Вожаҳои форсӣ дар забони жопунӣ

Оят Ҳусейнӣ

Эрон ва Жопун дар гузари рӯзгор

Ҳаштод сол аз барқарории пайванди расмии диплумотик байни Эрон ва Жопун мегузарад, аммо аз садаҳо пеш аз он жопуниҳо аз роҳи нивиштаҳои чинӣ бо имперотурии Эрон ва фарҳангу тамаддуни он каму беш ошно шуда буданд.

Ошноии эрониён бо кишвари Жопун ба авосити даврони Қоҷор бозмегардад. То ҷое ки бар нигоранда рӯшан аст, пеш аз он, дар даврони Сафавия сафири Шоҳ Сулаймони Сафавӣ дар Сиём (Тойланд) дар китоби сафарномааш “Сафинаи сулаймонӣ” ишораҳое ба кишвари Жопун, шароити иқлимӣ ва мардумони он кардааст. Пас аз он, Мирзо Иброҳими Саҳҳофбошӣ дидаҳои худ аз сафар ба Машриқи Дур ба соли 1897-ро дар сафарномаи худ овардааст, ки ҳудуди 10 сафҳа аз он ба кишвари Жопун ихтисос дорад. То ин ки дар сафарномаи Меҳдиқулии Ҳидоят (Мухбируссалтана), ки ба ҳамроҳи Мирзо Алиасғархони Атобак, садри аъзами Қоҷориён, дар соли 1903 аз Жопун дидор кард, додаҳои густарда ва арзишманде дар мавриди кишвари Жопун барои нахустин бор ба эрониён дода мешавад.

Аммо ангезаи бунёдини ошноии эрониён бо Жопун ва дилбастагияшон ба ин кишвар, пирӯзии артиши Жопун бар нерӯи дарёии Русияи тезорӣ дар соли 1905 буд. Эрониён, ки ҳамвора дар ҷанг бо Русия мағлуб шуда буданд ва бахше аз хоки худро аздастрафта дида буданд, аз шунидани хабари пирӯзии артиши кишваре кӯчак ва ҷазираӣ бар абарқудрати бадноми Русия шодмон шуданд ва барои огоҳӣ ёфтан аз авзоъи кишвари Жопун кунҷков гаштанд.

Ҷузъиёти ин дилбастагӣ ва кунҷковӣ дар рӯзномаҳои он замон партав ёфтааст. Ин алоқа бад-он ҷо расид, ки Ҳусейнъалии Тоҷири Шерозӣ дар соли 1325-и ҳиҷрии қамарӣ манзумаи ҳамосии баланде бо номи “Микодунома” дар баҳри мутақориб (вазни “Шоҳнома”) роҷеъ ба пирӯзии артиши Жопун бар Русия ва диловариҳо ва силаҳшӯриҳои афсарони жопунӣ суруд. Аз он замон то кунун номи Жопун ҳамеша бар забони мардум ва давлатмардони эронӣ ҷорӣ будааст.

Дар замони ду ҷанги ҷаҳонӣ масоили марбут ба Жопун мавриди таваҷҷуҳи эрониён будааст ва ҳодисаи бумборони атумии Ҳирушимо ва Ногосокӣ ва ишғоли Жопун тавассути артиши Омрико дар Эрон бисёр матраҳ шудааст ва мешавад.

Пешрафти сареъи санъатӣ ва иқтисодии Жопун дар нимаи дувуми қарни бистум, алоқа ва таваҷҷуҳи эрониёнро ба Жопун беш аз пеш ҷалб кард ва боъис шуд Жопун ба унвони улгӯе барои тавсеъа ва созандагӣ дар Эрон матраҳ шавад. Пеш аз инқилоб Муҳаммад Ризошоҳ аз Эрон бо унвони “Жопуни ғарби Осиё” ёд мекард ва пас аз инқилоби исломӣ низ сиёсатмадорони барҷастаи эронӣ аз унвони “Жопуни исломӣ” барои улгӯи пешрафти мавриди назари худ ёд кардаанд.

ژاپنНигоҳе ба бархе вожаҳои жопунӣ дар форсӣ

Аз замони ошноии эрониён бо Жопун то ба имрӯз (соли 1388) наздик ба 500 ҷилд китоб бо мавзӯъҳои муртабит бо Жопун дар Эрон мунташир шудааст ва ҳудуди 2800 унвон мақола дар ин иртибот дар маҷаллот ва рӯзномаҳои Эрон ба чоп расидаанд ва наздик ба 72 унвон поённомаи таҳсилӣ дар хусуси мавзӯъоти марбут ба Жопун дар донишгоҳҳои Эрон роҳнамоӣ шудааст (4).

