Порсӣ Анҷуман: Ҷустори пеши рӯ, ба ангезаҳои ҷудосозии дурӯғин ва ба се ном хондани забони порсӣ дар се кишвари Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон пардохтааст. Ин нивишта ба забони англисӣ дар «Тоҷикистонвеб» бозтоб ёфта ва «Шаҳрбароз» онро ба порсӣ гардондааст.
***
То поёни даҳаи 1920-и мелодӣ/1300-и хуршедӣ, забоне, ки байни Фарорӯд (Мовароуннаҳр), Афғонистон ва Эрон бештарин иштирокро дошт танҳо ба як номи расмӣ шинохта мешуд ва он ҳам порсӣ (форсӣ) буд. Танҳо дар соли 1928-и м. /1307-и х. буд, ки шӯравиҳо онро ба «тоҷикӣ» баргардонданд дар ҳоле, ки дар Эрон ва Афғонистон ҳанӯз онро порсӣ меномиданд. Зоҳиршоҳ, шоҳи паштуни Афғонистон, низ роҳи шӯравиҳоро дар пеш гирифт ва дар соли 1964-и м/1343-и х. барои дӯр кардани забони миёнҷии (lingua franca) кишвараш аз Эрон, номи ин забонро «дарӣ» ниҳод.
Зиёни дар аксарият будан
Бино ба таърифи Истолин аз мафҳуми миллат, ҳар миллат бояд ҷомеъае бошад дорои ваҳдати забонӣ ва сарзаминӣ. Аммо ҳатто ин мафҳум низ бар назарияи сиёсии печидатаре бино шуда буд. Уливея Руй (Olivier Roy) менивисад: «Рақибони билқувваи Шӯравӣ иборат буданд аз: дар минтақаи Қафқоз кишвари Туркия ва дар робита бо Озарбойҷон (Арон) ва Тоҷикистон кишвари Эрон. Шӯравиҳо он гурӯҳҳои қавмиро тарҷеҳ медоданд, ки дар он сӯи марзҳои худашон дар ақаллият буданд. Далели хубе ҳам барои ин кор доштанд, зеро поягузори мудели давлат-миллат ба дасти Ототурк дар Туркия ва Ризошоҳ дар Эрон мунҷар ба нафрат байни касоне шуда буд, ки аз назари забонӣ дар гурӯҳи забони расмии давлатӣ набуданд. Бино бар ин шӯравиҳо ба зиёни кистӣ (ҳувият)-и эронӣ ва туркӣ аз кистиҳои озарӣ, туркман, курдӣ ва лоз (лазгӣ) дифоъ карданд. Аз онҷо, ки дар беруни марзҳои Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравӣ давлатҳои озарӣ, туркман ё узбак вуҷуд надошт, эҷоди ин кистиҳои миллӣ муносиби манофеъи давлати Маскав буд.» (Olivier Roy, The New Central Asia: The Creation of Nations, 2000)
Бадиқболии баъдии порсизабонони Осиёи Миёна ношӣ аз ин айб буд, ки дар он сӯи марзҳои шӯравӣ хешони онон аксариятро доштанд. Дар натиҷа дар соли 1924-и м./1303-и х. Тоҷикистон ба сурати ҷумҳурии худгардон дар даруни Ҷумҳурии шӯравии Узбакистон даромад ва танҳо дар соли 1929-и м./1308-и х. буд, ки ҳолати давлати иттиҳодия ёфт. Бахшҳои муҳимми порсизабон ба таври амдӣ аз Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон ҷудо нигаҳ дошта шуданд ва марказҳои таърихии порсизабонони Осиёи Миёна, яъне Самарқанд ва Бухоро, ба унвони бахшҳое аз Узбакистон даромаданд. Ҳатто як шаҳр ҳам барои Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон боқӣ гузошта нашуд ва маркази идории он дар рустои «Душанбе» бино гузошта шуд. Томас М. Леунорд (Thomas M. Leonard) дар китоби «Донишномаи ҷаҳон дар ҳоли тавсеъа» менивисад: «Шаҳри дуруфтодаи «Душанбе», ки инак пойтахт шуда буд, замоне бозори кӯчак (= душанбебозор) буд ва барои равшанфикрони тоҷик кашиши каме дошт. Набудии ин равшанфикрон ба пешрафтҳои баъдии Тоҷикистон ба шиддат зарба зад ва мунҷар ба таниш байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли оянда шуд.» (Thomas M. Leonard , Encyclopedia of the Developing World, 2005)
