Нигоҳе гузаро ба чанд шеъри меҳанӣ аз шоъири тоҷикистонӣ

Шоҳмансури Шоҳмирзо, Мехостам паранда шавам, Теҳрон: Солис, 1398.
Шоҳмансури Шоҳмирзо, Мехостам паранда шавам, Теҳрон: Солис, 1398.

 Аббос Салимии Онгил (дабири коргурӯҳи осебшиносии Порсӣ Анҷуман): Аз Шоҳмансури Шоҳмирзо, нивисанда ва шоъири тоҷикистонӣ, пештар маҷмӯъадостони «Боғи шафтолу»[1]-ро хонда будам. Замоне ки мехостам ёддоште бар он китоб бинивисам, каме дар гугл ҷустуҷӯ кардам то бибинам дигарон чи назаре дар бораи ин асар додаанд. Нақде хондам ва пай бурдам, ки мунтақиди муҳтарам ҳатто мутаваҷҷеҳ нашудааст, ки Тоҷикистон фақат яке аз ҷумҳуриҳои бархоста аз фурӯпошии Шӯравӣ нест, балки кишваре форсизабон аст ва забони адабӣ ва илмии Осиёи Миёна то пеш аз юриши русҳо форсӣ будааст! Ва албатта бисёре аз мунтақидон ва нивисандагони муъосир ба ин костӣ дучоранд; пайвандашон бо густараи ҷаҳони эронӣ ва адабиёти куҳан ва ҳатто муъосири форсӣ гусастааст, урупоиёнеанд, ки аз бади ҳодиса инҷо ба дунё омадаанд ва ҳоло на огоҳии боистае аз Ғарб ва адабиёти ғарбӣ доранд ва на иттилоъе аз Эрон ва адабиёти форсӣ.

 «Мехостам паранда шавам» китобе камҳаҷм ё китобчаест дарбаргирандаи шеърҳои Шоҳмансури Шоҳмирзо. Аз назари адабӣ, бештар ғазалҳои ин маҷмӯъа ҳолу ҳавои ғазали клосики форсиро дорад ва гоҳе ҳам тафаннунҳо ва шигирдҳои адабии ғазали муосирро дар онҳо мебинем. Ҳамчунин аз вежагиҳои сабки ҳиндӣ, ки дар Фарорӯдон ҳаводорони бисёр доштааст, тиҳӣ нест. Дар инҷо, ба он даста аз шеърҳое, ки метавон онҳоро шеърҳои иҷтимоъӣ ва меҳании ин шоъир номид нигоҳе меандозем.

 Дар ин шеърҳо, Эрон, афзӯн бар маънои сиёсӣ-иҷтимоъӣ, маънои ҳунарӣ ва зебоишинохтӣ ба худ мегирад (ин вежагӣ дар шеърҳои меҳанит бисёре аз шоъиронт эронӣ ҳам вуҷуд дорад); Эронест, ки Шерозу Табрезу Хуҷанд ва Самарқанду Балху Хива ва… конунҳои фарҳангии онанд. Чунин Эроне, Эрони бузурги торихию фарҳангӣ, ҳамон мафҳуму падидорест, ки дар фардои инқилоб нодида гирифта шуд.

 Боди анбарбӯи Ҷӯи Мӯлиён, яъне шумо,

 Ташнаи дидори ёри меҳрубон, яъне шумо.

 Аз Хуҷанду Балху Хева то Самарқанду Ҳарот

 Иззат Шерозу фахри Исфаҳон, яъне шумо.

 Номаи донои Тӯсӣ, байти ноби Рӯдакӣ

 Тоҷу тахти давлати Сомониён, яъне шумо…

  Дар Юнеску сабт хоҳам кард хубии туро,

  Нақши Рустам, Бесутун, Боми Ҷаҳон, яъне шумо.

  Оламе пур гашта аз кафтору рӯбоҳу шуғол,

  Шермарди бешаи Мозандарон, яъне шумо…

  Хоки пойи Саъдӣ асту сурмаи чашмони ман,

  Атри ёси «Гулситон»-у «Бӯстон», яъне шумо… (с. 11 ва 12)

 Ин шеър пайвандҳои ошкору пинҳон бо адаби куҳан дорад ва афзӯн бар ин пайвандҳои байноматнӣ, дарунмояаш гирди меҳвари Эрони бузург мегардад. Ҷаҳонеро, ки шоъир васф мекунад паҳнае фарҳангист, ки бо вуҷуди чандпора шуданаш ҳанӯз ҳар порае аз ҷудоиҳо ҳикоят мекунад; ҷаҳони ҳунарӣ ва зебоиишинохтист, васфи як тамаддун аст.

 Шеъри зер, ба эҳтимоли бисёр, танҳо шеъри забони форсист, ки радифи Фирдавсӣ дорад:

 Хиттаи сабзи Хуросон ватани Фирдавсӣ,

 Гулу оинаву оташ сухани Фирдавсӣ.

 Номааш тобиши хуршед ба ҳар партави он

 Сад баҳор аст гул андар чамани Фирдавсӣ.

 Форсӣ аз сухани фохири ӯ ёфт шукӯҳ,

 Шуд ҳамоса қалами сафшикани Фирдавсӣ.

 Тоҷи Кайхусраву Ҷамро ба сари чарх ниҳод

 Меҳр равшан шуда аз сӯхтани Фирдавсӣ.

 З-оташи ҷавр замон ҳамчу Сиёваш бигузашт

 Зиреҳе дорад аз нур тани Фирдавсӣ.