Ҳамчунин, пас аз шукуфоии санъати Жопун ва ниёзи он ба нерӯи кори хориҷӣ ҳазорон тан аз ҷавонони эронӣ, ки умдатан аз табақоти мутавассит ва пойини иҷтимоъӣ аз нигари даромад ва омӯзиш буданд, роҳии Жопун шуданд ва бо ошноӣ бо ҷанбаҳое аз фарҳанги Жопун хурдафарҳанги хоссе ба вуҷуд оварданд, ки баррасӣ ва осебшиносии он метавонад бисёр ҷолиб ва муфид бошад.

Ҳамаи ин маворид мунҷар ба вуруди бархе вожаҳои жопунӣ ба забони форсӣ дар солҳои ахир шудааст. Албатта, ағлаби ин вожаҳо ба сурати ғайримустақим ва бо воситаи забонҳои урупоӣ ба форсӣ омадаанд. Бештар бад-ин далел, ки ба ҷуз дар чанд соли ахир эрониёне, ки хондан ва нивиштани жопунӣ бидонанд ва дар заминаи тарҷума кӯшо бошанд, бисёр андак будаанд.

Ин вожаҳоро метавон дар ду даста тақсим кард. Дастаи аввал вожаҳои ҳамагонӣ ҳастанд, ки ағлаб аносири фарҳангии Жопун ба шумор меоянд ва ба унвони нумодҳои кишвари Жопун вориди соири забонҳои дунё, аз ҷумла форсӣ, шудаанд ва бамурур басомади вуқӯъи нисбатан болое пайдо кардаанд. Аз ин даста метавон ба суномӣ, судуку, зен, ҳойку, уригомӣ, гейшо, кимуну, комикозе, нинҷо, сомурой, ёкуҷо, ҳорогирӣ ва … ишора кард. Дастаи дувум вожаҳое ҳастанд, ки дар ҳавзаҳои тахассусӣ ворид шудаанд. Масалан дар санъат ва мудирият вожаҳое монанди койзен, конбон, генбо, панҷэс ва …, ки мутахассисон онҳоро бисёр ба кор мебаранд ё дар варзишҳои размӣ, вожаҳои короте, ҷуду, ҷуҷутсу (ағлаб ба шакли ҷуҷитсу), кенду, коротеко, ҷудуко, сенсей, дон, тотомӣ, дуҷӯ, кото, кумите, киой, ночӣ ва … жопунӣ ҳастанд.

Турфа он ки пасванди исми фоъилсози “ka-“ дар жопунӣ, ки аз вожаи “karate” исми фоъили “karateka” ва ё аз вожаи “seiji” (сиёсат) исми фоъили “seijika” (сиёсатмадор)-ро месозад, дар форсӣ зоёӣ пайдо карда ва гоҳе ба исми варзишҳои ғайрижопунӣ низ афзуда мешавад. Ҳамчунин, ин пасвандро бархе ба ангезаи шабоҳати овоӣ бо вожаи кори форсӣ ба шакли коротекор ё ҷудукорон истифода мекунанд.

Вожаҳои форсӣ дар забони жопунӣ

Аммо ҳикояти вожаҳои форсӣ дар забони жопунӣ каме печидатар ва розолудтар аст. Вожаҳои форсии забони жопуниро ба таври густарда метавон ба ду гурӯҳ бахш кард. Гурӯҳи аввал вожаҳое ҳастанд, ки нахуст дар тайи солиёни дароз ва умдатан аз забони форсии миёна вориди забони чинӣ шудаанд ва баъд аз чинӣ ба забони жопунӣроҳ ёфтаанд ва дастаи дувум вожаҳое ҳастанд, ки бештар пас аз қарни нуздаҳум аз роҳи забонҳои урупоӣ вориди забони жопунӣ шудаанд.

