Устод Камоли Айнӣ
Пешгуфтор аз фаслномаи “Забони порсӣ”
Идеулужии ҳоким дар даврони шӯравӣ Садриддин Айниро яке аз бунёнгузорони алифбои лотин ва пириллик дар Тоҷикистон муъаррифӣ мекард. Бисёре ҳам ба ин пиндор вақъ ниҳоданду бовар карданд; ғофил аз ин ки “бунёнгузор”-и алифбоҳои бегона дар Тоҷикистон ҳатто як асар ё номаи худро ба хатте ҷуз порсӣ нанигоштааст ва дар воқеъ, аз мухолифони хомӯши тағйири алифбо дар поёни даҳаҳои 1920 ва 1930 будааст. Тағйири алифбо падидае шӯравӣ буд, ки дар тамоми сарзаминҳои мусалмоннишини импротурӣ иттифоқ уфтод ва ҳамзамон бо мо алифбои ҷумҳуриҳои Озарбойҷону Туркманистону Узбакистон ва ғайра ҳам тағйир карда буд. Тасмиме буд, ки дар Кремлин гирифтанд ва бар мо таҳмил шуд.
Рӯзи 19 уктубри 1992 мелодӣ зиндаёд Камол Айнӣ, фарзанди Садриддин Айнӣ, барои рафъи он пиндори ғалат ва лаккае, ки бар номи падари барӯмандаш андохта буданд, дар шаҳри Нйу-Йурки Омрико суханронӣ кард. Ҳабиби Бурҷиён, устоди эроншиносӣ, дар он ҷаласа ҳозир буд ва суханрониро ба таври комил забту пиёда кард. Матни комили ин суханронӣ танҳо пас аз марги Камол Айнӣ (15.08.2010) дар фаслномаи вазини “Раҳовард” мунташир шуд. Маҷаллаи “Забони порсӣ” бахши аъзами он суханрониро, ки марбут ба тағйири алифбо ва истори Садриддин Айнӣ дар мавриди он мешуд, барои нахустин бор ба ду хат чоп мекунад. Айнияти калом ва вежагиҳои гуфтории Камол Айнӣ дар ин матн ҳифз шудааст. Тавзеҳи бархе аз вожаҳо ё мафҳумҳои уфтода аз калом дар чангакҳо омадааст.
***
Дидори ёри ғоиб донӣ чи завқ дорад,
Абре, ки дар биёбон бар ташнае биборад…
Баъди Инқилоби Уктубр яке аз матолибе, ки пеш омад, иваз кардани алифбо буд. Иваз кардани алифбо ҳадафи комилан равшанро дошт. Вале ин кор, ҳамон тавр ки ба ҳама маълум аст, қабл аз инқилоб ин [кор]ро Мирзо Фатҳъалӣ Охундуф шурӯъ карда буд, то Яҳёи Зако ва ғайраву ғайра. Ва хушбахтона, муваффақ нашуданд, ки барои Эрон [хатти форсиро] иваз кунанд. Ва баъдан Туркия, вақте алифбои худашро иваз кард, соли 1922, ин хат омад ба Озарбойҷон [-и шӯравӣ] ва чун хеле аз фарзандони Мовароуннаҳр дар донишгоҳҳои Озарбойҷон [-и шӯравӣ] таҳсил мекарданд – Озарбойҷон [-и шӯравӣ] нисбатан пешрафта буд – ва инҳо вақте аз онҷо баргаштанд, ҳамон суннати иваз кардани алифбо, ин фикрҳо, дар Осиёи Марказӣ ҳам пайдо шуд. Албатта, инҷо сиёсат хеле амиқ кор мекард. Ошкор аввал намегуфтанд; ашхосро омода мекарданд. Ба ҳар ҳол, мубориза ба чунин ҳолат расонд, ки [дар соли] 1926 ҷумҳуриҳои туркзабони Шӯравии собиқ, Қазоқистону Узбакистону Туркманистону Тотористону Бошқир, инҳо ҳама алифбои худашонро иваз карданд.
Инҷо ҳам як қисмат мухолиф буданд; онҳо кушта шуданд. Баъди се сол [ё] чаҳор сол – ба унвони душманони халқ. Вале инҳо [яъне ҷумҳуриҳои туркзабон] тамоюли бештаре [ба тағйири хат] доштанд, чун Туркия таъсири хеле бузурге дошт. Охири қарни нӯздаҳ ва аввали [қарни] бист хелеҳо рафта буданд [ба Туркия] барои таҳсил. Ин бенатиҷа намонд.
