Деҳқони фасеҳи порсизод (бахши нахуст)

 Мустафо Насирӣ

1

 Ҳаким Абумуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закӣ ибн-ул-Муъайяд, маъруф ба Низомии Ганҷавӣ, яке аз панҷ шоъири бузурги эронӣ дар қарнҳои 6-7-и ҳиҷрист, ки баъд аз Фирдавсӣ, чи басо дар санҷа бо се шоъири дигар (Мавлавӣ, Ҳофиз ва Саъдӣ), аз худогоҳии жарфтаре нисбат ба мафҳуми Эрон бархурдор буда ва дар партави он, яке аз пуровозатарин таъобир аз Эронро бар сари забонҳо андохтааст. Иғроқ нахоҳад буд агар бигӯем мисраъи «Ҳама олам тан асту Эрон дил» имрӯза ҳамон маъруфият ва маҳбубиятеро дорад, ки мисраъи «Чу Эрон набошад тани ман мабод» дорад. Албатта, ишора ба ин ки эроногоҳии Низомии Ганҷавӣ, жарфтар аз се шоъири дигар буда, ба ин маънӣ нест, ки онҳо нисбат ба Эрон ба унвони як ҳавзаи тамаддунӣ ва як ҳавзаи сиёсӣ-фарҳангии мустақил ва мутамойиз аз дастгоҳи хилофат, огоҳӣ надоштаанд ё камтар доштаанд. Воқеъият ин аст, ки ин шоъирон низ ҳар кудом ба таъбире ва баёне, дарки худ аз ҷаҳони эрониро ба шеваи худ табйин ва тавсиф кардаанд. Осори ин шоъирони панҷгонаи эронӣ, ки имрӯз қуллаҳои буланди адаб ва фарҳанги Эроншаҳрианд, аз ин ҳайс аҳаммият ва арзиши зиёде доранд, ки онҳо ва бархе дигар, ба хилофи ҳежмунии сиёсӣ ва илмии забони арабӣ дар садаҳои аввалияи ҳиҷрӣ, андеша ва эҳсоси худро танҳо бо забони форсӣ баён карданд, ки дар сурати навойини худ, ба забони ойинӣ, тамаддунӣ ва расмӣ дар саросари Эрони бузург табдил шуда ва гӯйи рақобатро ошкоро дар сарзаминҳои шарқии хилофат, аз сақофат ва забони арабӣ рубуда буд. Фосилаи рӯйи кор омадани аввалин силсилаҳои ҳокимияти эронӣ аз авоили садаи севум, то давраи нуфуз ва қудратгирии силсилаҳои туркитабор монанди Ғазнавиён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён дар садаҳои чаҳорум ва панҷум, ки ба тасбити сиёсии Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён анҷомид, давраест, ки аз ҳайси таъйини натиҷаи ниҳоии пайкори фарҳанги эронӣ ва арабӣ бисёр ҳоизи аҳаммият аст. Дар давраи ёдшуда, ки унсури туркӣ ҳамвора ба унвони омили лағзанда миёни ҷараёни аслии рақобати эронӣ ва арабӣ амал мекард, фарҳанги эронӣ ва муҳиммтарин ҳомили он забони форсӣ ба масобаи рақибе сарсахт барои забони арабӣ буд, ки саранҷом гӯйи ин рақобатро дар шароите рубуд, ки ҳатто шибҳиривоёти қобили таваҷҷуҳе бар леҳи забон ва сақофати арабӣ ва тарғиб ба он, ва алайҳи забони форсӣ ва лузуми рӯйгардонӣ аз он, ҷаъл шуда буд. Лозим ба ёдоварист, ки туркон дар ин саҳнаи печида ва чандлояи пайкори сиёсӣ, низомӣ ва фарҳангӣ, фоқиди ҳар гуна доштаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ буданд ва ба ҳамин далел забони туркӣ аз ҳайси фарҳангӣ, худро бо забони форсӣ тағзия кард ва парваронд. Ин ки забонҳое мисли туркӣ бидуни ирҷоъ ба забони форсӣ қобил фаҳм ва тавзеҳ нахоҳанд буд, воқеъиятест, ки Мулло Муҳаммад Фузӯлӣ онро фаҳмида ва тавзеҳ додааст. Фузӯлӣ мегӯяд аз ин ҷиҳат бештар шеърҳои ӯ форсист, ки изҳори маъонии зариф бо алфози хашини туркӣ мумкин нест ва агар бахт ёри ӯ шавад, коре хоҳад кард то шукуфаи шеър дар навбаҳорон аз дарахти пурхори туркӣ низ бирӯяд. Таҷрибаи девони шеъри Фузулӣ нишон медиҳад, ки бахт ёри ӯ нашуд ва мазомину алфози шеърҳояш, ба таъбире, ки дар идома аз Моршол Ҳочсун хоҳем овард, аксаран «persianate» ё эроншаҳрист: барои намуна агар дар байти зер аз эшон диққат кунем, ҷуз ду феъл «улсо ва улмо», бақияи вожагони он форсӣ-арабист ва болотар аз он, мазмуни шеъриаш, ҳамон мазмуни эронии «ғарра нашудан ба мавқеъиятҳои гузаро» аст, ки ҳар кадом аз шоъирони эронӣ ба наҳве онро сурудаанд (Девони Фузӯлӣ, Муҳаммад Ҳусайн Садиқ, с. 682 ва 685):