Вожаҳое, ки аз тариқи чинӣ вориди жопунӣ шудаанд

Пас аз қарни чаҳоруми мелодӣ, ки будисм ба ҳамроҳи забон ва хатти чинӣ аз Чин ва Куре вориди Жопун шуд, жопуниҳо барои нахустин бор бо хондану нивиштан ошно шуданд ва ба хондани нивиштаҳои гуногуни чинӣ пардохтанд. Пеш аз он ки хатҳои ҳиҷонигори худро барои нивиштани забони жопунӣ ибдоъ кунанд, ба омӯзиши забони чинӣ рӯй оварданд. Дар ин аср босавод будан баробари чинӣ донистан буд. Дар ин даврон ва даврони пасин роҳи вуруди вожаҳои чинӣ ба жопунӣ ҳамвор шуд ва ҳазорон вожаи чинӣ вориди забони жопунӣ гашт ва бахши қобили таваҷҷуҳе аз вожагони забони жопуниро ба худ ихтисос дод. Дар миёни ин вомвожаҳои чинӣ табиъатан вожаҳое буданд, ки аз форсӣ ва соири забонҳои эронӣ вориди чинӣ шуда буданд.

Аммо шакли овоии ин вожаҳо ва дар порае маворид маънияшон дар ин интиқоли ҷуғрофиёӣ ва дар гузари замон дучори дигаргунии бисёр гаштаанд. Вожаҳои форсӣ дар вуруд ба забони чинӣ барои интибоқ бо улгӯи воҷӣ ва навоии чинӣ, бахусус бо сохти ҳиҷоии он, дигаргунии фаровон ёфтаанд. Бино бар ин, дур аз интизор нест, ки шакли овоии вожаҳои хориҷӣ дар забони чинӣ чунон дигаргун шудаанд, ки гоҳе фақат шабоҳати ночизе ба шакли овоии вожаҳо дар забони мабдаъ доранд. Масалан, вожаи “Эрон”-ро чиниҳо имрӯз “yilang” талаффуз мекунанд.

Дар чинии бостон ва миёна вожаҳои бумии чинӣ ағлаб такҳиҷоӣ буданд ва вожаҳое метавонистанд дуҳиҷоӣ бошанд, ки оғоза ё ҳаста + дунбола (rhyme)-и ду ҳиҷошон яксон бошад. Бино бар ин, бархе вожаҳои хориҷӣ пас аз вуруд ба ин забон бо қавоъиди ҳамгунии оғоза (Initial Harmonization) ва ё ҳамгунии интиҳо (Final Harmonization) ба сохтҳои қобили қабули чинӣ табдил шудаанд. Ба ҷуз ин ҳамгуниҳо қавоъид ва маҳдудияти бисёре дар кор будаанд, то талаффузи вожаҳои хориҷиро ба шакле қобили қабул дар забони чинӣ бадал кунанд.

Бад-ин тартиб, масалан вожаи “барбат”-и форсӣ бо вуруд ба забони чинӣ ба “biba” ё “pipa” (琵琶) табдил шудааст (2).

Ҳамин вожаҳо пас аз вуруд ба жопунӣ бо ин ки ғалаб шакли нивиштории худро ҳифз кардаанд, барои татобуқ бо сохти воҷии забони жопунӣ дубора дигаргун шудаанд ва шакли тозае ёфтаанд. Ба унвони намуна, дар мисоли фавқ “biba” (琵琶) бо вуруд ба жопунӣ ба шакли “biwa” даромадааст. Биво номи яке аз созҳои суннатии Жопун аст, ки дар асл шакли дигаргуншудаи сози эронии барбат буда, ки аз масири Ҷоддаи абрешим ва аз роҳи Чин вориди Жопун шудааст.

Аз миёни вожаҳои жопунӣ, ки решаи форсӣ доранд, афзун бар вожаи “барбат” метавон ба мавориди зер низ ишора кард:

(無花果) – ichijiku – анҷир

Аз вожаи “анҷир” (anji:r)-и форсӣ. Ин вожаи форсӣ дар забони чинӣ бо се нигора (конҷӣ)-и чинӣ “映日果” нивишта шудааст, ки талаффузи ин вожа, яъне (ying jih kuo)-ро нишон медоданд, ки “kuo” ба маънои мева аст. Баъдҳо дар забони жопунӣ бо ҳифзи талаффуз нигораҳои дигаре барои ин вожа баргузиданд. Нигораҳое, ки жопуниҳо “ӣчӣҷӣкӯ” (анҷир)-ро бо он менивисанд (無花果) ба маънои меваи бидуни гул аст. Зеро меваи анҷир бидуни гул додан ва ҳатто пеш аз рӯйиши барг бар дарахт зоҳир мешавад. Зоҳиран, дарахти анҷир гиёҳи бумии минтақаи Осиёи Кӯчак будааст ва мардумони Шарқи Дур аз роҳи эрониён бо он ошно шудаанд.