Вале Тоҷикистон, ки он вақт як ҷумҳурӣ илҳоқ буд дар Узбакистон, ба унвони ҷумҳурии мухтор, фақат соли 1929 маҷбур шуд, ки ин алифборо қабул бикунад. Он солҳо мубориза хеле шадид буд ва аввал ҷаласаи иваз кардани алифбои лотинро дар Самарқанд гирифтанд (он вақт маркази ҷумҳурии кӯчаки тозабунёди Тоҷикистон Самарқанд буд). Ин самара надод. Баъдан ҷаласаро бурданд Тошканд – дар маҳалле, ки тоҷикҳо хеле кам буданд – ва онҷо муваффақ шуданд. [Аз] тарафдорони иваз кардани алифбо яке буд [ба номи] Сайид Ризои Ализодаи Собит; шахсе аз Ишқобод буд, вале барои тоҷикон хеле заҳмат кашида. Чандин китобҳои дарсӣ бо қалами эшон навишта шуда ва эшон яке аз онҳое, ки маҷаллоту рӯзномаҳои форсии тоҷикро баъд аз инқилоб бунёд карданд, буданд. Хуб, ман ишора мехоҳам бикунам, ки аввалин рӯзномаи Мовароуннаҳр ба забони форсӣ қабл аз инқилоб дар замони амир [Олимхон] буд, вале фақат шаш-ҳафт моҳ умр дошт; чун аз тамоми кишварҳо ва аз Боғчасарой нома мефиристоданд, ки чи тавр дар маркази Туркистон имкон пайдо шудааст, ки маҷаллаи форсӣ фаъъолият дорад. Баъд аз чанд моҳ инро бастанд ва як маҷалла ба забони тотории ҷағатоӣ оварданд – ба хотири ин ки як забони муштарак буда бошад барои ҳамаи Осиёи Марказӣ. Вале лаҳҷаҳои туркии маҳаллӣ он қадр [бо тоторӣ] тафовути зиёд дорад, ки ин, албатта, қобили қабул нашуд.
Бале, як иддае аз тарафдорон иҷборӣ хидмат мекарданд. Абдуррауфи Фитрат, [ки] аз нависандагони қадими мо ва касест, ки Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” менависад, ки аз эшон навоварӣ дар забони форсии мо шурӯъ шуд (он вақт забонро “форсӣ” мегуфтанд) ва дар шеъру наср шахси ниҳоят муқтадир буд. Вале эшон ҳам таҳсилкардаи он тараф [яъне Туркия] буд ва [ба] маҳаллашон Тошканд оварда буданд ва унвони устод дода буданду пруфессуру ин ҳарфҳо. Эшон ба унвони аввалин муаллифи алифбои тоҷикӣ ба хатти лотин эълом шуда буд. Як вориёнти дигаре, ки омода шуда буд, моли Фреймон буд, аз Ленингрод. Бартарии он алифбо ин буд, ки онҷо [ба] дарозу кӯтоҳии ҳиҷоҳо ишора шуда буд – ва Айнӣ тарафдори ин буд. Вақте иваз карданду гуфтанд ин бояд бишавад, Айнӣ гуфт: Агар мо гузашта бошем ба ин алифбо, бояд дарозу кӯтоҳро ҳатман ҳифз бикунем, ки лоақал ғалатхонӣ нашавад. Ва ин хат ду сол фаъъолият дошт. Ин алифборо баъдан иваз карданд. Гуфтанд, ин гарон [=сақил] аст; ҳар кас, масалан, дар деҳкадаи худаш одат карда, ҳамин тавр хонад. Дар натиҷа, ҳоло имрӯз ҳам гӯяндаи родю баъзан “бино” (касе, ки мединад) بینا ро аз “бино” (сохтмон) بنا фарқ намекунад.
Дар ин замон [Абулқосим] Лоҳутӣ дар ин ҷаласаҳо ширкат дошт ва охир ин Лоҳутӣ пешниҳод кард, гуфт, ки дар мавриди тоҷикҳо мо ҳақ надорем ин масъаларо ҳал бикунем; чунки бо форсизабонони Эрону Афғонистону инҳо бояд якҷоя ҳаракат бикунем. Вале ин таъсири баръаксро овард ва сиёсатмадорон гуфтанд, ки “Ҳон! Инҷо инҳо мехоҳанд такя бикунанд ба онҳо [=ба эрониён] ва инҳо бояд ҳатман чизашон [=алифбояшон]-ро иваз бикунанд”. Яъне ҳадаф равшан шуд.
Айнӣ дар ин маврид чигуна иттилоъотеро дошт? Эшон дар он ҷаласот зиёд дар митингҳо ширкат намекарданд. Вале он вақте ки муборизоти иваз [кардани] алифбо шурӯъ шуд, ба ҳамин алифбо [яъне алифбои форсӣ], ҳамон вақте ки сахт мекӯбиданд, “Торихи амирони Манғития”-ро навишт, “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро навишт, аввалин румон [-и Тоҷикистон] “Одина”-ро навишт, баъд маводде аз торихи инқилоби Бухоро навишт. Ва ҳамаи ин китобҳоро, вақте менавишту мефиристод ба Бухоро ё Тошканд, мегуфтанд: “Гум шуд! Наметавонем чоп бикунем”. Ва эшон, ки ҳоло мутаваҷҷеҳ шуда буд, ки он чи тавр гум шуда, ҳатман купия мекард барои худаш ва дубора инро мефиристод ба Қозон ё Иравон, онҷо чоп мекарданд… Меоварданд, пахш мекарданд. Вале вақте “Намунаи адабиёти тоҷик” чоп шуд – ин китоб собит мекунад, ки аз ҳазор сол қабл то имрӯз ин миллати форсизабон, ки худашро “тоҷик” мегӯяд, яъне “форс” мегӯяд, “эронӣ” мегӯяд, вуҷуд дорад ва ҳақ дорад, ки ҷумҳурӣ дошта бошад. Ин “Намуна”-ро ба унвони шиносномаи миллат эълом карданд. Ва ин ба он ҳаракоте, ки аз тарафи дигарон меомад – мегуфтанд, ки аз Туркия то фалон ҷо як давлати муғулӣ ё туркӣ бошад – бар алайҳи онҳо буд, чун дар васати як бегонае соҳибзамин – ки ҳоло бегона эълом шуда буд – вуҷуд дошт. Ва ин буд, ки хушашон намеомад.