     Улсо мақсудунҷо даврон фалак бир нича гун

     Улмо мағрур, эй ки ҳоли даҳр равшандир сано

 Моршол Ҳочсун дар китоби бисёр муҳимми худ бо номи «The venture of islam», ки ахиран таҳти унвони «Мағомират-ул-ислом» ба арабӣ тарҷума шудааст, ин нуктаро бо истилоҳи «persianate» баён карда ва мутарҷими арабӣ низ онро ба «ал-форисотия» баргардондааст.(Муғомират-ул-ислом, ҷ. 2, с. 429 ва 430). Аз истилоҳоти масъаласози Ҳочсун дар китоби ёдшуда, мафоҳиме аз қабили «islamic» ва «islamicate» ва низ «persian» ва «persianate» аст, ки хонандагонро бо мушкили фаҳм, ва муҳиммтар аз он, бо мушкили тарҷума мувоҷеҳ месохт. Бино бар тавзеҳи мутарҷими арабӣ Усома Ғоваҷӣ дар муқаддима, манзур аз islamic ҳамаи он чизҳоест, ки мустақиман ба ислом бармегардад, монанди Қурон ва аҳодис ва ҳар ончи, ки мустақиман ба мутун ва манобеъи аввалияи дин бармегардад ё аз онҳо ношӣ мешавад. Аммо islamicate ҳамаи он маворидест, ки дар як ҷомеъаи исломӣ тавлид мешавад. Ба унвони мисол ашъори касоне монанди Шофеъӣ, ки рабти мустақиме бо манобеъи дин дорад, ҷузве аз islamic аст, вале ашъори Абӯнувоси Аҳвозӣ, ки бахши зиёде аз онҳо хамриёт аст, ҷузве аз islamicate ё «исломотия» аст. Бар ҳамин сиёқ, ҳамаи адабиёте, ки дар забони форсӣ тавлид шуда, машмули persian аст, вале адабиёте, ки (лафзан ва мазмунан) таҳти таъсири забони форсӣ дар соири забонҳои роиҷ дар ҳавзаи тамаддунии исломӣ ба сурати омм, ва ҳавзаи тамаддунии Эрон ба сурати хосс, тавлид ва анбошт шуда, persianate ё эроншаҳрона аст. Мусташриқин вақте аз берун ба Эрон менигаранд, онро бо ном Persian таъриф мекунанд. Аммо агар метавонистанд аз дарун бингаранд, бе тардид дар ин сурат аз унвони «Эроншаҳр» истифода мекарданд. Дар партави истилоҳи Ҳочсун ин як воқеъияти исботшуда аст, ки ончи дар забони арабӣ дар садаҳои аввалияи исломӣ (бавежа дар сарзаминҳои шарқӣ) тавлид ва анбошт шуда, ва низ ончи дар забонҳои маҳаллӣ мисли туркӣ (Ҳочсун, с. 429) пас аз вуруд дар ҳавзаи тамаддунии Эрон тавлид ва анбошт шуда, ҳамагӣ дар ваҷҳи ғолиб, persianate (форсиётӣ ё эроншаҳрона) аст. Ба баёне дигар, ҳама адабиёте, ки дар ҷаҳони ислом тавлид шуда, аз як ҷиҳати омм, исломиётист. Аммо аз як ҷиҳати хосс, бо таваҷҷуҳ ба нуфузи фарҳанг ва андешаи эроншаҳрӣ дар куллияти тамаддуни исломӣ, бавежа дар сарзаминҳои шарқӣ, адабиёти эроншаҳрона низ аст. Яке аз масодиқи муҳимми persianate дар забони туркиро Маҳмуди Кошғарӣ дар девони “Луғот-ул-турк” зайли мадхали «байрам-ид» оварда ва таъкид кардааст, ки туркон дар давраи ҷоҳилийяти худ, давраи қабл аз вуруди онон ба ҳавзаи тамаддунии Эрон, на муносибати ид доштанд ва на калимае барои он мешинохтанд. Ба нивиштаи Кошғарӣ, туркон пас аз вуруд дар ҳавзаи тамаддунии Эрон буд, ки бо исм ва мазмуни ид ошно шуда ва калимаи байрамро аз «пидрам-пидром»-и форсӣ ба маънии суруру шодмонӣ ахз карданд. Бадеҳист, ки туркон бо чунин сибғаи фарҳангӣ, ки Кошғарӣ табйин карда, наметавонистанд дар пайкори фарҳангӣ, чи бо фарҳанги арабӣ ва чи форсӣ, вуруде дошта бошанд, ва ба ҳамин далел нерӯи худро бештар дар арсаи пайкори сиёсӣ-низомӣ басиҷ карданд, ки қудрати ҷанговарӣ ва рӯҳияи хушунат, мазийяти бузурги онон буд. Робита байни асабийяти нижодӣ ва хушунатро Ибни Халдун дар муқоисаи тамоюзоти умрони бадавӣ ва умрони ҳазарӣ ковидааст. Мутобиқи назари вай, ақвоми бадавӣ ба далоиле, ки ӯ тавзеҳ дода, бисёр хашинтар аз ақвоми ҳазарӣ буда ва ба ҳамин далел аст, ки як гурӯҳи кӯчаки бадавӣ, дар ҷанги низомӣ бар ҷамъи бисёр бузурге аз мардумони мутамаддин ва фарҳехта пирӯз мешаванд. Вале дар пайкори фарҳангӣ натиҷа акс аст. Дуктур Яҳё Муҳаммад, мусаҳҳеҳи нусхае аз китоби «Торихи давлати Оли Салҷуқ» дар муқаддимаи пижӯҳидае, ки бар ин китоб нивишта, ба нуктаи бисёр муҳимме ишора карда ва вуруди туркони навхостаи саршор аз нерӯи бадавият ва хушунат дар наҷди Эронро аз муҳиммтарин шонсҳои хилофати Аббосӣ донистааст (Дор-ул-кутуб-ул-илмия, Бейрут: 2004, с. 3). Зеро хилофати Аббосӣ бо истифода аз нерӯи хушунати бадавии туркони тозаворид ба наҷди Эрон, нахуст ҳукуматҳои мустақили эрониро барандохтанд ва сипас дар сарзаминҳои ғарбӣ, сипоҳи Бизонсро ақиб ронда ва натиҷаи ҷанги Малозгирдро ба нафъи дастгоҳи хилофат рақам заданд. Дар китоби “Торихи давлати Оли Салҷуқ” санади бисёр равшане вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, халифаи Аббосӣ, роҳи интиқоли ҳокимият аз хонадонҳои эронӣ ба турконро ҳамвор кардааст. Дар воқеъ халифаи Аббосӣ бино бар бархе салоҳдидҳои сиёсӣ, тасмим гирифт бадавиятро дар Хуросон ҷойгузини маданият бикунад. Хуросон, ки аз як сӯ дар интиқоли хилофат аз Бани Умайя ба Бани Аббос нақше ягона дошт, ва аз сӯи дигар, конуни растохез ва пайкори фарҳангии эрониён шуда буд, барои хилофати Аббосӣ конуни як хатари билқувва буд ва ба ҳамин далел идомаи раванди густариш ва тақвияти ҳукуматҳои эронӣ қобили таҳаммул набуд.

 Имодуддин Исфаҳонӣ муаллифи китоби “Торихи давлати Оли Салҷуқ” дар зикри ҳаводиси марбут ба чигунагии ғалабаи туркони салҷуқӣ бар Хуросони бузург, ба номаи бисёр муҳимме ишора кардааст, ки халифа дар соли 429-и ҳиҷрӣ, ба Туғрулбег навиштааст. Ирсоли нома аз сӯи халифа ба Туғрул, ҳарчанд барои изҳори норизоятӣ нисбат ба куштору ғорат дар моҳи ҳаром, гувоҳи равшани ба расмият шинохта шудани бадавият аз сӯи дастгоҳи хилофат ва тарҷеҳи он бар маданият аст. Туғрул пас аз нишастан бар тахти Сабуктекин, бо ироаи ин нома ба мардум, машрӯъияти худро эълом кард ва гуфт, ки инак номаи халифаи воҷиб-ут-тоъаро дар даст дорад, ки тавлияти инҷоро ба туркон сипурдааст. Туғрул сипас номаеро барои халифа ирсол кард ва дар он барои фурӯ хобондани хашми халифа, ки аз адами риъояти ҳурмати моҳи рамазон мунзаҷир шуда буд, ва бо ҳадафи ҷалби эътимоди ӯ, таъкид кард, ки Ибни Яминуддавла аз роҳи хайр ва рашод баргашта ва қадам дар роҳи саркашӣ ва шарр гузошта буд. Туғрул дар поёни ин нома таъаҳҳуд кард, ки туркон дар фармон ва бандагии халифа хоҳанд буд. (ҳамон, с. 186)

 Боре ва бо ин ҳама, ба мизоне, ки забон ва сақофати арабӣ дар сарзаминҳои ғарбии хилофат, бидуни монеъи ҷиддӣ пеш рафт ва худро бар забонҳо ва фарҳангҳои сарзаминҳои фатҳшуда бартарӣ дод ва ҳоким сохт, аммо дар ҷабҳаи шарқӣ вазъият ба гунае дигар буд, зеро эрониён тавонистанд миёни омӯзаҳои динӣ аз як сӯ, ва забону фарҳанги ҳомили он аз сӯи дигар, тамоюзи равшане бигузоранд. Бо фосилагузорӣ миёни дини ислом ва забону сақофати арабӣ, эрониён тавонистанд дини исломро аз ҳомили арабии он мунфак карда ва аз забони форсӣ маҳмиле барои фаҳми инсонгароёна аз он бисозанд. Ҳарчанд равшанфикроне монанди Муҳаммади Аркун, бо ирҷоъе ба осори андешамандони эронии арабинивис, монанди Ибни Мискавейҳ ва Абуҳайёни Тавҳидӣ талош карданд, ки андешае умонистӣ (ал-инсана) барои «ал-факрат-ул-арабия» ироа бидиҳанд, аммо тардиде нест, ки аз миёни арабӣ ва форсӣ ба масобаи ду забони фарҳангӣ, илмӣ, девонӣ ва ойинӣ дар дунёи ислом, дарунмояи инсонгароӣ ва мудоро, дар адаби форсӣ қобили қиёс бо адаби арабӣ набуд ва нест. Ниёзе ба тавзеҳ нест, ки бахши бузурге аз дарунмояҳои инсонӣ дар адаби арабӣ низ форсотия ё эроншаҳрона аст. Дар воқеъ ба сиёқи тамоюзе, ки Моршол Ҳочсун миёни ду амри исломӣ ва исломотӣ гузошт, метавон гуфт забон ва сақофати арабӣ-исломӣ ба масобаи «arabic – islamic», бисёр лоғартар аз забон ва фарҳанги арабӣ-исломӣ ба масобаи «arabicate – islamicate» аст. Ҳамаи нивисандагони торихи илму адаб дар олами исломӣ (монанди Ибни Халдун, Ҷаҳишёрӣ, Ибни Надим, Абуфараҷи Исфаҳонӣ, Ал-утобӣ ва …) изъони сареҳ доранд, ки тамаддуни исломӣ ба масобаи исломотӣ, комилан першеноят ё эроншаҳрона аст. Дар ин бора доварии Ал-утобӣ адиби маъруфи садаи севум, бисёр маъруф ва равшангар аст, ки; «Ал-луғати лано ва ал-маъони лаҳум, яъне забон аз они мо (арабон) ва маъонӣ моли онҳо (эрониён) аст. (Аҳмади Амин, Заҳиюлислом, с. 57). Ин баҳс аз ин ҷиҳат аҳаммият дорад, ки барои фаҳми ағрози шоъирон ва нивисандагони садаҳои аввалияи исломӣ, мебоист бидонем, ки онҳо дар чи ҷаҳоне ва тамаддуне зиндагӣ мекарданд ва агар дар баробари пурсишҳои имрӯзӣ (аз навъи аҳли куҷоӣ?) қарор мегирифтанд, худро аҳли куҷо муаррифӣ мекарданд? Бино бар ин калиди вуруд дар осори Низомии Ганҷавӣ ва дарки он, шинохти дунёест, ки Низомӣ дар он зистааст.

