Ҳарфи ‘вов’-и торихӣ ё ғайрималфуз чист?

Дориюши Раҷабиён: Навомӯзони дабираи порсӣ ҳатман таваҷҷуҳ кардаанд, ки дар бархе аз вожаҳо “вов” ҳаст, аммо талаффуз намешавад. Ба ҳамин далел ҳам онро “вови ғайрималфуз” (ё талаффузнопазир) меноманд. Вожаҳое аз ин даст:

Хоб, хеш, хоҳар, хоҷа, хор (ба маънои ҳақиру забуну залил), хоҳиш, хостан, хурдан (ва аз ҳамин масдар вожаи “хор” дар вожаҳое чун гиёҳхор, гӯштхор, хунхор), хурок, хуш, хон (ба маънои суфра ё дасторхон ва ҳамчунин озмуну имтиҳон чун “ҳафт хони Рустам”), хондан, хонанда.

خواب، خویش، خواهر، خواجه، خوار (به معنای حقیر و زبون و ذلیل)، خواهش، خواستن، خوردن (و از همین مصدر واژه «خوار» در واژه‌هایی چون گیاه‌خوار، گوشت‌خوار، خون‌خوار)، خوراک، خوش، خوان (به معنی سفره یا دستارخوان و همچنین آزمون و امتحان چون «هفت خوان رستم»)، خواندن، خواننده.

Чиро ин “вов” нивишта мешаваду талаффуз намешавад? Чун дар гузаштаҳои дур таркиби “хв” як садои воҳид буд ва талаффуз мешуд. Масалан, вожаи “хуш” ба шакли “хваш” ба забон меомад ва рафта-рафта “вов” уфтод ва табдил ба “хаш” шуду баъдан “хуш” бо “у”-и кӯтоҳ. Ҳанӯз ҳам дар бисёре аз гӯишҳои порсӣ “хаш” ба маънои “хуш” роиҷ аст. Дар ин байти Саъдии Шерозӣ шакли миёнии он (хаш) ҳифз шудааст; ба ҳамон маънои “хуш”:

Гул ҳамин панҷ рӯзу шаш бошад,
В-ин гулистон ҳамеша хаш бошад.

Ҳамин таркиби “хв” дар бархе аз забонҳои жерманик ҳам ба ашколе дигар вуҷуд дорад. Ба монанди sw дар забони инглисӣ ва schw (шв) дар забони олмонӣ. Дар бештари вожагони марбутаи инглисию олмонӣ ин садо ҳифз шуда ва дар бархе аз онҳо “в” уфтодааст. Барои намуна, дар вожаҳои инглисии swear, swing, swap таркиби sw ба таври комил талаффуз мешавад, аммо дар вожаҳои sword ва answer “вови торихӣ” (w) талаффуз намешавад. Талаффузи sword ба маънои “шамшер” /sɔːd/ аст ва талаффузи answer ба маънои “посух” – /ˈɑːnsə/.

Аммо дар забони олмонӣ баробари ин ду вожа бо “вови торихӣ” талаффуз мешавад: Schwert (shvert) ба маънои “шамшер” ва Antworten (antvort’n) ба маънои “посух”.

Иттифоқан, дар вожаи олмонии Schwester ба маънои “хоҳар”, ки бо “хоҳар”-и порсӣ ҳамреша аст, “вови торихӣ” ҳанӯз ҳифз шудааст ва ин вожа ба шакли “швестер” талаффуз мешавад. Дар ҳоле ки дар забонҳои порсию инглисӣ дар ин вожа “вови торихӣ” аз талаффуз уфтодааст. Дар забони инглисӣ ҳатто дар имлои ин вожа дигар аз “вови торихӣ” хабаре нест: sister.

Албатта, ҳанӯз ҳам дар бархе аз гӯишҳои порсӣ вожаи “хоҳар” бо “вов”-и сабуке миёни садоҳои “х” ва “о” талаффуз мешавад; чизе шабеҳи xwɔhar. Ва дар забонҳои ҳиндию урду низ ин вожаҳо талаффузи асили худро ҳифз кардаанд. Аз ин рӯ талаффузи вожаи “хоб” дар ин забонҳо шабеҳи xwāb аст ва “хоҷа” шабеҳи xwāja.