Баъди интишор шудани ин китоб, албатта, Лоҳутӣ як пешгуфторе навишта буд барои ин китоб. Ин ҳам ба хотири ин буд, ки вақте Лоҳутӣ омад, Лоҳутӣ оташ буд барои Тоҷикистон ва хеле саъй мекард, ки адабиёти навин ҷилав биравад. Он вақт инқилоб маънои бедории миллатро дошт, ҳифзи суннатҳоро дошт, харобкориро дар [назар] надошт…
Вақте Лоҳутӣ омад, эълом шуд, ки Лоҳутӣ ҳам яке аз он анварпошшоҳост (Анварпошшо, вазири ҷанги Туркия, фирор карда буд, инҷо омада буд ва дунболи овардани амиру инҳо буд). Ба хотири ҳамин, Айнӣ Лоҳутиро овард тӯи (дар) “Намунаи адабиёти тоҷик” ва, ба истилоҳ, Лоҳутӣ шиносномаи расмии сиёсию фарҳангӣ ва ҷумҳурӣ гирифт. Лоҳутӣ ҳам як пешгуфторе навишта буд барои ин китоб. Ва шурӯъ карданд ба кӯбидани Айнӣ. Далелаш ҳамин ин буд, ки Айнӣ ин китобро аз шеъри
Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Шоҳ наздат меҳмон ояд ҳаме
[шурӯъ карда буд]. Ба хотири ин ки мегуфтанд, Айнӣ бо ин калимаи “шоҳ” амирро мехоҳад дубора биёрад! Ба хотири ин ӯ душмани халқ ва алайҳи инқилоб аст. Ва кӯбиданд. Ва инро бурданд то Маскав бо забони Бухорин, ки яке аз бузургони инқилобӣ буд, дасти рости он бузургон буд, дар ҷаласаи ҳизбӣ эълон карданд, ки дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз мударрисин ва парваришдидаҳои мадориси Бухоро ҳастанд, ки дунболи овардани амир ҳастанд. Ва ин тавр ки набуд! [Айнӣ] ҳамеша бар алайҳи он амир мубориза кард ва шумо, ки медонед, ки он ҷазоҳое, ки дида, тақрибан кушанда буд. Дар натиҷа, дар майдони Самарқанд [нусхаҳои] ин китобро ҷамъ карданд, аз тарафи давлат иҷозаи расмӣ шуд ва сӯхтанд. Муборизаи амалии Айнӣ бар алайҳи гузаштан ба хат [лотин] – ба баҳонаи дигар – бадбахтии сахте баҳаш (ба ӯ) овард. Ва ҳазорон касоне буданд, ки ин сарнавиштро доштанд.
Вале масъалаи иваз [кардани] алифбо дар ин минтақа торихи дигаре ҳам дошт. [Дар соли] 1913 яке аз бузургони масъули Осиёи Марказӣ аз Русия, ки симмати женеролӣ дошт, навишта буд, ки (ман мазмунашро баён мекунам) падари миллати Русия, Петри Кабир, фармуд, ки роҳи Русия ба уқёнус аз тариқи Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон [боз мешавад]. Ва ҳоло навбати Осиёи Марказӣ ҳаст. Ва барои ин ки мо инро ба дасти худ гирифта бошем, лозим аст, ки алифбои инҳоро иваз бикунем, забони инҳоро иваз бикунем, мадорисро иваз бикунем, андешаи инҳо мисли мо бошад, тафаккури инҳо мисли моли мо бошад. Он вақт инҳо ҳама ғуломи ҳалқабаргӯши мо хоҳанд буд. Яъне ин барнома аз он вар ҳам буд. Ва [дар] соли 1919 як маҷаллае дар Маскав чоп мешуд. Он вақт “назорат” мегуфтанд “вазорат”-ро. Назорати милал, яъне вазири милали Иттиҳоди Шӯравӣ, Истолин буд. Ва аз тарафи ин вазоратхона як маҷаллае чоп мешуд, ба номи “Жизнь национальностей”, яъне “Зиндагонии миллатҳо”. Онҷо дар шумораи 1996 чунин навишта шуда буд (ман ба забони ҳамон вақте ки ин эълон шуда буд, мехонам): “Дар даврае, ки прулеторет [табақаи коргар]-и ҳамаи мамлакатҳо ва миллатҳо ба муқобили (яъне бар алайҳи) копитолисми ҷаҳонӣ муборизаи ягона мебаранд, ба мо лозим меояд, ки маданияти халқҳои гуногунро байни ҳам наздик намуда, аз болои ҷаҳаннам пуле дуруст кунем, ки онро дар байни мо мухталифӣ [=ихтилоф]-и забонҳо ба амал овардааст”. Яъне он вақт равшан ин маҷаллаи ҳизбии умумииттифоқӣ навишта буд, ки ин роҳ аст. Он вақте ки арафаи муборизаи гузаштан ба алифбои нав [буд]. Тамоми маҷаллоти форсию туркӣ дар Мовароуннаҳр менавиштанд, ки (қабл аз кунфронсҳо): “Салом бар тарафдорони алифбои лотин!”, “Зинда бод алифбои лотин – намои фарҳангии инқилоб!” Ва ин ҳарфҳо буд, ки ҳама [ночор] меомаданд; дигар… ин фишор аст.
