Дуктур Муҳаммади Ҳайдарӣ-Малоирӣ*
Вожаи “ъишқ”, ки дар форсӣ “ишқ” талаффуз мешавад, дар адабиёти форсӣ ва ирфони эронӣ ҷойгоҳе барҷаста дорад. Шояд битавон гуфт шоъирони гуногуни форсизабон камтар вожаеро ба андозаи ишқ ба кор бурда бошанд. Бо ин ҳол, чунин менамояд, ки то кунун чандон пажӯҳише, ки бар пояи дастовардҳои навини забоншиносии торихӣ устувор бошад, дар бораи он нашудааст. Дар ин навиштаи кӯтоҳ нигоранда ин андешаро пеш мениҳад, ки вожаи “ишқ” решаи ҳинду-урупоӣ дорад. Ин пешниҳод бар пояи пажӯҳишҳои решашинохтӣ устувор аст. Нигоранда умедвор аст, ин навишта ангезае бошад барои ҷустуҷӯҳои бештар дар бораи ин вожа ва дигар вожаҳои камшинохтаи забони форсӣ, то эрониён забони форсиро беҳтар бишносанд ва ба арзишҳову тавонмандиҳои волои он пай бибаранд. Ин навишта бароянди фаръии пажӯҳише аст, ки нависанда дар падид овардани “Фарҳанги решашинохтии ахтаршиносӣ ва ахтарфизик (инглисӣ-фаронса-форсӣ)” дунбол мекунад.
Решашиносӣ
Нигоранда умедвор аст, ин навишта ангезае бошад барои ҷустуҷӯҳои бештар дар бораи ин вожа ва дигар вожаҳои камшинохтаи забони форсӣ, то эрониён забони форсиро беҳтар бишносанд ва ба арзишҳову тавонмандиҳои волои он пай бибаранд.
Нависанда бар ин бовар аст, ки “ишқ” метавонад бо вожаи авестоии iš ба маънои хостан, майл доштан, орзу кардан, ҷустуҷӯкардан пайванд дошта бошад, ки дорои ҷудошудаҳои зер аст: aēša – орзӯ, хост, ҷустуҷӯ; išaiti – мехоҳад, орзӯ мекунад; išta – хоста, маҳбуб; išti – орзу, мақсуд. Ҳамчунин, пешниҳод мекунад, ки вожаи “ишқ” аз авестоии iška ё чизе ҳамонанди он реша мегирад. Пасванди ка дар пойин бознамуда хоҳад шуд.
Вожаи авестоии iš ҳамреша аст бо сонскрити eṣ – орзу кардан, хостан, ҷустан; icchā – орзу, хост, хоҳиш, icchati – мехоҳад, орзу мекунад; iṣta – хоста, маҳбуб; iṣti – хост, ҷустуҷӯ; вожаи забони полӣ icchaka – хоҳон, орзуманд. Ҳамчунин, ба гувоҳии шодравон Фравашӣ, ин вожа дар форсии миёна ба шакли išt – хоҳиш, майл, сарват, хоста, мол бозмондааст. Барои огоҳии бештар аз вожаи “диса” – form ба “Фарҳанги решашинохтии ахтаршиносӣ ва ахтарфизик” руҷуъ кунед.
Вожаҳои авестоӣ ва санскрит аз решаи пурвоҳинду-урупоии ais – хостан, орзу кардан, ҷустан меояд, ки гунаи исмии он aisskā аст ба маънои хост, майл, ҷустуҷӯ. Берун аз авестоӣ ва санскрит, чанд забони дигар шохаҳое аз он вожаи пурвоҳинду-урупоиро ҳифз кардаанд: исловии куҳани калисоии išto, isko – ҷустуҷӯ кардан, хостан, iska – орзӯ, русии iskat – ҷустуҷӯ кардан, ҷустан, литвониёии ieškau – ҷустуҷӯ кардан, латуниёии iēskât – ҷустани шипиш, армании aic – бозрасӣ, омӯхтан, лотини aeruscare – хоҳиш кардан, гадоӣ кардан, олмонии болои куҳани eiscon – хостан, орзу доштан, инглисии куҳани ascian – пурсидан, инглисии ask.
