Вожашиносӣ: қақнусу анқо ва қӯ

16 исфанди 1392

Шаҳрбароз

Афсонаи қуқнусро бештари мо шунидаем. Шайх Фаридуддини Аттори Нишопурӣ дар китоби “Мантиқ-ут-тайр”-и худ ин достонро ба шеър даровардааст:

ققنوسҲаст қуқнус турфа мурғе дилситон,
Мавзеъи ин мурғ дар Ҳиндӯстон.
Сахт минқоре аҷаб дорад дароз,
Ҳамчу най дар вай басе сӯрохи боз.
Қурби сад сӯрох дар минқори ӯст,
Нест ҷуфташ, тоқ будан кори ӯст.
Ҳаст дар ҳар суқба овозе дигар,
Зери ҳар овози ӯ розе дигар.
Чун ба ҳар суқба бинолад зор-зор,
Мурғу моҳӣ гардад аз вай беқарор.
Ҷумлаи паррандагон хомӯш шаванд,
Дар хушии бонги ӯ беҳуш шаванд.
Файласуфе буд дамсозаш гирифт,
Илми мусиқӣ зи овозаш гирифт.
Соли умри ӯ бувад қурби ҳазор,
Вақти марги худ бидонад ошкор.
Чун бибуррад вақти мурдан дил зи хеш,
Ҳезум орад гирди худ, даҳ хар, ма беш.
Дар миёни ҳезум ояд беқарор,
Дардиҳад сад навҳа худро зор-зор.
Пас бад-он ҳар суқбае аз ҷони пок,
Навҳае дигар барорад дарднок.
Чун ки аз ҳар суқба ҳамчун навҳагар
Навҳае дигар кунад навъе дигар.
Дар миёни навҳа аз андӯҳи марг,
Ҳар замон бар худ биларзад ҳамчу барг.
Аз нафири ӯ ҳама паррандагон,
В-аз хурӯши ӯ ҳама даррандагон,
Сӯи ӯ оянд чун наззорагӣ,
Дил бибурранд аз ҷаҳон якборагӣ.
Аз ғамаш он рӯз дар хуни ҷигар,
Пеши ӯ бисёр мирад ҷонавар.
Бас аҷаб рӯзе бувад он рӯзи ӯ,
Хун чакад аз нолаи ҷонсӯзи ӯ.
Боз чун умраш расад бо як нафас,
Болу пар барҳам занад аз пешу пас.
Оташе берун ҷаҳад аз боли ӯ,
Баъди он оташ бигардад ҳоли ӯ.
Зуд дар ҳезум футад оташ ҳаме,
Пас бисӯзад ҳезумаш хуш-хуш ҳаме.
Мурғу ҳезум ҳарду чун ахгар шаванд,
Баъд аз ахгар низ хокистар шаванд.
Чун намонад заррае ахгар падид,
Қуқнусе ояд зи хокистар падид.
Оташ он ҳезум чу хокистар кунад,
Аз миён қуқнусбача сар баркунад.

Дар фарҳанги “Бурҳони қотеъ” ин достон ба сурати зер кӯтоҳ шудааст:

Қуқнус: мурғест бағоят хушрангу хушовоз. Гӯянд минқори ӯ 360 сӯрох дорад ва дар кӯҳи баланде муқобили бод нишинад ва садоҳои аҷибу ғариб аз минқори ӯ барояд ба ва ба сабаби он мурғони бисёр ҷамъ оянд, аз онҳо чандеро гирифта, туъмаи худ созад. Гӯянд ҳазор сол умр кунад ва чун ҳазор сол бигзарад ва умраш ба охир ояд, ҳезуми бисёр ҷамъ созад ва бар болои он нишинад ва сурудан оғоз кунад ва маст гардад ва бол бар ҳам занад, чунон ки оташе аз боли ӯ биҷаҳад ва дар ҳезум уфтад ва худ бо ҳезум бисӯзад ва аз хокистараш байзае падид ояд. Ва ӯро ҷуфт намебошад ва мусиқиро аз овози ӯ дарёфтаанд.

