Чаро бояд вожагони порсиро ба кор бибарем?

Куруши Ҷаннатӣ

کوروش جنتی“Онҳое, ки тасаввур мекунанд бо забони Фаррухии Систонӣ ё бо забони Саъдии Шерозӣ метавон дар ин аср таҷоруби инсони асри моро тасвир кард, ба далоили сад дар сад илмии илми ҷадид ҳарфашон пучу бемаънист.” (1) Надоштани пасзаминаи ошно ва тозагии шуморе аз наввожагон яке аз бузургтарин дастовезҳои суннатгароён ва бисёре аз мардуми одӣ барои ҳамисторӣ (мухолифат) ва чи басо ришханд кардани вожагони тоза аст. Падидае, ки Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ аз он зери фарноми (унвон) “наввожтарсӣ” ёд мекунад.

Бегумон, ҳамаи вожагони тоза дуруст, разин (дақиқ) ва зебо нестанд. Бо ин ҳама ситезу ҳамисторӣ бо вожагони тоза ба бунори (иллати) ноошно будан яке аз бепоятарин хурдагириҳоест, ки дар ин замина пеш афканда мешавад. Чиро ки торихи забон пур аст аз вожагони барсохтаи тозае, ки дар оғоз дастмояи хандаи на танҳо мардумони кӯчаву бозор, ки фузалову удабо шудаанд ва замоне на чандон дароз пас аз он чунон дар бистари забон ҷойгир шудаанд, ки ба кор бурдани вожае ҷуз онҳо хандадор омадааст. Ба дигар сухан, бисёре аз вожаҳои ошнои имрӯз наввожаҳои ноошнои дирӯз будаанд.

Муҳаммадъалии Фурӯғӣ, ки худ нахустин фарнишин (раис)-и Фарҳангистони забони порсӣ ва хешгоне (шахсе) навинандеш ба шумор мерафт, дар нома ба Фарҳангистон бар наввожаҳои “пешванд”-у “пасванд” хӯрда мегирад ва “мазиди муқаддам”-у “мазиди муаххар”-ро беҳтар аз онҳо медонад. Фаротар аз он, Содиқи Ҳидоят, нависандаи навинандешу меҳандӯст, низ вожаҳои Фарҳангистонро ба ришханд мегирад ва бахте барои ҳамагир шудани онҳо намедонад. Бо ин ҳама, пазируфта шудани бисёре аз вожагони фарҳангистонҳо беҳтарин гувоҳ барои нодурустии ин гуна бархурд бо наввожагон аст ва барӯшанӣ нишон медиҳад, ки одат доштан ва хӯгир будани мардум ба вожаҳо наметавонад дастовези дархуре барои ситез бо наввожаҳо бошад ва мардуме, ки рӯзгоре тавнистанд ба вожаҳое чун маърифатуларз, мизонулҳарора ва баладийя одат кунанд, бисёр содатар бо заминшиносӣ, дамосанҷ ва шаҳрдорӣ хӯ мегиранд. Ту гӯӣ ҳанӯз ҳам ҳар чизи тозае, ки дар ҳамситезӣ (тазод) бо одатҳову боварҳои пазируфташудаи мардум қарор дорад, бояд чунин сарнавиштеро аз сар бигзаронад: нахуст ба ришханд гирифта шавад, сипас басахтӣ дар баробари он истодагӣ шавад, ва дар поён ба фарном (унвон)-и намунае рӯшан ва сазовор бо хирад пазируфта шавад.

Ба бовари гурӯҳе, ҷойгузинии наввожаҳо бо вожаҳои ҷоуфтодаи бегона дар ҳамситезӣ бо адабиёти суннатии мо қарор мегираду мояи он мешавад, ки мо пайвандамонро бо забони Ҳофизу Саъдӣ аз даст бидиҳем. Эшон, ки дилсӯзона аз ҷойгоҳи посдорони забони порсӣ сухан мегӯянд, гӯё фаромӯш кардаанд, ки омехтагии ҳаштоддарсадии забони порсӣ бо вожагони тозӣ боровард (натиҷа)-и талошҳои эшон ва ҳамандешонашон дар гузашта будааст.