Тарафдорони ин алифбо се гуна буданд. Як қисмате, ки мехостанд ба [хатти] лотин бигзаранд. Инҳо мегуфтанд, ки мардум зудтар соҳиби савод мешаванд. Вале савод чи буд он вақт? Савод як имзо ва хондани рӯзнома буд. Ва онҳое, ки мехостанд [хатти] форсӣ-арабиро нигаҳ доранд, мегуфтанд, ки агар [хатро] иваз бикунем, боз мушкилоти бештаре ба вуҷуд меояд.
Ва як қисмат буданд, ки мегуфтанд, ки [хатти форсӣ] ҳатман бояд аз байн биравад, чун бо мазҳаб омадааст. Вале тағофул мекарданд, ки ҳамаи алифбоҳои ҷаҳон бо мазҳаб омадааст. Ҳеч гуна худаш наомадааст. Ва он вақт [ки] диданд, ки он ҳама лингвист (забоншинос)-бозиҳо натиҷа намедиҳад, шиъоре эълом карданд: бадали алифборо инқилоб тақозо мекунад. Ин дигар корро тамом кард. [Гуфтанд:] тақозо мекунад дигар, коре наметавонем бикунем. Ҳамон тавре ки ҳамаи инқилобҳо тақозо мекунад, ин ҳам тақозо мекунад. [Дар соли] 1926 ҷаласаи ҳизбии Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омад. Онҷо як оқое ба номи Берман навишта буд, ки инҷо муносибатҳои табақотиро нишон медиҳад. “Муносибати доираҳои миллӣ ба ин масъала (яъне бадали алифбо) чун пештара хайрхоҳона нест, ҳарчанд ки дар бораи зарурияти ҷорӣ намудани алифбо изҳори ақида мекунанд. Чунин ақида мавҷуд аст, ки алифбои нав таҳқири мазҳакаи зочабозӣ аст. Назари миллатҳо чунин буд”. Ҳамон Абдуррауфи Фитрат баъдан навишта буд, ки дар вазъияти ҳозираи ман илоҷи дигар набуд…
Мунзим ҳам навишт, ки бо иваз [кардани] алифбо мо ҷудо шудем аз гузашта, вале фоида надошт. Як иддае буданд аз ҳизбиҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки дар маҷаллоти ҳизбӣ баланд мешуданд, мегуфтанд, ки ҳар кас бар алайҳи алифбо бошад, душмани халқ аст ва тақозои инқилоб мубориза бо душмани халқ аст. Ин буд вазъияти онвақтаи мамлакат, ки он вақт мардуму зиёиҳо явош-явош тарсу шуданд. Диданд, ки ҳар кас, ки таъхир (?) мекунад ё хонааш хароб мешавад ё худашро мебаранд ё ҳабс мекунанд ё китобҳояшро месӯзонанд. Дигар явош-явош одат карданд ба он ки алифбо иваз шавад. [Дар соли] 1929 алифбои миллии тоҷикӣ иваз шуд ба лотин; ба ин ҷиҳат [аз ин пас] тамоми форсизабонони Осиёи Марказӣ ҳам гузаштанд ба алифбои нав.