Вожаи “қуқнус” арабишудаи “kuknos”-и юнонӣ (ба хатти юнонӣ: Κύκνος аст). Ин ном дар забони лотин ба сурати Cycnus ва Cygnus даромадааст. Дар устураҳои юнонӣ кукнус номи чанд тан, аз он миён номи писари Опулун (эзади ҳунар ва хуршед) аст. Кукнус бисёр зебо будааст ва пас аз моҷароҳое худкушӣ мекунад ва Опулун ӯро ба шакли қӯ дармеоварад. Дарвоқеъ, дар забони юнонӣ вожаи қуқнус ба маънои “қӯ” аст ва дар тавҷеҳи офариниши ин паранда достони писари Опулунро сохтаанд. Дар ахтаршиносӣ яке аз суратҳои фалакӣ (ҳамахтарон)-ро ба забони инглисӣ Cygnus мегӯянд ва дуктур Ҳайдарии Малоирӣ баробари “мокиён”-ро барои он ниҳодааст (ва дар арабӣ онро “дуҷоҷа” ба ҳамин маънои мокиён мегӯянд).

Гӯё вожаи Kuknos-и юнонӣ аз вожаи пурво-ҳиндуурупоии *keuk ба маънои “сапед будан” аст. Номи ин паранда дар инглисӣ swan аст, ки бо вожаи sing ба маънои овоз хондан ҳамреша аст.

Вожаи “қӯ” дар порсӣ шояд аз номи юнонии ин паранда ва шояд ҳам аз садои он гирифта шуда бошад. Дар инглисӣ истилоҳи “овози қӯ” (swan song) ба маънои “эътирофи пеш аз марг” ё суханони поёнӣ ба ҳамин достони суруд хондани пеш аз марг ишора дорад. Ҷолиб он ки дуктур Меҳдии Ҳамидии Шерозӣ ҳам дар даврони мо достони овози қӯро ба шеър даровардааст:

Шунидам, ки чун қӯи зебо бимирад,
Фиребанда зоду фиребо бимирад.
Шаби марг танҳо нишинад, ки мавҷе,
Равад гӯшае дуру танҳо бимирад.
Дар он гӯша чандон ғазал месарояд,
Ки худ дар миёни ғазалҳо бимирад.
Гурӯҳе бар инанд, к-ин мурғи зебо,
Куҷо ошиқӣ кард, онҷо бимирад.
Шаби марг аз бим онҷо шитобад,
Ки аз марг ғофил шавад, то бимирад.
Ман ин нуктагирам, ки бовар накардам,
Надидам, ки қӯе ба саҳро бимирад.
Чу рӯзе аз оғӯши дарё барояд,
Шабе ҳам дар оғӯши дарё бимирад.
Ту дарёи ман будӣ, оғӯш во кун,
Ки мехоҳад ин қӯи танҳо бимирад.

Дар фарҳанги Деҳхудо дар баробари “қӯ” ба нақл аз “Нозим-ул-атиббо” “ҷӯбина” ҳам гузоштааст. Аммо дар дарояи “чӯбина” баробарҳои зер омадааст: ҷӯбина, рӯпоки сурх, чӯбин, чӯбинак, корвонак, чӯйина, карвон, тирриқ, наҳор, чӯбинаи нар, карвони нар, мурғе обӣ, мурғе дарёӣ бо гардани баланду поҳои дароз. Аммо шарҳе, ки барои корвонак ё карвон омада, онро бо “бутимор” яке дониста ва гуфта, ки мурғе моҳихор ва лоғар бо поҳои буланд аст. Агар дар доми решашиносии омиёна наюфтем, шояд ба хотири поҳои лоғар ва нозуку буландаш бад-он “чӯбина” гуфтаанд. Сардор ва шоҳи Сосонӣ Баҳроми Чӯбинаро ҳам гӯё ба хотири шабоҳаташ ба ин паранда (поҳои нозуку буланд) бад-ин ном хондаанд.