Аммо дар бораи решаи суннатии “ишқ” луғатноманависон вожаи ишқро ба ашақ (ašaq)-и арабӣ ба маънои часбидан (Мунтаҳа-л-араб), “илтисоқ ба чизе” (Ақраб-ал-маворид) пайванд додаанд. Нависандаи “Ғиёс-ул-луғот” мекӯшад миёни часбидану илтисоқ ва ишқ робита барқарор кунад: “Маразест аз қисми ҷунун, ки аз дидани сурати ҳусн пайдо мешавад ва гӯянд, ки он маъхӯз аз ашақа аст ва он наботе (гиёҳе) аст, ки онро лаблоб гӯянд, чун бар дарахте бипечад, онро хушк кунад, ҳамин ҳолат ишқ аст бар ҳар диле, ки торӣ шавад соҳибашро хушку зард кунад.
Мо раволи зерро барои ҳаст шудани вожаи “ишқ” пешниҳод мекунем: пурвоҳинду-урупоии ais – хостан, майл доштан, ҷустан, aisska – хост, хоҳиш, ҷустуҷӯ, авестоии iš – хостан, орзу кардан, ҷустан, iška – хост, хоҳиш, майл.
Аз он ҷо ки арабиву ибрӣ ҷузви хонаводаи забонҳои сомианд, вожаҳои асили сомӣ маъмулан дар ҳар ду забони арабӣ ва ибрӣ бо маъноҳои ҳамонанд иштитоқ меёбанд ва ҷолиб аст, ки “ишқ” ҳамтои ибрӣ надорад. Вожае ки дар ибрӣ барои ишқ ба кор меравад, “аҳав” (ahav) аст, ки бо арабии “ҳабба” (habba) хешовандӣ дорад. Вожаи дигари ибрӣ барои ишқ “хашақ” (xašaq) аст ба маънои хостан, орзу кардан, васл кардан, часбондан, лаззат, ки дар “Таврот”-и аҳди атиқ борҳо ба кор рафтааст (барои намуна: Сифри тасния 10:15, 21:11, Аввали подшоҳон 9:19, Хурӯҷ 27:17, 38:17, Пайдоиш 34:8)
Бино бар назари устод Искот Нугел, вожаҳои ибрии xašaq ва арабии ašaq ҳамреша нестанд. Ҳарфи “х”-и ибрӣ баробар бо “ҳ” ё “х”-и арабӣ аст ва “ъ”-и ибрӣ баробар бо “ъ” ё “ғ”-и арабӣ, вале онҳо бо ҳам дарнамеомезанд. Ҳамчунин, маъмулан “ш”-и ибрӣ ба “с”-и арабӣ тағйир меёбад ва баръакс. Аз сӯйи дигар, ҳамонандии маъноии ин ду вожа дар арабӣ ва ибрӣ тасодуфӣ аст, чун маънои решаи нахустини онҳо яке набудааст. Хашақи ибрӣ ба эҳтимол дар оғоз ба маънои бастан ё фишурдан будааст, чунонки баробари оромии он нишон медиҳад. Ҳамчунин, устод Вернер Орнулд таъкид мекунад, ки “х”-и ибрӣ дар оғози вожа ҳамеша дар арабӣ ба “ҳ” метародесад ва ҳаргиз “ъ” намешавад.
Нуктаи ҷолиби дигар инки “ишқ” дар Қуръон наёмадааст. Вожаи бакоррафта ҳамон масдари “ҳабба” (habba) аст, ки ёд шуд, бо ҷудошудаҳояш, барои намуна, гунаи исмии ҳубб (hubb). Ҳамчунин, донистанист, ки дар арабии навин вожаи “ишқ” корбурди бисёре надорад ва бештар “ҳабба” (habba) ва десаҳои ҷудошудаи он ба кор мераванд: ҳуб, ҳабиб, ҳабиба, маҳбуб ва дигарҳо.
Нигоҳе ба Фирдавсӣ
Чунон ки медонем, Фирдавсӣ барои посдорӣ аз забони форсӣ аз ба кор бурдани вожаҳои арабӣ кӯшмандона худдорӣ мекунад. Бо ин ҳол, вожаи “ишқ”-ро баосонӣ ба кор мебарад, бо ин ки озодии шоъирона ба ӯ имкон медиҳад вожаи дигареро ҷойгузини “ишқ” кунад. Метавон пурсид, чиро Фирдавсӣ вожаи “ҳуб”-ро, ки вожаи асливу роиҷи ишқ аст дар арабӣ ва монанди ишқ якҳиҷоӣ аст ва бино бар ин, вазни шеърро ба ҳам намезанад, ба кор намебарад? Нависанда ба ин бовар мегарояд, ки худовандгори “Шоҳнома” бо ин ки шинохти имрӯзини моро аз забон ва решашиносии вожаҳои ҳинду-урупоӣ надоштааст, баэҳтимол медониста, ки “ишқ” вожае форсист.