Бояд бигӯям, ки охири 1935 як қонуни давлатӣ эълон шуд. Инҷо навишта буданд, ки дар ҷумҳуриҳое, ки алифбои арабӣ доштанд, алифбои арабӣ қадаған (мамнӯъ) ва хилофи давлат аст; чун хилофи давлат аст, дигар бояд вуҷуд надошта бошад. Аз он вақт шурӯъ шуд ҷамъоварӣ ва аз байн рафтани нусахи хаттӣ ва муборизаи хеле сахт. Ва дар ин маврид, хушбахтона, эроншиносони Шӯравӣ – дар инҷо намояндагони миллатҳои мухталиф буданд, ки дар Маскав ва Ленингрод буданд, хусусан Ленингрод – онҳо мактаби хели суннатии қавии эроншиносиро доштанд – ки ин маълум аст. Ва инҳо рафтанд дунболи ҷамъ кардану ҳифз кардану тарҷума кардану мутуни интиқодӣ чоп кардан – ки рафта-рафта он силсила бо ҷилдҳои мушкӣ (сиёҳ) [даромад], ки дар Маскав [табъ мешуд]. Ин натиҷаи ҳамон муборизаҳо буд. Онҷо ҳамон Бертелс буду Семйунуф буду Бортулд буд ва намедонам чи буд ва Айнӣ ширкат мекард ва Фреймону инҳо буданд, ки хушбахтона, инҳо дар он мамлакат буданд, ки як андоза ба ҳифозати ин осор иқдом мекарданд ва дар пешгуфторҳо менавиштанд, ки ин манбаъ хеле арзишдор [аст]-у фалон ва моли тоҷику моли форсу… Яъне [кор] аз тарафи онҳо, ки [анҷом] мешуд, маҳалҳо [яъне ҷумҳуриҳо] наметавонистанд эроде бигиранд.
Рафта-рафта алифбо таъсири хеле бади худашро гузошт ва қабл аз ҷанги ҷаҳонӣ, соли чиҳил [=1940], боз як иқдоми на беҳтар аз ин шуд, ки ҳамаро гузаронд ба алифбои русӣ, яъне кириллик [=сириллик] ва дар зарфи даҳ сол ин миллати азиятдида дубора аз сифр шурӯъ кард; чунки онҳое, ки лотин медонистанд, саводнок маҳсуб мешуданд ва онҳое, ки форсӣ медонистанд, бесавод буданд. Ва масалан, доӣ (тағо)-и ман, ки 22 сол дар зиндон буд ва мутарҷими Бойрун, чаҳор ҷилди Тулстуй ва “Евгенӣ Унегин” ва [муаллифи] аввалин китобҳои форсии тоҷикӣ ва китобҳои дарсӣ буд ва аввалин нозири маъорифи Туркистон буд – ӯро ҳам дар чизҳояш [=мадорики шиносоиаш] навишта буданд “бесавод”, ҳарчанд забонҳои инглисӣ ва русиро ҳам хуб медонист. Бале, ва онҳое, ки, масалан, вақте алифбои русӣ омад, лотин медонистанд, онҳо [ҳам] бесавод буданд дигар. Хоста бошӣ саводнок бошӣ, бояд онро [=хатти русиро] ёд бигирӣ. Ва савод ҳам ин буд, ки маҷалла бихонию имзо кунӣ.
Ин ҳам кофӣ набуд. Баъдан дастури расмие буд, ки истилоҳотро иваз бикунанд. Соли 1933 Айниро кӯбиданд. [Дар] 1937 ҳамаро мегирифтанд. Дар бораи Айнӣ ҳам мақолоти муфассале чоп мешуд; ҳам дар Самарқанд, ҳам дар Бухоро, ҳам дар Тошканд, ҳам дар Душанбе – ки душмани халқ аст; он вақт он мақоларо чоп карда, он вақт фалон карда, [дар] китобҳояш ин карда, “ҷадид” ҳаст, [дар] мадраса хонда, имом буд (имом ки набуд!), мударрис буда, фалон буд – ба ҳар ҳол, душмани халқ аст.
Ва хиёбони Регистон, агар Самарқанд рафта бошед, он хиёбон ба номи Айнӣ буд. Ман ёдам аст, ҳама ҷамъ шуданду лавҳаҳоро меканданд. Мегуфтанд: “Нест бод! Душмани халқ аст”. Як нафар аз ховаршиносон, аз дӯстони падарам, як шаб омад. Соли 37, ки вақти бадтарин буд. Гуфт, ки “устод Айнӣ, бачаҳоро таҳвил бидиҳед ба мадрасаи русӣ, чунки дастур мешавад ҳафтаи дигар, ки инҳо ҳамаро берун бикунанд”. Ва моҳоро бурданд мадрасаи русӣ. Ва қочоқӣ муъаллими арабӣ доштам ман, форсӣ доштам ман, нусхаи хаттӣ мехондам, забони олмонӣ мехондам, ки аз суннатҳо… Ва бибӣ доштам. Ҳар шаб меомадем, “Шаҳнома” мехондем, чи мехондем. [Аммо] рӯзҳо мерафтем мадраса [-и русӣ]. Агар вазъияти хонадони мо ин тавр бошад, вазъияти дигарон хеле бад[тар] буд.
Дар Самарқанд як дӯконе буд. “Дӯкони Абдуллоҳҷон-оқо” мегуфтанд. Аз дӯстони падарам буд. Аз он равшанфикрҳо, аз он донишмандоне, ки мегуфтанд ҳазорон ҳазор байтҳо [аз бар аст]. Ҷомиро бо доӣ (тағо)-и ман аз ёд медонистанд. Мушоъира мекарданд. Аз аввал то охир. Мегуфтанд, ки фалон! Ин байт давоми чист? Ман медидам инҳоро. (Ҳоло мо инҳоро надорем, чун мактабро надорем.) Вале ин оқо як дӯконе дошт. Дар тӯли ҳафта китобҳои форсию арабию ҳарчи дар бозор буд, инҳоро меоварданд инҷо. Он вақт Айнӣ меомад ва онҳо меомаданд. Хеле бомаза буд. Бо ин пӯшокҳои хеле зебо меомаданд, менишастанду суҳбат мекарданд, мушоъира мекарданд. Баъд нусхаҳоро нигоҳ мекарданд. Айнӣ мегуфт: Инаш барои Тоҷикистон – чун Тоҷикистон лозим дорад; инаш барои Тошканд, ин барои Самарқанд. Тақсимбандӣ мекарданд.
