақӣ ва Насруллоҳи Муншӣ, мутарҷими Калила ва Димна, ва Саъдӣ ва Деҳхудо ва… қарор мегирад…
Дар зимн, бисёре аз касоне, ки дар синини навҷавонӣ аз Эрон хориҷ шудаанд ва дар онҷо фурсат наёфтаанд забони форсиро дар ҳадди мутаъориф ёд бигиранд, ҳоло вақте ба қавли худашон шеър «менивисанд» ва ё қисса ва достон, ъибороте ба кор мебаранд, ки дар қутии ҳеҷ ъатторе пайдо намешавад. Аз ҳақ нагзарем, ки ин гурӯҳ дар диёри ғурбат фурсате ҳам барои омӯхтан надоштаанд. Нашавад, ки бо гузашти чанд соли дигар, ҳеҷ эроние аз нивиштаҳои мо «эронитаборони» муқими Омрико сар дарнаёварад!
…Дар ин муддат аз тағйири хат ё истилоҳи хатти форсӣ низ ғофил набудаем. Албатта дар ин кор мо низ дунболарави касоне ҳастем, ки аз авохири давраи Қоҷория ба баъд дар бораи ин мавзӯъ орое изҳор дошта ва пешниҳодҳое ъарза кардаанд. Онон… расми хатти форсиро, ки бо хатти ъарабӣ бисёр наздик аст, яке аз ъилали асосии ъақабмондагии мо аз ғарбиён мепиндоштанд. Дар солҳои пеш бархе аз тарафдорони ҷиддии тағйири хат пас аз он ки по ба син гузоштанду дунёро беҳтар шинохтанд, аз назари худ ъудул карданд (баргаштанд), албатта на ҳамаи онон. Изҳори назар дар бораи зарурати ислоҳ ё тағйири хат ва пешниҳоди хатҳои ҷадид ҳам чун бар хилофи ъулуми пизишкӣ ва физик ва компютер ва адабиёти форсӣ эҳтиёҷе ба тахассус надорад, бозораш дар ин солҳо дар хориҷ аз Эрон гарм будааст.
Яке бо сарфи вақти бисёр «алифбои навини форсӣ ба номи алифбои кинӣ»-ро пешниҳод кардааст, ки дар он на фақат аз ҳарфҳои ъарабӣ (ث، ح، ذ، ص، ض، ط، ظ، ع، ق) хабаре нест, (ва ع, الف -ث, ص- ذ, ز, ض, ظ, ва… батартиб ба шакли «ا», «س», «ز» … нивишта мешаванд), балки ба манзури такмили хатти форсӣ ъалоими ҷадиде низ ъарза намудааст.[2]
Дигаре мегӯяд ҳамин алифбои мавҷудро нигоҳ медорем, мунтаҳо ҳашт ҳарф (ث، ح، ذ، ص، ض، ط، ظ، ی)-ро аз хатти форсӣ берун мерезем, вале «ع»-ро нигаҳ медорем, ин кор мӯҷиб мешавад, ки ҳам бачаҳо хатти форсиро зудтар ёд бигиранд ва ҳам бесаводӣ дар кӯтоҳмуддат дар Эрон решакан шавад ва ҳам калимаҳои ъарабиро, ки ба ин сурат менависем, мешаванд форсӣ, на ъарабӣ![3] Мо бар асоси ин расми хатти ҷадид филамасал бояд ҳофиз, соҳибназар, ъишқ, насиҳат, суҳбат, ҳақу ҳуқуқ ва …ро бо забти «هافز», «ساهبنزر», «عشغ», «نسیهت» ва «سهبت» ва «هغ و هغوغ»… бинивисем, то мушкили асосии мардуми Эрон ҳал шавад. Пурсиши асосӣ ин аст, ки касоне ки ба ин хат менивисанд, вақте маънои калимаеро нафаҳмиданд, ба кудомин китоби луғат бояд муроҷеъа кунанд, ки дар он «عشغ» ва «نسیهت»… бо ин имлои ҷадид забт шуда бошад? Ва албатта ин мавзӯъ дар мавриди дигар расми хатҳои ҷадиди ихтироъӣ низ мисдоқ дорад.