Пеш аз тасхири ин минтақа ба дасти Артиши Сурх, усмониҳо «ҳаматуркингорӣ» (pan-turkism)-ро вориди онҷо карда буданд. Худи тафсири мафҳуми миллат дар равнақи бештари ҳаматуркингорӣ саҳм дошт. «Барои мисол вақте лаҳҷаи тошкандӣ (туркии шарқӣ) –, ки аз лаҳҷаҳои дӯртари туркӣ, бисёр порсишудатар буд – ба унвони забони меъёр дар Узбакистони навин баргузида шуд, барои узбакон (ки дар ҳар сурат дасти болоро доштанд) осонтар буд, ки иддаъо кунанд тоҷикии бухороӣ дар воқеъ забони узбакӣ аст бо унсурҳои порсии бештар.» (David I. Kertzer and Dominique Arel, Census and Identity: The Politics of Race, Ethnicity, and Language in National Censuses, 2002)
Тоҷикистон ба унвони миллат
Бархе донишварон муътақиданд, ки эҷоди «Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон» мумкин аст ба даргирии талх дар Афғонистон байни тоҷикон ва паштунҳо барои қудрат дар он замон марбут бошад. «Баччаи Саққо (Ҳабибуллоҳи Ғозӣ), ки тоҷик ва амири Афғонистон буд дар соли 1929-и м./1308-и х. пас аз муддати кӯтоҳи фармонравоӣ барандохта шуд. Шояд ҳамин рухдод шӯравиҳоро бар он дошт, ки дар ҳамон сол Тоҷикистонро ба вазъияти ҷумҳурии иттиҳодия иртиқо диҳанд то ба тоҷикони Афғонистон нишон диҳанд, ки имкони он ҳаст, ки онон низ битавонанд бо замима шудан ба Иттиҳоди Шӯравӣ давлати худашонро дошта бошанд.
Пас аз ихтироъи «забони узбакӣ» (ки пеш аз он туркии чағатоӣ хонда мешуд) мақомоти Шӯравӣ дастбакори сохти «забони ҷадиде» барои Тоҷикистон шуданд. Дар инҷо дар тафсирашон аз миллат дучори мушкил шуданд. Зеро русҳо забон ва фарҳанги туркиро «пеш аз он ақибмонда» тавсиф мекарданд ва эътиқод доштанд, ки маъмурияти онон эҷоди забони муносиб барои «қабилаҳои ақибмонда» аст. Аммо забон ва фарҳанги порсӣ ин гуна набуд. Забон ва фарҳанги порсӣ пешрафтатарин забон ва фарҳанг дар минтақа ва дорои бостонитарин реша буд. Равшанфикрони порсизабони Осиёи Миёна монанди Садриддин Айнӣ муваффақ шуданд забони порсиро ба унвони забони расмии ҷумҳурии худгардони Тоҷикистон тасвиб кунанд. Аммо номи ин забон мақсуди русҳоро бароварда намекард ва барои ҳамин дар соли 1928-и м./1307-и х. онро ба «тоҷикӣ» баргардонданд. Яъне як ном аз қуруни вусто, бино ба сиёсати миллатсози Шӯравӣ, ҳолати унвони расмӣ ёфт.
Истилоҳ «тоҷикӣ» ҳатто ҳанӯз ҳам таърифи мушаххасе надорад, зеро «тоҷикон» тамоми вежагиҳои фарҳангӣ ва қавмии дигар порсизабонони Эрон ва Афғонистонро доро ҳастанд. Танҳо ҳамин тозагӣ бархе донишварони рус ва ғарбӣ пешниҳод карданд кистии тоҷик бар мабнои таркибе аз забон ва дин сохта шавад. Дар ин таъриф ба ҳар порсизабони мусалмони суннимазҳаби тоҷик мегӯянд. Аммо ҳатто ҳамин мафҳум ҳам таърифи равшан ва мунсаҷиме аз кистии қавми тоҷик ба даст намедиҳад, зеро забони бумии ҳар тоҷике порсӣ нест ва бархе аз онон на суннианд, на мусулмон. Аз сӯи дигар ҳар суннии порсизабони низ худро «тоҷик» намедонад.