(獅子) – shishi – шер

Аз вожаи “še:r”-и форсии миёна. Вожаи “шер”-и (ҳайвони даранда) форсӣ, ки дар форсии қадим бо Ё-и маҷҳул талаффуз мешудааст, пас аз вуруд ба чинӣ бо музоъафсозӣ ва ҳамгунсозӣ ба шакли “šizi” талаффуз шуда ва бо нигораҳои (獰猛) ва баъдҳо (獅子) нивишта шуда ва бо вуруд ба жопунӣ ба “шӣшӣ” бадал гаштааст. Имрӯза жопуниҳо барои вожаи “шер” аз вомвожаи “raion”, баргирифта аз “lion”-и инглисӣ истифода мекунанд. Вале вожаи “shishi” дар суратҳое монанди “ino shishi” ба маънои “гуроз” ё “shishi za” ба маънои “бурҷи асад (шер)” боқӣ мондааст.

(葡萄) – budou – ангур

Аз вожаи паҳлавии “buda:wa” ё “buduwa”, ки зоҳиран бо вожаи “бода”-и форсии имрӯз ҳамреша аст. Ин вожа бо вуруд ба чинӣ “putao” талаффуз шуда ва дар жопунӣ ба “буду” тадбил шудааст. Бархе низ ин вожаи чиниро аз “ba:tak”, шакли куҳани вожаи бода, медонанд. Шуъарои қадими Эрон “бода”-ро аз решаи вожаи “бод” донистаанд, ки эҳтимолан дуруст нест.

Бодаро бод ном кард устод,
З-он ки обе бувад латиф чу бод. (Шарафномаи Мунирӣ)

Ё

Зи бод ном ниҳоданд бодаро, яъне
Чу боди субҳ дамидан гирифт, бода бихоҳ. (Адиб Собир)

(巴旦杏) – hatankyou – бодом

Аз вожаи форсии “бодом”. Талаффузи ин вожа дар чинӣ “badan xing” аст, ки “xing” ба маънои “дарахти мева” аст. Имрӯза ҳотонкю вожае куҳан дар жопунӣ ба шумор меояд ва ба ҷои он барои бодом аз вомвожаи “aamondo”, баргирифта аз “almond”-и инглисӣ истифода мекунанд.

(密陀僧) – mitsutasou – уксиди сурб (PbO)

Аз вожаи “мурдосанг” (murda:sang)-и форсии миёна. Талаффузи ин вожа дар забони чинӣ “mituoseng” аст. Дар “Луғатнома”-и Деҳхудо дар дарояи “мурдосанг” омадааст:

Мурдосанг, мурдосанҷ, мурдорсанг, мурдасанг, муросанг. Ҷавҳаре бошад, ки аз сурб созанд ва дар марҳамҳо ба кор баранд. Муъарраби он: мурдосанҷ. Уксиди дузарфиятии сурби мутабалвир ё прутууксиди азут ба фурмули “PbO” мебошад. Мурдосанг дар наққошӣ ба унвони яке аз хушккунандаҳои рангҳои рӯғанӣ масраф мешавад ва ҳамчунин онро дар пизишкӣ ҷиҳати шустушӯ ва зиддиуфунӣ кардани васоили пизишкӣ дар таркиби бархе собунҳои тиббӣ масраф мекунанд ва низ дар бархе саноеъ, аз ҷумла кӯзагарӣ ҷиҳати таҳияи луъоби рӯи кӯзаҳо мавриди истеъмол дорад.

Эҳтимолан ин мода бо ҳамин ном ваҳамин хавос ва корбурд аз Эрон вориди Чин шуда ва аз Чин ба Жопун роҳ ёфтааст. Имрӯза бо мансух шудани корбурдҳои ин модда вожаи “митсӯтосӯ” низ дар жопунӣ коркарди маҳдуде пайдо карда ва бештар барои ишора ба он аз номи шимиёии модда баҳра гирифта мешавад.