Яке аз дастовезҳои бузурги тарододгароён барои ситез бо наввожаҳо бар ин бовар устувор аст, ки забон падидаест зинда ва пӯё, ки тародесиш (тағйир)-ҳои он бояд дарунзо бошад, на ин ки ба деса (шакл)-е сохтагӣ аз берун ба он зӯровар шавад. Ба бовари эшон, ҷойгузинии наввожаҳо бо вожаҳои ҷоуфтодаи бегона дар ҳамситезӣ бо адабиёти суннатии мо қарор мегирад ва мояи он мешавад, ки мо пайвандамонро бо забони Ҳофизу Саъдӣ аз даст бидиҳем. Эшон, ки дилсӯзона аз ҷойгоҳи посдорони забони порсӣ сухан мегӯянд, гӯё фаромӯш кардаанд, ки омехтагии ҳаштоддарсадии забони порсӣ бо вожагони тозӣ боровард (натиҷа)-и талошҳои эшону ҳамандешонашон дар гузашта будааст. Ҷангали ваҳшӣ донистани забон (бавижа забони илмӣ) ба маънии дарк накардани рушди илмӣ ва санъатии рӯзафзуну чашмгири башар аст.

Ҷангали забони илмӣ иттифоқан маснӯъӣ аст. Ҷолиб ин аст, ин изҳори назарҳои ба зоҳир андешамандона фақат дар мавриди вожагони форсӣ сидқ мекунад ва ҳамин андешамандон вақте вожагони бегонаи “итола”, “иъода”, “измеҳлол” ва… (вожагоне, ки бештари мардум маънии онро намедонанд)-ро мешунаванд, бе он ки нигарони осебҳои ин дарахтондарахт барои хоки ин ҷангал бошанд, мекӯшанд ин дарахти маснӯъиро ба зӯр ҳам, ки шуда, дар ин ҷангали худрӯ бикоранд. Замоне ки бархе туллоб ва фозилони (!) гузашта дарахтони маснӯъии таъоруз (conflict), таноқуз (contradiction), “танофур”, татбиқӣ (comparative), мутаъолӣ (transcendental), ва …ро дар ин ҷангали бесоҳиб мекоштанд, равони касе намепарешид, вале имрӯз, ки дарахтони табиъии “ҳамситезӣ”, “подгӯӣ”, “ҳамгурезӣ”, “ҳамсанҷишӣ”, “тарофарозанда”-ро мекоранд, ҳама ҷангалбон шудаанд! (2)

Чунин ба дида меояд, ки решаи бисёре аз хурдагириҳоро бояд дар ноошно будани хурдагирон бо созукорҳо ва вижагиҳои забони донишик (илмӣ) ҷуст. Ин густара аз забон дигарсонӣ (тафовут)-ҳое бо забони рӯзона ё зосторӣ (табиъӣ) дорад, ки бидуни донистани ин дигарсониҳо доварӣ дар бораи як вожаи тоза осон нест. Дарвоқеъ, вожагони фаннӣ бар пояи ниёзҳои ҳар ришта барсохта мешаванду бисёре аз ин вожагон то поён низ танҳо дар густараву заминаи вижисторона (тахассусӣ)-и худ ба кор мераванд. Шуморе низ по ба пои боло рафтани дониш ва фарҳанги суханварони он забон рафта-рафта даршамида (ҷазб)-и баданаи забони рӯзона шуда, корбурди ҳамагонӣ меёбанд ва аз ин раҳгузар ба пурбориву густариши вожагонии он забон меафзоянд.

Дар дунболаи навиштор бакӯтоҳӣ ба чанд вижагии забони донишику чироии бартарии баробарҳои вожагонии порсӣ пардохта мешавад. Яке аз вижагиҳои меҳодин (аслӣ)-и забони донишик аз дидгоҳи Шамсиддини Адибсултонӣ доштани шахсият ё хешгонагӣ (3) аст. Ба ин чамор (маъно), ки сохтмони вожаи донишик набояд чандон ба забони рӯзонаи мардум наздик бошад, ки вижа будану таккоркардӣ будани худро бо дарҳамомезӣ бо намудҳои чаморини забони зосторӣ аз даст бидиҳад. Ёдоварии ин нукта дар ин ҷо боиста аст, ки ҳар вожаи порсӣ ҳарчанд дар нигоҳи нахуст ноошно, ба шаванд ( далел)-е, ки дар дунболаи навиштор бознамуда мешавад (тавзеҳ дода мешавад), аз баробарҳои бегона ошнотар аст.