«Ба таври куллӣ, мушкили биногузории кистии тоҷик монеъи аслӣ дар шаклгирии ҳисси қавии миллигароии тоҷик байни ҷамъияти тоҷикон шудааст. Аз бисёрии ҷиҳатҳо ин масъала иллати мондагории ҳисси вафодории минтақаӣ низ ҳаст, ки фароянди миллатсозиро дар Тоҷикистони пасошӯравӣ низ аз масир хориҷ кардааст.» (Томас М. Леунорд, «Донишномаи ҷаҳони дар ҳоли тавсеъа») Ин вазъи гиҷкунанда зоидаи миллатсозии маснӯъии Шӯравӣ аст, ки дар он яке аз мутародифҳои «эронӣ» ё «порсӣ» [мусалмон] – яъне тоҷик –ро ба унвони номи «миллати ҷадиде» аз порсизабонони Осиёи Миёна интихоб карда буданд.
Зоиши алифбои «тоҷикӣ»
Ба манзури амиқ кардани «тамоюзи тоҷикон» аз дигар порсизабонони он сӯи марзҳои Шӯравӣ, як сол баъд (яъне 1929-и м./1308-и х.) давлати Маскав хатти порсии тоҷиконро низ тағйир дод. Шӯравиҳо ибтидо хаттро лотин карданд. Бо қатъ кардани омӯзиш ба хатти порсӣ-арабӣ ба таври муассире дастраси тоҷиконро ба матолиби чопшуда ба порсӣ дар хориҷ аз қаламрави Шӯравӣ маҳдуд карданд. Баъдҳо дар соли 1940-и м./1319-и х. алифбои тоҷикон ба сирилики дигаргуншуда тағйир дода шуд. Бад-ин тартиб равобити сиёсӣ бо Русия ва дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ мустаҳкамтар шуд. Уливея Руй, ховаршиноси барҷастаи фаронсавӣ, баён мекунад, ки муҳандисии ҷудосозии «тоҷикӣ» ва порсӣ яке аз расвотарин намунаҳои сиёсатҳои забонии Шӯравӣ аст. Тоҷикон забони порсии адабиро ба унвони забони нивишторӣ ба кор мебаранд ва имрӯза низ ҳанӯз забони адабии роиҷ дар Эрон ва Афғонистон ва Тоҷикистон ба таври комил барои онон қобили дарк аст. Ниёзе ба гуфтан нест, ки порсизабонони Осиёи Миёна дар зиндагии рӯзмарра лаҳҷаҳоеро ба кор мебаранд, ки ба таври қобилимулоҳизае гуногунӣ дорад. Лаҳҷаи Фарғона бисёр узбакӣ шудааст, натанҳо дар вожагон, ки нисбат ба забони порсии Эрон дорои вожаҳои туркии бештарест, балки таъсирҳои узбакии возеҳе низ дар дастури забон дорад. (ҳарфи изофаи пасоянд ба ҷойи пешоянд, монанди «шаҳр ба» ба ҷойи «ба шаҳр» ).