Яке дигар аз ҳамватанони мо ба суроғи «диндабираи ъаҳди Соcонӣ» рафта ва ба салиқаи худ онро бо ниёзҳои рӯз низ мунтабиқ сохтааст, аз ҷумла он ки хатти пешниҳодии вай мисли хатти лотинӣ аз чап ба рост нивишта мешавад, на монанди диндабираи падарони мо дар даврони Сосонӣ аз рост ба чап. Ин пешниҳод зоҳиран ҳосили солҳо пажӯҳиши ин шахс дар хатҳои бостонии Эрон ва дигар кишварҳост. Яке дигар аз маҳосин (хубиҳо)-и ин хат, ба қавли мухтареъи он, ин аст, ки дар компютер низ метавон аз он истифода кард.[4]
Гурӯҳе дигар Ототуркро муқтадои худ қарор додаанд ва «пешрафтҳои шигифтангези» Туркияро дар шаст соли ахир ба рухи мо мекашанд, ки бибинед, туркон аз куҷо ба куҷо расидаанд! Мепурсем аз куҷо ба куҷо расидаанд? Инон сабаби ин ҳама «тараққии» туркони Туркияро дар ин медонанд, ки он бузургмард алифбои форсӣ-ъарабиро сеталоқа кард ва алифбои лотиниро баргузид ва бад-ин тартиб аз рост ба чап нивиштанро мамнӯъ сохт, ҳамон туре ки якшанберо ба ҷои ҷумъа таътили расмӣ эълом кард ва соли ҳиҷриро ба соли мелодӣ табдил кард. Аз эшон мепурсем туркон ба куҷо расидаанд, ки мо нарасидаем? Мегӯянд дар он кишвар аз ҷумла бесаводӣ решакан шудааст. Мегӯем дар Жопун бо чандсад нишона барои нигориши хатти жопунӣ оморҳо нишон медиҳад, ки ҳадди аксар як дарсади мардуми он кишвар бесаводанд.[5] Ба ъилова, дар Эрон ҳам дар даҳ-дувоздаҳ сол пеш аз инқилоби исломӣ – бо ҳамин расми хатти мавҷуд – аз теъдоди бесаводон ба наҳви маҳсусе коста шуд.
Ва аммо, агар то ба ҳол дар бораи тағйири хат танҳо пешниҳод дода мешуд ва ба забони далолат ва роҳнамоӣ ва хайрхоҳӣ бо мо бехабарон сухан мегуфтанд, инак чанд моҳест, ки дар сарзамини Омрико, ки ба «маҳди демукросӣ» маъруф аст, гурӯҳе аз ҳамватанони ъазиз, ки худро ба ном муъаррифӣ накардаанд, вале зоҳиран бояд аз дарсхондагони ҳамин Омрикои маҳди демукросӣ бошанд, ҷудо ва бебарубаргард, на танҳо ба фикри тағйири хатти форсӣ ба хатти лотин уфтодаанд, балки бемуҳобо шамшерро ҳам аз рӯ баста ва бо шиъори «форсиро бояд бо алифбои лотин нивишт» ба майдон омадаанд. Инон барномаи кори худро дар рӯзномаҳо огаҳӣ кардаанд, бад-ин шарҳ: «Кунвонсиюни юруфорсӣ (Konvansiyon e Urofarsi/ Eurofarsi Convention) форсиро бояд бо алифбои лотин нивишт…»[6] (таъкид аз Кунвонсиюн аст, на аз бандаи нивисанда). Итминон дорам, ки бо ҳар як аз афроди муҳтарами ъузви ин кунвонсиюн сухан бигӯед, шарҳе кашшоф дар зиёнҳои истибдод аз забони ишон хоҳед шунид!
