Амир Ҳошимии Муқаддам: Як иддаои қавмгароёни эронӣ ин аст, ки бештари ҳукуматҳои Эрон аз садаи севуми пас аз ислом то Қоҷор турк буданд, аммо Паҳлавӣ, ки омад сиёсати форсигароӣ дар пеш гирифт ва талош кард забони туркӣ ва дигар забонҳои маҳаллиро аз миён бардорад!
Сиёсати форсигароиро метавон дар чорчӯби миллигароӣ дид, ки аз садаи нуздаҳум дар Урупо ва кишварҳои дигар дар пеш гирифта шуд. Агарчи бузургтарин назарияпардозони миллигароӣ ва қавмгароӣ (ҳамчун Онтунӣ Исмит, Ҳобзбоум ва …) Эронро дар шумори ангуштшумор кишварҳое медонанд, ки пеш аз миллигароӣ дорои мафҳуми миллат буда, аммо ривоҷи миллигароии урупоӣ ба ҳар тартиб бар Эрон ҳам асар гузошт. Барҷаста кардани пешинаи таърихӣ ва таваҷҷуҳи бештар ба забони миллӣ, бархе аз нишонаҳои ин миллигароӣ буд. Бино бар ин фарзи ин ёддошт ин аст, ки ҳатто агар Қоҷор ҳам рӯйи кор монда буд ё ҳукумати дигар ба ҷуз Паҳлавӣ рӯйи кор меомад, боз ҳам ҳамин равиши тақвияти забони форсӣ дар пеш гирифта мешуд. Барои исботи ин фарзия, як роҳаш нигоҳ ба забони форсӣ ва бостонгароӣ дар давраи Қоҷор ва ба вежа солиёни поёнии ин давра аст. Чи ин ки рушди миллигароӣ ҳамзамон шуд бо салтанати вопасин подшоҳони Қоҷор.
Қоҷориён агарчи ҳамчун дигар ҳукуматҳои турки Эрон, пуштибон ва ҳатто мураввиҷи забони форсӣ ва таърихи Эрони бостон буданд, аммо дар давраи Қоҷор тафовутҳое дар ин замина ба чашм мехӯрд. Дар заминаи таърих, то нимаи давраи Қоҷор ҳамчунон “Шоҳнома” аслитарин манбаъи таърихи эрониён буд ва шоҳони Қоҷор низ “Шоҳнома”-ро пос медоштанд. Ба гувоҳии Эътимодуссалтана дар “Садр-ут-таворих” Оқомуҳаммадхон дастур дода буд шабҳо барояш “Шоҳнома” бихонанд – он ҳам шоҳномахони махсусаш ба номи Мирзо Асадуллоҳ. Ҳамин Мирзо Асадуллоҳ дар давраи Фатҳъалишоҳ ҳам дар дарбор ҳамчунон машғул буд. Албатта Фатҳъалишоҳ худаш ҳам шоҳномахон буд. Ҳамчунин ба Фатҳъалихони Сабо, ки шоир буд, дастур дод таърихи Қоҷор ва рашодатҳои Аббос Мирзо дар ҷанг бо русро дар китобе ба назми “Шоҳнома” бисарояд, ки ба «Шаҳаншоҳномаи Сабо» шинохта мешавад. Дар ин китоб, шоҳони Қоҷор ба шахсиятҳои шоҳномаӣ ташбеҳ шудаанд. Албатта суройиши китобҳои бисёре бар вазни Шоҳнома, дар давраҳои дигари хонадонҳои турки Эрон (ва ҳатто Салҷуқиёни Рум ва Усмонӣ) ҳам ривоҷ дошта ва онҳо низ худро ба шахсиятҳои “Шоҳнома” ташбеҳ мекарданд. Аббос Мирзои рашид ва албатта ноком аз салтанат, он чунонки Ҷемз Муриёния (ба унвони муншии Сер Ҳорфурд Ҷунз, сафири Инглис дар Эрон) дар китоби хотироташ навишта, «Торихи ватани худро хуб медонад. “Шоҳнома”-и Фирдавсиро бисёр дӯст дорад ва ҳамеша онро мутолеъа мекунад».