 Дар ин ганҷнома зи рози ҷаҳон

 Калиди басе ганҷ дорам ниҳон.

 Касе к-ин калиди зар орад ба даст,

 Тилисми басе ганҷ донад шикаст.

 Ба ростӣ агар Низомӣ дар баробари пурсише аз навъи «аҳли куҷоӣ» қарор мегирифт, чи посухе медод? Усулан дар мавзеъи замонӣ-маконӣ, ки Низомии Ганҷавӣ дар он қарор гирифта буд, оё чандин дунёи сиёсӣ ва фарҳангӣ вуҷуд дошт? Ё барои амсоли Низомӣ фақат як дунёи ғайриарабӣ вуҷуд дошт? Ба баёне дақиқтар оё дар пайкори фарҳангии эронӣ-арабӣ, ки Низомии Ганҷавӣ бо ҳама тавон дар ҷабҳаи эронӣ буд, дунёи севум (туркӣ) низ қобили тасаввур буд, ки метавонист амсоли ӯро бипарваронад?

2

 Иқдоми Сомониён дар ахзи ҷавози шаръӣ аз уламои фиқҳи ҳанафӣ дар Хуросони бузург барои тарҷумаи мутуни динӣ ва авроди ибодӣ ба забони форсӣ, сиёсати ҳушмандонае буд, ки монеъи динии эҷодшуда алайҳи забони форсиро то ҳадди зиёде аз сари роҳ бардошт. Ва дар канори он, табдили дубораи девонҳои арабишуда ба забони форсӣ дар Эронзамин, мавқеъияти сиёсӣ, илмӣ ва адабии ин забонро тасбит кард. Ин ду омил дар канори фуқдони сибғаи фарҳангии забони туркӣ, боис шуд мавқеъияти забони форсӣ ба хилофи интиқоли ҳокимияти сиёсӣ аз эрониён ба туркон, дучори тазалзул нашавад. Мазид бар авомиле, ки зикр шуд, аз таҷрибаҳои торихии бисёр муваффақи эрониён, ин буд, ки фарҳанги хирадпоя тадвин карда буданд, ки имкони ҳамнишинӣ бо адёни мухталифро дошт. Интиқоли ин фарҳанги хирадпоя аз давраи соcонӣ ба давраи исломӣ, аз муҳимтарин имконоти эрониён дар пайкор бо сақофати арабӣ буд. Ин вежагӣ боис шуд эрониён дар айни ҷабҳагирӣ дар муқобили сақофати арабӣ, дар муқобили омӯзаҳои динии исломӣ қарор нагирифтанд ва дар натиҷа шуъубият дар куллияти худ ҷараёне адолатгаро ва мухолифи ҳежмунии арабӣ монд. Эрониён дар интиқоли аносире аз фарҳанг ва андешаи эроншаҳрӣ ба давраи исломӣ, сибғаи зартуштиятро бо ҳушмандии Ибни Муқаффаъ аз онҳо зудуданд то бо масбуғи исломӣ носозгорӣ эҷод накунад. Ин таҷриба кумак кард, ҳамзамон дар пазириши омӯзаҳои исломӣ низ, онро аз сибғаи сақофати арабӣ перостанд, ва зимни пазириши аввалӣ, дувумиро вониҳода ва дини ҷадидро бо фарҳанги эронӣ мамзуҷ ва масбуғ карда ва аз забони форсӣ маҳмиле ҷадид барои он сохтанд, ки аз он ба «исломи эронӣ» таъбир шудааст. Дарки мафҳуми исломи эронӣ, аз ин ҳайс, ки фаҳми печидагии мавзеъи дугонаи «дарун-берун»-и Эрон дар ҷаҳони ислом манут ба фаҳми он мебошад, дорои аҳаммияти зиёдест. Шояд ин нуктаро ҳеч тавзеҳе беҳтар аз байти Лутфъалии Озари Бегдилӣ нишон надиҳад:

 Дар тавфи ҳарам дидам, дӣ муғбачае мегуфт:

 Ин хона бад-ин хубӣ, оташкада боистӣ.

 Озар дар ин байти маъруф, миёни имони исломӣ (хонаи Каъба) ва фарҳанги эроншаҳрӣ (оташкада) талфиқ эҷод кардааст. Ҷолиб ин ки Озар аз туркони Шомлу буд, ки хонаводаи вай дар гузари замон эронӣ шудааст. Ӯ, ки дар кӯдакӣ фитнаи афғононро дарк карда ва хотирае аз суқут ва инҳитот дошт, муддате дар дастгоҳи Зандия ва Афшория ба шуғли девонӣ машғул буд. Аз ҷавонӣ сурудани шеърро оғоз кард ва пас аз таҷрибаи чандин тахаллуси шеърӣ, дар ниҳоят тахаллуси «Озар»-ро баргузид. Аз эронгароии ӯ ҳамин бас, ки ашъори боқимонда аз вай, моломол аз мӯяи ҳасратмандона барои инҳитоти Эрон аст:

 Даври Ҷамшед ба Заҳҳок расид,

 Шуд Ҷам узҳукаи даврон чи кунам?

 Гашта ҳар морею ҳар мӯре мир,

 Ҳар салита шуда султон чи кунам?

 Қиссаи олами вайрон гуфтам,

 Шарҳи вайронии Эрон чи кунам?

 Шуд бубин ҷойи каён, ҷойи киён,

 Ҳон, ба носозии геҳон чи кунам?

 Бежанам, дар чаҳи Турону зи ман

 Бехабар хусрави Эрон чи кунам?

 Озар дар шеъри дигаре, бо ишорае ба расми подшоҳӣ дар андешаи эроншаҳрӣ, ки «дастгирӣ аз уфтодагон, дармони дарди бедилон ва марҳами захми бекасон» буд, ҳокимони баъдиро лоиқи ҳукмронӣ бар Эронзамин надониста ва онро навъе тақдир ба шумор овардааст:

 На инон, к-аз қазои осмонӣ

 Кунун дар шаҳри Эрон шаҳриёранд.

 Ба шаҳре чун раванд, аз шаҳр онҷо

 Зи худ нокастареро баргуморанд.

 Ғараз ойини мардӣ ин набошад,

 Ки мардон ҷон ба номардон супоранд.

 Озар дар хилоли қасидаи буланде, ки бахше аз он дар мадҳи Каримхон аст, абётеро низ дар бораи қишрӣ шудани дин сурудааст:

 Ба шайхи шаҳр фақири зи ҷӯъ бурд паноҳ

 Ба ин умед, ки аз ҷӯд, хоҳадаш хон дод.

 Ҳазор масъала пурсид аз масоилу гуфт,

 Ки гар ҷавоб нагӯӣ, набоядат нон дод.

 Надошт ҳоли ҷадал он фақир, шайхи ғаюр

 Бибурд обашу нонаш надод то ҷон дод.

 Аҷаб, ки бо ҳама доноӣ ин намедонист,

 Ки Ҳақ ба банда, на рӯзӣ ба шарти имон дод.

 Ману мулозимати остони пири муғон,

 Ки ҷоми май ба кафи кофару мусалмон дод.