Чунон ки бояд гуфт, ин ки як вомвожа аз як забони дигар аз вожае худӣ дар забони вомгиранда ошнотар ба нигар ояд, худ нишонае аз бемории забони вомгиранда аст. Бо ин ҳама, бар пояи ин дидгоҳ ошно будану барсохта шудани наввожаҳо аз мояҳои содаи забони мардуми одӣ санҷаи хуб будани як вожа ба шумор намеояд. Чунонки Ҳайдарии Малоирӣ баробарниҳодаи ошнотари “сомона”-ро барои “систем” хурдакорӣ меномад ва худ вожаи ноошнотари “рожмон”-ро пеш мениҳад ва дар бознамуди барсохтани вожаи “фарбол” чунин менависад: “Истилоҳи “барафзоиш” баробари хубе барои “accretion” ба назар намерасад. Ин истилоҳ, ки бархе онро ба кор мебаранд ва ташкилшуда аст аз пешванди “бар” + “афзоиш” басодагӣ ба маънои афзоиш ёфтан аст. Ҳол он ки “афзоиш” одитарин баробари форсӣ барои “addition” аст (чи дар риёзӣ, чи дар ғайри он). Ба сухани дигар, “барафзоиш” баробари бисёр пешипоуфтодаест барои мафҳуми муҳимми “accretion”, бавижа он ки “афзоиш” корбурдҳои бисёр дигаре ҳам дорад. Мебинед, ки дар ин ҷо масъала бар сари форсӣ ё бегона будан нест.

“Барафзоиш” форсист, вале баробари хубе нест. Мо барои мафҳуми “accretion” баробари “фарбол”-ро пешниҳод мекунем, ки ташкилшуда аст аз “фар”, нишонгари фаровониву афзоиш ва “бол” аз феъли “болидан”. Ҳамчунин, фарболу фарболидан дар сохти ҷудошудаҳои марбут ба он коротар ҳастанд. (4)

Решаи бисёре аз хурдагириҳоро бояд дар ноошно будани хурдагирон бо созукорҳо ва вижагиҳои забони донишик (илмӣ) ҷуст. Ин густара аз забон дигарсониҳое (тафовутҳое) бо забони рӯзона ё зосторӣ (табиъӣ) дорад, ки бидуни донистани ин дигарсониҳо доварӣ дар бораи як вожаи тоза осон нест.

Аз дигар вижагиҳои забони донишик, ки дар гуфтоварди боло ҳам ба он ишора шудааст, таккоркардӣ будани вожагон ва бозгашти ҳар нумод танҳо ба як намуди маъноист. Ба забони дигар, дар забони донишик ба воруни забони рӯзмарра аз чандлоягии маъноӣ хабаре нест: data, output, input, information. Ҳар кадом аз ин нумодҳои вожагонӣ ба намуди маъноии вижае бозгашт медиҳанд, ки барои дарёфти дурусти онҳо ва бозшинохтани дигарсониҳояшон бояд барои ҳар кадом аз онҳо баробарниҳодае ҷудогона дошт: дарундод, бурундод, дода ва аздоиш (иттилоъот). Намунае дигар меоварам: имрӯза порсизабонон барои се вожаи еxact, precise, ва аccurate як ҳамгуни “дақиқ”-ро ба кор мебаранд, ки ҳамин аз мизони диққати (!) навиштори баргардоншуда мекоҳад. Миёни чаморҳои (маъноҳои) ин се вожа агарчи андак, вале дигарсониҳое будубош дорад, ки бояд дар забони донишик дар дида оварда шавад. Аз ҳамин рӯст, ки Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ дар “Фарҳанги решашинохтӣ”-и худ “парсун”-ро ҳамуги “precise”, “разин”-ро ҳамуги “еxact” ва “рашманд”-ро ҳамуги “accurate” ниҳодааст. Метавон бар ин наввожагон аз дидгоҳҳое чун сохторовоӣ, решашиносӣ, дарозои вожа ва… хурда гирифту онҳоро напазируфт ё ин ки гуфт дар забони инглисӣ ҳам ин вожаҳо ба ҷойи ҳам ба кор мераванд.