Бихандад, бигӯяд, ки эй шӯхчашм,
Зи ишқи ту гӯям, на аз дарду хашм.
Набояд, ки бар хира аз ишқи Зол,
Ниҳоли сарафканда гардад ҳамол.
Падид ояд он гоҳ борику зард,
Чу пушти касе к-ӯ ғами ишқ хвард.
Дили Зол якбора девона гашт,
Хирад дур шуд, ишқ фарзона гашт.
Ҷолиб аст бидонем, ки Фирдавсӣ худ вожаи “ъишқ”-ро чи гуна менавиштааст. Ба эҳтимол бе “ъайн” ба гунаи “ишқ” (اِشق) ё ҳатто ишк (اِشک)! Аммо пай бурдан ба ин нукта осон наменамояд, зеро куҳантарин дастнавишти бозмондаи “Шоҳнома” ба ҳудуди ду сада пас аз Фирдавсӣ бармегардад. Диқиқтар гуфта бошем, нусхае аст, ки дар торихи 30-юми муҳаррами 614-и қамарӣ рӯнависии он ба поён расидааст (баробар бо душанбеи 25-уми урдибиҳишти 596-и гоҳшумории хуршедии эронӣ ва 15-уми майи 1217-и мелодӣ).
Бароянд
Мо раволи зерро барои ҳаст шудани вожаи “ишқ” пешниҳод мекунем: пурвоҳинду-урупоӣ ais – хостан, майл доштан, ҷустан; aisska – хост, хоҳиш, ҷустуҷӯ; авестоии iš – хостан, орзӯ кардан, ҷустан ва iška – хост, хоҳиш, майл.
Пасванди ka дар авестоӣ корбурди бисёре дорад ва барои намуна дар вожаҳои зер дида мешавад: mahrka – марг, araska – рашк, ҳасад, aδka – ҷома, ридо, рӯпӯш, huška – хушк, pasuka – чаҳорпо, сутур (дар паҳлавӣ pasu ва pah – чаҳорпо, галла, рама), дар гӯишҳои тотии карингонӣ “пас” гӯсфанд (дар форсии расмӣ “шубон” ё “чӯпон” аз pasu.p n*), drafška – диафш, dahaka – газанда, Заҳҳок (бо aži) ва…
Вожаи авестоӣ баэҳтимол вожаи išk-ро дар форсии миёна падид овардааст, ки ба арабӣ роҳ ёфтааст. Дар бораи чигунагии гузари ин вожа ба арабӣ метавон ду имкон ба тасаввур овард. Нахустин он аст, ки išk дар даврони Сосониён, ки эрониён бар ҷаҳони араб тасаллут доштанд, (бавижа бар Ҳира, Баҳрайн, Умон, Яман ва ҳатто Ҳиҷоз) ба арабӣ ворид шудааст. Барои огоҳии бештар аз чигунагии таъсири форсӣ бар арабӣ дар даврони пеш аз ислом руҷӯъ кунед ба китоби хондании Озартоши Озарнӯш “Роҳҳои нуфузи форсӣ дар фарҳангу забони тозӣ”, чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1354. Тародесии вок (ҳарф)-и форсии “коф” ба арабии “қоф” камёб нест. Чан намуна: кандак – хандақ, зандик – зандиқ, кафиз – қафиз, кӯшк – ҷусқ, коса – қасъа (ба навиштаи “Алмуъарраб-и Ҷаволиқӣ, “Мунтаҳа-ал-араб”, “Ақраб-ал-маворид”).
Ҷолиб аст, ки дар ин вопасин вожа (қасъа) на танҳо “коф” ба “қоф” тародесида шудааст, ду воки “сод” ва “айн” ҳам, ки вижаи забонҳои сомианд, падид омадаанд. Намунаи дигаре аз тародесӣ ба “айн”-ро дар номи ҷазира ва шаҳри Ободон мебинем, ки дар арабӣ “Ъаббодон” хонда мешавад. Бояд гуфт, ки десаи куҳани Ободон, бино бар Батламиюс (Ptolemaeus), ахтаршиносу ҷуғрофидони номвари садаи дувуми милодӣ Apphana ё ба навиштаи Марсиён (Marcian), ҷуғрофидони садаи чаҳоруми милодӣ Apphadana аст. Дар ин ҷо низ мусаввати нахустин ба “ъайн”-и арабӣ дигаргун шудааст. Бино бар пажӯҳиши зиндаёд Фравашӣ, десаи аслии номи ин ҷазира аз форсии бостони āppā гирифта шудааст, аз āp ба маънии “об” ва pā – пойидан, нигаҳбонӣ кардан. Рӯиҳамрафта, ба маънои посгоҳ (каронаи) об (посгоҳи соҳилии халиҷи Форс) ва охирин намуна аз ин даст “қурқумаъмо” ё “қурқумаъно” аст, яъне “дурди (кунҷораи) руғани заъфарон”, ки десаи арабишудаи вожаи юнонии krokomagma аст, аз krokos – заъфарон ва magma – дурда, кунҷора, рӯған. Ин дору дар пизишкии юнонӣ (Ҷолинус) ба кор мерафтааст.