Ишораи кӯтоҳ ба намунаи Озар аз ин ҷиҳат аҳаммият дорад, ки вай намунаи боризе аз муҳоҷирон ва муҳоҷимонест, ки дар як раванди торихӣ, эронӣ шуда ва ба хидматгузории фарҳанг ва андешаи эроншаҳрӣ даромаданд ва баъдҳо низ ҳеч гоҳ дар вазъияти интихоб миёни эроният ва туркият қарор нагирифтанд. Озар достонеро дар бораи ин мазмун, ки аз ҳар рӯз бадтаре, ки тасаввур шавад, бадтар аз он низ мутасаввир аст, достонеро дар бораи туркон мегӯяд, ки нишондиҳандаи нигоҳи ӯст. Туркон иддаеро дастгир карда ва бо худ мебурданд. Дар миёни дастгиршудагон марде низ буд, ки писаронаш низ дастгир шуда буданд. Пирамард аз дидани чунин рӯзи баде бар бахту иқболи худ нафрин мекард. Оқилмарде ба ӯ мегӯяд, ки бадтар аз ин низ мумкин аст ва он мард инкор мекунад, ки бадтар аз ин низ бошад. Ба ҳар рӯй, ҳангоми ғизо мерасад. Туркон дар он биёбони кавирӣ санге пайдо намекунанд то зери дег гузошта ва шӯрбое бипазанд, бино бар ин сари се тан аз асиронро бурида ва дегро рӯй онҳо мегузоранд. Озар бо чунин достоне ба он марди мункир мефаҳмонад, ки аз ҳар «бад, батаре дар ҷаҳон» мутасаввир аст. Чунин рӯйкарде, ки рӯйкарди омм дар фарҳанг ва адаби эронист, нишон медиҳад, ки амсоли Озар, ба хилофи ин ки табори турк доштанд, аммо комилан эронӣ шуда буданд ва ҳаргиз худро турк эҳсос намекарданд. Вақте Озар, ки дар насаби туркии вай хилофе нест, чизе ғайриэронӣ дар ашъор ва осори худ надорад, ба тариқи авло дар Низомии Ганҷавӣ низ, ки насаби эронии ӯ комилан равшан аст, чизе бо сибғаи туркият наметавон ёфт.

 Боре чунончи гузашт, рамзи ин ки забони форсӣ дар ақсо-нуқоти Эрони бузург ба забони муштарак миёни мардуми одӣ табдил шуд, ин буд, ки ин забон бо ҷавози фуқаҳои ҳанафии Хуросони Бузург ба забони ойинӣ табдил шуд ва ин муқаддимае барои имкони анбошти баъдии улум дар забони форсӣ буд. Медонем, ки Абурайҳони Берунӣ дар оғози кораш гуфта буд, душном ба забони арабиро бар тамҷид ба забони форсӣ тарҷеҳ медиҳад. Аммо дидем, ки эшон низ дар идома, зимни таъкид бар ин ки «аҳли Хоразм шохае аз дарахти танӯманди эроншаҳрӣ ҳастанд… (Ал-осор-ул-боқия, Парвизи Азкоӣ, с. 57)», аз ҷумлаи касоне шуд, ки ба забони форсӣ нивишт ва ба анбошти илмӣ дар он кумак кард. Бадеҳист, ки омӯзиш ва фаҳми забони форсӣ барои мардумони эронӣ ва туркони эронишуда, бисёр роҳаттар аз забони арабӣ буд. Бад-ин тартиб туркон низ забони форсиро барои умури девонии худ баргузиданд ва ба андешамандон ва шоъирон, вифқи расми маъҳуди дарбор майдон доданд. Ва маъоло он шуд, ки эрониён бо бозгашт ба сангар нижодагии эронӣ, тавонистанд бо фарҳанги эроншаҳрӣ ва забони форсӣ дар ҳавзаи фарҳангӣ пойдорӣ кунанд ва дар натиҷа он турконро, ки бо фақри фарҳангӣ мувоҷеҳ буданд, ба самти фарҳанги эронӣ ҷазб ва аз онҳо коргузороне барои андеша ва фарҳанги эронӣ сохтанд, ки Озари Бегдилӣ намунае аз онҳо буд. Тасбити дунёи эронӣ ва мавқеъияти забони форси ба унвони забони миллӣ (ба маънии забоне, ки аксарияти мардум онро мефҳмиданд), забони тамаддунӣ ва ойинии ин дунё, худ дастоварди пайкоре буд, ки аз нимаи дувуми садаи аввали ҳиҷрӣ, бо шоъирони арабисарое монанди Исмоил ибни Ясори Нисоӣ ва Башшор ибни Бурд ва …, оғоз шуда буд. Ба баёне дигар, бо тасбити эроният, ки дар мафҳуми «фурс» падидор шуда буд, мавқеъияти ба вуҷуд омад, ки пайкори фарҳангии ёдшуда, ба зудӣ ба як растохези иҷтимоӣ табдил шавад, ва дар идома бо зуҳури Рӯзбеҳи эронӣ Ибни Муқаффаъ дар уфуқи андешаи эроншаҳрӣ ва пӯяндагони пас аз вай, фарҳанг ва андешаи эроншаҳрӣ ба як низоми мафоҳими танӯманд дар батни забони арабӣ даромад, ва онро аз дарун тасхир ва бо мазомини эроншаҳрӣ обистан кард, ва маъоло, фарҳанг ва андешаи эроншаҳрӣ дар фосилаи нимаи дувуми садаи аввал то растохези забони форсӣ дар садаи чаҳорум, дар батн ва матни забони арабӣ, ва низ дар рӯҳу замири эрониён зинда монд, ва саранҷом бо эҳёи навойини забони форсӣ ба дасти Ҳакими Тӯс ва дигар сарояндагон ва нивисандагони пояӣ, аз ошёнаи муваққати забони арабӣ берун омад ва бо болҳои форсии навойин ба чунон авҷе пар кашид, ки дигар дасти ҳар муҳоҷир ва муҳоҷиме аз он кӯтоҳ монд. Ин нигоҳи гузаро ба таҳаввулоти асосии чанд садаи аввали ҳиҷрӣ, ба хубӣ нишон медиҳад, ки ба рағми вуруди ихлолгаронаи туркон, он ҳувийяти фарҳангӣ, ки дар садаҳои аввалияи ҳиҷрӣ дар Эронзамин шакл гирифт, ҳувийяти эронӣ бо ҳомилияти забони форсист, ки забоне тамаддунӣ (илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ), ойинӣ ва миллӣ буд. Бино бар ин ҳамаи касоне ҳам, ки дар ин дунёи мутамоиз аз дунёи арабӣ болиданд ва онро намояндагӣ карданд, ҳамагӣ эронӣ буданд. Чи онҳо, ки арабинивис (ё дузабона) монданд, чи онҳо, ки форсинивис шуданд. Чи онҳо ки ба сурати торихӣ эронӣ буданд (мисли Низомӣ), ва чи касоне аз насли муҳоҷирон ва муҳоҷимоне, ки дар гузари замон дар фарҳанг ва андешаи эронӣ ҷазб ва эронӣ шуданд (мисли Озари Бегдилӣ).

 Инак тавонем гуфт, ки шоъирони панҷгонаи бузурги забони форсӣ ва бузургони дигаре монанди Рӯдакӣ ва Саноӣ ва Аттор ва Хайём ва Ҷомӣ ва Носири Хусрав ва Хоҷуи Кирмонӣ ва … ҳамчунонки осори онҳо нишон медиҳад ҳамагӣ ба дунёи эронӣ таъаллуқ доштанд. Ҳамагӣ аз торих, тамаддун ва фарҳанги ин дунё илҳом гирифтанд, барои он андеша карданд, шеър суруданд, китоб навиштанд, офариниши ҳунарӣ карданд. Ё ба баёне муҳим аз Мавлавӣ дар “Девони Шамс», дунёи онҳо дунёи форсизабонон буд, ки «шикархӯрӣ»-ро танҳо бо онҳо ва бо забони форсӣ раво мешумурданд, ки забони муштараки ҳамаи эрониён буд:

 Мусалмонон, мусалмонон забони форсӣ гӯям,

 Ки набвад шарт дар ҷамъе, шикар хӯрдан ба танҳоӣ.