 Рустам аз ҳиммати ӯ Рустами Дастон шудааст,

 Офарин бар ҳунару тарзу фани Фирдавсӣ.

 Эй парешонназари кӯи сухан, дар ҳар ҷой

 То абад ҷамъ бувад анҷумани Фирдавсӣ. (с. 26 ва 27)

 Шеър бо ташбеҳи сухани Фирдавсӣ ба гулу оина ва оташ оғоз мешавад ва дар байтҳои дигар ҳам бо ташбеҳу киноя ва ҷондорангорӣ ва дигар орояҳо пеш меравад. Ба забони дақиқтар, бутиқояш ҳамон бутиқои ғазали клосик аст. Албатта, аҳаммияти шеър, ба назари ман, дар ин аст, ки як шоъир аз Фарорӯд, пас аз он ҳама истеъмор ва русзадагӣ, метавонад чунин шеъре ба форсӣ бисарояд ва чунин нигоҳе арза кунад.

 Ҳамчунин дар шеъри дигаре дар қолаби дугонӣ (маснавӣ) ва ба ҳамон вазни Шоҳнома, сарояндаи номаи бостонро чунин меситояд:

 Дуруд, эй ҳакими баландостин,

«Суханофаринро ҳазор офарин».

 Ҳунарманди воло, сухангустарӣ,

 Хирадро, адабро, ту пайғамбарӣ!

 Пай афканда кохи баланди сухан,

 Ҳаме аз хирад, аз забони куҳан,

 Нигаҳбони фарҳанги номоварон,

 Чароғи фурӯзони шеъру забон,

 Ҷаҳонро ба лутфи хирад сохтӣ,

 Башарро ба асли худаш хостӣ.

 Бувад то забон назди фарзонагон,

 Ки «Шаҳнома» ҳаргиз наёбад зиён.

 Ба лутфи башоратгари ростӣ

Зи ту дур бодо каму костӣ. (с. 28 ва 29)

 Яке аз шеърҳои дурахшон ва гарми ин маҷмӯъа ҳамин шеъри зер аст. Гӯё шоъир ин шеърро дар сафаре ба Табрез ва дидори он шаҳр сурудааст. Ин шеър ёдовари сафари Камоли Хуҷандӣ, ҳамшаҳрии шоъир, ба Табрез аст:

 Сӯи Табрез ман аз шаҳри Хуҷанд омадаам,

 Абрам, аз он тарафи кӯҳи баланд омадаам.

 Як бағал шеъри тар овардаам аз Хоҷа Камол,

 То ба дидори ту, эй шеърписанд омадаам.

 Пурам аз ҳасрати торих, пур аз захми замон,

 Аз Бухорову Самарқанди чу қанд омадаам…

 Як нафас пеши мани хаста биёву бинишин

 Сӯи Табрез ман аз шаҳри Хуҷанд омадаам. (с 44, 45)

 Ин ки Самарқанд ва Бухороро дар канори «пур аз ҳасрати торих ва захмии замон будан» овардааст, баёнгари нигоҳи иҷтимоъӣ-сиёсии шоъир ҳам ҳаст. Дар маҷмӯъ, ҷаҳоне, ки шоъир сохта ва васф кардааст ҷаҳони шикофта ва пора-пора аст, ки ҳанӯз нафас мекашад ва зинда аст.

 Наврӯз яке аз муҳимтарин намодҳои фарҳанги эронист. Шоъир дар шеърҳои меҳаниаш ба Наврӯз ҳам назар доштааст. Албатта, бори иҷтимоъии ин Наврӯз бисёр пуррангтар аз Наврӯзест, ки дар адабиёти куҳан омадааст; ин Наврӯз тапиши рагҳои он ҷаҳони пора-пора аст, ки аз зинда будани худ огаҳӣ медиҳад:

 Эй атри латифу гарми Наврӯз биё,

 Аз Марву Хуҷанду Тӯсу Қундӯз биё.

 Бардор зи синаҳо ғубори ғамро,

 Бар зулмати шаб чираву пирӯз биё… (с. 15)

 Шеъри поёнии ин китоб дар бораи Ораш аст; ҳамон намоде, ки дар шеъри муъосир ҷилвае тоза ёфтааст ва шоъироне аз гурӯҳҳои гуногуни андешагӣ, чап ва рост, дар борааш сурудаанд ва бардошти худро ироа кардаанд. Ин шеър ва бештар шеърҳои меҳании шоъирро бояд аз осори ҳунарии пасошӯравӣ дар Фарорӯд қаламдод кард; растохези фарҳанги эронист.

 Торих аз диловариаш ёд мекунад,

 Парвардигори пок нигаҳбони Ораш аст.

 Ҷонро барои ҳифзи Ватан ҷовидона дод,

 Ҷоне, ки дар ман аст, ҳамон ҷони Ораш аст.

 Ҷуғрофиёи Форс, ки ҷоми ҷаҳоннамост,

 Олам ҳанӯз ойинабандони Ораш аст.

 Ин сарзамин, ки ҳар ваҷаб аз хокаш оламест,

 Эрони банда нест, ки Эрони Ораш аст. (с. 46)

 Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, пайвандҳои мардумони Эроншаҳр устувортар шуд ва дар даҳаҳои ахир сарояндагони бисёре дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар устувортар кардани ҳар чи бештари ин пайвандҳо қалам задаанд. Бошад, ки андешаи эроншаҳрӣ подзаҳри идиулужиҳои нажодпарастона ва қавмгароёна шавад.

 Понавишт:

  1. Боғи шафтолу, Теҳрон: Солис, 1398.

——————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*