Забони порсӣ дар остонаи тозиш ва се сада пас аз он

Порсӣ Анҷуман: Нишасти «Забони порсӣ дар се садаи нахусти пас аз тозиш» ба суханронии Алиашраф Содиқӣ, забоншинос ва устоди пешини донишгоҳи Теҳрон, дар рӯзи 27 урдибиҳишти 1388, дар донишкадаи адабиёти донишгоҳи Теҳрон баргузор шуд.

 Номи забони порсӣ ва хостгоҳаш

 Содиқӣ дар оғоз, ба номи забони порсӣ ва хостгоҳи он пардохт ва гуфт, ки хостгоҳи забони порсии дарӣ устони Хуросони куҳан нест. Номи ин забон порсӣ аст ва ҳамон гуна, ки аз ин ном барояд, хостгоҳи порсӣ устони Порс аст.

 Чиро гурӯҳе ба нодуруст порсиро аз Хуросон донанд?

 Сипас ӯ бад-ин пурсиш пардохт, ки чиро гурӯҳе онро аз Хуросон донанд ва дар посух ба таърихи Эрон дар остонаи тозиш ва низ солҳои пас аз тозиш гурез зад ва сухане аз Рӯзбеҳи Додвеҳ ё Ибни Муқаффаъ, аз «Феҳрист»-и Ибни Надим, овард, бад-он ҷой, ки гуфт: забонҳои Эрон [дар остонаи тозиш] панҷ забон будааст: паҳлавӣ, порсӣ, дарӣ, хузӣ, сурӣ (сурёнӣ). Хузӣ думболаи забони иломӣ аст ва то садаи севуми исломӣ дар Хузистон бад-он сухан гуфта мешудааст. Забони иломӣ забонест ҷудосон ва бехешованд дар сартосари торих. Сурӣ низ думболаи оромӣ аст ва аз хонаводаи забонҳои cомӣ, ки дар Осуристон (дили Эроншаҳр) бад-он гуфтугӯ мешудааст.

Содиқӣ пас аз ин ба паҳлавӣ ва порсӣ ва дарӣ дар сухани Рӯзбеҳ пардохт ва барнамуд, ки Рӯзбеҳ «паҳлавӣ»-ро забони мардумони Паҳла донад ва «порсӣ»-ро забони мӯбадон ва бошандагони Порс ва низ донишварону дабирон, ва «дарӣ»-ро забони дар ё дарбор ва пойтахтнишинон (бошандагони Типсун), ки аз миёни забонҳои Хуросониён забони мардумони Балх дар он бештар аст.

Ӯ сипас сухани Рӯзбеҳро чунин гузорид ё гузориш кард, ки Соcониён аз Истахри Порс буданд ва онон забони порсии Истахрро ба ҷойгоҳи забони девон баркашиданд. Бад-он рӯзгор миёни гуфтор ва навиштори порсӣ чандон ҷудосонӣ набуд. Пас аз чанде, Соcониён пойтахтро аз Порс ба Хузистон ва сипас ба Тиспун бурданд, ҷое, ки пештар пойтахти Ашконон ҳам буд. Чунин, забони мардумони Порс бо дарбориён ва девониён ва сипоҳиён ба Тиспун омад, шаҳре, ки гирдогирдаш суризабонон буданд.

 Дигардисии порсиг ба порсӣ

Содиқӣ пас аз ин ба чигунагии баромадани порсии дарӣ аз порсиг (порсии миёна) пардохт ва ёдовар шуд, ки аз Тиспун девониён ва лашкариён ба ҷойҳои гуногуни Эроншаҳр фиристода мешуданд, ба вежа ба Хуросон; чиро ки Хуросон аз садаи чаҳоруми тарсоӣ омоҷи тозишҳои хиюнони биёбонгард буд ва шоҳашоҳони соcонӣ барои нигаҳдошти сомони кишвар чорае ҷуз гусели сипоҳ барои рӯёрӯӣ бо тозишгарон надоштанд. Бад-ин рӯй, подгонҳои пуршумор дар марзҳои Эрон дар Хуросон барпо шуд ва аз гӯшаву канори Эроншаҳр сипоҳ гирд омад ва дар пойтахт омӯзиш дид ва роҳии Хуросон шуд. Ин омадушуди бисёри сипоҳиён ва девониён ва дарбориён, миёни пойтахт ва Хуросон, забони тиспуниёнро забоне омехта кард: забоне, ки бунёдаш аз устони Порс буд ва бо забони паҳлавонии ашконӣ, ки дар Хуросон буд ва низ гӯишҳои дигар аз дигар сарзаминҳои эронӣ омехтагӣ ёфт ва чунин забони порсии гуфторӣ (порсии дарӣ) аз забони порсии навишторӣ (порсиг) дуртар шуд.

