Ба “Эрони паҳновари фарҳангӣ” бияндешем

کردГузориши нишасти “Забони порсӣ, вазъияти кунунӣ ва пешинаи он дар Курдистони Ироқ”

Масъуди Луқмон

Ҳарчанд бо нигар ба пешина ва пайвастагии дерпойи торихӣ-фарҳангии курдони Ироқи имрӯзӣ бо эрониён бисёр шигифтангез менумояд, аммо бояд бо шармсорӣ гуфт, ки барои нахустин бор дар даҳаҳои кунунӣ аст, ки устодони донишгоҳ ва мудироне аз иқлими Курдистони Ироқ барои густариши пайвандҳои фарҳангӣ ба Эрон омадаанд ва дар ин росто нишасти “Забони порсӣ, вазъияти кунунӣ ва пешинаи он дар Курдистони Ироқ”-ро ба кӯшиши Пижӯҳишкадаи фарҳанг ва ҳунари ҷиҳоди донишгоҳӣ дар донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳрон рӯзи 24 баҳманмоҳ баргузор карданд.

Ин нишаст ҳарчанд чанде пеш баргузор шуда, аммо чун суханҳо куҳна нашудааст, дар “Порсӣ Анҷуман” меояд.

Дар оғози ин нишаст Эҳсони Ҳушманд, пажӯҳишгари масоили қавмӣ, гузаре ба таҳаввулоти Курдистони Ироқ аз даврони зимомдории Саддом то кунун зад ва ба рухдодҳои хунборе, чун бумборони шимиёии Ҳалабча ва амалиёти Анфол, ки тайи он ҳазорон нафар аз мардуми курд ба дасти режими баъсии Ироқ куштор шуданд, ишора кард ва сипас аз ҳамроҳии курдони ироқӣ бо эрониён дар нимаи дувуми ҷанги таҳмилӣ гуфт.

Курд ҳар ҷойи ҷаҳон, ки бошад, эронӣ аст

Бо чунин пешгуфторе нахустин суханрони ин нишасти фарҳангӣ, Дуктур Мир Ҷалолиддини Каззозӣ, устоди донишгоҳ ва пижӯҳишгари ториху фарҳанги Эрон, буд. Эшон ҳузури устодони Донишгоҳи Салоҳиддини Арбил дар сарзамини ниёхокии худ ва дар миёни донишҷӯёнро ба фоли нек гирифт ва гуфт: “Ман бепарво ба овози баланд мегӯям, ки дар базме яксара эронӣ ҳастем. Ман бо сиёсат бегонаам ва сухани ман аз рӯйи судмандии сиёсӣ нест ва агарчи Эрон аз диди марзбандии сиёсӣ кишваре дигар аст, аммо курдон, аз диди ман, яке аз нижодатарин ва нобтарин тираҳои эрониянд ва метавон гуфт, ки эрониёни ростин ва сириштин курдон ҳастанд.”

Эшон дар идома бо ишора ба парокандагии курдҳо дар кишварҳои гуногун гуфт: “Курд ҳар ҷойи ҷаҳон, ки бошад – дар Эрон, Ироқ, Туркия, Сурия, Лубнон ё ҳар кишвари дигаре – онгоҳ ки даҳон мегушояд ва сухан меоғозад, ба бонги баланд мегӯяд, ки ман эрониям.”

Каззозӣ бо баёни ин ки Эрон аз дуртарин рӯзгорони торихии хеш ва аз рӯзгори розноку меҳолуди устура, сарзамини тираҳои гуногуне будааст, курдонро яке аз тираҳое номид, ки то имрӯз пойидаанд ва забону фарҳанги эрониро ҳамчунон пос доштаанд. Ин пижӯҳандаи номдори фарҳанги эронӣ дар бораи деринагии забони курдӣ ҳам гуфт: “Забони курдӣ аз жарфои фарҳангу торихи Эрон бо мо роз мегӯяд ва решаи забонҳои эронӣ дар тӯли торихро метавон дар гӯишҳои курдӣ бозшинохт ва ҳанӯз ҳам порае аз вожагони курдӣ ба Эрони бостон ва забони авестоӣ бозмегардад.”