Аммо нахустин нигоҳҳои илмӣ ба таърихи Эрони бостон, ки фаротар аз таърихи паҳлавонӣ ва шоҳномаӣ мерафт ва мутаассир аз таърихнигории ғарбӣ буд, дар давраи Қоҷор дар Эрон ривоҷ ва густариш ёфт. Ҳамин аст, ки бостонгароӣ ҳам аз давраи Қоҷор оғоз мешавад. Ба назар меояд дар давраи Фатҳъалишоҳ ва пас аз вай, таблиғ ва таъкид бар Эрони бостон ба сурати низомманд дар Эрон рушд кард. «Тоҷи каёнӣ» нахустин бор пас аз фурӯпошии Соcониён ба дастури ҳамин Фатҳъалишоҳ сохта шуд ва бар сари ӯ ва шоҳони баъдии Қоҷор ҷой гирифт. Аммо дар давраи Носируддиншоҳ ин бостонгароӣ авҷ мегирад. Аббос Амонат дар китоби «Қиблаи олам» нишонаҳое аз ин бостонгароиро дар давраи Носируддиншоҳ пай мегирад.
Афроде ҳамчун Мирзо Фатҳъалӣ Охундзода ва Зайнулобидини Мароғаӣ (диққат кунед: ҳар ду озарбойҷонӣ) ҷузви пешгомони бостонгароӣ буданд, ки аз ҳар фурсате барои ёд кардан аз тамаддуни куҳани Эрони пеш аз ислом ва афсӯс хӯрдан барои поёнаш истифода мекарданд.
Бостонгароӣ дар бисёре аз ҷанбаҳои ҳунари Қоҷор ҳам русух кард. Искорчиё (1384) дар китоби «Ҳунари Сафавӣ, Занд ва Қоҷор» оғози бостонгароӣ дар ҳунари даврони Қоҷорро нишон медиҳад. Аз фаршбофӣ ва тасвирсозии китобҳо гирифта то кошикорӣ ва дигар тазъйиноти хонаҳо ва кохҳое, ки бештарашон барои шоҳон ва шоҳзодагони Қоҷор сохта мешуд, метавон нишонаҳои ошкори ин бостонгароиро дид. Барои намуна, «фарши ҳушангшоҳӣ» дар ҳамин давра ривоҷ ёфт. Дар ин гуна фарш, тасовири шоҳони бостони Эрон бар рӯйи фарш бофта мешуд, ки чун беш аз ҳама тасвири Ҳушанг буд, ба фарши ҳушангшоҳӣ шинохта мешуд. Дар бисёре аз ин фаршҳо, тасвири шоҳони Қоҷор дар канори тасвири Ҳушанг ё дигар шоҳони бостон бофта мешуд.
Дар заминаи адабиёти форсӣ низ, дар давраи қоҷор дигаргуниҳое рух дод, ки пеш аз он роиҷ набуд. Саранивисии форсӣ, яъне танҳо ба кор гирифтани вожаҳои форсӣ ва дурӣ гузидан аз вожаҳои арабӣ, нахустин бор на дар давраи Паҳлавӣ, балки дар давраи Қоҷор ва он ҳам умуман ба дасти шоҳзодагони Қоҷор оғоз гардид. Ҷалолуддин Мирзо, писари Фатҳъалишоҳи Қоҷор, китоби «Номаи хусравон»-ро ба форсии сара ва бидуни корбурди вожаҳои арабӣ ва… нивиштааст. “Номаи хусравон” ситоиши шоҳони Эрони бостон аст. Яъне як шоҳзодаи қоҷорӣ китобе менависад ба форсии сара ва он ҳам дар ситоиши таърихи Эрони бостон. Солҳо баъд, Нодирмирзои Қоҷор, ки аз наводагони Фатҳъалишоҳ буд, ин саранивисии форсиро дар китоби арзишманди «Хӯрокҳои эронӣ» пай гирифт; он ҳам дар шаҳри Табрез.
Дар мадорисе, ки дар давраи Қоҷор ба шеваи мадориси мудерн кушоиш ёфт, танҳо ба забони форсӣ тадрис мешуд (ногуфта намонад, ки дар мактабхонаҳои қадимӣ ва пеш аз қоҷор низ танҳо забони форсӣ ва арабӣ омӯхта мешуд, ҳатто дар Табрез ва дигар нуқоти кишвар). Баргардони осор ва китобҳои урупоӣ низ ба забони форсӣ буд (ва на забонҳои маҳаллӣ ҳамчун туркии озарӣ). Ҷолиб ин ки ҳам бунёнгузорони мадориси навин дар Эрон худашон, ҳамчун Мирзоҳасани Рушдияи Табризӣ, аҳли Озарбойҷон буданд ва ҳам бештари мутарҷимон ва нивисандагони солҳои поёнии давраи Қоҷор.