Воқеъият он аст, ки ҳамаи ин афрод – агар аз сари худнамоӣ ва ё барои рафъи бекорӣ масъалаи тағйири хатро матраҳ накарда бошанд, бояд ба эшон гуфт: Сӯрохи дуъоро гум кардаед. Зеро инон ё намедонанд ва ё медонанд ва ба рӯи мубораки худ намеоваранд, ки аз ҷумла забони инглисӣ, ки имрӯз забоне ҷаҳонгир шудааст, ба хатте нивишта мешавад, ки лотинист ва аз чап ҳам ба рост нивишта мешавад, вале садҳо баробар беҳисобтар аз хатти форсист ва хирадманде ҳам дар байни инглисиён ва омрикоиён зуҳур накардааст, ки мардумро ба тағйири хатти инглисӣ даъват кунад. Тарафдорони ислоҳ ё тағйири хатти форсӣ ба лотинӣ аз ҷумла мегӯянд дар забони форсӣ барои S се нишона дорем (ث, س, ص) ва барои T ду нишона (ت, ط) ва барои H ду нишона (ح, ه) ва… ва истидлол мекунанд, ки ҳамин амр мӯҷиб мешавад, ки ҳамаи бачаҳо дар «дикте» нумреи бист ё сад нагиранд! Ҳамаи ин ҳарфҳо дуруст, вале мепурсем шумо кудом хаттеро мешиносед, ки сурати мактуб ва малфузи калимот дар он яксон бошад? Усулан чиро дар таълими забонҳо «дикте» ё имло дарсе асосӣ ба шумор меояд? Оё ин худ нишонаи он нест, ки сурати мактуб ва малфузи калимот дар забонҳо мутафовит аст? Агар ҷуз ин буд, дар дарси «дикте» ҳамаи шогирдон нумреи 20 ё 100 мегирифтанд. Ва аз ҳама муҳимтар, аз касоне, ки нақоиси хатти форсиро бармешумурданд, ва ба зарурати тағйири хат фатво медиҳанд, бояд пурсид, чи мефармоед дар бораи ҳамин забони ҷаҳонгир ва байналмилалии инглисӣ ва хатти он ки аз ҷумла барои овои «Ш» на фақат ду ҳарфро бояд дар пайи ҳам нивишт (Sh), балки ҳамин «Ш» дар хатти инглисӣ ба 17 сурати дигар ба шарҳи зер низ китобат мешавад:
sh: c (oceanic), s (sugar), ch (machine), ci (special), sc (fascism), se (nauseous), sh (shy), si (emulsion), ss (tissue), ti (mation), chi (marchioness), psh (pshaw), sch (schist), sci (concious), ssi (mission), chsi (fuchsia).
Албатта, ин амр ихтисосе ба «Ш» надорад, овои T ба даҳ сурат, Z ба 9 сурат, K ба 15 сурат, F ба 5 сурат ва… нивишта мешавад, ва аз сӯи дигар теъдоди ҳарфҳое, ки дар калимоти инглисӣ нивишта мешаванд ва ба талаффуз дарнамеоянд, низ ҳадду ҳасре надорад (монанд «و» дар калимоти форсии хоҳар “خواهر” ва хоб “خواب” ва хост “خواست”), ки аз он ҷумла аст ҳарфи L, ки дар калимоти зер талаффуз намегардад: calm, talk, should, would. Ва ё дар калимаҳои who, ghost, pneumonia, knot, write, autumn, ки батартиб ҳарфҳои p, k, w, n, w, h дар онҳо талаффуз намешавад. Ин ду-се мавридро фақат ба ъунвони намуна зикр кардам. Ъалоқамандон метавонанд ба китобҳои луғати инглисӣ ба инглисӣ муроҷеъа кунанд ва дар муқаддимаи ҳар як аз онҳо ба тафовути сурати малфуз ва мактуби калимот дар он забон пай бибаранд.