Ин шахс гуноҳе надошт ба ҷуз ин ки як муҳит – клуб буд дигар – як муҳите, ки ҳама ҷамъ мешуданду он [нусхаҳое,] ки боқӣ монда [буд,] онҳоро ҳифз мекарданд, ки лоақал ба китобхонаҳо фурӯхта шавад. Ва сию ҳафтум сол ин оқоро ҳам гирифта буданд. Бурданд. Гуноҳаш ҳам ин буд, ки тарғибкунандаи хатти форсӣ [аст], ки “бисмиллоҳ” дорад ва оне, ки ҷамъ бикунад ва ҳатман чун ин корҳои хилофи он қонуни давлатро мекунад, ҳатман ин ҷосуси як кишварест. Вале ин бечора аз Самарқанд ҳеч вақт берун ҳам нарафта буд. Кӯбиданду кӯбиданду гуфтанд: “Ҷосуси кӣ ҳастӣ? Инглис?” “На!” “Олмон?” “На!” Гуфтанд: “Ҳатман ҷосуси Эрон ҳастӣ, чун ҳамзабон ҳастед”. Баъд гуфтанд: “Киҳоро ту аз онҷо медонӣ? Киҳо устодони ту ҳастанд, ки дастур медиҳанд?” –“Устодони ман? Саъдӣ дигар, Ҳофизу Соибу инҳо ҳастанд”. Ва се нафар он вақт “труйко” ки мегуфтанд, сенафарӣ менишастанду расидагӣ мекарданд ва парванда дуруст мекарданду дигар истинтоқ мекарданд. Бале, [дар] он [суратҷаласа] навишта буд, ки ҳамин тавр ки худаш иқрор шуда, ӯ ҷосуси давлати шоҳаншоҳии Эрон буда ва онҳое, ки дастур медоданд, Соибуф, Ҳофизуф ва Саъдиеф будаанд. Ҳоло мо инро аз куҷо медонем, баъдан мегӯям.
Ин вақт Айниро ҳам мекӯбиданд. Айнӣ нома навишт ба Лоҳутӣ. Ин номаро ҳам чоп кардем; се нома [дар] 10-12 сафҳа аст. Тамоми вазъиятро навиштаву гуфта, ки “маро мегӯянд мударрис будаам – вале [мегӯянд] тарафдори амир будаам – вале ман бар алайҳи амир ҷангидаам ва ин ҳама сурате, ки акси тахтапушти [тозиёнахурдаи] манро доред, ин нишонаи ҳамон ҳаст. Ва мегӯянд, ки понтуркист будаам. Ва ман набудам, чун бар алайҳи онҳо дар ҳифозаи тоҷикҳо [мубориза] кардам”.
Лоҳутӣ хеле ҷасур буд. Дар Маскав буд. Лоҳутиро нагирифтанд. Агар инҷо [яъне дар Самарқанд] буд, ӯро ҳам мегирифтанд. Лоҳутӣ ин номаро бурд пеши нависандагони Русия, ки чанд нафар аз онҳо хеле алоқа [=робита]-и хубе доштанд бо Айнӣ. Ва онҷо шарқшиносе буд бо номи Дёкуф (Алексей Михайлович Дьяков), ки ховаршинос буд ва ба китобҳои Айнӣ пешгуфтору тақриз менавишт. Дастаҷамъӣ як ёддоште доданд ба нависандагон ва онҳо рафтанд [ба назди] мақомот ва иҷоза гирифтанд, ки Айниро ҳифз бикунанд. Ва Фодееф (Александр Фадеев), шахси аввали нависандагони Русия, муъовинашро фиристод Самарқанд. Мо хона будем. Шабона омад, ки бобо тамоми тирезаҳоро бо коғаз часпонда буд. Се моҳ аслан берун наёмад[-а буд]. Омода буд ва ҳамаи асбобҳоро ҷамъ карда буд, ки биравад. Омад, гуфт, ки “устод Айнӣ! Дастур шуда, ки Шумо бояд ҳафтае барои истироҳат биравед – онҷо, бошгоҳи нависандагон”. Гуфт: Чи тавр? Истироҳат. –На, истироҳат!
