Шинохти вожаҳои порсӣ аз вожаҳои арабӣ

نوشتنСомони Ҳасанӣ*

Ҳангоми омӯзиши забони арабӣ ва адаби порсӣ гуфта мешавад ҳар вожае, ки дорои яке аз вокҳои: “п” (پ), “ж”(ژ), “ч”(چ), ё “г”(گ) бошад, он вожа порсӣ ва ҳар вожае, ки дорои яке аз вокҳои “се (ث)”, “ҳо(ح)”, “сод”(ص), “зод”(ض), “то”(ط), “зо”(ظ), “ъайн”(ع) ё “қоф”(ق) бошад, он вожа арабӣ аст. Аз ин нигоҳ вожаҳо ва номҳое монанди “Таҳмурас”, “Тӯс”, “Табаристон”, “сад”, “занбақ”, “қолӣ”, “ъайёр”, “ъишқ”, “қозӣ”, “салиб”, “Бӯзарҷумеҳр”, “ҳандаса”, “хандақ” ва “ъарӯс” бояд арабӣ бошанд, дар ҳоле ки чунин нест ва ҳамаи онҳо порсӣ ҳастанд.

Ин вожаҳо ё ин ки ба забони арабӣ рафтаанд ва бино бар рожмон (систем)-и овоии ин забон дигардеса шудаанд, монанди Бузургмеҳр, ки шуда “Бӯзарҷумеҳр” ва чалипо, ки шуда “салиб”, ё ин ки ин вожаҳоро бо яке аз вокҳои вижаи арабӣ нивиштаанд. Монанди Тӯс (توس) ва Таҳмурас (تهمورث), ки ба десаи Тӯс (طوس) ва Таҳмурас (طهمورث) даромадаанд. Ногуфта намонад шуморе аз ин вожаҳо на дар давраи нахустини порсии нав, ки дар давраҳои пасин бо яке аз вокҳои арабӣ нивишта шудааст. Монанди “арус” (اروس), ки шуда “ъарус” (عروس) ва ғолӣ (غالی), ки шуда қолӣ (قالی).

Дар ин ҷустор ба баррасии вожаҳое, ки ба далели дигардесии вокҳояшон арабӣ пиндошта мешаванд, мепардозем. Нахуст, дигардесӣ дар вокҳои вижаи порсиро баррасӣ мекунем ва онгоҳ нигоҳе хоҳем дошт ба дигардесии вожаҳои порсие, ки дорои яке аз вокҳои вижаи забони арабӣ ҳастанд.

Дигардесӣ дар вокҳои вижаи забони порсӣ

Ҳар гоҳ вожае, ки дорои яке аз вокҳои “п”(پ), “ч”(چ), “ж”(ژ) ва “г”(گ) бошад, ба забони арабӣ бурда шавад, ин вокҳо ба вокҳои дигаре дигардеса мешаванд. Барои намуна, “п”(پ) ба “б”(ب) ва “ф”(ف) дигардеса мешавад. Монанди Попак, ки шуда Бобак, Тапуристон, ки шуда Табаристон (тапур номи қавме эронист, ки дар канораи дарёи Мозандарон мезистанд), пардес, ки шуда фирдавс.

Ҳарфи “ж”(ژ) ба “ҷ(ج) дигардеса мешавад. Монандижива”, кишудаҷиваваложвард, кишудалоҷвард. Ҳарфичим (چ)басод(ص)вашин(ش)дигардесамешавад. Монандичалипо, кишудасалиб, чатранг, кишудашатранҷ. Ҳарфи “гоф”(گ) ба “ҷим”(ج) ва “қоф”(ق) дигардеса мешавад. Монанди Бузургмеҳр, ки шуда “Бӯзарҷумеҳр”, Гургон, ки шуда “Ҷурҷон”, Гундишопур, ки шуда “Ҷундишопур” ва деҳгон, ки шуда “деҳқон”.

Ба ёд дошта бошем, ки бисёре аз вожаҳо ва номҳои порсӣ, ки дорои вокҳои чаҳоргонаи “п” (پ), “ж”( ژ), “чим” (چ) ва “гоф” (گ) ҳастанд, мумкин аст ба далели дигаре вокҳояшон дигардеса шуда бошад.

Нахуст онки дар давраи оғозини порсии нав вокҳои чаҳоргонаи боло ё нивишта намешуданд ё ин ки нигоришашон ба десаи имрӯзӣ набудааст. Барои намуна, воки “гоф” (گ) ба десаи “коф” (ک) нивишта мешуд ва гоҳе ҳам боло ё зери он се нуқта мегузоштанд. Чунончи Гаюмарс ба десаи “Каюмарс” (کیومرث) нивишта шудааст.