Оё ин пурсиш ҳаргиз ба хотири мо гузаштааст, ки чиро инглисиён ва омрикоиён бо он ҳама имконоти молию фаннӣ ва…, ки дар ихтиёр доранд, ҳаргиз ба фикри тағйири хатти худ науфтодаанд, вале бархе аз босаводони мо гаҳгоҳ ба пои хатти форсӣ мепечанд ва ҳамаи коса-кузаҳои ъақабмондагии худ ва Эронро бар сари он мешикананд?!
Пеш аз итмоми ин баҳс зикри се мавзӯъи дигарро низ лозим медонам:
Нахуст он ки тағйири хат дар як кишвар – чи коре дуруст бошад ва чи нодуруст, ки ба назари банда дар мавриди хатти форсӣ комилан ғалат аст – танҳо кори як раҳбари мустабид ва худкома аст, мисли Истолин ё Ототурк, на кори раҳбарони ъоқил ва демукрот, то чи расад ба афроди яклоиқабое (бебизоъате), ки дар диёри ғурбат ба сар мебаранд. Ва дар ҳафт осмон як ситора надоранд.
Дигар он ки тағйири хат ба таври куллӣ пайванди адабӣ ва ъилмии моро бо гузаштаи мо қатъ мекунад ва аз мо миллате месозад, ки гӯӣ аз замони эъломи тағйири хат по ба ъарсаи вуҷуд гузоштаем. Иқдоми Истолин дар тағйири хатти тоҷикон танҳо барои вусул бад-ин мақсуд буд. Ӯ бо тағйири хат аз тоҷикони форсизабон миллате беҳувият сохт ва иртиботи ононро бо форсизабонони Эрон ва Афғонистон ва дигар кишварҳо қатъ кард. Инак баъд аз гузашти шаст-ҳафтод сол тоҷикон дар садад баромадаанд хатти форсиро зинда кунанд, чунонки дар Туркияи Ототурк низ бозгашт ба хатти форсӣ-ъарабӣ тарафдороне фаъол дорад.
Седигар он ки намедонам чиро дар кишвари мо ҳар чанд сол як бор тағйири хат мавриди баҳс қарор мегирад ва пас аз муддате ногаҳон ба дасти фаромӯшӣ супурда мешавад, дақиқан ба монанди бархе аз бемориҳо, ки пас аз муддате ъавд (бозгашт) мекунанд. То онҷо, ки ба ёд дорам, сӣ сол пеш (даҳаи 60 милодӣ) мавзӯъи тағйири хатти форсӣ ба сурати ҷиддӣ дар маҷаллаҳои «Рӯшанфикр» (мудир: дуктур Мустафавӣ) ва «Теҳрони мусаввар» (мудир: Муҳандиси Воло) ва шояд чанд рӯзнома ва маҷаллаи дигар матраҳ шуд. Хабарнигорони ин маҷаллаҳо ба суроғи афроди мухталиф мерафтанд ва назари онҳоро дар бораи тағйири хат мепурсиданд ва бо ъаксу тафсилот онҳоро ба чоп месупурданд. Чунонки дар чаҳор шумораи маҷаллаи «Теҳрони мусаввар», ки имкони дастрасӣ ба онҳоро доштаам, сездаҳ мақола дар бораи ин мавзӯъ чоп шудааст.[7] Ин гуна маҷаллаҳо дар он замон то онҷо пеш рафтанд, ки мақолаи кӯдаке 12-сола аз Ҳамадонро дар зарурати тағйири хатти форсӣ бо ъакси нивисандаи навҷавони он чоп карданд (маҷаллаи «Рӯшанфикр»). Вале ин «баҳси бузурги Теҳрони мусаввар» ва дигар маҷаллаҳо дар бораи тағйири хат ногаҳон хомӯш шуд. Чиро? Намедонам. Аммо бори дигар то онҷо, ки нивисандаи ин сутур огоҳ аст, дар хориҷ аз кишвар дар солҳои 1361 ва 1362 ду тан ба тарҳи муҷаддади он пардохтанд.[8] Бо ҳудуди даҳ соле ба сукут баргузор шуд ва бори дигар чанд тан барои тағйир ё ислоҳи хатти форсӣ ба майдон омаданд, ки ба онон ишора кардам. Гӯӣ тамоми мушкилоти Эрон ва ҳамватанони гирифтори мо дар он сарзамин ҳал шудааст, ва танҳо коре, ки барои саъодат ва тараққӣ ва таъолӣ (буланд шудан)-и Эрон ва эрониён боқӣ монда, ҳамин тағйири хат аст, ки ин бор мехоҳем онро дар хориҷ аз кишвар ва аз роҳи дур – лобуд бо текнулужии пешрафта – дар Эрон ба марҳалаи иҷро дароварем!