 Мазмуни «шакархорӣ бо забони форси» ба забони сиёсат, яъне ин ки форсӣ забонест, ки ҳамаи эрониён бо он ба як мантиқи гуфторӣ, ки «миллӣ» аст, даст пайдо мекунанд. Касоне, ки миллӣ будан ва расмӣ будани забони форсӣ дар беш аз як ҳазораи гузаштаро инкор мекунанд ва мақому мавқеъияти расмӣ ва миллии онро ба давраи паҳлавиҳо фурӯмекоҳанд, ошкоро аз дарки ин нукта тағофул мекунанд, ки ҳеч кудом аз он садҳо шоъир ва нивисандаи бузург, ҳамон тавр ки Ибни Асир дар бораи Фирдавсӣ гуфтааст, ҳаргиз шоъирони ормонҳо ва нивисандагони торихи қавмҳо ва қабилаҳои худ набуданд, балки ҳар кудом ҷудо аз забон ва фарҳанги маҳаллии худ, ба унвони шоъирони ормонҳои миллии эрониён ва нивисандагони торихи пайвастаи кулли бузурге ба номи «Эроншаҳр» буданд. Онҳо ҳама эрониёнро бидуни таваҷҷуҳ ба қавмият ва забони онҳо, дар ҷой-ҷойи ин густараи бузург, мухотаби худ, ё шарики шакархории ҷамъӣ қарор доданд, ва ин танҳо замоне мумкин шуд, ки забони форсии ақвоми эронӣ дар густараи васеъе наҷди Эронро ба ҳам пайваста буд. Силсилаҳое монанди Салҷуқиён ва Илхонон, аз даруни ҷомеъаи Эрон барнаёмаданд, балки ҳар ду аз тариқи «тақаллуб» бар умуроти Эрон мусаллат шуданд. Бино бар ин онҳо ҳаргиз дар оғози истилои худ, хидматгузорони забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ набуданд, ва чунончи аз муқаддимаи «Торихи Ҷаҳонгушой»-и Ҷувайнӣ ва «Ҷомеъ-ут-таворих»- Рашидуддин Фазлуллоҳи Ҳамадонӣ ҳувайдост, барои таҳмили хатту забони уйғурӣ ва ҷағатоӣ бар мардумони ин наҷд, аз ҳеч ҷинояте фурӯгузорӣ накарданд, аммо саранҷом пай бурданд, ки аз як сӯ забонашон фоқиди дабира, таҷрибаи девонӣ ва ғинои илмию адабии лозим барои идораи ҳавзаи тамаддунии васеъе монанди Эрон аст, ва дигар ин ки, касе дар ин густараи васеъ, хатту забони онон намедонад ва замина ва ангезае низ барои ёдгирии он нест. Яке аз таҳаввулоти бисёр муҳимм дар мувозинаи фарҳангӣ миёни ду забони форсӣ ва арабӣ, нивишта шудани фарҳанги таълимӣ ва дузабонаи «Муқаддимат-ул-адаб»-и Замахшарист. Пас аз Замахшарӣ, вожагони анвоъи туркиҳоро низ ба фарҳанги арабӣ-форсии ӯ изофа карданд то магар системи мактабхонаии туркӣ низ ҳамонанди форсӣ шакл бигирад. Ҳамин нукта санади муҳкамест, ки нишон медиҳад Замахшарӣ, ба хилофи иддао, туркзабон набуда ва «Муқаддимат-ул-адаб»-ҳои туркӣ низ бо таваҷҷуҳ ба назари бисёр баде, ки ӯ дар бораи унсури турк дар китоби «Рабеъ-ул-аброр ва нусус-ул-ахбор» оварда, ҳамагӣ маҷъул аст. (Рабеъ, ҷ. 1, с. 289 ба баъд). Ингуна буд, ки ин муҳоҷирон ва муҳоҷимон, ба ночор дар зийи забон ва фарҳанги эронӣ даромаданд ва ниҳоят бахше аз онон эронӣ шуданд. Хоҷа Рашидуддин Фазлуллоҳи Ҳамадонӣ дар китоби «Ҷомеъ-ут-таворих»-и худ, борҳо аз мафҳуми «мамлакати Эрон» истифода карда ва ин нишон медиҳад, ки Хоҷа худро садриаъзами кишвари Эрон медонист ва ба ҳамин ҷиҳат буд, ки бар худ иҷоза медод то аз мудохили восила аз саросари ҳавзаи таҳти мудирияти худ, дар Озарбойҷон «Рубъи Рашидӣ» бисозад. Ӯ дар фарозе нивиштааст: «Дар ин вақт, ки тоҷу тахти шаҳаншоҳи Эронзамин, ки мағбути ҳама подшоҳони ҷаҳон аст, ба вуҷуди мубораки подшоҳи ислом, султон Маҳмуди Ғозонхон халладаллоҳа мулкаҳу мушарраф гашт …». Ишороти мутаъаддиди Хоҷа ба «Эрон» нишон медиҳад, ки аз назари вай Эронзамин як воҳиди тамаддунӣ ва сиёсист, ки марзҳои он, ба лиҳози назарӣ мунтабиқ бо қаламрави Соcониён мебошад. Ин ки дар амал чи миқдоре аз қаламрави Эронзамин таҳти фармони «шаҳаншоҳи Эрон» қарор мегирифт, ба ҳеч ваҷҳ таърифи Эронзаминро аз эътибор намеандохт. Бино бар ин ҳар касе, ки бар ин қаламрав ҳукм меронд, шоҳи Эрон шумурда мешуд. Ба баёне дигар, Эрон ҳеч гоҳ идомаи Салҷуқистон ё Муғулистон нашуд, балки онҳо эронӣ шуданд. Ҳатто арабон низ ҳеч гоҳ Эронзаминро дар имтидоди Арабистон нафаҳмиданд ва ҳамвора истиқлоли Эронзамин ба масобаи ҳавзае ҷуғрофиёӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро фаромӯш накарданд. Аз халифаи дувум нақл шудааст, ки бо гуфтан: «Лият байнино ва байни Форис ҷаблан ман нора ло янфузуна алайно ва ло нанфаз алайҳим» аз ҳамла ва фатҳи Эрон ба шиддат пушаймон шуда буд. Дар сурати дурустии ин нақл, ба назар мерасад ӯ амалан ин воқеъиятро дарк карда буд, ки дар ниҳоят ин арабҳо ҳастанд, ки дар фарҳанг ва сиёсати эронӣ ранг хоҳанд бохт, на акси он.

3

 То инҷо талош кардем ба наҳве падидоршиносона нишон диҳем, ки эрониён дар ҳудуди як сада пас аз ҳамлаи аъроб, муваффақ шуданд: 1) аносири муҳимме аз фарҳанг ва андешаи хирадварзонаи мавсум ба Эроншаҳриро аз даврони соcонӣ ба даврони исломӣ мунтақил кунанд; 2) бо такя бар ин фарҳанг ва андешаи хирадварзона ва худогоҳи эронӣ, ки дар тақобул бо сиёсатҳои нижодии Банӣ Умайя таквин ёфта буд, нахуст истиқлоли ҳувийяти фарҳангии худро дар густараи паҳновари Эронзамин ба даст оварданд; 3) ва сипас бо ин дастоварди бузург, тавонистанд истиқлоли сиёсии худро дар бахшҳои қобили таваҷҷуҳе аз густараи Эронзамин иъода карда, ва дар нисбат бо уммати хилофат, дар як вазъияти печида ва дугонаи «дарун-берун» қарор гирифтанд. Албатта, ниҳоӣ шудани раванди истиқлоли сиёсии Эронзамин бо мавонеъи муҳимме дар «назар ва амал» ҳамроҳ буд. Ба лиҳози назарӣ, Эронзамин ҷузве аз қаламрави хилофат буд, бино бар ин эҷоди ҳокимияти сиёсии мустақил аз хилофат ва бениёз аз машрӯъитбахшии халифа, мусталзими ин буд, ки раванди иъодаи ҳокимияти сиёсии эрониён бар кулли қаламрави торихии худашон ва бозёбии иқтидори шоҳашоҳӣ, аз тариқи ба ҳам задани мувозинаи қудрате, ки ба нафъи хилофат шакл гирифта буд, такмил ва тасбити ниҳоӣ мешуд, ки чунин ҳадафе қатъан дар он шароити торихӣ дур аз дастрас буд. Аз сӯи дигар, бо таҳаввуле, ки дар ҳавзаи назар сурат гирифта буд, мафоҳиме монанди «мамлакат» дар маънии кишвар ва «марз», ҳамонанди Соcонӣ дар дастгоҳи хилофат эътибори мавзӯъӣ надошт. Фуқдони давлати марказии муқтадир ва комилан мустақил аз хилофат бо системи «марзбонӣ»-и коромад, ки битавонад ҳамонанди давраи соcонӣ ё «мамолики маҳруса»-ҳои баъдӣ, марзҳоро посбонӣ ва ақсо-нуқоти кишварро дар ҳифз ва ҳаросати комили худ бигирад, боис шуд он фурсати торихӣ, ки ҳамвора матмаҳи назари туркон буд, дар ихтиёрашон қарор бигирад. Бо вуруди муҳоҷирони турк ба Хуросон ва дастандозӣ ба ҳокимияти сиёсии эрониён, бори дигар истиқлоли нисбии сиёсӣ ва фарҳангии ба даст омада, бо мухотироти номаълуме мувоҷеҳ шуд. Эрониён ҳанӯз аз ғалабаи фарҳангӣ бар туркони салҷуқӣ комилан осуда нашуда буданд, ки ин бор бо ҳамлаи муғулон ва истилои илхонон бар муқаддароти Эронзамин, буҳрони жарфои худогоҳии эрониро фаро гирифт. Аммо як воқеъият дар ҳар ду давраи буҳрон худогоҳии мусаллам буд: Эрон на дар давраи салоҷиқа Салҷуқистон шуд. Ва на дар давраи истилои муғулон Муғулистон шуд. Балки Эрон ҳамчунон Эрон монд ва муҳоҷирон ва муҳоҷимон эронӣ шуданд.