Порсии тоҷикӣ аз назари талаффуз низ хеле ба порсии клосик наздик аст, бархилофи порсии эронӣ, ки хеле мутафовит аст (тоҷикон ҳанӯз тамоюз байни и-и баланд ва э-и баланд ва байни ғ ва қ ва …-ро ҳифз кардаанд). Робитаи байни порсии Эрон ва тоҷикӣ монанди робитаи фаронсавии порисӣ ва фаронсавии кибекӣ (Конодо) аст. Забоншиносони рус мулзам буданд, ки ин тафовутҳоро расмӣ карда ва собит кунанд. Ва низ «забони адабии навини тоҷикӣ»-ро ба унвони забони тоҷикон ихтироъ кунанд. Онон ба ҷой ин ки яке аз лаҳҷаҳои мавҷуди тоҷиконро ба унвони забони меъёр интихоб кунанд, як забони маснӯъӣ сохтанд, ки хусусиятҳои лаҳҷаҳои минтақаҳои мухталифро бо ҳам дошт. Онҳо дастгоҳи овошинохтии порсии қадимро нигаҳ доштанд, аммо он танаввуъҳои дастуризабониро баргузиданд, ки бештарин тафовутро бо порсии Эрон дошт. (Уливея Руй, Осиёи Миёнаи ҷадид)
Ин тафовутҳои дастуризабонӣ ба мизони зиёде аз забони русӣ вом гирифта шуданд ва бештари дастандаркорони «тоҷикисозӣ»-и порсӣ худашон ғайритоҷик буданд. Садриддин Айнӣ – ки бунёнгузори алифбои сирилики тоҷикӣ шинохта мешавад – худаш ҳаргиз аз он истифода накард ва нусхаи асли тамом шеърҳо ва достонҳояш ба хатти порсӣ нивишта шудаанд.
Барои кашидани хатти тамоюз байни «тоҷикӣ» ва порсӣ, забонсозони Шӯравӣ таърихи забон ҳам ихтироъ карданд. Дар бораи вогаро шудани «тоҷикӣ» ва порсӣ дар садаи шонздаҳуми м./даҳуми х. афсонае сохта шуд ва нивисандагони порсӣ аз Рӯдакӣ то Саъдӣ зери фасли «форсӣ-тоҷикӣ» қарор гирифтанд. Уливея Руй натиҷа мегирад, ки «дар натиҷаи ин амалиёт, тамоми порсигӯёни Осиёи Миёна, дар гузашта ва акнун, худро бад-ин тартиб узве аз «гурӯҳи қавмии тоҷик» ёфтанд».
Ҳол онки ҳеч мадраке вуҷуд надорад, ки порсигӯёни Осиёи Миёна пеш аз таҳоҷуми Шӯравӣ забони модарии худро «тоҷикӣ» номида бошанд.
Байналмилалигароии забонӣ
Фароянди эҷоди тамоюз байни порсӣ ва «тоҷикӣ» дар Осиёи Миёнаи Шӯравӣ беш аз онки тасаввур мешуд идома ёфт. Бо вуҷуди тағйири номи забон ва тағйири хатти он, яке будани ин забон бо забони порсии сарзаминҳои дигар ошкор боқӣ мондааст.
Ба нияти «байналмилалигароӣ» ҷараёни анбӯҳе аз вомҳои забонӣ аз русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ ба забони тоҷикон сарозер ва ҷойгузини баробарҳои порсӣ шуданд ва нивисаҳои хосси русӣ низ вориди алифбои сирилики тозасоз шуданд. Натиҷа ваҳшатнок буд. Ҳатто номи давлат низ аз «Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон» ба «Республикои суветии сутсиёлистии Тоҷикистон» тағйир дода шуд.
Ҳамоиши забонии 22 огусти 1930-и м./31-и амрдоди 1309 дар Истолинобод (шаҳри Душанбе), ки мудири он ховаршиноси рус «Алексондр Семенуф» (Alexander Semenov) буд, ба натиҷаҳои зер расид:
- Забони ҷадиди тоҷикӣ бояд аз забони рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва китобҳои тоҷикӣ берун оварда шавад ва на ин, ки ба куллӣ аз нав ихтироъ шавад.
- Ин забон бояд барои ҳамаи тоҷикизабонон дар иттиҳоди Шӯравӣ қобили дарк бошад. Содасозии лозим дар забон аз роҳи наздик шудан ба забони суҳбатшуда дар миёни тоҷикони Шӯравӣ анҷом мешавад.