Қабул надоред, ки забон ва хатти форсӣ бо ин ҳама дӯст дигар ниёзе ба душман надоранд? Ва аммо, тадриси забон ва адаби форсӣ дар донишгоҳҳои хориҷ ва аз ҷумла дар Омрико – ҳадди ақал аз як ҷиҳат – каму костиҳои чашмгир дорад, ки ба иҷмол ба он низ ишорае мекунам ва ин нивиштаро ба поён мерасонам.
Забонҳое мисли форсии бостон, авестоӣ, санскрит, паҳлавӣ, суғдӣ ва… дар донишгоҳҳои ҳар кишваре ба забони расмии он кишвар тадрис мешаванд, чун қарнҳост, ки дигар касе ба ин забонҳо на сухан мегӯяд ва на чизе менависад. Пас филамасал агар донишҷӯе бихоҳад дар Олмон ба таҳсили забонҳои бостонии Эрон бипардозад, устодон дар бораи ин забонҳо ба забони олмонӣ дарс медиҳанд ва донишҷӯён низ таколиф ва мақолаҳои худро ба забони олмонӣ менивисанд ва саранҷом ҳам рисолаи дуктурии худро ба забони олмонӣ ба риштаи таҳрир дармеоваранд. Ва чунин аст вазъи тадриси ҳар як аз ин забонҳои мурда дар донишгоҳҳои Инглистон, Омрико, Фаронса, Русия, ки дарсҳо батартиб ба забони инглисӣ, фаронса ва русӣ тадрис мешавад, на ба форсии бостон, авестоӣ, санскрит, паҳлавӣ, ё суғдӣ…
Вале ҳисоби тадриси забонҳои зинда аз ин қоъида ҷудост. Чунонки донишҷӯёни эронӣ ва ъарабу турк ва ё фаронсавие, ки мехоҳанд дар яке аз донишгоҳҳои Омрико ё Инглистон ба таҳсили забон ва адабиёти инглисӣ бипардозанд, устодони он ришта тамоми дарсҳоро дар тайи даврони таҳсили донишҷӯён ба забони инглисӣ тадрис мекунанд. Ва донишҷӯёни ғайри инглисизабон низ ночоранд побапои донишҷӯёни инглисизабон кор кунанд, чун устодон бо зобитаи воҳиде дарс медиҳанд ва байни донишҷӯёни омрикоӣ ва ғайри омрикоӣ тафовуте қоил намешванд. Пас донишҷӯи ғайри омрикоӣ низ ба монанди донишҷӯи омрикоӣ ё инглисӣ дар тайи давраи таҳсил таколиф ва мақолаҳои худро ба забони инглисӣ менивисад ва низ рисолаи худро. Ва чунин аст вазъи таҳсили забон ва адабиёти олмонӣ, фаронса, русӣ, итолиёӣ…, ва ба ҳамин сабаб аст, ки филамасал эрониёне, ки дорои дараҷаи дуктурӣ дар забон ва адабиёти инглисӣ аз донишгоҳҳои Омрико ё Инглистон ҳастанд, қодиранд бахубӣ ва равонӣ ба забони инглисӣ сухан бигӯянд, мақола бинивисанд, дар кунферонсҳо дар баҳсҳои ъилмӣ ба монанди худи омрикоиён ва инглисиён ширкат намоянд.