Аммо дар ин миён аз ҳама ҷолибтар, ҳикояти вопасин насли хонадони шоҳони Қоҷор аст, ки аз миёни ду забони туркӣ, ки забони қавмишон буд ва забони форсӣ, ки забони миллишон, дувумиро баргузиданд. Шоҳзода Султонъалӣ Мирзо, ки вопасин раиси эли қоҷор буд, дар гуфтугӯ бо БӣбӣСӣ дар соли 1391, нукоти ҷолиберо баён мекунад, ки қавмгароёни миллӣ тоби шуниданаш надоранд. Ӯ, ки бародарзода Аҳмадшоҳи Қоҷор, вопасин шоҳи ин хонадон, буд пас аз рӯйи кор омадани Паҳлавӣ дар кӯдакӣ ба ҳамроҳи хонаводааш ба Порис рафт, ҳама умрашро ҳамон ҷо зист ва ҳамон ҷо ҳам даргузашт. Модари Аҳмадшоҳи Қоҷор (ки ҳамсари Муҳаммадалишоҳи Қоҷор буд) дар тарбияти ӯ нақши басазое дошт. Ин зан ба навааш дар ғурбат танҳо забони форсиро омӯхт ва бар фарогирии ин забон талош ва ҷиддияти зиёде дошт. Барои ҳамин буд, ки Султонъалӣ Мирзо забони туркиро фаро нагирифт ва намедонист. Яъне модари вопасин шоҳи Қоҷор ҳам ба аҳаммият ва авлавияти забони миллӣ дар баробари забони қавмии хеш огоҳ буд; он ҳам на дар хоку сарзамини Эрон, балки дар сарзамине бегона. Ҳамчунин дар ҳамон гуфтугӯ ӯ ишора мекунад, ки падараш, Султон Маҷидмирзои Қоҷор (бародари Аҳмадшоҳ), чигуна ба ӯ таъкид мекарда, ки дар Фаронса бар ҳувийяти эрониаш пофишорӣ кунад.
Ба ҷуз амсоли Султонъалӣ Мирзо, бисёре аз наводагони хонадони Қоҷор ҳамчунон дар Эрон ҳастанд. Ҷолиб ин аст, ки тақрибан ҳамаи ин афрод ҳам танҳо забони форсиро медонанд ва на забони туркӣ. Аммо муддатест шахсе ба номи «Бобаки Мирзо» аз сӯи бархе ҷараёнҳои қавмгаро, ба унвони охирин шоҳзодаи Қоҷор муаррифӣ мешавад. Дар ин замина бояд чанд нуктаро ёдоварӣ кард: нахуст, ин ки садҳо тан аз наводагони шоҳони Қоҷор акнун дарун ва беруни Эрон зиндагӣ мекунанд, ки бисёрашон ҳамчунон дар номи хонаводагишон пасванди «қоҷор» доранд ва ҳатто дар миёни худашон якдигарро «шозда» хитоб мекунанд. Бино бар ин муаррифии Бобак Мирзо ба унвони охирин шоҳзодаи Қоҷор ба ҳеч рӯ дуруст нест. Дувум, ин ки бисёре аз ин шоҳзодагон, бисёр шинохташудатар аз Бобак Мирзо ҳастанд. Ба вежа, ки ӯ аз панҷумин насли Фатҳъалишоҳи Қоҷор аст ва пас аз Фатҳъалишоҳ ҳеч як аз аҷдодаш шоҳ набудаанд; дар ҳоле ки мо шоҳзодагони қоҷори бисёре дорем, ки наздикишон ба шоҳони Қоҷор (аз назари наслӣ) бисёр бештар аз Бобак Мирзост. Дар воқеъ то ду соли пеш Бобак Мирзо шинохташуда набуд. Аммо ончи боиси шуҳрати якбораи вай, ба вежа назди бархе ҷараёнҳо, шуд наздикиаш ба Боку ва Туркия ва ҳамчунин ошноиаш ба забони туркӣ (бархилофи бисёре аз дигар шоҳзодагони қоҷорӣ) аст.
Бештари бозмондагони кунунии хонадони Қоҷор интиқодоти зиёде ба ҳукумати Паҳлавӣ доранд; аммо сиёсати забонӣ дар ин интиқодот ҷое надорад. Ҷолиб он ҷост, ки бархе аз ин қоҷорзодагон акнун дар сафи муқаддами мубориза бо қавмгароӣ, дифоъ аз таърихи Эрони бостон ва ҳамчунин забони форсианд.
——————————————————————————————————————
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.
Бифирист