Ҷунбиши Машрутият ва дигаргунии насри форсӣ (2)

آشوریУстод Дориюши Ошурӣ

Бо ҷунбиши Машрутият мо вориди давраи тозае мешавем, ки дигаргунии забонро низ ногузир мекунад. Бо Машрутият ва заминаи он (пайдоиши чопу чопхона ва рӯзномаву шабнома) мо вориди рӯзгоре мешавем, ки рӯи сухани адабиёт дигар на бо амирону вазирон ё гурӯҳи саромадони аҳли фан, балки бо оммаи мардум аст.

Олами чопу матбӯъот ва адабиёте, ки мақсуди он ангезиши афкор дар ҷиҳати ормонҳо ва арзишҳои тоза аст, ба дигаргунии забон ҳамчун яке аз лавозими кори худ ниёз дорад. Забони нивиштор мебояд аз қолаби куҳнаву сахти худ ва ҳамчунин аз мактабхонаҳо ва мадрасаҳо ва маҳфилҳои дарбаста бадар ояд ва бар сари бозор биёяд ва рӯи сухан бо ҳазорон ҳазор дошта бошад ва эҳсосоту афкори онҳоро дар ҷиҳатҳои тоза барангезад. Аз ин рӯ, ногузир мебоист пӯст бияндозад ва ҳарчи содатару урёнтар шавад, то беҳтару зудтар фаҳмида шавад. Дар айни ҳол, роҳ ёфтани арзишҳои иҷтимоъии тоза ва асолат ёфтани табақоти пойин (дар баробари аъёну ашроф) дар зеҳни рӯшанфикроне, ки боди инқилоби Фаронсаву Русия ба онҳо хӯрда буд, худ аз авомили муҳимми тағйири арзиши забон буд. Яъне ба ҷои забони пурпечухами муншиёни дарборӣ ва забони ғализи муллоӣ забони содаи омма асолат ёфт ва ҳар нивисанда ё шоъири инқилобӣ мехост забони гӯёи “мардум” бошад дар баробари худовандони қудрату сарват ва ҳамчунин, ончиро ки аз дидгоҳи ӯ мардум бояд бидонанд, ба онҳо бирасонад.

Бо ин раванд рӯзгори содагии забони нигориш оғоз шуд. Деҳхудо пайдо шуд ва дар бакор гирифтани забону истилоҳоти омиёна барои танзи сиёсӣ эъҷоз кард ва олитарин танзҳои сиёсиро ба ин забон нивишт. Баъд навбати ҶамолзодавуҲидоят ва Алавӣ ва дигарон буд, ки забони содаро абзори достоннивисӣ ба шеваи урупоӣ кунанд. Дар ин раванд, ҳамроҳ бо густариш ва чирагии андешаҳои нав, ки аз Урупо меомад, забони омма ва истилоҳоту иборатҳои гуфторӣ ҳарчи бештар ба нивиштаҳо роҳ ёфт.

Дарҳам шикастани забони сангвораи насри суннатӣ ва рӯй овардан ба забони зиндаву зиста, яъне забони гуфтор, хидматест, ки достоннивисии ҷадид, ва то ҳудуде, адабиёти сиёсӣ, ба мо кардааст. Ва ин ногузир буд, зеро адабиёте, ки мехост ойинаи зиндагии ҳамаи мардум бошад, наметавонист ҷуз бо забони зиндагӣ мақсуди худро баён кунад. Вале забони содаи наздик ба гуфтор ногузир забонест маҳдуд аз назари баёни мафоҳим ва вожагон, ки агар достоннивисро бас бошад, барои заминаҳои дигари нивисандагӣ басанда нест. Инҷост ки ба тангноҳо ва ошуфтагиҳои кунунии забони форсӣ дар қаламрави забонҳои илмиву фаннӣ мерасем, яъне вуҷуди шеваҳои баёнӣ ва дастгоҳҳои вожагонии гуногун дар канори якдигар ва бегона бо якдигар, ва ҳама саргашта дар пайи “забони меъёр!”

Бегумон, дар ҳамаи забонҳои борвари ҷаҳон ҳавзаҳои гуногуни илмӣ, фалсафӣ, адабӣ ва фаннӣ ҳар як истилоҳот ва шеваи баёнии хосси худрро доранд. Бавижа дар ҷаҳони имрӯз, ки ин ҳавзаҳо ба қаламравҳои бисёр бахш шудаанд ва ногузир ҳар якро оламе аз вижакорӣ (тахассус) ва забони вижакорона аст. Аммо забони мо, ки дар ҳамаи заминаҳои илмию фалсафӣ ва ҳунарӣ забони тарҷума аст, таркибест аз забони нивиштории гузашта, бо ҳамаи гирифториҳо ва норасоиҳояш, ва ончи аз луғату наҳв аз забони маъхаз (ки маъмулан инглисӣ ё фаронса аст) ба забони форсӣ сарозер мешавад. Ва ҳосили он ин забони ҷузваҳои дарсӣ ва китобҳои донишгоҳӣ ва ё “тарҷумаҳое” аст, ки ба бозор меояд.

Насри содашудаи форсӣ ва наздикшуда ба забони гуфтор ё айни он ҳамаи имконоти худро камобеш дар осори нивисандагон ба бор овардааст ва ин гароиш саранҷом ба дасти Оли Аҳмад ба авҷи шукуфоӣ ва камоли худ расид ва ӯ бо “истилиза” кардани ин забон, забони тезу чолоки насри худро сохт, ки забоне буд коромад барои баёни ончи ӯ дар сар дошт. Аз сабки Оли Аҳмад бисёре чизҳо метавон омӯхт, аммо такрору тақлиди он корест беҳуда, зеро забонест бисёр шахсӣ, ки ба кори баёни ончи ӯ мехост, меомад, аммо дар ҳавзаҳои дигар коромад нест, зеро насрест сахт шитобнок ва онҷо ки кор дирангу оҳистагӣ биталабад, ба кор намеояд. Намунаи он корбурди насри Оли Аҳмад дар тарҷумаи китоби “Убур аз хат”, нивиштаи Эрнест Юнгер, аст.

Таҷрубаҳои дигаре ҳам дар заминаи “истилиза” кардани забони наср дорем, аз ҷумла таҷрубаи Иброҳими Гулистон. Ӯ мекӯшад, то мояе аз забони шоъиронаро дар забони наср бидавонад, аммо иштибоҳи ӯ ин аст, ки ин корро бо ворид кардани вазни шеър дар наср мекунад ва фоъилотунҳову мустафъилунҳоро пушти ҳам меоварад ва бо ин кор ба кори достонгӯйии худ низ осеб мезанад, зеро забони ӯ дучори фарозу нишебҳои сахт ноҳамвор мешавад, чиро ки наметавонад ҳама ҷо инони мустафъилунро нигоҳ дорад ва забоне даступогир мешавад, ки гирифтории Гулистон дар чанбараи он ошкор аст.

Дунбола дорад…

Ин бахш баргирифта аз ҷустори “Перомуни насри форсӣ ва вожасозӣ” аст, ки дар китоби “Бозандешии забони форсӣ (даҳ мақола)”, Теҳрон: нашри Марказ, омадааст.

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*