Вожаҳое, ки аз роҳи забонҳои урупоӣ вориди жопунӣ шудаанд

Дастаи дувум аз вожаҳои форсӣ дар забони жопунӣ он вожаҳое ҳастанд, ки дар қуруни мутаохир аз тариқи забонҳои урупоӣ, бавижа забони инглисӣ вориди забони жопунӣ шудаанд. Бархе аз ин вожаҳо дар даврони шукуфоии фарҳанги исломӣ мустақиман ё аз роҳи забони арабӣ вориди забонҳои урупоӣ шудаанд, бархе дигар дар асри эътилои имперотурии Усмонӣ ва сайтараи он бар бахше аз Урупо аз туркӣ ба ин забонҳо роҳ ёфтаанд ва бархе дигар дар замони ишғоли шибҳиқорраи Ҳинд тавассути Бритониё аз забони ҳиндӣ ба инглисӣ роҳ ёфтаанд ва аз ин забон ба соири забонҳои урупо густарда шудаанд.

Аз ин даста вожаҳо дар забони жопунӣ метавон намунаҳои зерро мисол зад:

(トタン) – totan – оҳани голвонизе

Имрӯза жопуниҳо барои боми шервонии хона аз вожаи “totan yane” истифода мекунанд, ки “yane” ба маънои бом аст. Бархе аз онҳо шояд бидонанд, ки “totan” вожае бегона аст ва шояд бархе огоҳӣ дошта бошанд, ки ин вожа аз забони пуртуғолӣ вориди жопунӣ шудааст, вале мусалламан ағлаби онҳо намедонанд, ки “totan” дар бунёд вожае форсӣ аст. Вожаи “totan” шакли тағйирёфтаи вожаи “тӯтиё” аст, ки пуртуғолиҳо ба ҳамроҳи худи ин коло вориди жопун кардаанд. Талаффузи ин вожа дар забони пуртуғолӣ “tutanaga” аст, ки дар жопунӣ ба “тутон” табдил шудааст. Дар зайли мадхали “тӯтиё” дар Деҳхудо мехонем:

Тӯтиё, ба маънои санги сурма. Асли ин луғат “дудҳо” буда ва “тӯтиё” муъарраби он аст. Уксиди рӯй, ки дар кӯраҳое, ки рӯй ва сурбро мегудозанд, ҳосил мешавад.

Яке аз маъонии вожаи “тӯтиё” уксиди рӯй будааст, ки аз он барои андуд кардани оҳан ба манзури ҳифозат аз хӯрдагӣ истифода мешудааст. Тӯтиё ба ҳамин маъно ва низ ба маънои маҳсули ин фароянд, яъне оҳани сафед (оҳани голвонизе) эҳтимолан аз роҳи забони арабӣ вориди пуртуғолӣ шуда ва ба воситаи туҷҷори пуртуғолӣ ба Жопун роҳ ёфтааст.

(バザー) – bazaa – бозор

Бозор вожае форсӣ аст, ки дар паҳлавӣ “vacar” будааст ва дар бархе гӯишҳои Эрон, назири гелакӣ ва натанзӣ, ҳанӯз ба ҳамон шакли “вочор” талаффуз мешавад. Ин вожа имрӯза вориди бисёре аз забонҳои дунё шудааст. Дар туркии усмонӣ (истонбулӣ) рӯзи якшанберо “pazar” мехонанд, аз он рӯй, ки ин рӯз рӯзи барпойии бозор будааст. “Бозор” вориди забони арабӣ низ шудааст ва ҷамъи мукассари “баёзара” ҳам барои он сохта шудааст. “Бозор” ба гувоҳи фарҳангҳои решашиносии Виклӣ (5) ва Клейн (3) дар соли 1588 аз роҳи забони итолиёӣ (bazarra) вориди инглисӣ (bazaar) шуда ва дар садаи нуздаҳум аз инглисӣ ба жопунӣ роҳ ёфтааст.

(ピスタチオ) – pisutachio – писта

Вожаи форсии “писта” (pista) вориди забони юнонӣ (pistakion) ба маънои дарахти писта шуда ва аз он ҷо ба лотин (pistacium) роҳ ёфта ва аз лотин ба итолиёӣ (pistacchio) расида ва дар соли 1598 вориди забони инглисӣ (pistachio) шуда ва ниҳоятан аз инглисӣ ба бисёре забонҳо, аз ҷумла жопунӣ, роҳ ёфтааст.

