Пешванди “фаро-” барои ҳама!

Шаҳрбароз

16 озари 1392

Дар заминаи вожасозии илмиву фаннӣ ниёз ба густариши доманаи вожагони забони порсии кунунӣ дорем. На танҳо вожагон, балки бояд ванд (пешванду пасванд)ои бештареро ҳам ба дастгоҳи вожасозӣ бияфзоем. Вагарна маҷбур мешавем, ки барои чанд пешванди бакоррафта дар вожаҳои бегона як пешванди порсиро ба кор бибарем.

Вожаи “фаро” дар фарҳанги Деҳхудо ва дар бархе корбурдҳои он дар адабиёти порсӣ батанҳоӣ маънои “наздики… ва ба сӯи…” дорад. Намунае аз Ҳофиз:

Сар фаро гӯши ман оварду ба овози ҳазин,
Гуфт, эй оши
қи деринаи ман, хобатҳаст.

Дар ҳолати пешвандӣ “фаро-” ба маънои “он сӯи…, пас аз…, болотар аз…” ба кор меравад, аммо ба назар мерасад ин рӯзҳо пешванди “фаро-” пешванди дӯстдоштании иддаи зиёде шудааст ва барои ҳар чизе ва ҳар коре аз “фаро-” истифода мекунанд. Дар зер чанд намунаро меоварем:

Фаромудел дар баробари meta-model
Фародониш дар баробари meta-knowledge
Фароматн дар баробари hypertext
Фароравоншиносӣ дар баробари para-psychology
Фаровоқеъгароӣ дар баробари surrealism
Забоншиносии фарозамонӣ дар баробари diachronic linguistics

Ҳол он ки бар пояи пешниҳодҳои дуктур Муҳаммади Ҳайдарӣ-Малоирӣ ва дуктур Миршамсиддини Адибсултонӣ бояд аз пешвандҳои зер истифода кард:

Барои meta: пешванди “мато-” аз порсии бостон ва ҳамреша бо пешванди юнонии meta

Барои para: пешванди “поро-” ё “паро-” аз порсии бостон

Барои hyper: пешванди “ҳипер-”, вом аз юнонӣ бо талаффузи фаронсавӣ, пешниҳоди ман: “апар-” аз эронии бостон ва порсии бостон

Барои over дар маънои пешвандии беш, бештар (монанди overestimate), пешванди “беш-”

Ҷолиб он ки дар заминаи корҳои молӣ низ дар баробари over-the-counter (рӯйи пешхон) аз истилоҳи “фаробурс” истифода мешавад. Гуфтем, ки маънои пешванди “фаро-“ яъне “он суи…” аст, ҳол он ки ин навъи бозори саҳом дар Эрон барои саҳоми ширкатҳое аст, ки ҳанӯз вориди “бурси аслӣ” нашудаанд ва “пеш аз” вуруд ба он марҳилаанд, ки дар бурси расмӣ муъомила шаванд.

Ё бо таърифе дигар “саҳоми ширкатҳое, ки берун аз бозори бурси аслӣ ва ба таври мустақим байни афрод муъомила мешавад.” Бинобар ин, “фаробурс” комилан ғалат аст!

Истилоҳи дигаре, ки батозагӣ бо пешванди дӯстдоштании “фаро-“ сохта шудааст, “фародармонӣ” аст, ки намедонам дар баробари чи вожаи инглисӣ сохта шудааст. Агар баробари homeopathy бошад, ки иштибоҳ аст, зеро ин равиш ба маънои “ҳамонанддармонӣ” аст, ки дар забони арабӣ барои он “муъолиҷат-ал-мислия”-ро сохтаанд.

Агар ҳам баробари инглисӣ надораду наввожае дар порсӣ аст, боз аз назари мафҳумӣ ва дастури вожасозӣ, ба назари ман, иштибоҳ аст.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*