“Exact” ва “precise”-ро ҳамчамор низ мегиранд, вале сухани нигоранда дар ин ҷо бар сари дурустии нигаришу дидгоҳест, ки дар паспушти ин равиши вожасозӣ будубош дорад. Дар пайванд бо нуктаи боло ҳамчунин бояд афзуд, ки яке аз сахтиҳои кунунии суханварони забонҳои нодонишик дар фаҳми пурсмон (масъала)-ҳои ин ҷаҳони навин низ дар ҳамин костӣ хона дорад. Барои намуна, бардошти ирфонӣ аз ишқ бо бардошти имрӯзии он аз ишқ, ки ошкоро бо танонагӣ танида шуда, бисёр дигарсон (мутафовит) аст. Ҳамон гуна ки бардошти Носири Хусрав аз хирад бо дарёфти имрӯзини мо аз хирад низ дигарсонии бисёр дорад. Дар инҷо хирад нумодест барои ду намуди яксара (комилан) дигарсон ва агар мухотаб бо заминаҳои андешагӣ ва боҳмод (ҷомеъа)-е, ки Носири Хусрав дар он мезист, ошно набошад, дур нест, ки дар бархӯрд бо номи чомасаро (шоъир)-и хирадгаро ӯро хирадманде ба чамор (маъно)-и навини он бипиндорад.

Ҳамин костист, ки мояи гилояи мутарҷиме чун Иззатуллоҳи Фулодванд низ мешавад: “Хонандагон бояд таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки ончи мо дар инҷо “қудрат” ё “марҷаъи қудрат” тарҷума мекунем, дар матни аслӣ “authority” аст ва на “power”, ки дар сафаҳоти пешин аз ду навъи мухталифи он сухан рафт. Ихтиёри як калимаи форсӣ барои расондани ин ду маънӣ мӯҷиби таассуф аст, вале чорае надидем ва умедворем битавонем ин ихтилофи маъниро ба ёрии сиёқи иборот бозшиносем. (5)

Яке дигар аз вижагиҳои забони донишик ин аст, ки маънои ҳар вожа дар худи вожа бошад. Аз онҷо ки бисёре аз вожаҳое, ки дар густараҳои гуногуни забонӣ ба кор мебарем, решаи порсӣ надоранд ва аз бахшҳои ошнои забони модарӣ сохта нашудаанд, бисёр пеш меояд, ки дар бархӯрди нахуст маънои вожа дарёфта намешавад ва ин худ яке аз печишҳову душвориҳои омӯзишии мо ба шумор меояд. Ин вожагон, ки ҳам дар бистари забони рӯзона ва ҳам дар густараи фанвожаҳо будубош (вуҷуд) доранд, фаровардаи як дастгоҳи забонии яксара дигарсон бо сохтори забони порсӣ ва дастгоҳи вожасозии он ҳастанд. Ногузир омӯхтор (муъаллим) барои омӯзиши он нахуст бояд ин вожаро барои донишомӯзон ҳадориш (таъриф) кунад ва сипас онро ба донишомӯзон биёмӯзад. Барои худи нигоранда дар ҷойгоҳи омӯхтор пеш омада, ки дар замони омӯзиши дастури забони порсӣ, ҳангоме ки аз донишомӯзон хостаам, то фоъил, феъл ва мафъулро дар ҷумлаи содае монанди “Алӣ Ҳасанро зад” боз бишносанд, ҳар бор шуморе аз онон дар ин бозшиносӣ ноком будаанд. Вале ҳамин ки аз онон хоста шудааст, то “кунандаи кор” ва “корпазир”-ро дар ҷумла шиносоӣ кунанд, басодагӣ Алӣ ва Ҳасанро нишон медиҳанд, чиро ки чамори вожаи “кунандаи кор” ва “корпазир” дар худи вожа аст.