 Низомии Ганҷавӣ, фориғ аз ин ки зодгоҳи падарӣ ва модарии вай, дар куҷои наҷди васеъи Эрон буда, дар “Лайлӣ ва Маҷнун” зимни ишора ба номи падар (Гар шуд падарам ба суннати ҷад // Юсуф писари Закӣ Муайяд) ва зикри номи модараш (Гар модари ман раисаи курд // Модарсифатона пеши ман мурд), худро «деҳқони фасеҳи порсизод» муаррифӣ карда ва бад-ин васила асолати эронии хонаводаашро равшан кардааст. Ончи Низомӣ дар муъаррифии ҳувийяти худ анҷом дода, бисёр ҳоизи аҳаммият ва мутобиқ бо мабнои дурусти ҳувийятӣ дар Эрон аст, ки амре фарҳангӣ, ва на физиюлужикӣ ва нижодӣ буд. Аз миёни қудамо, Ибни Халдун ба муносибати баҳси назарӣ дар бораи умрони бадавӣ ва умрони ҳазарӣ ва нишон додани тамоюзоти он ду, ба баҳси нижод пардохта ва аз мавзеъи асабият онро ҳамхунӣ донистааст. Аз назари Ибни Халдун асабияти қавии иҷтимоъоти бадавӣ ношӣ аз эҳсоси ҳамхунӣ ё иштирок дар маншаъи хунист. Ӯ назарашро бо нақле аз халифаи дувуми рошидӣ тақвият кардааст, ки: «Таъаллу ан-насаба ва ло такуну ка-набат-ас-савода изо суъли аҳдуҳум ан асла қола ман қаря казо// Насаби худро ёд бигиред ва чун набатиҳои аҳли савод набошед, ки худро бо исми шаҳр ва қаряашон мешинохтанд. (Муқаддима, ҷ. 1, с. 162). Набатиҳои аҳли савод (Ироқ), ки ҳоили миёни Эрон ва Ҷазират-ул-араб буданд, дар баҳси ҳувийят, ҳамонанди эрониён худро бо шаҳрҳо ва рустоҳояшон мешинохтанд ё муъаррифӣ мекарданд. Ин кор набатиҳо аз назари арабони бодия, навъе беҳувийятӣ ва гум кардани насаб, ва ба истилоҳи понҳои имрӯзӣ, ҳамон осемилагӣ аст!!! Аммо баҳси ҳувийят дар фарҳанги шаҳрӣ мутафовит аз бодия ва биёбон аст. Дар ҷавомеъи бадавӣ афрод ҳувийяти худро аз соҳибони ҳасаб ва насаб дар қабила мегиранд. Аммо дар фарҳанги шаҳрнишинӣ, афрод ҳувийяти худро ба шаҳрашон ирҷоъ медиҳанд. Ин гуна аст, ки эронӣ будан нисбате бо нижод дар маънои физиюлужикӣ надорад, ва усулан чунин мафҳуме дар Эрон наметавониста мабное дошта бошад, зеро Эрон сарзамине воқеъ дар чаҳорроҳи ҷобаҷойиҳои бузурги ҷамъиятӣ буд, ва дар чунин сарзамине, наметавон ба табори нобе эътиқод дошт. Мафҳуми «ориёӣ» ба маънии инсони наҷиб ва озода, шомили ҳамаи касонест, ки ба маданияти Эрон таъаллуқ дошта ва доранд, на касоне, ки дар рӯзгорони бисёр дур ба ин наҷд муҳоҷират карда ва ҷойгузини бумиҳои қабл аз худ шудаанд. Ҳатто агар чунин муҳоҷирате низ дар гузаштаи дур рух дода бошад, он мардумон бо сифати «ориёӣ» вориди ин наҷд нашудаанд, зеро ориёӣ сифатест, ки онро дар ин наҷд пайдо кардаанд. Бино бар ин ориёӣ будан, ки имрӯза рабти васиқӣ низ бо номи Эрон дорад, на сифати женетикӣ ва этникӣ, ки навъе ҳувийяти тамаддунӣ ва худогоҳи фарҳангӣ ва сиёсист. Ба баёне дигар, инсонҳои наҷиби эронӣ, аз замоне дар торих зоҳир шуданд, ки тамаддуни эрониро фаротар аз таъаллуқоти қавмӣ ва нижодӣ дар ин наҷд шакл дода ва бад-ин тартиб, дар ҳавзаи худогоҳӣ ворид шуданд. Бар ин асос, туркбудагӣ барои Низомии Ганҷавӣ ва садҳо шоъир ва андешаманди дигар (монанди Берунӣ, Форобӣ, Замахшарӣ, Абӯалӣ Сино, Хоҷа Насири Тӯсӣ, Мавлавӣ ва …) қабл аз ҳар чиз ниёзманди исботи вуҷуди тамаддуне туркист, ки битавонад илҳомбахши чунин инсонҳои шохисе бошад. Иддаои ин ки Низомӣ ё ҳар як аз пояҳои фарҳанги эронӣ, дорои табори туркӣ буда (бо фарзи муҳоли дурустии иддаъо), мазийятеро барои туркбудагӣ эҷод нахоҳад кард, зеро чунончи арз шуд, тамаддуни эронӣ ва ҳувийяти сиёсии бархоста аз он, ҳувийяти нижодӣ ва қавмӣ нест.