- Лозим буд забони тоҷикӣ бархе шаклҳоро раҳо кунад, ки то он замон хусусияти муштараки забони нивиштории порсӣ/тоҷикӣ дар дарун ва беруни марзҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
(Paul Bergne, The Birth of Tajikistan: National Identity and the Origins of the Republic, 2007)
Ин «шаклҳои муайяни порсӣ» дар воқеъ раҳо шуданд, аммо дар забони гуфтории тӯдаҳо боқӣ монданд. Барои намуна, пешванди порсии «би-» (монанди бихӯрам), ки аз забони «адабии навини тоҷикӣ» аз гирдбоди забонии Шӯравӣ ҷон ба дар бурд дар миёни мардуми одии тоҷик боқӣ монд ва ҳанӯз корбурд дорад. Унсурҳои фаровони туркӣ монанди ҳарфи таърифи пурсишии «-мӣ» ва сохторҳои шикастаи ҷумла вориди «забони ҷадид» шуданд то онро аз забони порсигӯёни хориҷ аз Шӯравӣ бегона шавад.
Порсиҳаросӣ
Ондериёс Копелер ва Эдворд Олвурс, нивисандагони китоби «Ҷамъиятҳои мусалмон боз сарбармеоваранд» эътиқод доранд, ки тамоми ин иқдомҳо (барои таъсиси «забони ҳанҷори тоҷикӣ» ) ҳадафашон хунсо шудани «ҳамаиронгароӣ» дар миёни равшанфикрони тоҷик буд, яъне «худогоҳӣ нисбат ба вуҷуди иштирокҳои амиқи мероси фарҳангӣ ва забонӣ байни порсигӯёни Осиёи Миёна ва мардуми Эрон ва Афғонистон». Вақте Садриддин Айнӣ дар яке аз мақолаҳояш худро (бо нивиштани иборати «мо форсиён») «форсӣ» номид дағдағаи мақомоти ҷадидро барангехт. Хулосаи адабии тоҷикӣ таҳияшуда ба дасти Айнӣ (бо унвони «Намунаи адабиёти тоҷик») баҳсҳои шадидеро барангехт ва бархе «донишварон»-и русӣ иддаои тоҷикон дар бораи ҳаргуна адабиёти пеш аз торихи Шӯравиро рад карданд. Ин хулоса шомили шеърҳое аз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Низомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Сайфи Исфарангӣ ва бисёре дигар буд. (Andreas Kappeler, Edward Allworth, Muslim Communities Reemerge: Historical Perspectives on Nationality, Politics, and Opposition in the Former Soviet Union and Yugoslavia, 1994)
Повел Берн дар китобаш менивисад: то соли 1930-и м./1309-и х. китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» мамнуъ шуд ва дар чандин маврид нобуд шуд. Мақомот ба Садриддин Айнӣ анги «салтанатталаби иртиҷоъӣ» заданд. Айнӣ барои исботи вафодории худ ба шӯравиҳо маҷбур шуд достонҳое бинивисад, ки ба таври инкорнопазире дар тарафдорӣ аз Шӯравӣ буданд, монанди ду китоби «Одина» ва «Дохунда», ки дар соли 1930-и м./1309-и х. мунташир шуданд. Дар иваз, русҳо низ тамоми шоирони ёдшуда дар «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро ба унвони шахсиятҳои адабии порсӣ-тоҷикӣ шинохтад. Аммо ворисони ин шоирон дар Осиёи Миёна қарор буд дар ақаллият нигаҳ дошта шаванд.
«Оё ҳамаи тоҷикон мурданд?»
Агар бихоҳем дар бораи оморҳои Шӯравӣ бинивисем мавзӯъи дардоварест, ки садҳо сафҳаро хоҳад гирифт. Аммо бояд ёдовар шуд, ки тоҷикон – ки дар иттиҳоди ҷадиди исловӣ-туркӣ муттаҳиде надоштанд – аз муҳимтарин қурбониёни саршумории Шӯравӣ буданд ва байни солҳои 1917 то 1926-и м./1296 то 1305-и х. теъдодашон ба таври шигарфе коҳиш ёфт. Дабири асли кумитаи тоҷикистонии ҳизби кумунисти Узбакистон дар он замон бовар дошт, ки омори соли 1926-и м./1305-и х. «ҷиҳатдор ва беинсофона» ва абзоре барои узбаксозӣ буд. Дар натиҷа миллиюнҳо тоҷик дар Самарқанд, Бухоро, Сурхондарё ва дигар ноҳияҳои дорои ҷамъияти порсизабон дар Узбакистон якшаба узбак шуданд.