Эшонро бо қатор бурданд. Ҳафтаи дигар мо дар боғ будем. Ва ҳамон доӣ (тағо)-и ман аз Уфо омада буд. Барои се рӯз иҷоза дода буданд, чун баъд аз 8-10 соли зиндонӣ иҷоза дода буданд, ки пеши модараш биёяду фомил (хонавода)-ашро се рӯз бибинад. Бечора омада буд. Бо китобҳои бобо [саргарм] буд. Мутолеъа мекард. Як мошини сиёҳ омаду он раиси маҳаллаи мо, ки ҳамаи корҳои моро мекард, харидро мекард, омад, гуфт, ки: “…Кӯчакаш ин ҳаст, бузургашро ҳам пайдо мекунам”. Ӯро гирифтанд, рафтанд. Баъди ду-се моҳ бобо баргашт, ба Самарқанд омад, ки он вақт сарони ҷумҳуриҳо иваз шуданд. Шиддати кушокушу гирогирӣ аз байн рафт ва Узбакистон сардораш оқои Усмон Юсуф буд, ки яке аз шогирдони Айнӣ буд ва худаш ҳам тоҷик буд. Ӯ тамос гирифт бо Маскав ва Стофский (?)-ро дубора оварданд. Айниро бурданд онҷо ва онҷо як баррасӣ карданд. Боз се нафар буданд… Намояндаи Маскав, Тошканд ва… Навиштанд, ки душмани халқ нест. Айнӣ омад. Хуб, маълум, ки мо душмани халқ нестем. Ин буд, агар нарафта буд ҳам, мебурдандаш. Аз ин сиёсатҳо мо хеле зиёд доштем.
Бале,… баъди 12 сол аз он хонадони Абдуллоҳҷон-оқо 11 нафар зиндонӣ шуда буданд ва ду писари ӯ, ки яке аз мутарҷимони Шекспир буд, дигарӣ дромнавис буд, яъне бачаҳое, ки барои ҷумҳурии худашон кор мекарданд, Маскав мерафтанд, Берлин мерафтанд – ва писари кӯчаки ӯ кушта шуда буд онҷо. Худи Абдуллоҳҷон ҳам тирборон шуда буд. Вале Ғанӣ Абдуллоҳ, ки писари бузурги ӯ буд, омад Самарқанд, бо ҳамон пӯшокҳо[-и қадимӣ]. Аввал бобо салмониро, ки мо “сартарош” мегӯем, оварданд. Пӯшокҳояшро иваз карданд. Баъд гуфт: “Устод, чи кор кунам? Пои ман ланг аст, чун зери дарахт монда. Ман ҳақ надорам – чун душмани халқ ҳастам – дарс бидиҳам. Ҳақ надорам мақола бинависам. Наметавонам дастамро дароз бикунам. Ман аз фалон хонаводаам”. Бобо гуфт, ки “ба ду ҷумҳурӣ нома бинависед; яке ба Тоҷикистон, дигарӣ ба Узбакистон”. Дар Тоҷикистон оқои [Бобоҷон] Ғафуруф он вақт буд, ки раиси… ҳизбӣ буд. Кумунист буд, вале дар рушди фарҳанг хеле заҳмат кашида буд. Ва [Ғанӣ Абдуллоҳ] ба онҳо навишта буд, ки ман эълон шудаам, ки “душмани халқ” ва “душмани халқзода” ҳастам, вале тарбиятгари ман устод Айнӣ аст, ки аз эшон бояд суол бикунед. Ин ду номаро фиристод ва Айнӣ ҳам нома навишт. Ва ба хотири ин ки ду сарвари ҷумҳурӣ талаб карда буданд, [парвандаро] дар Самарқанд баррасӣ карданд. Айниро гуфтанд, ки… “бинвис, ман намешиносам; дар ҷавонӣ ӯ шогирди ман буд, [аммо] ҳолонамешиносам”. Гуфт: “Наметавонам ин корро бикунам. Бояд ки парвандаро бибинам”. Ва онҳо ҳам дигар чорае надоштанд. Чунки бояд ҷавобе бинависанд ба ду сарвар. Он вақт маҷбур шуданд, ки парвандаро биоваранд. Вақте рафт, парвандаро овард, ӯ мутолеъа кард, ки навишта буданд, ки Соибуфу фалону фалону ин ҳарфҳову бемаззагиҳо. Ду нома, номаи қашанге ба номи ду сарвар навишт. Ва дар ҳарфи як моҳ-ду моҳ ин оқо тамоми… ро гирифт, унвонҳояшро гирифт ва рафт Тоҷикистон ва яке аз онҳое буд, ки дроми тоҷикро дар сатҳи хеле боло бардошт ва хушбахтона, саранҷоми рӯзгори ӯ бад набуд.
Дар оршив (бойгонӣ)-и Айнӣ маводди зиёде ҳаст аз натиҷаи ин иваз кардани алифбоҳо. Масалан, эшон ҳамеша тамоми номаҳои худашро ва мақолаҳояшро ба хатти форсӣ менавишт ва фақат ба хатти лотин як имзо дошт. Ба ҷуз имзо чизи дигар надошт. Имзо лотин буд, ба хотири ин ки аснодро имзо кунад. Ва ба хатти русӣ ҳам як имзо дошт; ба хотири ин ки раиси Окодемии Тоҷикистон интихоб шуд, маҷбур аст, ки номаҳоро имзо кунад. Ва як имзое ба форсӣ дошт.