Дигар он ки дар дарозои замон дигардесиҳое дар вокҳои забони порсӣ рух додааст. Монанди дигардесии воки “п”(پ) ба “б”(ب). Чунончи, асп шуда асб ва гӯспанд шуда гӯсфанд ва дигардесии воки “ж”(ژ) ба “ҷ(ج) монанди ҳаждаҳ, ки шуда ҳиҷдаҳ.

Дигардесӣ ба вокҳои вижаи забони арабӣ

Чунончи ёдоварӣ шуд, бисёре аз вожаҳои порсӣ ҳангоме ки ба забони арабӣ бурда мешаванд, вокҳои онҳо дигардеса мешавад. Акнун агар ин вожаҳои дигардесашуда дорои яке аз вокҳои ҳаштгонаи “се” (ث), “ҳе”(ح), “сод”( ص), “зод”( ض), “те”( ط), “зе”( ظ), “ъайн”( ع) ва “қоф”( ق) бошанд , ин вожаҳо арабӣ пиндошта мешаванд, вале ин чунин нест. Албатта, фаромӯш накунем, ки вожаҳое ҳам ҳастанд, ки ба арабӣ рафта ва дигардесӣ шудаанд, вале дорои ҳеч як аз вокҳои номбурда дар боло нестанд. Монанди андоза, ки шуда ҳандаса.

Дар зер нигоҳе хоҳем дошт ба чигунагии дигардесии вожаҳои порсӣ дар забони арабӣ, ки дорои яке аз вокҳои ҳаштгонаи боло ҳастанд.

Нахуст бояд ёдоварӣ кунем, ки воки “се”( ث) дар забонҳои авестоӣ ва порсии бостон вуҷуд доштааст. Монанди “хашоясӣ” (خشایثی), ки дар порсии нав шуда шоҳ ва “мисра” (میثره), ки дар порсии нав ба митро ва меҳр дигардеса шудааст. Пас воки “се” (ث) дар Таҳмурас метавонад воки порсӣ бошад. Ногуфта намонад “се”( ث)-и порсӣ ва “се”( ث)-и арабӣ овои яксон надоранд.

Бисёре аз вожаҳои порсӣ, ки ба арабӣ бурда шудаанд, воки “алиф”-и онҳо ба воки “ъайн” дигардеса шудааст. Чунончи “айёр” шуда “ъайёр”. Айёр вожае паҳлавӣ аст, ки дар порсии нав алифи он уфтода ва шуда “ёр”. Намунаҳои дигари вожаҳои паҳлавӣ, ки воки “алиф” дар онҳо уфтода, асворон ва амурдод аст, ки дар форсии нав шудаанд саворон ва мурдод.

Элом (ایلام) ба десаи “Ъелом” (عیلام) нивишта мешавад. Ин вожа арабӣ нест ва набояд бо воки “ъайн” (ع) нивишта шавад. Дар шуморе аз вожаҳо дар дарозои замон вокҳои порсӣ бо яке аз вокҳои арабӣ нивишта шудаанд, чунончи “арус” (اروس) шуда “ъарус” (عروس) ва “анбар” (انبر) шуда “ъанбар” (عنبر).

Вожаи “ишқ” (عشق) ҳам реша дар вожаи “ишко”-и авестоӣ дорад ва порсӣ аст. Муҳаммади Ҳайдарӣ-Малоирӣ дар ҷусторе чигунагии ин дигардесиро бахубӣ рӯшан кардааст. (ниг.: Дар бораи вожаи “ишқ”)

Заъфарон гиёҳе вижаи сарзаминҳои эронӣ аст ва дар фарҳанги бештари кишварҳо ишора шуда, ки ин вожа порсӣ аст, вале дар порсӣ бо воки “ъайн” (ع), ки вижаи забони арабӣ аст, нивишта мешавад. Ҷолиб ин ки дар пушти панҷараи як фурушгоҳи тоҷикӣ дар Шинҷон (Син Киёнг) дар бохтари Чин ин вожа бад-ин гуна нивишта шудааст: “за-фарон” (زه فران).

Бисёре аз номҳову вожаҳои порсӣ, ки дорои воки “те” (ت) ҳастанд, ба воки “то” (ط), ки вижаи забони арабӣ аст, нивишта шудаанд. Монанди Тӯс (توس), ки шуда Тӯс (طوس), Таҳмурас(تهمورس) ё Таҳмурас(تهمورث), ки шуда Таҳмурас(طهمورث), Теҳрон(تهران), ки шуда Теҳрон(طهران) ва утоқ(اتاق), ки шуда утоқ (اطاق). Оё вожаи “тутӣ” (طوطی) арабӣ аст, ки бо воки “то” (ط) нивишта мешавад?