Ба қавли Шотемур, билофосила пас аз марзбандии соли 1924-и м./1303-и х., рӯзномаҳои Узбакистон иддао карданд, ки тоҷикон танҳо дар Помир (дар минтақаи худгардони Тоҷикистон) ёфт мешаванд ва «касоне, ки муътақиданд дар дигар ҷоҳои Осиёи Миёна тоҷик вуҷуд дорад, девонаанд.» Шотемур тавсиф мекунад, ки чи гуна узбакон ба таври сомонаманде даргири «таъқиб ва озори тоҷикон ва забони тоҷикон» шуданд. Вай мегӯяд вазъият он қадр бад буд, ки дар замон омори сол 1926-и м./1305-и х. ғайримумкин буд, ки пой пеш бигузорӣ ва бигӯӣ дар Узбакистон тоҷик вуҷуд дорад, чи бирасад ба онки ба оморгирон бигӯӣ худат тоҷик ҳастӣ. Дигар раҳбарони тоҷик мувофиқ буданд, ки чунин шароите мунҷар ба оморҳои ғалат шудааст. Бухоро ва Самарқанд дар саросари Шарқ ба унвони шаҳрҳои тоҷикон шинохта мешуданд, аммо омори соли 1926-и м./1305-и х. нишон дод, ки ин шаҳрҳои узбакон ҳастанд. Абдурраҳим Ҳоҷиюф (яке дигар аз раҳбарони кумунисти тоҷик) пурсид: «Оё ҳамаи тоҷикон мурданд? Агар чунин аст бояд ба хотири сиёсатҳои ғайришӯравӣ бошад». (Francine Hirsch, Empire of Nations: Ethnographic Knowledge and the Making of the Soviet Union, 2005)
Бедории гусехташуда
Бо ин ҳол, авотифи зидди порсии роиҷ дар шӯравиҳо дар саркӯби ҳамбастагии тоҷикон бо бародарони порсигӯяшон дар сӯи дигари марзҳо шикаст хӯрд. Баъдҳо дар даҳаи 1970-и м./1350-и х. окодемисян Бобоҷон Ғафуруф, дабири аввали пешини ҳизби кумунисти Тоҷикистон, иддао кард, ки дар воқеъ Осиёи Миёна гаҳвораи забон ва фарҳанги порсӣ дар қуруни вусто будааст. Бино ба назари ӯ, пеш аз онки футӯҳоти арабон дар садаи ҳафтуми м./аввали х. шурӯъ шавад, забони тоҷикон хусусиятҳои аслии худро касб карда буд ва дар Осиёи Миёна, шимолу шарқи Эрон ва шимоли Афғонистон суҳбат мешуд. Албатта ба ҷойи тоҷикӣ ба он порсӣ мегуфтанд. Дар садаҳои пас аз фатҳи арабон, ҷойи забонҳои дигари эрониро – ки дар Осиёи Миёна суҳбат мешуданд – забони порсӣ гирифт. Ин забонҳои ҷойгузиншуда бар доманаи вожагон ва талаффузи лаҳҷаҳои порсӣ – ки дар ин минтақа суҳбат мешуданд – таъсири пойдоре дошт ва ин лаҳҷаҳоро ба таври мушаххасе аз лаҳҷаҳои роиҷ дар сӯи ғарби Осиёи Миёна мутамоиз мекард. Танҳо ин лаҳҷаҳои шарқӣ буданд, ки дар ибтидо номи «порсӣ»-ро доштанд. (Jo-Ann Gross, Muslims in Central Asia: Expressions of Identity and Change, 1992)
Ғафуруф муваффақ шуд дар асари бузурги худ ба номи «Тоҷикон» нақши меҳварии тоҷиконро дар офариниши тамаддуни порсӣ собит кунад.