Бар ин поя, корбурди вожагоне чун “чаҳоргӯш”, “сегӯш”, “оброҳа” ва “дармонгоҳ” бар баробарҳои бегонаашон “мураббаъ”, “мусаллас”, “конол” ва “клиник” бартарӣ дорад, чиро ки аз мояҳои ошнои забони порсӣ сохта шудаанд ва донистани забони порсӣ барои фаҳмиданашон басанда аст. Албатта, ҳамаи наввожагон чунин сода нестанд. Барои намуна, вожаи “таромун”. Ин вожаро Адибсултонӣ баробари “қутр” пешниҳод кардааст. “Таро” пешвандест дар забони паҳлавӣ ба маънои аз ин сӯ то он сӯ, ки Фарҳангистони дувум онро зинда кардааст ва “мун” низ ба маънои андоза. Бино бар ин, маънои таромун мешавад андозае аз ин сӯ то он сӯ. Ин вожа аз чанд дарича падофандпазир (қобили дифоъ) аст. Нахуст он ки таромун вожаест созвор, ки бар пояи дурусти дастгоҳи вожасозии забони порсӣ сохта шудааст. Дудигар, маънои вожа дар худи вожа аст ва пас аз чанде ки аз омӯзишу ҷоуфтодани таквожаҳои “таро” ва “мун” бигзарад, бидуни онки омӯхтор ниёзе ба бознамуди мафҳуми қутр дошта бошад, танҳо бо шунидани вожа маънои онро бозмешиносад. Севум ин ки таромун бо сохтори овоии забони порсӣ созгортар аст ва саранҷом, корбурди чунин вожае ба ҷойи “қутр” ба тавоноиву зоёии забон кумак мекунад. Таробарӣ, тарокуниш, тарофарозанда, тарокошт, тародесидан дуромуни ҳама ва ҳама боровардҳои дигар ба коргирии пешванди “таро” ва пасванди “мун” дар вожаҳое чун таромун аст.

Вонгаҳе, ин ки пешвандҳову пасвандҳое чун “таро” барои бисёре аз эрониён ношинохта аст, худ гуноҳест бар гардани удабову фузало ва касоне, ки ин рожмони омӯзиширо барномарезӣ мекунанд. Чигуна аст, ки дар мадрасаҳо омӯзиши дастуру қавоъиди забони арабӣ ҳамчун эълол бо сахтгирӣ пайгирӣ мешавад, аммо воҳидҳои дарсие барои омӯхтани пешванду пасвандҳои забонҳои эронӣ надорем: “Баҷост, ки дар мадориси олии мо тадриси фурс (порсии бостон) ва авесто ва паҳлавӣ маъмул гардад, ҳамон туре ки дар мадориси бузурги Урупо тадриси забонҳои юнонӣ ва лотинӣ, ки решаи алсанаи мағрибӣ аст, маъмул аст. Умед аст базудӣ давлати мо чанд тан аз порсиёни донишманди авестову паҳлавидонро ба Теҳрон ҷалб намуда, таҳсили ин ду забонро барқарор созад…” (5)

Чигуна аст, ки дар мадрасаҳо омӯзиши дастуру қавоъиди забони арабӣ ҳамчун эълол бо сахтгирӣ пайгирӣ мешавад, аммо воҳидҳои дарсие барои омӯхтани пешванду пасвандҳои забонҳои эронӣ надорем.

“Ниёзмандиҳои порсии нав ба дастёрии порсии миёна (паҳлавӣ) барканор шавад, агар нашуд, ба порсии бостон рӯй оварем, ҳарчанд ки аз ин забон беш аз 500-600 вожа дар сангнабиштаҳои подшоҳони ҳахоманишӣ ба ҷой намондааст. Аз ин ду забони бостонии гузашта, забони авестоӣ, ки яке аз забонҳои дерини кишвари мост, бисёре аз ниёзмандиҳои моро барканор хоҳад кард. Агар аз ҳеч як аз ин забонҳо вожаеро, ки ҷӯё ҳастем, наёфтем, сонскрит, ки яке аз забонҳои куҳансоли бародарони ориёии мост, ба доди мо хоҳад расид. Сонскрит ба мо бегона нест, онро хоҳари забонҳои авестоиву порсии бостон хондаанд.” (6)