Аммо афсонаи қуқнус, ки Шайх Аттор сурудааст, дар устураҳои юнонӣ дар бораи парандае афсонаӣ аст ба номи фуникс (ба хатти юнонӣ φοίνιξ, ба хатти лотин phoinix, дар инглисӣ phoenix). Решаи дақиқи ин вожа дониста нест. Дар Фарҳанги решашиносии бархат омада, ки шояд решаи мисрӣ дошта ва шояд ҳам аз phoinos ба маънои “сурхи хунӣ” омада бошад. Дуктур Ҳайдарии Малоирӣ ҳам барои ҳамахтарони Phoenix баробари “қуқнус”-ро гузоштааст.

Ба назар мерасад, ки дар матнҳои арабӣ миёни ин ду вожа иштибоҳ ва дарҳамомехтагӣ сурат гирифта ва номи паранда иштибоҳ шудааст. Дар ёддошти дуктур Муҳаммади Муъин омада, ки бархе “қақнус”-ро арабишудаи “фуникс” медонанд, аммо қақнус арабишудаи кукнус аст. Ба назари ман, ҳам вожаи “қуқнус” ба кукнус монандатар аст, то ба фуникс. Албатта, аз назари устурашиносӣ шакке нест, ки қуқнус ҳамон фуникс аст.

Дар забони арабӣ парандаи фуниксро “анқо” мегӯянд, ки дар асл ба маънои “зани дарозгардан” аст (аз решаи ъ-н-қ ба маънои гардан). Номи порсии анқоро “аштарко” навиштаанд. Ин вожаи порсӣ шабеҳи ostrich дар забони инглисӣ ба маънои “шутурмурғ” аст, ки худ аз struthio-и лотин омада ва худи вожаи лотин аз struthos megale дар юнонӣ ба маънои “парастуи бузург” омадааст. Дар забони юнонӣ ба шутурмурғ strouthokamelos (ба хатти юнонӣ: στρουθοκάμηλος ҳам мегӯянд, ки дақиқан “шутурмурғ” аст.

Анқо: тоирест дарозгардан, ки назди баъзе вуҷуди фарзӣ дорад, чиро ки ҳеч кас онро надидааст ва дар “Нафоис-ул-фунун”, аз тафосир, мастур аст, ки дар замини “Асҳоб-ур-рас” мурғе бас азим бо чаҳор пой ва рӯйи монанди одамӣ ва бо парҳои алвон ва ба ифроти дарозии гардан пайдо шуда буд. Ҳар ҷо ки кӯдаке дидӣ, бибурдӣ. Он қавм пеши Ҳанзала бинни Сафавон, ки пайғамбари эшон буд, рафта, аз он шикоят карданд. Ҳанзала дуъо кард, Ҳақтаъоло он мурғро дар баъзе ҷазоир андохт ва он дар ҷазоир филу аждаҳоро шикор карда мехӯрд. (аз Онандроҷ), (аз Ғиёс-ул-луғот).

Баъдҳо ба иштибоҳ “анқо”-ро бо “симурғ” яке пиндоштаанд ва ин дуро ба ҷойи ҳам ба кор бурдаанд. Бар пояи достони анқо, ин паранда нумоде аз баландошёнӣ ва буландҳимматӣ ва узлат ва дуригузинӣ шудааст:

Ман андар ранҷу дунон бар сари ганҷ,
Магас дар гулшану анқо ба гулхан (Хоқонӣ).

Чу мушк аз нофи узлат бӯ гирифтам,
Ба танҳоӣ чу анқо хӯ гирифтам (Низомӣ).

Агар анқо зи бебаргӣ бимирад,
Шикор аз чанги гунҷишкон нагирад (Саъдӣ).

Бирав, ин дом бар мурғи дигар неҳ,
Ки анқоро буланд аст ошёна (Ҳофиз).

Матни форсиро инҷо бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*