«Динкарди чаҳорум» чоп шуд

Порсӣ Анҷуман: «Гузидае аз Динкарди чаҳорум» (баргирифта аз «Ойиннома»-и Соcонӣ, нивишташуда ба рӯзгори шоҳаншоҳ Хусрави Анушервон) бо гардониш ва гузориши Бузургмеҳри Луқмон чопахш шуд.

Луқмон, худ, дар ин бора нивиштааст: «Пур бероҳ нест, ки Динкарди чаҳорумро печидатарин, душвортарин ва дерёбтарин нибиштаи порсиг (паҳлавӣ) донем, чи, ҷудо аз сахтиҳое, ки дар заминаи дастнибиштҳои барҷоймонда аз Динкарди чаҳорум ҳаст, ин бахш аз Динкард, ки дар нигоҳи нахуст ба ҷунге аз гуфторҳои пароганда ва бепайванд бо якдигар монад, худ гузине аз ойинномаи азмиёнрафтаи Соcонист ва ҳамин гузидаро низ бори дигар Озарфарнбағи Фаррухзодон на гулчин, ки гузидатар кардааст.
Ҳамчунин, моригҳо(ҷумалот) бас баланд, гуфтшиносӣ(наҳв) сахт печида ва гузораҳо(истилоҳот) душворёб ва норавшан ва бархе вожаҳо такбасомадӣ(hapax)-анд, ва чироии ин низ ба саргузашти Динкард баргардад, ки Озарбоди Умедон достони пуробичашми чигунагии гирдоварии ин гули ранҷҳои куҳанро ба кӯтоҳӣ дар Динкарди севум, дари 420, бознамудааст.
Боре, ин душвориҳо, дар канори пешниёзи боиста барои пижӯҳишҳои маздяснӣ, ки ҳамон дониши жарф аз дини беҳист, бад-он анҷомида, ки то ба имрӯз гузоришӣ ва гардониши баванда аз ҳамаи Динкарди чаҳорум ба даст надошта бошем.
Танҳо кори устухондоре, ки то ба имрӯз бар Динкарди чаҳорум анҷом шуда, кори Раҳоми Аша аст. Аша Динкарди чаҳорумро вироиш ва овонависӣ карда ва ҳамчунин гардониши инглисии ниме аз Динкарди чаҳорумро ба даст додааст. Кори ман низ бар пояи ин кори эшон ва ба думболаи он аст.»
Бузургмеҳри Луқмон дар бораи ончи дар «Гузидае аз Динкарди чаҳорум» хонем, овардааст: «Гузидае аз Динкарди чаҳорум бо гузориши фалсафӣ аз ушигон(маъқулот) (ҳурмузд, баҳман, урдибиҳишт, шаҳривар, спандормаз, хурдод ва амурдод) оғозад.
Ба шаҳривар, ки расад, аз он ҷой, ки «шаҳривар» намояндаи шаҳриёрист, ба чигунагии пайванди миёни «дин» ва «шаҳриёрӣ» пардозад ва аз кӯшишҳои бархе шаҳриёрони эронӣ, монанди Ҳахоманишиён, Ашконон ва Соcониён, дар нигаҳдошти Авесто ва Занд ва дигар нибиштаҳо гӯяд.