Эшон сипас ба намунаҳое забоншинохтӣ ва наҳвӣ аз ин даст ишора кард ва афзуд, ки: “Курдон ойинҳо ва ҷашнҳои эрониро нағзтар аз мо бармегузоранд ва ҳар ҷойи ҷаҳон, ки бошанд, аз диди фарҳанг, маниш, торих ва пешинаи ниёконӣ, ҳам бо дигар тираҳои эронӣ яксонанд ва ҳам аз бисёре дигар аз тираҳо эронитар мондаанд, ки инро метавон дар рафтор, дар ойин, дар забон ва дигар нумудҳо ва ҳанҷорҳои фарҳангиву торихӣ дид.

Дуктур Мир Ҷалолиддини Каззозӣ: Забони шаккарин ва шӯрангези порсӣ бо забони курдӣ ҳеч ситезе надорад, чиро ки порсӣ ба навода мемонад ва забони курдӣ ба ниё, пас чи гуна ниё ва навода метавонанд бо ҳам сари ситез дошта бошанд?!

Каззозӣ курдонро марзбонони торихии Эронзамин донист ва гуфт: “Агар онон берун аз марзҳои сиёсии Эрон ҳам бошанд, аз марзҳои фарҳангӣ ва маниши эронӣ посдорӣ мекунанд.”

Каззозӣ дар бахши дигаре аз суханонаш дар бораи иртиботи забони порсӣ ва забони курдӣ гуфт: “Забони шаккарин ва шӯрангези порсӣ бо забони курдӣ ҳеч ситезе надорад, чиро ки порсӣ ба навода мемонад ва забони курдӣ ба ниё, пас чи гуна ниё ва навода метавонанд бо ҳам сари ситез дошта бошанд?! Ҳар кудом ки дигареро биронад, худро хор доштааст ва агар бихоҳем забони порсиро башоистагӣ бишносем, бояд ниё ё ҳар забони куҳани эрониро шинохта ва омӯхта бошем.”

Ин устоди забони форсӣ дар поён ибрози умедворӣ кард, ки эрониён ба Эрони паҳновари фарҳангӣ ва ҳамдилӣ бияндешанд ва дар рӯзгоре, ки рӯзгори гусастанҳост, беш аз ҳар чиз ба ҳамгироӣ ва ҳамсӯии бештар бо эрониёни хориҷ аз марзҳои Эрон фикр кунанд.

Ҳеч шоъири клосики курдзабонеро наметавон ёфт, ки бар забони форсӣ тасаллути вофию кофӣ надошта бошад

Дар бахши пасини ин нишаст дуктур Талъат Тоҳир Ҳамдъалӣ, раиси бахши забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Салоҳиддини шаҳри Арбил, дар бораи таъсири забон ва адабиёти порсӣ дар Курдистони Ироқ сухан гуфт. Вай ба ҷойгоҳи порсӣ ба унвони забони нахусти ҷаҳони ирфон ва дувумин забони ҷаҳони ислом ишора кард, ки мавриди баҳраи андешамандону орифону шоъирони бузурге будааст. Бузургоне, ки хориҷ аз ҳавзаи ҷуғрофиёии Эронзамин зистаанд, лекин дар қаламрави ҷуғрофиёи забони форсӣ ҳамчун қуллаҳое сар барафроштаанд: аз Миёнрӯдон (Байнаннаҳрайн) гирифта то Ҳиндустон ва аз Бағдод то Покистон ва шибҳиқорраи Ҳинд ва то порсигӯёни Самарқанду Бухоро ва Тоҷикистон ва билохира иқлими Курдистони Ироқ.

Дуктур Ҳамдъалӣ аз курдзабонони иқлим, ки дар ин дари фарҳанги ҷаҳонӣ чеҳраҳои мондагору садоҳои номирое офаридаанд ва марзбандиҳои ҷуғрофиёиро дарнавардидаанд ва осори хешро дар ҳофизаи абадии забону торихи адаби порсӣ ба сабт расондаанд, ёд кард ва гуфт: “Ҳеч шоъири клосики курдзабонеро наметавон ёфт, ки бар забони форсӣ тасаллути вофию кофӣ надошта бошад ва дар девонаш ашъоре форсӣ, хусусан ғазали ирфонӣ – ба унвони мурдареги фарҳанги эронӣ – ёфт нашавад. Дар ҳоли ҳозир низ мутолеъа ва тарҷумаи осори нивисандагону шоъирони муъосири Эрон дар иқлими Курдистони Ироқ дар авлавияти кори муҳаққиқон ва муассисоти пижӯҳишӣ ва донишгоҳиён қарор дорад.”