(キオスク) – kiosuku – киюск

Решаи ин вожа вожаи “кӯшк”-и форсӣ ба маънои қаср ва бинои буланд аст. Вожаи “kushk”-и форсӣ вориди туркии усмонӣ (koshk) шудааст ва аз он ҷо ба забони фаронса (kiosque) расида ва ба соли 1625 вориди забони инглисӣ (kiosk) шудааст ва дар ин забон маънои феълии худ (утоқи кӯчак)-ро ёфта ва нахустин бор барои боҷаи телефун (telephone kiosk) дар соли 1925 истифода шуда ва жопунӣ низ ин вожаро аз инглисӣ вом гирифтааст. Ин вожа дар маънои ҷадид ва бо талаффузи инглисӣ муҷаддадан ба форсӣ низ роҳ ёфтааст.

(キャラバン) – kyaraban – коровон, хонаи сайёр, ки ба интиҳои худрав мебанданд

Решаи ин вожа вожаи форсии “корвон” аст, ки бо маънои дастаи мусофирон дар биёбон, дар ҷараёни ҷангҳои салибӣ аз форсӣ (karwan) вориди забони фаронсаи қадим (carouan) шуда ва аз забони фаронсаи миёна (caravane) дар соли 1588 вориди забони инглисӣ (caravan) шуда ва дар қарни ҳафдаҳум дар маънои дурушкаи мусаққаф ба кор рафта ва дар қарни бистум маънои феълии худро ёфта ва ба забонҳои гуногуни дунё, аз ҷумла ба форсӣ ва жопунӣ содир шудааст.

(カーキ色) – kaaki iro – ранги хокӣ

Вожаи “iro” ба маънои ранг аст ва “kaaki” реша дар вожаи форсии “хок” дорад. Ин вожа дар ҷараёни ишғоли Ҳинд тавассути Бритониё ва дар соли 1857 аз забони урду (khaki) ва барои итлоқ ба ранги либоси нерӯи заминии артиши Бритониё вориди забони инглисӣ (khaki) шуд ва имрӯза низ бештар барои ишора ба ранги порчаи юнифурмҳои низомӣ ба кор меравад ва вориди бархе аз забонҳо, аз ҷумла жопунӣ, шудааст.

(オレンジ) – orenji – пуртуқол

Аз вожаи “orange”-и инглисӣ, ки худ реша дар вожаи форсии “норанг” дорад. Вожаи “na:rang”-и форсӣ дар арабӣ ба “naranj” бадал шуда ва аз он ҷо ба лотин (narancia) роҳ ёфта ва аз лотин ба фаронсаи қадим (orenge) расидааст ва дар соли 1300-и милодӣ вориди забони инглисӣ шудааст ва жопуниҳо ин вожаро аз инглисӣ вом гирифтаанд ва ҳам дар маънои пуртуқол ва ҳам ба шакли “orenji iro” ба маънои ранги норанҷӣ истифода мекунанд. То пеш аз вуруди “orenji” ба жопунӣ жопуниҳо ранги норанҷиро “kitsune iro” мегуфтаанд, ки “kitsune” ба маънои рӯбоҳ аст. Иддае бар онанд, ки ҳазфи овои “n” аз ибтидои ин вожа дар забони фаронса ба ин далел будааст, ки гӯишварони фаронсавӣ онро бо ҳарфи таърифи забони фаронса (une narange) иштибоҳ гирифтаанд.

(ショール) – shooru – шол

Вожаи “шол”-и форсӣ аз забони урду (shal) вориди забони инглисӣ (shawl) шудааст ва аз инглисӣ ба жопунӣ ворид гаштааст. Ин вожа аз урду, ҳиндӣ ва соири забонҳои Ҳиндустон вориди забони русӣ “shal” ва бисёре забонҳои дигар низ шудааст.

(パシュミナ) – pashumina – пашмина, шол ё рӯсарии пашмӣ

Ин вожа низ монанди “шол” аз вожаи форсии “pashmina” бо маънои порчаи марғуби бофти Кашмир аз забони урду вориди инглисӣ (pashmina) шуда ва ба жопунӣ низ роҳ ёфтааст.

(パジャマ) – pajama – пижома

Дар даврони истеъмори Ҳинд мусалмонони Ҳиндустон изори гушод ва роҳатеро, ки бар тан мекарданд, “pajama” меномиданд. Инглисиҳо ин либосро ба унвони шалвори шаби худ баргузиданд ва онро ба ҳамаи дунё шиносонданд. Асли ин вожа “поҷома” (фомаи по)-и форсӣ будааст, ки дар соли 1800 аз ҳиндӣ вориди забони инглисӣ (pyjamas) шуда ва пасинтар нивиштани он дар инглисии омрикоӣ ба “pajamas” бадал гаштааст. Ин вожа аз инглисӣ ба бисёре аз забонҳои дунё, аз ҷумла жопунӣ, роҳ ёфтааст ва мо эрониҳо низ онро бо талаффузи “пижома” аз забони фаронса вом гирифтаем.