 Вомгирии порсӣ аз портӣ ва дигар забонҳои эронӣ

 Ин устоди забоншинос ба думбола гуфт, ки дар Хуросон (аз Марв то Кумс), забони портӣ ё паҳлавии ашконӣ, бо баруфтодани Ашконон, андак-андак ҷойи худро ба порсиг дод, то ин, ки дар садаи шашуми тарсоӣ дигар портӣ забоне зинда ба шумор намерафт. Пас аз чанде, порсиг ҳам андак-андак ҷойи худро ба дисаи гуфториаш (порсӣ) дод. Лек дар ин миён, порсӣ аз портӣ вомҳое чанд бистад. Барои намуна, порсӣ воҷи «ж»-ро аз портӣ гирифт, чи андар порсии Порс воҷи «ж» нест. Чунон вожаи «жарф» дар порсӣ, ки дар порсиг «зафр» будааст. Дар вожаҳои дигар низ ин вомситониро тавон дид, чунон вожаи «ашк» дар порсӣ, ки порсигаш «арс» будааст.

 Пас аз ислом, забонҳои эронии суғдӣ ва хоразмӣ ҳам андак-андак аз Фарорӯдон рахт барбастанд ва ҷойи худро ба порсӣ доданд, лек аз он забонҳои эронӣ низ, чунон портӣ, вожаҳое чанд ба порсӣ андар шуд.

 Забони паҳлавӣ кадом забон аст?

 Содиқӣ сипас ба забони паҳлавӣ пардохт ва онро ҳамон забони портӣ донист, ки пас аз ислом, чун ин забон забоне фаромӯшшуда буд, барои дигарсонӣ ниҳодан миёни порсии куҳантар (порсиг) ва порсии навтар (порсии дарӣ) нахустинро ба нодуруст паҳлавӣ хонданд.

 Дини маздяснӣ ва шоҳаншоҳии соcонӣ ду пуштибони порсиг

 Содиқӣ сипас бад-ин пардохт, ки бо фурӯпошии шоҳаншоҳии соcонӣ ва дар тангно уфтодани дини маздяснӣ забони порсиг ду пуштибони худро аз даст дод ва айвози мӯбадон ва дабироне чанд пуштупаноҳи он шуданд.

 Ал-форсия ва порсӣ

 Содиқӣ барнамуд, ки ъарабҳо забони порсиро «ал-форсия» мегуфтанд ва ҳушдор дод, ки бояд дарнигарист, ки ин «ал-форсия» ҳама ҷой нишонгари порсии дарӣ нест, ки тавонад нишонгари порсиг ё забоне аз забонҳои эронӣ бошад. Рӯйиҳамрафта, ал-форсия нишонгари забони Эрон аст дар баробари забони тозиён (ал-ъарабия).

 Порсӣ дар ъарабӣ

 Устоди пешини донишгоҳи Теҳрон ҳамчунин ба дароиши (нуфузи) порсӣ дар ъарабӣ пардохт ва гуфт, ки ин эрониён буданд, ки аз забоне биёбонӣ ва бодиянишинӣ забони дониш сохтанд. Беш аз 80 дарсад аз навиштаҳои арабиро эрониён навиштаанд. Вожагони пуршумор аз забони порсӣ ба ъарабӣ андар шудааст. Вожаҳои дониширо эрониёне чунон Берунӣ ва Пури Сино ва Розӣ барои ъарабӣ сохтаанд ва сипас ҳамин вожаҳоро мо дар порсӣ ҳам ба кор гирифтаем. Бар ин поя, бармондаҳои (маворис) забони ъарабӣ бармондаҳои эронианд ва ин забонро барои пажӯҳиш дар ториху фарҳанг ва забони Эрон бояд хуб донист.

 Порсии дарӣ, забони эрониён бо ҳар гӯишу забоне

 Содиқӣ сипас барнамуд, ки пас аз тозиш, порсии дарӣ забони навишторӣ ва низ забони миёнҷии ҳамаи эрониён, аз ҳар забон ё гӯиши дигар, будааст. Чунон, ки забони Саъдӣ ё Ҳофиз порсии дарӣ набуда, ки гӯише шерозӣ буда, ки намунаҳои аз он дар девонҳошон бар ҷой монда, ки дигарсон аз порсии дарӣ аст.

 Некбахтии эрониён

 Содиқӣ ин, ки забони Эрон пайвастагии торихии шигифте доштааст аз некбахтиҳо баршумурд ва гуфт, ки яке аз бахтҳои кишвари Эрон ва эрониён ин буда, ки аз рӯзгори Ҳахоманишиён то ба имрӯз пайвастори забонӣ дорем ва забони порсӣ аз он куҳанрӯзгор то ба имрӯз роҳе сарростро паймудааст, чиро ки нахустин шоҳашоҳии Эрон, пас аз модҳо, аз устони Порс баромад ва забони порсӣ забони девон гардид. Пас аз Ашконон, дубора порсӣ аз устони Порс сар бар зад. Сипас, роҳии Хуросон шуд ва аз он ҷой бар сартосари Эроншаҳр тобид.

 Вай ҳамчунин афзуд, ки порсии дарӣ думболаи саррости порсиг (паҳлавӣ) ва он ҳам думболаи саррости порсии бостон аст. Вале, барои намуна, олмонии имрӯз на думболаи саррости олмонии куҳани фарозин аст ва на думболаи саррости олмонии куҳани фурӯдин, ё забони инглисӣ, ки саррости думболаи забони инглисии куҳан нест.
Ин суханрониро дар зер бишнавед:

زبانِ پارسی در آستانه‌ی تازش و سه سده‌ پس از آن

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*