Ба он чи то кунун дар пуштибонӣ аз дидгоҳи пешафкандашуда дар он навиштор омада, бояд корсоз (омил)и меҳод (муҳим)-и ҷудошудагӣ (иштиқоқ) ва зоёии вожагониро низ афзуд. Аз ин дидгоҳ, низ ба ҳамон андоза, ки ба кор бурдани вожагони порсӣ судманду боиста аст, ба кор бурдани вожагони бегона метавонад дорои боровардҳои ноӣ (манфӣ) ва ҳатто вайронгар бошад. Содаангорист, агар гумон кунем, ҳангоме ки вомвожаеро ба ҷойи вожаи порсӣ ба кор мебарем, танҳо як вожаро ба ҷойи вожаи дигар ба кор бурдаем. Корбурди вожаи “илм” ба ҷойи “дониш” дар нигоҳи нахуст танҳо як гузиниши сода аст ва наметавонад осеби бузурге дар пайкараву сохтмони забон эҷод кунад, вале сухан инҷост, ки кор ба ҳамин ҷо поён намепазирад. Дар бисёре намунаҳо, ин ҷойгузиниҳои сода ба фаромӯшии вожае порсӣ анҷомидааст ва дар ин ниҳиш (вазъ) мо як вожаро бо ҳамаи тавониш (путенсиёл)-ҳояш аз даст медиҳем.

Бо фаромӯшии вожае чун дониш (аз буни донистан) мо ҷудошудаҳое ҳамчун донишманд, донишгоҳ, донишвар, донишҷӯ, донишомӯз, донишкада, донишёр, донишсаро ва… бебаҳра мешудем ва дар он сӯ, вожаи илм роҳро барои дароиш (вуруд)-и ҷудошудаҳои худ, монанди олим, муъаллим, маълум, улум, таълим боз кардааст. То онҷо ки то пеш аз барпойии Фарҳангистони нахуст, тозиши чандсадсолаи вожагони тозӣ ба азкоруфтодагии дастгоҳи вожасозии забони порсӣ анҷомида буд. Аз ҳамин дарича, яке аз боровардҳои неки корбасти “ҳамуг” ба ҷойи “муъодил” ҷудошудаҳои он аст: equivalent=ҳамуг, equinox=ҳамугон, еquaxial=ҳамугоса, equinoctial=ҳамугонӣ, equipartition=ҳамугпорӣ, equivalence=ҳамугарзӣ.

Ба ҳамон андоза ки ба корбурдани вожагони порсӣ судманду боиста аст, ба кор бурдани вожагони бегона метавонад дорои боровардҳои ноӣ (манфӣ) ва ҳатто вайронгар бошад. Содаангорист, агар гумон кунем, ҳангоме ки вомвожаеро ба ҷойи вожаи порсӣ ба кор мебарем, танҳо як вожаро ба ҷойи вожаи дигар ба кор бурдаем. Корбурди вожаи “илм” ба ҷойи “дониш” дар нигоҳи нахуст, танҳо як гузиниши сода аст ва наметавонад осеби бузурге дар пайкара ва сохтмони забон эҷод кунад, вале сухан инҷост ки кор ба ҳамин ҷо поён намепазирад.

Имрӯза ҳазорон вожаи арабӣ дар ҳавзаи забонии мо қарор дорад, ки ба иллати одат кардан ба вуҷудашон мутаваҷҷеҳи зиёнҳои ҳузурашон нестем. Яке аз далелҳои роиҷ дар дифоъ аз онҳо ин аст, ки инҳо ”форсӣ” шудаанд ва бисёре аз онҳоро мо ба маъноҳое ба кор мебарем, ки ҳеч арабизабоне намефаҳмад. Аммо касоне, ки ин далелҳоро меоваранд, мутаваҷҷеҳи осебҳои сохтии ин “форсишудаҳо” ба забони порсӣ нестанд. Бавижа, имрӯз, ки забони форсӣ ниёз дорад аз мояҳои забонии худ вожаҳои тоза бисозад.” (7)

Замоне ки Содиқи Киё вожаи “роёна”-ро аз корвожа (феъл)-и паҳлавии роёнитан-роёнидан барсохт, аз чанду чуни зебоишиносики он ки бигзарем, на танҳо роҳро ба дароиш (вуруд)-и як вожаи бегона ва лашгаркашии як хӯшаи вожагонӣ баст, ки бо зинда кардани ҳамон як корвожа (феъл) роҳро барои сохти вожагоне чун роёкитоб, роёнишонӣ, роёнома, роёфанд ва… ҳамвор кард ва аз ин раҳгузар бар тавонмандиҳои забони порсӣ афзуд.