Ман он вақт таҳсил мекардам дар Ленингрод, Авесто мехондам пеши Фреймон. Нома навиштам ба эшон ба хатти кириллик – одат карда будам… Ва эшон навишта буд, ки “Писарам, хушбахтона, номаи худатро ба форсӣ навиштӣ, ба хатти арабӣ навиштӣ. Хеле хурсанд шудам, ки мактуби 16 уктубр навиштаатро бо ҳарфи арабӣ навиштаӣ ва ҳам хеле хуб навиштаӣ. Арабии ту аз арабии Лутфия (яъне хоҳари ман) хонотару беҳтар аст ва ин муваффақияти калом аст. Арабӣ навиштани ту боз аз ҳамин ҷиҳат маро хурсанд кард, ки 28 уктубр Лутфия бо ҳаммактабҳои худаш барои пахтачинӣ рафта буд. (Он вақт иҷборӣ буд ин корҳо.) Агар хат бо хатти арабӣ намебуд, то омадани ӯ нохонда мемонд”.
Бибинед, вазъияти Айнӣ ин тавр буд, вале то охир тамоми осорашро бо хатти арабӣ навишт. Ва дар оршиви Айнӣ чунон чизҳо ҳаст, ки эшон мақола менависад, мефиристанд ба нависандагону шогирдон, ки ба хатти лотин ё ба кириллик чоп бикунед ва дастнависи маро баргардонед.
Ва чанд мақола ҳаст, ки онҷо истилоҳот иваз шуда. Масалан, Айнӣ навишта “сиёсат”, онҳо гуфтаанд “политика”, Айнӣ навишта “ҷумҳурӣ”, онҳо навиштаанд “республика”. Инҷӯрӣ фаровон буд. Агар маҷаллот ва чизҳои он замонро нигоҳ бикунед, мушоҳида хоҳед кард, ки ба тарзи иҷбории дастур аз боло истилоҳоти кулли Шӯравӣ аз тарафи Русия пахш мешуд, ба хотири он ки мехостанд забонҳо ихтилоф надошта бошанд.
Чизе, ки дар охир мехоҳам бигӯям, ниҳояти беъадолатӣ ҳаст. Соли 1945 [Сотим] Улуғзода, нависандаи маъруфи мо, ки ҳоло ҳаштоду чанд сол дорад, дар хотироти худ, ки ахиран навишта (он вақт ки наметавонист), мегӯяд, он вақт моро, ҳамаро ҷамъ карданд. Дабири ҳизб омад. Мо фаҳмидем, ки як масъалаи хеле ҷиддӣ ҳаст. Баъд гуфтанд, ки мо бояд алифбои русиро, ки қабул карда будем, такмил бикунем. Як ҳарфи “ш” ва як ҳарфи “щ” дошта бошем. Ҳама сокит буданд, чун метарсиданд, ки масъалаи соли 37 [такрор шавад]. Улуғзода мегӯяд, ки Айнӣ як номае навишта буд, ки имкон надорад мо қабул бикунем. Ва Айнӣ ширкат надошт дар ин [маҷлис], чун дар Самарқанд буд. Айнӣ ҳеч вақт ҷои худашро иваз накард. Мегуфт, ки ман намехоҳам, ки [таҳти] таъсири сарони он вар бошам ва [таҳти] таъсири сарони ин вар бошам, мехоҳам озод бошам. Улуғзода менависад, ки Улуғзода баланд шуду гуфт, ки «Охир, ин савтиёт хос нест барои забони мо». Онҳо гуфтанд, ки “Ин чи ҳарфҳоест? Мо бовар дорем, ки Шумо хилоф [=мухолиф] нестед. Дигар қабул аст.” [Улуғзода идома медиҳад:] Баъдан он дабири ҳизб омад пеши ман.
“Ҳушатон дар ҷояш? [=Ҳавосатон куҷост?]”, гуфт дабир.
“[Магар] ман чи гуфтам?”, мегӯяд Улуғзода.
“Рафиқ Хрущёвро чи тавр менависед?”
Яъне чун Хрушчеф сари кор омада буд, мехостанд, ки ба ҳамон тарзе ки онҳо [яъне русҳо] менависанд, [дигарон низ] исми Хрушчефро бинависанд. Ба хотири ин, алифбои як миллате, ки [аслан ҳам] моли худаш набуду… боз илова шуд, ки савтиёти бегона ҳам оварда шавад.
Ман фикр мекунам, ки ин чанд мисол намунаест барои ин ки шумо тасаввуроти нисбатан комиле дошта бошед. Ман асноди хеле зиёде дорам. Ва ҳарфҳои ҳузновари таъсиркунанда аз он торих хеле зиёд ҳаст, вале намехоҳам, ки вақти шуморо бештар гирифта бошам. Мамнун. Аз ин пургӯӣ узр мехоҳам.
Чи сон нагиряму оташ ба хушку тар назанам,
Ки дар қаламрави Зардушт нақши Чингиз аст.
Матни порсиро “инҷо” бихонед
Бифирист