Чанд пешниҳод барои порсинивисон

Сомони Ҳасанӣ*

Андар чироии порсигӯӣ ва порсинивисӣ бояд гуфт, ки яке аз ҳадафҳои ин кор осон кардани нигориши забони порсӣ аст. Нигориши забони порсӣ бисёр осонтар аз дигар забонҳост. Он чи онро душвор карда, вомвожаҳо, вокҳо ва нишонаҳои забони арабӣ аст, ки дар нигориши он роҳ ёфтааст.

Дар ин ҷустор ин душвориҳоро баррасӣ мекунем ва мекӯшем барои он чора биёбем. Нахуст ба вокҳо мепардозем.

Вокҳои вижаи забони арабӣ

Вожаҳоеро, ки дорои вокҳои вижаи забони арабӣ (ث، ح، ع، ق، ص، ض، ط و ظ) ҳастанд, метавон ба чандин десаи гуногун нивишт. Барои намуна, вожаи “амиқ” (عمیق)-ро ба чаҳор десаи гуногун (امیغ، امیق، عمیغ و عمیق), вожаи “аср” (عصر)-ро ба шаш десаи гуногун (اسر، اثر، اصر، عسر، عثر و عصر), вожаи “азм” (عزم)-ро ба ҳашт десаи гуногун ва ҳатто вожаи “эҳтизоз” (اهتزاز)-ро метавон ба 128 десаи гуногун нивишт. Чироии он ин аст ки овои вокҳои вижаи забони арабӣ дар рожмони овоии забони порсӣ вуҷуд надоранд ва ин сабаб шуда, ки шуморе аз вокҳо дар забони порсӣ хониши яксон дошта бошанд. Монанди

алиф (الف) ва айн (ع)
те (ت) ва то (ط)
се (ث), син (س) ва сод (ص)
ғайн (غ) ва қоф (ق)
зол (ذ) ва зе (ز) зод (ض) ва зо (ظ)

Вале агар ба ҷои вожаҳои арабӣ аз вожаҳои порсӣ суд биҷӯем, барои намуна ба ҷои “аср” (عصر) бинивисем “пасин”, ба ҷои “амиқ” (عمیق) бинивисем “жарф”, ба ҷои “азм” (عزم) бинивисем “оҳанг” ва ба ҷои эҳтизоз (اهتزاز) бинивисем “барафрошта”, онгоҳ ҳар вожаро танҳо метавон ба як деса нивишт. Албатта, фаромӯш накунем, ки вожаҳои порсиро танҳо бо вокҳои порсӣ менивисем.

Дар миёни вокҳои порсӣ танҳо ду намуна дорем, ки вокҳо овои яксон доранд ва мумкин аст онҳоро ба ҷои якдигар нивишт. Яке аз ин намунаҳо вокҳои зол (ذ) ва зе (ز) ҳастанд, ки дар гузашта хониши яксон надоштаанд, вале акнун яксон хонда мешаванд. Барои намуна, ҳар кудом аз вожаҳои “озар” (آذر) ва “барзгар” (برزگر)-ро метавон танҳо ба ду деса нивишт (آذر و آزر، برزگر و برذگر.).

Намунаи дигар вокҳои “се” (ث) ва “син” (س) ҳастанд, ки акнун хониши яксон доранд. Чун воки “се” (ث)-и порсӣ овои худро аз даст дода ва ба монанди воки “син” (س) хонда мешавад. Барои намуна, воки “се” (ث) дар номҳое чун Таҳмурасу (تهمورث) Каюмарс (کیومرث) ба монанди воки “син” (س) хонда мешаванд. Имрӯз нигориши ин номҳо ба ҳарду деса равоӣ доранд ва метавон барои осонии нигориш онҳоро танҳо бо воки “син”(س) нивишт.

Бисёре аз вожаҳои забони порсӣ бо вокҳои вижаи забони арабӣ нивишта шудаанд. Пас барои осонии нигориш беҳтар аст ин вожаҳоро то ҷое ки ба расоии нигориш зиён намерасонад, бо вокҳои порсӣ бинивисем. Бароинамуна, ҳангоме ки “طوس”-ро ба десаи “توس” менависем, барои хонанда гӯёст. Вале агар вожаи “عشق”-ро ба десаи “اشغ” бинивисем, мумкин аст хонандаро сардаргум кунем. (Ниг: Шинохти вожаҳои порсӣ аз вожаҳои арабӣ).

Дигар инки набояд вомвожаҳои фарангиро бо вокҳои вижаи арабӣ нивишт. Барои намуна, вожаҳои билет (بلیط), бутри (بطری), ботерӣ (باطری), имперотур (امپراطور) ва устура (اسطوره)-ро ба десаҳои “بلیت”, “بتری”, “باتری”, “امپراتور”, “استوره” бинивисем, то нигоришамон осонтар шавад.