Раиси бахши забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Салоҳиддин ҳамчунин гуфт, ки аз дербоз бисёре аз кутуби динӣ, дастурӣ, фарҳанг, арӯз ва қофия дар Курдистони Ироқ ба забони форсӣ нигошта шудааст: “Курдҳо ҳарчанд ҳамсояи аъроб ва туркҳо будаанд, вале ба иллати ғанӣ будани адабиёти форсӣ ва вуҷуди вазни арӯзӣ дар миёни шоъирони форсизабон аз шоъирон ва осори форсӣ таъсир пазируфтаанд. Ин раванди таъсири забони форсӣ бар забони курдӣ аз тариқи ашъори Бобо Тоҳири Ҳамадонӣ вориди шеъру адабиёти мактуби курдӣ шуда ва дар ин миён таъсири Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлоно, Шайх Шабистарӣ, Бедил, Хоқонӣ ва Низомӣ бавузӯҳ нумоён аст.”

Устоди Донишгоҳи Салоҳиддин афзуд, ки тайи нимаи дувуми қарни бистум ашъори шоъирону нивисандагони форсизабоне чун Нимо Юшиҷ, Суҳроби Сипеҳрӣ, Аҳмади Шомлу, Содиқи Ҳидоят, Фурӯғи Фаррухзод бештарин таъсиррро бар шоъирону нивисандагони курди Ироқ, махсусан Гӯрон, Шайх Нурии Шайх Солеҳ, Шерку Бекас ва Абдуллоҳ Пашев дошта ва ин раванд то ба ҳол низ идома дорад.

Вай гуфт: “Адабиёти ғолиб дар иқлими Курдистони Ироқ адабиёти форсӣ аст ва аксари осори ин шоъирон ва нивисандагони барҷаста ба забони курдӣ тарҷума шуда ва дар ихтиёри ҳамагон қарор гирифтааст бад-ин далел умед меравад дар оянда Донишгоҳи Теҳрон ва дигар муассисоти пижӯҳишии Эрон бо донишгоҳиён ва мутарҷимони иқлими Курдистон ҳамкории лозимро ба амал оваранд.”

Дуктур Талъат Тоҳир Ҳамдъалӣ: Адабиёти ғолиб дар иқлими Курдистони Ироқ адабиёти форсӣ аст ва аксари осори ин шоъирон ва нивисандагони барҷаста ба забони курдӣ тарҷума шуда ва дар ихтиёри ҳамагон қарор гирифтааст.

Эшон ҳамчунин бо ишора ба ошноӣ ва алоқаи вофири сокинони иқлими Курдистони Ироқ ба забону адабиёти форсӣ ва таъсирпазирии деринаи адабиёти форсӣ ва курдӣ аз якдигар афзуд: “Бино ба дархости донишкадаи адабиёт, гурӯҳи забон ва адабиёти форсӣ дар соли 1998-и милодӣ дар шаҳри Арбили иқлими Курдистон ва дар Донишгоҳи Салоҳиддин ва бидуни ҳеч гуна мусоъидат ва ёрии муассисоти омӯзишӣ ва густариши забони форсӣ ва донишгоҳҳои Эрон оғоз ба пазириши донишҷӯ кард.”

Эшон ҳадаф аз таъсиси ин бахшро арзиш бахшидан ва густариши равобити фарҳангӣ ва тамаддуни муштарак миёни курдони Ироқ ва эрониён донист.

Раиси бахши адабиёти форсии Донишгоҳи Салоҳиддини Арбил ба ниёзҳои ин ришта дар Курдистони Ироқ низ ишора кард ва афзуд: “Дар ҳоли ҳозир аз камбуди манобеъ ва китобхонае муҷаҳҳаз барои адабиёти форсӣ дар ранҷ ҳастем ва ин китобҳо ва манобеъро бо машаққат таҳия мекунем. Ҳамин ҷо аз риёсати Донишгоҳи Теҳрон, бахусус донишкадаи адабиёти он, дархост мекунем, ки дар таъмини манобеъи илмӣ, табодули устоду донишҷӯ, гирифтани бурси таҳсилӣ барои дарёфти мадраки коршиносии аршад ва дуктурои забон ва адабиёти форсӣ ва чопу интишори осори шоъирону нивисандагони курдзабони порсигӯй дар Эрон ҳамкорӣ ва бо ташкили коргурӯҳҳои муштарак ва баргузории ҳамоишу кунгреҳои адабӣ дар ростои расидан ба ин аҳдоф моро ёрӣ кунанд.”

Ин гузориш пештар дар “Рӯзномаи Қонун” мунташир шудааст.

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*