(ピラフ) – pirafu – навъе ӯизо бо биринҷ ва гӯшту сабзиҷот

Решаи ин вожа вожаи форсии “палав” аст. Дар таърифи палав дар Деҳхудо омадааст: “Таъомест, ки аз биринҷ кунанд ва дар он гӯшту кишмиш ва хурмо ва монанди он бо адвия кунанд ва онро ақсом аст.” “Палав”-и форсӣ бо талаффузи қадимии “pilaw” дар даврони усмонӣ вориди забони туркӣ (pilav) шудааст ва аз он ҷо ба забонҳои урупоӣ, аз ҷумла инглисӣ (pilaf) ва фаронса (pilaf) роҳ ёфтааст. Вожаи “pirafu” имрӯз ба унвони ғизое ховаримиёнаӣ дар Жопун шинохта мешавад.

(タフタ) – tafuta – тофта, навъе порчаи нозуки барроқ

Аз “tafuta” барои дӯхти либосҳои занона ва ҳамчунин таҳияи рӯбон истифода мешавад. Вожаи форсии “тофта” (ta:fta) аз тариқи забони итолиёӣ (taffeta) вориди забони фаронса (taffetas) шуда ва аз онҷо ба инглисӣ (taffeta) низ роҳ ёфтааст. Аммо зоҳиран жопуниҳо ин вожаро аз забони фаронса вом гирифтаанд. Ин вожа дар замонҳои мухталиф ва дар забонҳои гуногун барои номидани анвоъи гуногуне аз порча ба кор рафтааст.

(ジャスミン) – jasumin – гули ёсаман ё усораи он

Аз вожаи форсии “yasmin”, ки ба арабӣ (yas(a)min) роҳ ёфта ва аз онҷо вориди забони фаронсаи миёна (jessemin) шуда ва аз фаронса (jasmin) дар соли 1578 ба инглисӣ (jasmine) роҳ ёфтааст. Чиниҳо низ ин вожаро “ye xi meng” талаффуз мекунанд ва бо нигораҳои “耶悉茗” менивисанд. Жопуниҳо то пеш аз вуруди “jasmine” аз инглисӣ барои нивиштани ин вожа аз ин се нигораи чинӣ истифода мекарданд.

(キャビア) – kyabia – ховёр

Ин вожаро жопуниҳо эҳтимолан аз забони итолиёӣ (caviare) гирифтаанд, ки зоҳиран аз забони туркӣ ба итолиёӣ роҳ ёфтааст. Низ ин вожа аз итолиёӣ вориди фаронса (caviar) ва дар соли 1560 вориди инглисӣ (caviar) шудааст. Ховёр дар форсӣ бо “kha:ya” ва форсии миёнаи “khayag” ба маънои тухм ҳамхонавода аст. Муҳтамалан решаи ин вожа дар форсии бостон “qvyaka*” будааст, ки забоншиносони торихӣ муътақиданд аз суратҳои “owyo*” ё “oyyo*” дар ҳиндуурупоии модар ба маънои тухм ба форсӣ ба ирс расидааст.

Пайнивишт:

А) Ду вожаи ахир бо тазаккури арзишманди дӯсти бузургворам оқои дуктур Суҳроби Озарпаранд ба ин маҷмӯъа афзуда шуд.

Б) Вуҷуди аломати * дар канори як сурати торихӣ бад-ин маъност, ки он сурат дар мутуни торихӣ мавҷуд нест ва мутахассисони забоншиносии торихиӣ-татбиқӣ бо бозсозии торихӣ даст ба сохти он задаанд.

В) Дар воҷнивисии ин мақола аз “x” барои нишон додани ҳамхони соишии комӣ дар чинӣ истифода шудааст, ки ба лиҳози идрокӣ ба садои “Ш” дар форсӣ шабеҳ аст. Барои ҷилавгирӣ аз ибҳом садои “Х”-и форсӣ бо “kh” нишон дода шудааст.