Низомии Ганҷавӣ бо дарки амиқе, ки аз мафҳуми эроният дошт, ба ҷойи муъаррифии нижодӣ, ба расми маъҳуди эронӣ, дар муъаррифии худ, ба шаҳри Ганҷа (Низомӣ, ки дар Ганҷа шуд шаҳрбанд) (ё, Рикоб аз шаҳрбанди Ганҷа бигшоӣ) ва болотар аз он эронӣ будан (“деҳқони фасеҳи порсизод”) такя карда, ки таърифе фарҳангӣ ва тамаддунӣ аз нижодагии эронист. Бо ин ҳол ва ба хилофи сароҳати форсизабон будани ӯ, ки бо форсӣ будани ҳама осораш низ пайванд хӯрдааст, бархе ҷараёнҳои ҳувийятталаби қавмӣ, бо мероси шуме, ки Истолин барои онҳо гузошт (Ҷалол Матинӣ, маҷаллаи “Эроншиносӣ”, шумораи дувум, соли чаҳорум), ва бо пуштибонии ҳукуматҳои хориҷӣ, дар даҳаҳои ахир талош кардаанд бо ношиёнатарин шеваҳо, барои Низомӣ насаб ва шеъри туркӣ даступо кунанд, ки дар муқобили муъаррифии равшани Низомӣ аз худ, ҳеч аҳаммияте надоранд. Ин ҷараёнот дар воқеъ пиёдаи низоми сиёсати шуми таҷзияи миллати Эрон, ба миллиятҳои ҷадиде монанди миллатҳои туркӣ ва арабӣ ва курдӣ ва … ҳастанд, то нишон бидиҳанд, ки мазмуни ҷадиди миллат дар Эрон ҳеч гоҳ мисдоқи торихӣ надошта, ва ончи имрӯз аз он таҳти унвони миллати Эрон ёд мешавад, дар воқеъ ғалабаи қавми форс бар соири «миллат»-ҳо бо зӯри зарби ризошоҳист. «Ваҳдат»-и мубтанӣ бар диолектики «ваҳдат дар касрат», ки зербинои фалсафии миллатбудагии эрониён аст, ҳадафи аслии бадхоҳони Эрон аст то бо куллангории ҳар як аз касратҳо, назми диолектикии ваҳдати «ваҳдат дар касрат»-ро мухтал кунанд. Ҳарчанд турраҳоте, ки ин афрод тарҳ мекунанд, эътибори илмӣ ва торихӣ надорад, вале ин амр набояд боис шавад аз ангеза ва аҳдофи давлатҳои ҳамсояе, ки онҳоро тағзияи молӣ ва иттилоъотӣ мекунанд, ғофил шавем. Дар ҳоли ҳозир шароитеро бо дасти худ дар минтақа эҷод кардаем, ки меросдорони муҳоҷимони араб ва турк, ин бор бо ҳамроҳии саҳюнисм, ҳамзамон пушти марзҳои фарҳангӣ ва сиёсии мо ба ҳам расидаанд. Исроил, ки душмани шумораи яки мусулмонони ҷаҳон буд, инак як даст дар дасти эътилофи туркӣ бо ҳадафи эҷоди шикофи турку форс, ва дасти дигар дар дасти эътилофи арабӣ бо ҳадафи эҷоди гусали арабу аҷам дар Эрон дорад. Дар воқеъ Исроил тавонистааст дар муддати бисёр кӯтоҳе, Эронро ба ҷойи худ дар ҷойгоҳи душмани шумораи як кишварҳои мусалмони арабӣ ва туркӣ нишонда ва худ ба унвони як ҳалқаи восит, эътилофи туркӣ ва арабиро алайҳи Эрон ҳамсӯ ва муттаҳид кардааст! Ва албатта он ки дар ин миён дар хоби ғафлат буда ва ҳанӯз ҳаст, равшанфикрони эронӣ ва ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Иттиҳоди «арабӣ-ибрӣ-туркӣ» , ки ҳазинаҳои сангин ва иттилоъоти мавриди ниёзи шабакаҳои телевизиюнӣ ва сулаҳои сойберии мунофиқин бо ҳадафи гусалсозии қавмиро таъмин мекунанд, ҳадафе пойинтар аз таҷзияи Эрон наметавонанд дошта бошанд. Бадхоҳони Эрон ба сарофате, ки Бернорд Луис дар суханронии 1999 дар маркази Муше Доён ба харҷ дод, дарёфтаанд, ки ғалабаи ниҳоӣ бар эронӣ, ки болиғ бар се ҳазораро ба хилофи ҳама танишҳои ворида давом овардааст, мусталзими эҷоди рахна дар ваҳдати фарҳангӣ ва миллии он аст, ки ҳама шикастҳои низомиро ба пирӯзӣ дар майдони фарҳанг табдил кардааст.

 Муздурони эътилофи туркӣ дар дохили Эрон талош мекунанд бо интисоби ашъори туркии Низомии Қунавӣ ё Қоромонлӣ ба номи Низомии Ганҷавӣ ва интишори он дар Эрон (ба шарҳе, ки хоҳад омад), ва низ интиҳоли байтҳои ҷаълӣ монанди «Падар бар падар мар маро турк буд// Ба фарзонагӣ ҳар яке гург буд» ва соири иқдомоти мазбуҳона, аз ин шоъири шохиси эронӣ, шоъири миллӣ барои «давлат-миллат»-и турки Бодкӯба даступо кунанд. Лозим ба тавзеҳ аст, ки байти «Падар бар падар …», дар ҳеч нусхае вуҷуд надорад ва аз ҳудуди ду даҳа қабл аст, ки Садиқ мутарҷими туркгарои “Девони луғот-ул-турк”-и Кошғарӣ онро сохта ва ба нақл аз як хонуми маҷҳулулҳувия (ки ҳасбулиддиъо байти мазкурро дар яке аз нусхаҳои Низомӣ дар Истамбул дида) дар китоби “Девони луғот-ул-турк” ворид кардааст. Илова бар ин нукта, эродҳои асосии дигаре низ дар байти ҷаълӣ вуҷуд дорад, ки наметавон онҳоро ба достонсарои чирадасте чун Низомӣ нисбат дод, монанди қофия шудани «турк» ва «гург» , ки шоистаи шоъире чун Низомӣ нест. Ва бадтар аз он, нисбат додани фарзонагӣ ба гург аст, ки на дар адабиёти форсӣ собиқа дорад, ва на дар шеъри Низомӣ. Нигоҳе ба сурудаҳои Низомӣ нишон медиҳад, ки ӯ низ ҳамонанди соири шоъирони бузурги эронӣ, аз намоди гург барои ишора ба хӯи дарандагӣ ва бадгавҳарӣ баҳра ҷуста ва истифодаи истиории ҷадид ё мутафовите аз ин намод надорад.

 Низомӣ дар «Искандарнома» дар бахши бастани садд бар сарироҳи нуфузи қавми ёҷуҷумоҷуҷ аз минтақаи Хазарон ба самти Эрон, ки ҳасби назари бисёре аз нивисандагони давраи исломӣ, қавми ёҷуҷумоҷуҷ ҳамон туркон ҳастанд, ин гуна сурудааст:

          Макун кори бадгавҳаронро баланд,

          Ки парвардани гургат орад газанд.

          Чу девони оҳандил аламосчанг,

          Чу гургони бадгавҳар ошуфтаранг.

 Чунончи арз шуд, дар истифодаи истиорӣ ва киноӣ аз намоди гург, ҳеч тафовуте миёни шоъирони бузурги Эронзамин вуҷуд надорад. Ончи дар истифода аз ин намод (аз манзаре, ки мо нигоҳ мекунем) аҳаммияти музоъаф дорад, ин аст, ки Низомӣ ба далели тараттуби замонӣ, таъсиргузор бар шоъирони пас аз худ будааст. Бетардид интиҳолкунандаи чунин байте, понтурке моломол аз идеулужии «бузқурд»-ӣ будааст, в-агарна ҳеч шоъири эронӣ наметавонад дар адабиёти клоссик Эрон, аз гург истиорае барои фарзонагӣ пайдо кунад.