Дар инҷо ба чанд намуна ҳам аз ҷойгузинии вокҳои “ғайн” ва “итқӣ” дар вожаҳое, ки арабӣ аз забонҳои бегона ба вом гирифтааст, мепардозем, ҳол он ки ин овоҳо дар забони аслӣ вуҷуд надоранд. Аз юнонӣ: Фисоғурас (Pythagoras), қотиғуриё (kategoria), арғанун (organon), мағнотис (magnesia lithos), устурлоб (astrolabos), Толис (Thales), Арасту, Арастотолис (Aristoteles). Аз форсӣ: тос (tašt), тассуҷ (tasu), тасқ (tašk), табақ (tabк). Аз фаронса дар арабии кунунӣ: ғоз (gaz), ки дар форсӣ “гоз” аст, ҳолате аз модда (ҷомид, моеъ, гоз).
Бозгардем ба мавзӯъи роҳёбии вожаи išk ба арабӣ. Ҳамчунин, мумкин аст ин вожа дар оғози даврони исломӣ ба арабӣ ворид шуда бошад. Аз онҷо ки луғатнависону котибон аз хостгоҳи эронии ин вожа огоҳӣ надоштаанд, ки мафҳуми “хостан, ҷустуҷӯ кардан”-ро дар бар дорад, онро бо арабии ъашақ, ки часпидан аст, даромехтаанд. Рӯиҳамрафта, луғатнависони суннатӣ борҳо решаҳои арабӣ барои вожаҳои форсӣ тарошидаанд, бештар ба сабаби ноогоҳияшон ва шояд бархе дар кӯшишҳояшон барои арабисозӣ. Умед аст, ки ин ёддошти кӯтоҳ дӯстдорони забони форсиро судманд уфтад ва оғозе бошад барои пажӯҳишҳои бештар дар ин замина. Яке аз мавзӯъҳои ҷолиб дар ин робита кандуков дар мафҳуми ишқ дар ирфони эронӣ аст, ки ишқро бо “ҷустуҷӯ” ва “гаштан” пайванд медиҳад. Ба ёд оваред “Мантиқуттайр”-и Аттор ва ҷустуҷӯи мурғонро дар талаби симурғ ё байти маъруфи Мавлавиро:
Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,
Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.
Оё ин мафҳуми ишқ ҳеч пайванде бо решаи эронии ишқ, ки хостан ва ҷустан аст, надорад? Баррасӣ ва ҷустуҷӯ дар ин замина берун аз майдони пажӯҳишии нависанда аст.
Матни форсиро инҷо бихонед
Сипосгузорӣ
Acknowledgements: The author is grateful to Dr. Scott B. Noegel, Professor of Biblical and Ancient Near Eastern Studies, Chair, Department of Near Eastern Languages and Civilization, University of Washington, for replying to his questions about the etymology of xašaq. The author is also indebted to Dr. Werner Arnold, Professor of Semitic studies, Department for Languages and Cultures of the Near East, University of Heidelberg, for helpful discussions and comments. The author also would like to thank Dr. Jalil Doostkhah, Professor of Avestan studies, for his remarks on a preliminary version of this note.
© Copyright 2004-2008 by M. Heydari-Malayeri
Observatoire de Paris, LERMA
Last updated: 01 August 2008
*Устоди ахтаршиносӣ ва ахтарфизик дар Нипоҳишгоҳ (расадхона)-и Порис
Салом бо таманнои пирузиву саодат дар фаъолияти масъулини саҳифа аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям ки дар мавриди решашиносӣ ва вожагузинӣ матолиби бештареро бароямон пешниҳод намояед Бо самимият Нуқра Аҳмадова
Ҳамчунин хоҳишмандем ки дар мавриди истифодаи истилоҳоти муоширати расмии идорӣ зимни муроҷиат ба кормандони идорӣ бо дарназардошти истифодаи истилоҳоти марбути идорӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ маълумот пешниҳод намоед
Бо арзи сипос ва эҳтироми бепоён Нуқра