Г) Баҳсе дар бахши паёмҳо дар боби ин ки “ҷо дошт чаран-парандро ҳам менивиштӣ, ки жопуниҳо мегӯянд “チャランポラン” пеш омад, ки ба пешниҳоди хонандагон посухи он дар нивиштае низ меояд:

Аммо “ちゃらんぽらん”-и жопунӣ ҳеч иртиботе ба чаранду паранди форсӣ надорад ва сирфан як шабоҳати тасодуфӣ аст.

Вожаи “charanporan”-и жопунӣ ба гувоҳи фарҳангҳои решашиносӣ шакли тағйирёфтаи “charahora” аст, ки “chara” ба маънои ҳарфи дурӯғ ё ҳарфи бемаънӣ ва “hora” низ, ки дар асл номи гиёҳе аст, маҷозан ба маънои иғроқ кардан ва дурӯғ гуфтан аст. Аз вожаи “chara” вожаҳои “charakin” ва “charakura” низ сохта шудаанд, ки метавонед дар фарҳангҳои луғат пайгирӣ кунед.

Бо як бор руҷӯъ ба Фарҳанги луғати Куҷиэн (広辞苑), ки дар ҳар китобхонаи жопунӣ ёфт мешавад, мутаваҷҷеҳ мешавед, ки ин вожа жопунӣ аст ва шабоҳати он бо “чаранду паранд”-и форсӣ ҷузви шабоҳатҳои тасодуфӣ байни забонҳо ба шумор меояд.

Аз ин қабил шабоҳатҳои тасодуфӣ байни вожаҳои ҳарду забони фарзӣ қатъан ёфт мешавад. Масалан замири жопунии “anata”, ки “anta” ҳам талаффуз мешавад, ҳамово ва комилан ҳаммаъно бо замири “ант”-и арабӣ аст ва мисолҳои мушобеҳи бисёр.

Ин шабоҳатҳои тасодуфӣ гоҳе бархеро дар доварӣ дар мавриди вомвожа будан ё робитаи хонаводагӣ байни забонҳо ба иштибоҳ меандозад. Бисёре аз эрониҳое, ки дар Жопун забони жопуниро фаро гирифтаанд, бавижа касоне, ки ба унвони нерӯи кор ба ин кишвар омадаанд, вожаҳое мисли “charanporan” ва чанд вожаи дигарро баиштибоҳ аз решаи форсӣ медонанд. Бархе жопуниҳо низ, ки собиқаи ҳузур дар Эронро доштаанд, ҳамин иштибоҳро муртакиб шудаанд.

Дар мавриди шабоҳатҳои овоӣ ва маъноии байни забонҳо бояд бисёр боэҳтиёт буд ва сирфан ба орои забоншиносони торихӣ-татбиқӣ нигоҳ кард.

Бархе аз бунмояҳо:

[1] Alan S. Kaye (2004). “Persian loanwords in English”. English Today, 20 , pp 20-24

[2] Feng Zhiwei, (2004) “The Semantic Loanwords and Phonemic Loanwords in Chinese Language”, Proceedings for 11th International Symposium, The National Institute for Japanese Language, pp. 200-229, 2004, Tokyo.

[3] Klein, Ernest. (1971) A Comprehensive Etymological Dictionary of the English Language, Amsterdam: Elsevier Scientific Publishing Co.

[4] Moghaddamkiya Reza, Hosseini Seyed Ayat, Jahedzadeh Behnam. (2009). “A statistical-analytical survey of publications on Japanese studies in iran”. The Journal of Iranian Studies (Iran Kenkyu). Vol.5 Osaka University

[5] Weekley Ernest. (1967). An Etymological Dictionary Of Modern English. Dover Publications

[6] 新村出、(1998)「広辞苑第五版」、電子版、岩波書店

[7] 那須 清、(1988)、中国語の中の外来語、「語学研究」10: 79-91

[8] Сафарномаи Ташарруф ба Маккаи Муъаззама аз тариқи Чин, Жопун ва Омрико (Теҳрон, 1323-и шамсӣ)

[9] Сафарномаи Саҳҳофбошӣ (Нашри ширкати муаллифон ва мутарҷимон, Теҳрон, 1357)

[10] Пойгоҳи интернетии Луғатномаи Деҳхудо

Оят Ҳусейнӣ, донишҷӯи дониши забон ва додаҳои Донишгоҳи Тукию аст.

Баргирифта аз торнамои Маркази мутолеъоти Жопун

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*