 Дар бораи таркисозӣ аз чеҳраи Низомии Ганҷавӣ, он чи ки аз як сӯ мояи шармсорӣ ва аз сӯи дигар мояи нигаронист: 1) интишори ашъори туркии Низомии Қунавӣ ба исми Низомии Ганҷавӣ дар Эрон бо муҷаввизи Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон; 2) афзуданҳои мутаволӣ ба он; 3) дарҷи номи Низомии Ганҷавӣ дар маводди дарсии риштаи забон ва адабиёти туркӣ-озарбойҷонии Донишгоҳи Табрез, дар шумори «шоъирони озарбойҷонии порсигӯй» , ки баёнгари ғайрипорсизабон будани ӯст!! Инҳо масоиле нест, ки ба роҳатӣ битавон аз онҳо гузашт. Дар даврае, ки Низомӣ зист ва шеър суруд, порсигӯӣ дар Озарбойҷони форсизабон маъное надорад. Вақте мегӯем шоъирони порсигӯй, яъне асл дар Озарбойҷони туркигӯӣ аст ва порсигӯён афроди қалиле ҳастанд, ки илова бар туркисуроӣ, форсисуроӣ низ кардаанд. Авлиёи Чалабӣ, ки элчии усмониҳо буд, дар гузориши худ аз шаҳрҳои Озарбойҷон ва Орон, бавежа Табрез дар садаи ёздаҳум нивиштааст, ки «забони маъорифи Табрез форсӣ аст». Вақте ҳанӯз то чаҳорсад соли пеш, забони адабӣ, илмӣ, омӯзишӣ, тиҷорӣ, девонӣ ва динӣ ва … дар Табрез форсист, чи гуна Низомии Ганҷавӣ дар қарни шашум [турки] порсигӯй аст?! Вақте дастгоҳҳои давлатӣ масъули фарҳанг ва адаб ва торихи кишвар, аз ин гуна ҳассосиятҳо тиҳӣ шуданд, он гоҳ аст, ки Маҳдипур номе, нахуст бидуни ҳеч гуна таъаллуқе ба намодҳои миллӣ ва адабии эронӣ, ба раёсати Донишкадаи адабиёти форсӣ дар Донишгоҳи Табрез мерасад, ва сипас бо камоли вақоҳат калимаи «озариро ҷаълӣ ва тоғут» меномад?! Ҷаълӣ ва тоғут номидани вожаи озарӣ, ки хатти тамоюзи равшане миёни табори эронии озарбойҷониҳо ва табори турк тарсим мекунад, инҳирофе барои тамҳиди муқаддамоти эътилофи туркӣ ба раҳбарии султонхалифаи навзуҳури усмонӣ аст, ки ҳадафи ғойии он ташкили Туркистони Бузург аст. Озарӣ номидани сокинони Озарбойҷон, фориғ аз ин ки воқеъияте торихист, аз ин ҳайс аҳаммият дорад, ки унсури турк дар Эрон, унсуре «дахил» аст ва бетардид исрори ҷараёнҳои гурез аз маркази туркӣ барои тоғут номидани вожаи озарӣ, рахна дар ваҳдати миллии эрониён аст. Имрӯз сари гурбаи Эрон дар ҷануби Арас ва борикаи Арманистон дар шимоли он, танҳо монеъи пайвасти сарзаминии кишварҳои узви Туркистони мавҳум аст. Бино бар ин тоғут хонда шудани озарӣ аз Донишгоҳи Табрез, наметавонад амре иттифоқе бошад. Дар собиқаи куҳани озарӣ ба унвони исми забони мардуми Озарбойҷон, ҳамин бас: Масъудӣ, ки ҳудуди ҳазор сол пеш аз Озарбойҷон дидор доштааст, «ал-фаҳлавия вад-дария вал-озария»-ро ҷузви забонҳои аслии мамлакати воҳиди эронӣ муъаррифӣ кардааст. (Ат-танбеҳ-ул-ашроф, ҷ. 1, с. 68)

 Медонем, ки Низомии Қунавӣ (садаи нуҳум) наздик ба се сада пас аз Низомии Ганҷавӣ зиста ва солҳо дар Табрез раҳли иқомат афканда ва бо шеъри форсӣ ва арабӣ, бавежа сурудаҳои Низомии Ганҷавӣ ошноии комил дошта ва дар бархе шеърҳои туркии худ аз шеърҳои форсии Низомии Ганҷавӣ таъсири лафзӣ ва мазмунӣ пазируфтааст. Бори дигар таъкид мекунем, ки исрори ҷараёни понтуркисм бар интишори ашъори ҷаълӣ дар Эрон, ба ин далел аст, ки нахуст аз ғафлате, ки бар Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон соя уфкандааст, камоли баҳраро бибарад, зеро ба назар мерасад, ки ин вазоратхона ҳассосияте дар баробари тороҷи маводди фарҳангӣ ва миллии Эрон надорад. Ва дигар ин ки интишори девони ҷаълӣ дар Эрон, ки мавтани аслии Низомии Ганҷавӣ ва муддаъии инҳисори ҳувийяти миллии ӯст, беҳтарин истидлол барои таъйиди ҳувийяти туркӣ ва туркисуроии ӯ хоҳад буд. Бисёр ҷойи таъассуф дорад, ки ахиран нусхаи дигаре таҳти унвони «Низоминин туркҷа ғазалларӣ» (Ғазалиёти туркии Низомӣ) бар асоси нусхае, ки иддаъо мешавад аз китобхонаи Оятуллоҳ Гулпоягонӣ пайдо шуда, дар соли ҷорӣ тавассути як интишороти шинохташудаи ҷараёни понтуркӣ ба номи «Озаркитоби Тӯрон» чоп шуд, ки ояте дар ҷаъл ва китобсозии босмаӣ аст. Мутаассифона, хоби ҳоким бар Вазоратхонаи фарҳанг ва иршоди исломӣ чунон сангин аст, ки дар нусхаи ёдшуда, тарҷумаи туркии бахшҳое аз ғазалиёти форсии Низомии Ганҷавӣ низ зайли унвони «Низоминин туркҷа ғазалларӣ» ё «Ғазалиёти туркии Низомӣ» ба ашъори туркии иддаъоӣ изофа шуда, то девони мавҳуми Низомиро, ки бисёр лоғар буд, бузургтар ва захимтар бинамоёнанд ва бад-ин васила аз ӯ шоъире бо асолат ва дағдағаи туркӣ ва бо ашъори қобили таваҷҷуҳ ба забони туркӣ ироа кунанд. Девонсозии туркӣ барои Низомии Ганҷавӣ замоне дар дастури кори ҷараёнҳои ҳувийятталаб қарор гирифт, ки Саъид Нафисӣ аз вуҷуди нусхае аз ашъори Низомии Ганҷавӣ дар китобхонаи Хидевияи Миср хабар дод. Чунончи марҳум Саъид Нафисӣ дар муқаддимаи «Девони қасоид ва ғазалиёти Низомии Ганҷавӣ» (с 131) тавзеҳ дода, дар шарҳе, ки китобдори китобхонаи Хидевияи Миср дар бораи ашъори Низомӣ нивишта, қайди «ва ҳува бит-туркия» низ ба далели адами ошноии феҳристнивиси мисрӣ бо Низомӣ ва шеъри форсӣ ва ё ба далели иштибоҳ дар замони табъ, ба охири матни муъаррифии Низомӣ изофа шуда ва дар натиҷа ашъори туркии Низомии Қунавӣ дар зимни ашъори форсии Низомии Ганҷавӣ табақабандӣ шудааст. Садёри Вазифа, ки барои аввалин бор ин нусха аз девони Низомии Қунавиро бо ҷаъли ошкор ба номи Низомии Ганҷавӣ дар Эрон чоп кардааст, иддиъо намуда, ки марҳум Нафисӣ дар муқаддимаи «Девони қасоид ва ғазалиёти Низомии Ганҷавӣ» … дар сафҳаи 132-и китоб оварда, ки: «Низомӣ асаре дорад шомили ғазал ва қасида ба забони туркӣ, ки ман натавонистаам пайдоиш кунам. Аммо эҳтимолан дар китобхонаи Миср мавҷуд аст» (хабаргузории Исно, 18 баҳмани 1382, куди хабар: 07008 – 8211). Натанҳо устод Саъид Нафисӣ чунон иддиъои газофе накарда, балки таъкид кардаанд, ки муаллифи феҳристи китобхонаи Хидевияи Миср «чун чандон воқиф ба забони форсӣ набуда, ашъори Низомиро ба туркӣ пиндоштааст ва ё ин ки дар ҳангоми таҳрир ва ё табъи феҳристи мазбур, иштибоҳ ва таҳрифе даст додааст ва ин ҷумла – «ва ҳува бит-туркия» – натиҷаи шубҳа аст» (Девони қасоид, с. 131). Бадеҳист, ки ангезаи мусаҳҳеҳ аз ин ҷаъли бешармона равшан аст. Ӯ мехоҳад аз эътимоди ҷомеъаи илмӣ ва адабӣ ба устод Нафисӣ истифода кунад то турк будани Низомии Ганҷавиро мудаллал созад. Аммо воқеъият ин аст, ки хуршеди ҳақиқатро наметавон барои муддатҳои тӯлонӣ пушти абр махфӣ дошт. Муҳиммтарин манбаъ барои доварӣ дар бораи форсизабон ё туркзабон будани Низомӣ, ашъори пуршумори худи ӯст.

Бахши дувум ва поёнӣ

 * баргирифта аз даҳлези телегромии «Ёддоштҳо ва ҷусторҳо».

——————————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*