Пас аз ин гузориши торихӣ, пурсишҳои фалсафӣ яке аз паси дигаре пурсида ва посухҳои кӯтоҳ бад-онҳо дода шавад. Бад-ин ҷой аст, ки ба: роҳи огоҳӣ аз чистӣ ва чигунагии хешкории офаридаҳо; бекаронагӣ ва каронмандии замон; ҷой; бахт ва куниш ва дар ин миён гузиниши озодкомонаи мардумон; корбурди ҳандаса дар ахтаршиносӣ; дабирӣ; пурсишҳое дар бораи шоядбуд(мумкин), нашоядбуд(мумтанеъ), тавонбуд(муҳтамал), куниш ва замон; хӯюхими беҳгузинон; ду гунаи волотаборӣ: волотаборӣ ба табори нек ва волотаборӣ ба кирдори нек; пешбинии диногоҳон аз баромадани шоҳашоҳ Ардашери Бобакон ва бозороии суди ду ҷаҳон ба фарраҳи ӯ; корбурди ҳандаса дар ситорашиносӣ; кори пизишкон ва савийяҳо ва бахшҳои дониши пизишкӣ; ҳамисторон(аздод) (гармию сардӣ ва тарию хушкӣ) дар омезишҳои(мизоҷҳои) тан, ва ин, ки ҳамрасии ҳар чаҳор дар миёнагӣ сомон бошад, ва дар бешбуд ва камбуд ошуфтагӣ; чироии бартарии Эроншаҳр ва шоҳаншоҳи Эрон ва мояварии орёиён; ойини сухан гуфтан ва пайкоридан(мунозира кардан); нибеги гӯёии(мантиқи) «Тарка» ; сухан аз ҳиндудабирӣ ва виспдабирии порсӣ ва низ нибеги Дипаваёкарана, ки андар дастури забон аст ба санскрит; ин, ки гардониши порсии нибегҳое монанди Горгияи ҳиндӣ ва Мигистии(ал-маҷистии) юнониро ба ҳамроҳи нибегҳои бун (нивиштаҳои модар) дар ганҷхонаи шоҳӣ ниҳоданд; донишномае ба забони порсиг ба номи «Ҳангирдӣ», ки дарбардорандаи чакидае ва фишурдае аз ҳамаи донишҳо ва пешаҳои Эроншаҳр ва низ ҷаҳон аст ва ин, ки фарзонагони порсӣ нибегҳои дониширо аз сартосари гетӣ гирд оварданд ва пижӯҳиданд ва ба порсиг гузорданд ва ба ҳамроҳи нибеги бун дар ганҷхонаи шоҳӣ ба намоиш гузоштанд; тани мардумон дар санҷиш бо чаҳор пешаи ҷаҳон; он гуфта ё карда, ки баромада аз омӯзиш ё пеша бошад, бартар аст; ин, ки эрон (орёиён) ҳамора миёнаравиро ситоянд, бешравӣ(ифрот) ва камравӣ(тафрит)-ро накӯҳанд; ин, ки суханшиносон, аз файласуфони Рум ва доноёни Ҳинд то донишмандони дигар сарзаминҳо, фарзонагони Эроншаҳрро бештар ситоянд ва писанданд; донистани чигунагии нигаҳдошти тан ва шинохтани кори он, баҳра аз хурсандиҳои равогманд ва зистан андар ромише аз хешкорӣ(анҷоми вазифа); боистагии омӯхтан; ва ба чакидае аз омӯзаи маздяснӣ, ба гунаи гуфтугӯе дилнишин, дар вопасин банди Динкарди чаҳорум пардохта шавад.»
Гуфтанист, ки «Гузидае аз Динкарди чаҳорум», пас аз «Гӯёии Арасту» аз Повели Порсӣ (файласуфи Эрони бостон), «Дебочае бар фалсафаи торихи Эрон», «Забони порсиг (паҳлавӣ): дастури забон, вожасозӣ ва воҷшиносӣ» ва «Ҷомоспӣ (гузориши порсиги Ёдгори Ҷомосп/ Ҷомоспнома)» панҷумин нома аз гирдоварди «Хирадномаг» аст. Шашумин нома аз Хирадномаг низ «Ҷусторномаг» ном дорад, ки ҳамзамон бо Динкарди чаҳорум чопахш шудааст.
Чопи нахусти «Гузидае аз Динкарди чаҳорум» дар андозаи вазирӣ, бо пӯшинаи сахт ва баҳои 420 ҳазор тумон дар дастраси устодон, пижӯҳандагон, донишҷӯён ва дӯстдорони фарҳанг ва забонҳои эронӣ ниҳода шудааст.
***
Динкарди чаҳорумро аз «инҷой» тавон харидан.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*