Аммо шеваи тадриси забон ва адаби форсӣ, ъарабӣ ва туркӣ – ки бетардид аз ҷумлаи забонҳои зиндаи дунё ба шумор мераванд – дар ин донишгоҳҳо бо шеваи тадриси забонҳои зиндаи урупоӣ комилан мутафовит аст. Донишҷӯи омрикоӣ, ки моил аст забон ва адабиёти форсӣ бихонад, ъумуман ин корро пас аз давраи чаҳорсолаи коллеҷ оғоз мекунад. Яъне дар давраи фавқилисонс, ки дар риштаи Ховари Миёна ё Ховари Наздики яке аз донишгоҳҳо номнивисӣ менамояд. Ин донишҷӯ агар дар байни забонҳои шарқӣ забонӣ форсиро ба ъунвони забони аввал баргузинад, бояд як забони шарқии дигарро низ таҳсил кунад (ин амр дар мавриди риштаҳои ъарабӣ ва туркӣ низ содиқ аст) ва ба ҷуз он ду забони зиндаи урупоӣ (монанди фаронса ё олмонӣ)-ро ҳам бояд бахубӣ биёмӯзад. Аз маҳосин (хубиҳо)-и ин шеваи тадрис такя бар таҳсили ду забони шарқӣ ва ду забони зиндаи урупоист, ки донишҷӯро қодир месозад ъилова бар осоре, ки дар бораи фарҳанги Эрон ва забону адаби форсӣ ба забони инглисӣ нивишта шудааст, аз мақолаҳо ва китобҳое, ки ба он ду забони урупоӣ низ нивишта шудааст, истифода кунад. Ошно шудани донишҷӯ бо мактабҳои ҷадиди нақди адабӣ ва ба таври куллӣ таҳқиқоти устодони урупоиро низ бояд аз маҳосини ин барномаи таҳсилӣ донист. Вале мушкили асосӣ он аст, ки донишҷӯи омрикоӣ тамоми ин дарсҳоро бояд ба забони инглисӣ бихонад, ва дар тайи даврони таҳсили худ тамоми таколифи дарсӣ ва мақолаҳо ва дар поён, рисолаи худро дар бораи адабиёти форсӣ ва фарҳангу торихи Эрон ба забони инглисӣ бинвисад. Ин донишҷӯ дар тамоми давраи таҳсили худ танҳо чанд дарсро ба забони форсӣ таҳсил мекунад; ъумуман дар ду соли аввал (ҳар сол ду нимсол ё се сулс), ҳар ҳафта 5 соъат форсии аввал ва дувумро мехонад, то бо забони форсӣ ошно шавад ва билофосила пас аз гузаронидани ин дурус ба таҳсили дарсҳои марбут ба мутуни адабии форсии муъосир ё клосик мепардозад. Истисно дар ин чанд дарс аст, ки донишҷӯ матни форсӣ мехонад ва устод дар ҳамин дарсҳо ҳам бештар ночор мешавад тавзеҳоти худро ба забони инглисӣ бидиҳад, чун донишҷӯ он қадр форсӣ намедонад, ки устод битавонад дақоиқи марбут ба корбурди вожагон, дастури торихии забон, матолиби марбут ба маъонӣ ва баён, шеваи шоъирӣ ё услуби нигориши нивисандагонро ба забони форсӣ баён кунад. Ин аст тафовути асосии шеваи тадриси забонҳои зиндаи урупоӣ бо шеваи тадриси чанд забони зиндаи осиёӣ дар донишгоҳҳои Омрико ва дигар кишварҳои урупоӣ (донишгоҳҳои Ҳинд ва Покистон ва Банглодеш ва Кашмир