Окодемисянҳои тоҷик дар таърифи кистии ҷадиди худ ё дар воқеъ дар радёбии номгузории воқеъии қавми худ аз ин ҳам пештар рафтанд. Нивисандаи китоби «Мусалмонони Осиёи Миёна» тавсиф мекунад, ки дар Тоҷикистон пас аз ислоҳоти иқтисодӣ (пруструйко) порсидӯстӣ ғалаён кард ва як пруфесури тоҷик, ки дар рӯзномаи пуршуморагоне менивишт, «Эрон»-ро на ба маънои як давлати хосси садаибистумӣ таъриф кард, балки онро минтақаи бисёр бузургтаре донист, ки аз дараи Индус ва рӯди Сирдарё (Сайҳун) дар шарқ шурӯъ шуда ва то марзҳои Туркия, Эрон ва Сурияи имрӯзиро дарбармегирад ва сарзамини аслии ҳамаи қавмҳои эронӣ аз ҷумла тоҷикон аст (Додхудоев, 1986-и м./1365-и х.). Як истидлол марбут он аст, ки дар гузашта тоҷикон мардуми пуршумортар ва қудратмандтаре буданд ва илова бар Осиёи Миёна дар шимолу шарқи Эрон, Афғонистон ва Шин Ҷиёнг ва ноҳияҳои дигар зиндагӣ мекарданд (Садиқов, 1984-и м./1363-и х). Муҳаммад Осимӣ, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон то замони ахир, баён кардааст, ки порсӣ ва дарӣ (порсии кобулӣ, ки забони муштараки Афғонистон аст) ва тоҷикӣ бо вуҷуди ихтилофҳои бешумор дар вожагони хос ва лаҳҷаҳои суҳбатшуда, дар асос як забон ҳастанд. Вай меафзояд, адабиёти клосики мо – ки ба забони порсии дарӣ нивишта шудааст – дороии муштараки эрониён, афғонҳо ва тоҷикон аст. (Раҷабӣ, 1987-и м./1367-и х.) (ҳамон).
Вақте ки дар соли 1989-и м./1368-и х. Тоҷикистон нахустин ҷумҳурии Осиёи Миёна шуд, ки қонуни ҷадиди забонро тасвиб кард, ин авотиф ба авҷи худ расид. Ин қонун чаҳорумин қонун аз ин даст дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва пеш аз он танҳо се ҷумҳурии Болтик чунин қонуне доштанд. Ин қонун дар 22 ҷулойи 1989-и м./31 тирмоҳи 1368-и х. зери фишори тазоҳуроти анбӯҳи мардумӣ тасвиб шуд, ки хостори он буданд, ки забони аслии ин ҷумҳурӣ ҷойгузини забони русӣ ба унвони забони расмӣ шавад. Ин қонун номи аслии забон, яъне «порсӣ»-ро дар камонак қарор дод: тоҷикӣ (форсӣ). Бино ба ин қонун, дар ҳамон сол Бунёди порсии тоҷикӣ бино шуд. Ҳамчунин қарор буд то соли 1996-и м./1375-и х. хатти сирилик низ бо хатти порсӣ ҷойгузин шавад. Ҳатто имрӯз низ равшанфикрони тоҷик он рӯзро ба унвони лаҳзае тилоӣ аз сархушии фарҳанги худ дар садаи бистум медонанд. Дар воқеъ ин танҳо як лаҳза буд ва қарор набуд то абад идома ёбад.
Як ҷанги дохилии хунини панҷсола (аз 1992 то 1997-и м./1371 то 1376-и х.) растохези фарҳангии тоҷиконро гусаст. Нерӯҳои кумунисти устонӣ ба қудрат расиданд ва ин бидуни кумаки русҳо ва узбакон набуд ва дар натиҷа фароянди фарҳангӣ ба ақиб баргашт. Як ҳолати зиддипорсӣ шоеъ шуд ва тамоми нивиштаҳои порсӣ аз хиёбонҳо пок шуд. Дар соли 1994-и м./1373-и х. Маҷлиси Тоҷикистон Қонуни забони соли 1989-и м./1368-и х.-ро ислоҳ кард ва гуфт, ки номи забони давлатӣ танҳо тоҷикӣ аст. Нақшаи бозгашт ба хатти порсӣ низ ба таври номуайяне тарк шуд.
***
***
——————————————————————————————————————
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.
Бифирист