Бад-ин тартиб, дар гузашта “хурдан” ҳам ба гунаи “хвардан” талаффуз мешуда ва “хур” ҳам ба шакли “хвар”. “Хуршед” ҳам “хваршед” буда ва акнун бо уфтодани “вови торихӣ” аз талаффуз “хуршед” бо “у-и кӯтоҳ” талаффуз мешавад ва овонигории он ба лотин xorshed ё xorshid аст (вобаста ба гӯиши мавриди назар).

Шумори ин вожагон чандон бисёр нест ва мешавад баосонӣ онҳоро ба ёд супурд:

خواب، خویش، خواهر، خواجه، خوار (به معنای حقیر و زبون و ذلیل)، خواهش، خواستن، خوردن (و از همین مصدر واژه «خوار» در واژه‌هایی چون گیاه‌خوار، گوشت‌خوار، خون‌خوار)، خوراک، خوش، خوان (به معنی سفره یا دستارخوان و همچنین آزمون و امتحان چون «هفت خوان رستم»)، خواندن، خواننده.

Таваҷҷуҳ дошта бошед, ки “хор” ба маънои гиёҳшинохтии он («колючки») “вов” надорад, аммо “хор” ба маънои забуну бечораву бадбахт “вови торихӣ” дорад. Пас имлои вожагон маънои онро ҳам таъйин мекунад. Ва ҳамон гуна ки дидем, ин танҳо вежагии забони порсӣ нест, балки дар дигар забонҳои ҳиндуурупоӣ ҳам сидқ мекунад.

***

Дар идомаи мабҳаси “вови торихӣ” ё “вови хомӯш” (ғайрималфуз) ишорае ҳам ба дигар хешовандони забони порсӣ дошта бошем. Аз ҷумла забонҳои исловӣ, ба монанди русӣ, укроинӣ, белорусӣ, булғорӣ, лаҳистонӣ, чекӣ ва ғайра, ки дар ҳамаи онҳо ҳам таркиби “хв”-и порсӣ ба шакли “св” вуҷуд дорад. Ба монанди инглисӣ, ки “хв”-и торихии мо онҷо шакли “sw”-ро дорад. Дар забони сонскрит ҳам, ки хешованди наздики авестоист, “хв” ба шакли “св” мушоҳида мешавад.

Барои онҳое, ки бахши нахусти ин мабҳасро нахондаанд, баихтисор бигӯям, ки суҳбат аз таркиби нивиштории “хв” дар порсист, ки танҳо як садои он (“х”) талаффуз мешавад ва “в” дар он хомӯш аст. Ба монанди

خواب – хоб

خویش – хеш

خوان – хон

خوار – хор

Яке аз ин вожаҳо “худ” аст, ки дар гузашта ба шаклҳои “хвед” ва “хвад” талаффуз мешудааст ва акнун бо уфтодани “в” аз талаффуз бо “у-и кӯтоҳ” талаффуз мешавад. “Хва”-и авестоӣ дар забони сонскрит swa (сва) аст, дақиқан ба ҳамон маънои “худ”. Аз ин тариқ дармеёбем, ки “свой” дар забонҳои исловие чун русӣ бо “худ” аз як реша аст. Дар забонҳои лотинбуни испониёию пуртуғолию итолиёӣ se (се) ба ҳамин маъност. Боз ҳам шоҳиди ибдоли “с” ва “х” ҳастем.

Дар мавориде дар вожаҳои лотин “хв”-и порсӣ ба шакли “qu”сабт шудааст. Ба монанди quest ба маънои дархост ё ҷустуҷӯ, ки ҳамреша бо “хост”-и порсӣ аст:

خواست – quest

Дар натиҷа метавон дарёфт, ки question-и инглисӣ ба маънои “пурсиш” (ки асолатан лотин аст) бо “хоҳиш”-и порсӣ ҳамреша аст.

Дар мақолаи зер, ки порсол нивиштам, ба бархе аз ин мавридҳо бештар пардохтаам.

_____________________________

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

2+

Бифирист

.


*