низ бар тибқи ҳамин барнома ъамал мекунанд). Ҳосили ин кор он аст, ки фориғуттаҳсилони риштаи забони форсии ин донишгоҳҳо банудрат қодиранд ба забоне, ки дар он ба ахзи дараҷаи дуктурӣ ноил омадаанд, мақолае бинвисанд ва ё дар кунферонсе ба он забон суханронӣ кунанд, магар он ки пас аз хатми таҳсил муддате дар Эрон ба пажӯҳиш пардохта бошанд. Мушкили асосии шеваи тадриси забони форсӣ дар донишгоҳҳои Омрико он аст, ки ъумуман фориғуттаҳсилони ин ришта вақте ба таҳқиқу тадрис машғул мегарданд, дар мақолаҳо ва таълифоти худ ъумуман ба осори хориҷиён – на эрониён – истинод мекунанд ва дар тарҷума ё нақди осори адабии форсӣ низ ба сабабӣ он ки ҳатто мунтаҳои дараҷаи аввали форсиро аз оғоз то анҷом назди устод нахондаанд, дучори иштибоҳоте намоён мегарданд, дар ҳоле ки албатта бахубӣ бо шеваҳои нақди осори адабӣ ошноӣ доранд.
Чиро донишгоҳҳои Омрико ва Урупо дар тадриси забонҳои зиндаи урупоӣ ва осиёӣ ба ду шеваи комилан мутафовит ъамал мекунанд? Оё муътақиданд забонҳои зиндаи урупоӣ зиндатар аз бархе аз забонҳои зиндаи осиёист?
Ба ҷуз ончи гуфта шуд, як мавзӯъи дигар низ дар бархе аз донишгоҳҳои Омрико – дар ончи ба забон ва адаби форсӣ марбут мешавад – гуфтнист ва он ин аст, ки чун имконоти молии донишгоҳҳо ба таври куллӣ дар бораи забонҳои шарқӣ маҳдуд аст ва филамасал наметавонанд барои тадрис маводди мухталифи марбут ба фарҳангу торих ва ҳунари Эрон ва адабиёти форсӣ чанд устод истихдом кунанд, дар мавориде тадриси дувоздаҳ қарни адабиёти форсиро касоне ъуҳдадор мегарданд, ки худ дар ин ришта таҳсил накардаанд.
Оё бо мулоҳизаи матолибе, ки аз назаратон гузашт, бо зиндаёд Парвизи Нотил-Хонларӣ ҳамсадо намешавед, ки: «Забони форсии бечора ба бадрӯзӣ уфтодааст. Бояд барои раҳоии ӯ чорае ҷуст…?
Ёддоштҳо:
[1] Парвизи Нотил-Хонларӣ, «Дифоъ аз забони форсӣ», маҷаллаи Сухан, давраи дувум, шумораи аввал (дайи 1323), с 5-10.
[2] Манучеҳри Козимӣ, «Алифбои навини форсӣ ба номи алифбои кинӣ», Муних, 1361/1983.
[3] Фаслномаи Меҳр, «Ҳадафи мо омӯзиши содаи хондан ва нивиштани забони ширини форсӣ аст», Бунёдгузор: Дуктур Маҳмуди Ризоиён, Сардабир: Абулғосими Партав (тавзеҳ он ки дар шумораҳои ахир сардабир аз мақоми худ истеъфо додааст), Мудири бозаргонӣ: Масъуди Сарватҷӯ, шумораи 1 (фарвардини 1372), ЛусОнҷелес. Аз ин маҷалла то кунун 7 шумора мунташир гардидааст. Дуктур Ризоиён ҳадди ақал яке-ду сол пеш аз нашри маҷаллаи Меҳр масъалаи тағйири хатро матраҳ сохтааст.