Чунон ки мо имрӯз метавонем вожагони бештареро бо баҳрагирӣ аз корвожаи роёнидан ё дес (шакл)-и пешвандгунаи он “роё” барсозем. Барои намуна, нигоранда метавонад “роёкӯшод”-ро баробари “кампейни интернетӣ” пешниҳод кунад. “Одатҳои чансадсолаи забонии мо дар заминаи забони наср, монеъ аз он аст, ки ҳанӯз ҳис кунем, ки касе ки “мавриди ҳуҷум қарор додан”-ро ба ҷойи “тохтан” ва “тохту тоз” ба кор бурд, чи балое бар сари забони форсӣ овард ва ҳамин гуна садҳо мавриди дигар. (8)

Поёни сухан ин ки забон ва андеша ду рӯйи як сикка ҳастанд ва чунонки Витгенштойн мегӯяд, каронаи забони ҳар кас каронаи ҷаҳони ӯст. Ҷаҳони имрӯз низ, ба таъбири Мокс Вебер, ҷаҳонест афсунзудошуда, ки дар он орвин (таҷруба) ва дониш санҷаи бунёдини дурустиву нодурустии пурсумонҳо ба шумор меоянд. Зистан дар чунин ҷаҳоне ниёзманди забонест, ки бо вижагиҳои ин ҷаҳони навин созгор бошад. Рӯйкарди суннатӣ ба забон посухгӯи ниёзи забонии мо дар рӯёрӯйӣ бо ин ҷаҳони навин набудаву нест, чунон ки имрӯз бисёре аз донишмандону вижисторон (мутахассисон) беҳтару содатар мебинанд, ки ҷусторҳову китобҳои худро ба забоне ҷуз забони порсӣ бинвисанд, чиро ки бо вожагон, сохтор ва ҷаҳонбинии боршуда (таҳмилшуда) бар забони гузаштагон наметавон дар бораи сиёҳчолаҳо мақола навишт! Аз ҳамин рӯ, ё бояд бо пойфишорӣ бар равишҳои тарододӣ ва куҳна бинандаи нокоромадӣ ва марги ороми забонамон, дастикам дар заминаи донишу фанноварӣ бошем, ё бо пазируфтани роҳкорҳои навин ва ҳатто гоҳ тарододшикан, талош кунем забони порсиро аз парҳун (доира)-и кӯчаки зистии худ берун оварем.

Пайнавишт

1. Адвори шеъри форсӣ, аз машрутият то суқути салтанат, Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ.
2. Cause ба маънои “иллат”, ки решаи он шинохта нест. Баробари олмонии он Ursache ташкилшуда аз ur оғозин, нахустин + Sache чиз, модда. Аз онҷо ки ин вожа мафҳуме бунёдӣ аст, бояд баробари форсӣ дошта бошад, бино бар ин, мо вожаи “бунор” (bonâr)-ро пеш мениҳем аз “бун” (бунёд, поя, реша) ва “ор” аз решаи авестоии “ar” ба ҳаракат овардан, ҷунбидан, рафтан, дар сонскрит “ir” ба ҷунбиш овардан, рондан, ошӯбондан, рафтан. Бисанҷед бо “ar” дар гӯиши табарӣ, ба маънои “ҷунбиш, ҳаракат”, решаи пурвоҳинду-урупоии “er” ҳаракат кардан, ба ҳаракат андохтан. Маънои лафзии “бунор” ҳаракати аслӣ, ангезаи оғозин. Пешгуфтори “Фарҳанги решашинохтии ахтаршиносӣ”-и Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ.
3. Ъ. Порсо, Тародесии забони порсӣ.
4. Нигоранда хешгониро ба ҷойи “шахсият” ба кор бурдааст.
5. Ҳунари вожасозии илмӣ дар забони форсӣ, Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ
6. Гурез аз озодӣ, Эрик Фрум, тарҷумаи Иззатуллоҳи Фулодванд.
7. Пешгуфтори устод Иброҳими Пурдовуд бар китоби “Фарҳанги паҳлавӣ-форсӣ”, навиштаи дуктур Баҳроми Фравашӣ
8. Ҳамон.
9. Бозандешии забони порсӣ, Дориюши Ошурӣ
10. Ҳамон.

Матлаби порсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*