Тунук шудани забон

Аббос Салимии Онгил (дабири коргурӯҳи осебшиносии Порсӣ Анҷуман): Забони ҷавомеъи бадавӣ вожаҳои андаке дорад. Рафта-рафта, бо шаклгирии тамаддун ва падид омадани ниёзҳои гуногун, инсонҳо барои баёни андеша ва эҳсоси худ вожаҳои бештаре сохтанд. Чунонки имрӯза дар забони қабилаҳои бадавӣ дар ҷангалҳои Омрикаи Ҷанубӣ ё ҳар ҷойи дигар, мумкин аст чандсад вожа бештар вуҷуд надошта бошад, ҳол он ки дар бисёре аз забонҳо фарҳангҳое чандҷилдӣ, пайваста, барӯз мешаванд то вожаҳои навсохтаро дар бар гиранд.

 Бо ин ҳол, тӯдаи мардум дар кӯча ва хиёбон, дар гуфтугӯҳои рӯзонаи худ ба шуморе вожаи камубеш мушаххас басанда мекунанд. Ончи дар ин нивиштор меояд, дар дараҷаи нахуст, дар бораи вазъияти забони нивисандагон ва пижӯҳишгарон ва аҳли қалам аст; дар бораи касонест, ки забон танҳо абзорашон нест, ҳадафашон ҳам ҳаст.

 Андешамандон ва шоъирони забони форсӣ ба ин нукта таваҷҷуҳе дархур кардаанд. Адабиёти таълимӣ ва ҳатто дигар анвоъи адабии забони форсӣ саршор аст аз ишора ба аҳаммияти сухан ва сухан гуфтан:

 Ёдгоре к-аз одамизод аст,

 Сухан аст, он дигар ҳама бод аст. Низоми Ганҷавӣ, “Ҳафт пайкар”

 Ғараз ин ки ҳам чи гуфтан ва ҳам чигуна гуфтан, ҳар ду, аз нишонаҳои шукуфоии тамаддун аст. Сирфи расондани паём кофӣ нест, ба вежа барои нивисандагон. Сахта ва пухтанивисӣ камтарин хешкории нивисандагон аст.

 Бетаваҷҷӯҳӣ ба бори маъноии вежаи ҳар вожа ва баҳрагирии бедалел ва беҳуда аз вожаҳои бегона ду костии умдаи нивисандагон ва қаламбадастон аст; костиҳое, ки рӯзбарӯз бештар ва пуррангтар мешавад.

 ****

 Алиф) Лоғар шудани забон (бетаваҷҷуҳӣ ба бори маъноии вежаи ҳар вожа):

 Вожаи дамидастие чун «садо», дар ҷойгоҳҳои гуногун, ба ҷойи вожаҳои зер ба кор меравад:

 Ба ҷойи «ово», «наво», «фарёд», «бонг», «савт», ва …

 Ҳамчунин «садои гиря» ба ҷойи «нола», «мӯя», «заҷҷа», «шеван» ва…

 Ва низ «садои ханда» ба ҷой «қаҳқаҳа», «ғаш-ғаш», «киррукир», «ҳир-ҳир ва кир-кир» ва …

 Сифати «хуб», баста ба ҷумла ва бофтор, ба ҷойи вожаҳои «гӯшнавоз», «чашмнавоз», «дилнишин», «ҷоуфтода», «матин», «зебо», «дақиқ», «писандида», «лаззатбахш», «гиро», «дилрабо» ва даҳҳо ва балки садҳо сифати дигар менишинад.

 Феъли «хӯрдан» ба ҷойи «ошомидан», «нӯшидан», «авборидан», «ҷавидан» (барои одомс), «балъидан», «боло кашидан» (боло кашидани молу маноли касе), «майл кардан», «ҳурт кашидан» ва …

 Ин феҳристро метавон ҳамин тавр идома дод ва даҳҳо вожаи дамидастиро намуна овард, ки ҷойи вожаҳои бисёре ба кор мераванд. Дар инҷо, танҳо намунае аз «исм», «сифат» ва «феъл» оварда шуд.