[4] Хусрави Баёт, «Эрондабира, ба ҷои «диндабираи соcонӣ» абзори корсози фарҳехтани мардуми Эрон аст», маҷаллаи Раҳовард, ЛусОнҷелес, шумораи 30 (тобистони 1371), с 68-75.
[5] Аз ҷумла р к. Эрон Тоймз, шумораи 1234, 16 тири 1374.
[6] Теҳрони мусаввар, шумораи 1156 (4 обони 1344):
Хонмалики Соcонӣ: «Ман намедонам дар шароити мавҷуди кишвари мо, ки талоше барои босавод кардани ҳарчи бештари табақоти мухталифи мардум дар ҷараён аст, чи исрорест, ки хат ъиваз шавад ва мушкиле бар мушкилоти феълӣ афзуда гардад. Ҳатто туркҳо ҳам, ки хатти худашонро ъиваз кардаанд, аз он баҳрае набурдаанд»; Дуктур Баҳроми Фаравашӣ, забоншинос: «Хатти форсӣ аз комилтарин хутути фунетики дунёст»; Забеҳи Беҳрӯз: «…Ба маҳзи он ки иттилоъ ҳосил кард, ки бояд дар мавзӯъи тағйири хатти форсӣ изҳори назар кунад, бо лаҳне омирона гуфт: Хоҳиш мекунам, бинвисед: Беҳрӯз мегӯяд ман бо тағйири хат мухолифам…».
Теҳрони мусаввар, шумораи 1159 (28 обони 1344):
Дуктур Хусрави Фаршедвард: «Хатти лотин аз ноқистарин хатҳост. Ҳатто аз назари иқтисодӣ ҳам сармоягузорӣ барои баргардондани китобҳо ба хатти ҷадид ба салоҳи мо нест»; Муҳандис Маҳмуди Деҳнод: «Агар тағйири хат иҷборӣ шавад, ъақидаи касеро нахоҳанд пурсид»; Ҷаводи Ъомирӣ: «Тағйири хат харҷе надорад. Таҷдиди чопи кутуб ва давовини бузург ба хатти ҷадид лозим нест, зеро забон ъиваз намешавад!»; Хусрави Озодӣ: «Форсизабонони ҷаҳон тағйири хатро баосонӣ намепазиранд. Ҳамаи мушкилоти бефарҳангии мо ба ъиллати аз рост ба чап нивиштан нест!».
Теҳрони мусаввар, шумораи 1160 (5 озари 1344):
Масъуди Раҷабниё: «Хатти кунунии форсӣ, чун полҳанге бар гурдаи миллати Эрон аст»; Муҳаммадҷаводи Насирӣ: «Ислоҳи хат ғайр аз тағйири хат аст»; Дуктур Ҷаъфари Шиъор: «Тағйири хат, яъне ҳарҷумарҷ ва билотаклифӣ! Хатари алифбои лотин дар куҷост ва чи ишколоте аз он ношӣ мешавад?»; Ҷ. Аълотӣ: «Ба ҷои ҳуруфи лотин ҳуруфи арманӣ ва гурҷиро интихоб кунем»; Ъабдулғафури Зиёӣ: «Мо набояд монанди калоғ роҳ рафтани худро фаромӯш кунем.»
[7]Дар соли 1361 Манучеҳри Козимӣ бо ироаи «Алифбои кинӣ» р к. Зернивиси шумораи 2, ва дар соли 1362 Исмоъили Пурволӣ дар мақолае дар маҷаллаи Рӯзгори нав, Порис.
[8] Фаслномаи Меҳр, «Ҳадафи мо омӯзиши содаи хондан ва нивиштани забони ширини форсӣ аст», шумораи 1 (фарвардини 1372), ЛусОнҷелес.
* Бо кӯтоҳсозӣ, баргирифта аз: Эроншиносӣ, соли ҳафтум, шумораи 2, тобистони 1374.
©Баргардони Исфандиёри Одина
***
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром ё Инстогром бипайвандед.
این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید
Бифирист