“Торихи забони форсӣ”-и устод Парвиз Нотили Хонларӣ

 پرویز ناتل خانلریТорихи забони форсӣ” барҷомондаи гаронсангу мондагор аз устоди зиндаёд, дуктур Парвиз Нотили Хонларӣ, пажӯҳишгар, адабдон, чакомасаро, забоншинос ва сиёсатмадори даврони Паҳлавии дувум аст, ки танҳо китоби поя (марҷаъ) дар ин замина низ ба шумор меояд. Бинои ин китоб бар панҷ пӯшина (ҷилд) рехта шуда буд, ки забони эрониён аз даврони куҳан то ҳамрузгорро дар бар мегирифт.

Пӯшинаи нахуст афзун бар гуфторҳои пояи забоншиносӣ дарбардорандаи гуфторҳое дар бораи забонҳои эронӣ аз оғоз то ислом, забонҳои эронии нав ва форсии дарист.

Пӯшинаи дувум дарбардорандаи вижагиҳои форсии дарӣ аз оғоз, ё аз куҳантариндодаҳои бадастомада аз ин забон дар давраи исломии торихи Эрон, то садаи ҳафтуми қамарӣ аст, ки Хонларӣ онро “давраи нахустин ё давраи рушду таквин” хондааст.

Пӯшинаи севум вижагиҳои дастуриву вожагонӣ ва овошиносии давраи дувуми забони форсии дарӣ (пас аз чирагии муғул)-ро дар бар мегирад. Ин давра ба садаи сездаҳуми қамарӣ фарҷом меёбад ва аз давраҳои таъсиргузор дар забони форсии имрӯзӣ ба шумор меояд.

Пӯшинаи чаҳорум дар бораи забони форсии ҳамрӯзгор ва дигаргунии он аст.

Пӯшинаи панҷум дар бораи забони форсӣ дар кишварҳои ҳамсоя, монанди Тоҷикистон, Афғонистон ва шибҳиқорра (Ҳинд) аст.

Хонларӣ дар давраи зиндагии пурбори худ танҳо тавонист пӯшинаҳои нахусту дувуму севуми торихи забони форсиро ба сомон бирасонад, ки аз навиштаҳои пурарзишу мондагор дар ин замина аст. Ҳамчунин, ӯ барномае пояӣ бар ҳамин мояи абзори забони порсӣ барои навиштани фарҳанги вожагон поярезӣ карда буд, ки танҳо тавонист бахше аз давраи нахустро омода кунад ва ба чоп бирасонад.

“Порсӣ Анҷуман” китоби “Торихи забони форсӣ”-и дуктур Парвиз Нотили Хонлариро, ки солҳост дар дастраси хоҳандагон нест, дар се пӯшина ба хонандагони хеш пешкаш мекунад. Бошад, ки роҳи ин устоди зиндаёд, ки зиндагии хешро бар пойи забони порсӣ ва фарҳанги Эронзамин ниҳод, пурраҳравтар шавад.

Эдун буд, эдунтар бод!

Пӯшинаи нахусти “Торихи забони форсӣ“-ро аз инҷо боргузорӣ кунед.

Пӯшинаи дувуми “Торихи забони форсӣ“- ро аз инҷо боргузорӣ кунед.

Пӯшинаи севуми “Торихи забони форсӣ“- ро аз инҷо боргузорӣ кунед.

Матлаби порсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0