Дар ин замина рӯйкарде тундравона ҳам вуҷуд дорад, ки бар ин бовар аст, ки ба ҳеч рӯй набояд вокҳои вижаи забони арабиро ба кор бурд. Барои намуна воки “айн” (ع) дар номхои “ساعدی” ва “مسعود” ва “علوی” бад-ин гуна менивисанд: “سایدی”, “مسوود” ва “الوی”. Шигифт ин ки вожаҳои арабиро баосонӣ ба кор мебаранд, бидуни ин ки бикӯшанд баробари порсии онҳоро бинивисанд. Барои намуна, вожаи арабии муҳаққиқ (محقق)-ро менависанд “مهغغ” (муҳағғиғ). Оё беҳтар нест баробари порсии онро, ки вожаи “пажӯҳишгар” аст, бинвисанд?

Вовҳои беово

Ду гунаи “вов”(و) дар забони порсӣ дорем, ки хонда намешаванд. Яке вове, ки дар гузашта хонда мешуд, вале имрӯза хонда намешавад. Монанди “خواهر”(хвоҳар), ки “خاهر” (хоҳар) хонда мешавад. Дар гузашта “خ” дар вожаи “хоҳар” бо садои зер( ِ)хонда мешуда, бад-ингуна: “خِواهر” (хивоҳар). Ин намуна натиҷаи табиъии собида шудану кӯтоҳ шудани вожаҳост. Дар намунаҳое чун “خوار”(хор) ва “خوان”(хон) гуфта мешавад вов барои шинохти чами “خوار” аз “خار” ва “خوان” аз “خان” афзуда шудааст.

Танвин

Яке аз душвориҳои нигориши забони порсӣ вуҷуди танвин аст. Афзун бар вожаҳои арабӣ, ки бо танвин нивишта мешаванд, бисёре аз вожаҳои порсиро ҳам бо танвин менивисанд, монанди: гоҳан (گاهاً), ночоран (ناچاراً), дувуман (دوماً), севуман (سوماً), ки ин кор зебанда нест. Барои намуна, беҳтар аст ба ҷои “гоҳан” нивишӣ“гоҳе”, ба ҷои “ночоран” нивишт “баночорӣ” ва ба ҷои “дувуману”“севуман” нивишт “дувум” ва“севум”.

Батозагӣ дар вожаҳои арабӣ, ки танвин доранд, ба ҷои танвин “нун” (ن) менависанд. Ин кор нигоришро осон мекунад, вале беҳтар аст барои ин гуна вожаҳо ҷойгузини порсӣ биёбем.

Ҳамза

Дар ин ки забони порсӣ дорои “ҳамза” аст ё на, ду дидгоҳ вуҷуд дорад. Як гурӯҳ бар ин бовар аст, ки дар вожаҳои порсии сара ҳамза ҷое надорад. Гурӯҳи дигар мегӯяд ҳамза нахустин воки алифбои порсӣ аст ва танҳо дар оғози вожаҳо меояд, монанди: “اختر” (ахтар), “اندازه” (андоза), “انجام” (анҷом), “ابر” (абр).

Дар нивиштаҳои садаҳои оғозини забони порсии дарӣ чандон нишоне аз нивиштани ҳамза нест. Вожаҳое чун “پاییز” (пойиз), “آیین” (ойин) ва “پایین” (пойин), ки гоҳе бо ҳамза ва ба десаи “پائیز”, “آئین”, “پائین” нивишта мешаванд, дар оғоз бидуни ҳамза будаанд ва дар давраҳои пасинтар бо ҳамза нивишта шудаанд. Пас беҳтар аст ин гуна ҳамзаҳоро ҳамонанди гузашта ба десаи “ی” бинвисем.

Намунаи дигаре, ки нивиштани ҳамза дида мешавад, ҳамзаест, ки дар болои вожаҳое чун “خانه” (хона), “لانه” (лона) нивишта мешавад, то нисбият ё моликияти онро бирасонад. Ин ҳамза дар гузашта ба десаи “ی”-и кӯчак болои “ه” (ҳо-и ҳавваз) нивишта мешуда, ки сипас ба десаи “ء” нивишта шудааст. Беҳтар аст дар нивиштан ба ҷои он “ی” бинивисем. Монанди “خانه‌یسوسن” ё “لانه‌‌ی مورچه”.

Бо ончи гуфта шуд, вожаҳои порсӣ ниёзе ба нивиштани ҳамза надоранд ва зебанда нест бо нивиштани он нигориши забони порсиро душвортар кунем.