Афзун бар он, вомвожаҳои фарангӣ ҳам бо воки “то” (ط) нивишта мешавад. Монанди билет (بلیط), бутрӣ (بطری), ботерӣ (باطری), имперотур (امپراطور) ва устура (اسطوره), ки мебоист бо воки порсии “те” (ت) нивишта шаванд. Бад-ин гуна: билет (بلیت), бутрӣ (بتری), ботерӣ (باتری), имперотур (امپراتور), устура (استوره). Ба гуфти Ҳайдарӣ-Малоирӣ, вожаи хат (خط) ҳам порсӣ аст, ҳарчанд ки бо воки “то” (ط) нивишта шудааст.

Бино ба пажӯҳиши Забеҳи Беҳрӯз “соя” яке аз нахустин василаҳои андозагирии замон буда, ки ба арабӣ рафта ва ба “соъа” табдил шуда ва мо онро ба десаи “соъат” менивисем. Ба гуфтаи Ҳайдарӣ-Малоирӣ, “вахт” вожае порсӣ аст, ки ба арабӣ рафта ва ба десаи “вақт” даромадааст.

Дараи Сумохлӣ номи рӯдхонаест дар минтақаи Сарбанд, ки ба иллати рӯиши дарахтчаҳои сумоқ дар канори он “Сумохлӣ” номида шудааст. Ин вожа бо воки “х” (خ) нивишта ва хонда мешавад. Ин метавонад баёнгари он бошад, ки вожаи сумоқ ҳам дар гузашта ба десаи “сумох” нивишта мешудааст.

“Занбақ” гиёҳест худрӯ бо гулҳои дурушти обиранг, ки дар баҳор дар кӯҳпояҳо мерӯяд. Аз диди ман, воки “ғ” (غ) дар он ба десаи “қ” (ق) нивишта шудааст, чун “занбағ” аз ду вожаи “зан” ва “бағ” сохта шудааст. “Бағ” вожае порсӣ аст ба чами (маънои) худо, пас занбағ мешавад эзадбону. Гули занбағ низ ҳамон гули эзадбонуи обу борварӣ аст, ки Оноҳито ном дорад.

Даҳок вожаи паҳлавӣ аст, ки ба арабӣ рафта ва “Заҳҳок” шудааст. Даҳок реша дар вожаи авестоии “ажӣ даҳок” дорад. Ажӣ ҳамон аждаҳо аст ва “ок” ба маънии зиштӣ, офату бадӣ аст(Маҷмаъ-ут-таворих).

“Кодик” вожаи авестоие аст, ки ба забони арабӣ рафта ва вокҳои “к” (ک) дар он ба “қ” (ق) ва зод (ض) дигардеса шуда ва ба десаи “қозӣ” нивишта шудааст. Вокҳои “к” (ک) ҳам дар вожаи порсии “кандак” ба “х” (خ) ва қоф (ق) дигардеса додаанд ва шуда “хандақ”.

“Обрез” ҳам вожаи порсӣ аст, ки ба арабӣ рафта ва воки “з” (ز) дар он ба қоф (ق) дигардеса шуда ва ба десаи “ибриқ” даромадааст.

“Сад” (100) вожае порсӣ аст, ки ба забони арабӣ нарафта, вале воки “син” (س) дар он ба воки арабии “сод” (ص) дигардеса шуда ва ба десаи “сад” (صد) нивишта мешавад, вале “сада” (سده), ки аз он гирифта шуда, ҳамчунон бо воки “син” (س) нивишта мешавад.

Бисёре аз вожаҳои порсӣ, ки ба арабӣ рафтаанд, аз онҳо муштақҳои арабӣ сохта шудааст ва бино бар ин, арабӣ пиндошта мешаванд, ки чунин нест. Монанди “ҳаво” (هوا), ки “таҳвия” (تهویه) аз он сохта шуда ва “замон” (زمان) , ки ҷамъи он шуда “азмина” (ازمنه).

Ёдоварӣ

Вожаҳои порсӣ ва вомвожаҳои фарангиро бо вокҳои вижаи забони арабӣ нанивисем. Нивиштани вожаҳои порсӣ бо вокҳои вижаи арабӣ чами онҳоро дигаргун мекунад.

Бозбурдҳо

Торнигори “Шаҳрбароз”,
Торнигори “Сухан”-и Абулфазли Хатиб
ӣ,
“Ёддоштҳои Авесто”-и Пурдовуд,
“Сабкшинос
ӣ”-и Муҳаммадтақии Баҳор,
Торнигори “Забону адабиёти форс
ӣ”-и Ориё Адиб,
Суханрониҳо ва нивиштаҳои Муҳаммади Ҳайдар
ӣ-Малоирӣ,
Нивиштаҳои Забеҳи Беҳр
ӯз,
“Торихи забони форс
ӣ”-и Парвизи Нотили Хонларӣ

*Мардумшинос, дабири пешини адабиёт ва улуми инсонӣ

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*