 Лоғар шудани забони нивисандагон дар «номовоҳо» ва «рангвожаҳо» бештар худро менамояд. Зиндаёд Муҷтабо Абдуллоҳнижод дар ёддошти «Шомлу ошиқи садоҳо буд», ду тарҷумаи Беҳозин ва Шомлу аз румони “Дуни ором”-ро бо ҳамин санҷа, яъне бакоргирии овоҳо ва номовоҳо, муқоиса кардааст ва аз ин назар тарҷумаи Шомлуро беҳтар ва дақиқтар медонад. Ҳамсанҷие миёни номовоҳои ин ду тарҷума (вожаҳои самти чап аз Шомлуст):

 Виз-визи занбӯр, ки Беҳозин ба ҷойи он «хур-хур» оварда;

 Зиқ-зиқи дастаи сатл, ки Беҳозин ба ҷойи он «хаш-хаш» оварда;

 Лаччу лаччи гули ҷода, ки Беҳозин ба ҷойи он «садо» оварда;

 Шир-шири борон, ки Беҳозин ба ҷойи он «ҳамҳама» оварда;

 Хаш-хаши барг, ки Беҳозин ба ҷойи он «ҳамҳама» оварда;

 Чараққу чуруққи молбанд, ки Беҳозин ба ҷойи он «садо» оварда;

 Жиғ-жиғи чархҳои мошин, ки Беҳозин ба ҷойи он «хаш-хаш» оварда;

 Топ-топи по, ки Беҳозин ба ҷойи он «хаш-хаш» оварда;

 Тақ-тақи кафш, ки Беҳозин ба ҷойи он «садо» оварда;

 Ҷаранг-ҷаранги сикка, ки Беҳозин ба ҷойи он «сарусадо» оварда;

 Ҷилинг-ҷилинги зангӯла, ки Беҳозин ба ҷойи он «садо« оварда;

 Малчу малчи даҳон, ки Беҳозин ба ҷойи он «сарусадо» оварда;

 Ғаш-ғаши ханда, ки Беҳозин ба ҷойи он «садо» оварда; [1]

 Рангвожаҳо: ба ҷуз рангвожаҳои пояӣ, садҳо рангвожаи дигар дар забони форсӣ ҳаст: сер, нафтӣ, борутӣ, калаҳғозӣ ва … аз ин назар, тарҷумаҳои зиндаёд Абдуллоҳнижод бисёр ғанӣ ва моявар аст. Анвоъи рангҳо дар тарҷумаи Ҳендерсун шоҳи борон вуҷуд дорад.[2]

 Б) вомвожаҳои шаънзо ва шаънзудо: бархе аз афрод ва табақаҳои иҷтимоъӣ ба ин далел аз вожаҳои бегона баҳра мебаранд, ки ба хаёлашон ин вожаҳо ба онон шаън мебахшад ва бар арҷ ва арзишашон меафзояд, дар айни ҳол, мумкин аст баҳрагирӣ аз ин вожаҳои бегона дар табақаҳои фарҳехтатари иҷтимоъӣ шаънзудо бошад ва нишондиҳандаи тиҳӣ будан ва камсаводӣ бошад. Нивисандагон ва пижӯҳишгарон қоъидатан аз табақотеанд, ки бакоргирии вожаҳои бегона барояшон шаъне намеоварад ва бегумон аз шаънашон мекоҳад. Бо ин ҳол, кам нестанд нивисандагон ва қаламзаноне, ки дар ёддоштҳо ва ҷусторҳояшон, чи дар фазои маҷозӣ ва чи дар расонаҳои нивишторӣ, вожаҳои бегонаро ба кор мебаранд.

 Аз релакс ва шу-оф ва тойм ва кийс ва торгет ва риакшен ва федбак ва фриз ва эгзҷера то феълҳое чун трой кардан ва ҳандел кардан ва … дар нивиштаҳои нивисандагон ба чашм мехӯрад. Ҳеч кудом аз ин вожаҳо, вожаҳои илмӣ нестанд, ки дар корбурдашон боистагӣ бошад.

 Баҳрагирӣ аз вожаҳои бегона гоҳе ба марги вожаҳои забони форсӣ меанҷомад ва гоҳе ҳам онҳоро аз такуто меандозад. Вожаи «релакс» имрӯза ба ҷойи вожаҳои «хунсард», «хештандор», «ором», «чира» ва … ба кор меравад. Ҳамчунин, феъли «релакс кардан» ҷойи «истироҳат кардан» ва «орамидан» ва «осудан» ва …ро гирифтааст; ҳамонанди рухдоде, ки пештар барои «хурсанд» ва «хушнуд» уфтод ва вожаҳои арабии «қонеъ» ва «розӣ» ҷойи ин ду вожаро гирифтанд.

Понавишт

  1. Ба «инҷо» бингаред.
  2. Бингаред ба румони Белу, Сол. Ҳендерсун шоҳи борон, тарҷумаи Муҷтабо Абдуллоҳнижод, Теҳрон: Нашри нав, 1396

    ——————————————————————————————————————————

    Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*