Ҳамзаи вожаҳои арабӣ душвориҳое барои нигориши забони порсӣ ба ҳамроҳ овардааст, чун ба десаҳои гуногун нивишта мешавад. Гоҳе ба десаи як воки танҳо монанди “رئوس” (раус) ва “مسئله” (масъала), гоҳе болои “و” (вов), монанди “مؤمن” (муъмин) ва “رؤیا” (руъё). Замоне рӯйи “ا” (алиф), монанди “رأس” (раъс), “مأخذ” (маъхаз) ва гоҳе дар поёни вожа, монанди “ابتداء” (ибтидо) ва “انشاء” (иншо). Пас беҳтар аст барои ин гуна вожаҳо нахуст ҷойгузини порсӣ биёбем, вагарна онҳоро бидуни ҳамза бинивисем, магар дар ҷое ки нигоришро норасо кунад. Ҳамин корро беҳтар аст бо вожаҳое, ки аз дигар забонҳо гирифта шудаанд, анҷом диҳем. Барои намуна, беҳтар аст ба ҷойи “سوئیس” (Суис) бинивисем “سوییس”, вале “سوئد” (Суэд), “لائوس” (Лоус), “سوئز” (Суэз) ва “ناپلئون” (Нопулеун)-ро ночорем ба ҳамон десае, ки ҳастанд, бинвисем.

Чанд нишонаи дигар

Ба ҷойи нивиштани “ی” дар поёни вожаҳо, ки ба овои “ا” хонда мешаванд, худдорӣ кунем ва алифро ҷойгузини он намоем. Пас вожаҳои “حتی” (ҳатто), “موسی” (Мӯсо) ва “عیسی” (Исо)-ро ба десаи “حتا”, “موسا”, “عیسا” бинивисем.

Нишонаи шиносаи арабии “ال” (ал) дар оғози номвожаҳо ҳам душвориҳое барои нигориши забони порсӣ офаридааст. Агар вок пас аз “ال”-и шамсӣ бошад, “ال” хонда намешавад, монанди “سلیم‌النفس” (салимуннафс), вале агар вок пас аз “ال”-и қамарӣ бошад, танҳо “ل”-и он хонда мешавад, монанди “رسم‌الخط” (расмулхат). Пас аз нивиштани вожаҳое, ки дорои нишонаи “ال” ҳастанд, худдорӣ кунем ва ба ҷойи он аз вожаҳои порсӣ суд биҷӯем, барои намуна ба ҷойи “سلیم‌النفس” бинивисем “پاک‌نهاد” (покниҳод) ва ба ҷойи “رسم‌الخط” бинивисем “آییننگارش” (ойини нигориш). Вале дар ҷое, ки бо номҳои вижа сарукор дорем, беҳтар аст онҳоро бидуни “ال” бинивисем. Барои намуна, ба ҷойи “ملک‌الشعرا” (Маликушшуъаро) ва “قائم‌المقام” (Қоиммақом) бинивисем “ملک‌شعرا” ва “قائم‌مقام”.

Аз нивиштани “ة” дар поёни вомвожаҳои арабӣ худдорӣ кунем ва онро бо воки “ت” бинвисем. Пас ба ҷои “زکاة” (зако) бинивисем “زکات”.

Забонҳои урупоӣ ва хатти лотин

Дар забонҳои урупоӣ барои бисёре аз овоҳо, ки дар забони порсӣ танҳо бо як вок нивишта мешаванд, аз ду ё се вок суд меҷӯянд. Дар забони инглисӣ воки “ش”–ро ба 13 десаи гуногун менивисанд. Вокҳои бисёре дар оғоз ва поёни вожаҳо хонда намешаванд. Бисёре аз вокҳо ба ду ё чанд ово хонда мешаванд. Бимонад кишварҳое, ки вомвожаҳои инглисиро бо ҳамон нигориш вориди забони худ мекунанд. Акнун бингаред ба забоне, ки дар он вокҳои “چ” ва “ش” ба ҷойи якдигар ва ба десаҳои гуногун нивишта мешаванд, вожаҳои инглисӣ, ки овои “ش” доранд, ҳам афзуда шаванд.

Барои он гурӯҳ аз эрониён ва порсизабононе, ки роҳи раҳоӣ аз душвории нигориш дар забони порсиро дар ба кор бурдани хатти лотин ба ҷойи порсӣ медонанд, пешниҳод мекунам наски “Хат ва фарҳанг”, нивиштаи Забеҳи Беҳрӯзро бихонанд. (ниг: “инҷо”).

Меваи сухан

Чунончи ҳангоми нигориш вожаҳои порсиро ба кор бибарем ва аз нивиштани вокҳо ва нишонаҳои забони арабӣ худдорӣ кунем – танҳо мемонанд ду воки “ذ” ва “ز”, ки овои яксон доранд ва ду гунаи “و” (вов), ки хонда намешаванд – оё нигориши забони порсӣ душвор аст?

*Мардумшинос, дабири пешини Адабиёт ва улуми инсонӣ

Матни порсиро “инҷо” бихонед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*