Шаҳрбароз
Дар забони порсӣ барои вожаи арабии ‘ҷаҳаннам’ баробари ‘дӯзах’ ба кор меравад. Аммо аз нигари боварӣ ин ду вожа бисёр аз ҳам дуранд. Аз ин рӯ, нахуст ба решашиносии он ду мепардозам ва сипас ба бархе боварҳои дар пайванд бо онҳо ишора мекунам.
Дар Фарҳанги Деҳхудо дарояи ‘ҷаҳаннам’ чунин аст:
Ҷаҳаннам: … соҳиби Куллиёт гӯяд: аҷамӣ ва гӯянд форсӣ ва гӯянд ибронӣ аст ва асли он ‘гаҳанном’ аст (Ақраб-ал-маворид). ..аз ибрии ҷеҳиннун (gehinnon)
Ба навиштаи Фарҳанги решашиносӣ, вожаи ‘ҷаҳаннам’ аз ‘Ге-ҳиннум (Ge Hinnom)’ дар ибрӣ омадааст, ки худ дар асл Ge Ben-Hinnom будааст ба маънои ‘дараи писарони Ҳиннум’. Дар китоби Эрмиёи набӣ (Jeremiah) ‘панҷ бор аз ин дара ном бурда шуда ва гуфта шуда, ки ин дара дар даврони бостон дар ҷануби ғарбии шаҳри Уршалим қарор доштааст. Ва иброниён дар ин дара нахустин писар ё духтари худро барои худое ба номи Мулух (Moloch) қурбонӣ мекарданд. Номи ин худо низ гӯё гунаи дигаре аз ‘Милих’-и ибрӣ ё ҳамон ‘малик’-и арабӣ ба маънои ‘шоҳ’ бошад. Ба нивиштаи ‘Фарҳанги Китоби муқаддас (Dr. William Smith’s Bible Dictionary, 1901) дарояи Hinnom, номи ин дара нахустин бор дар китоби ‘Яшуъо (Joshua)’ дар тавсифи марзҳои шаҳри Уршалим ба кор рафтааст. Сулаймон, подшоҳи яҳуд, ҳам барои ‘Мулух’ маъбаде сохт.
Аммо дар давраҳои сипасини зиндагии иброниён, ин дара ва расми қурбонии фарзандон дар он накӯҳиш шуд ва бори маъноии манфӣ ёфт. (Ин дигаргунии бовар ва накӯҳиши қурбонии фарзанди нахуст барои худоён дар достони Иброҳим ва қурбонӣ кардани Исмоъил ва падид омадани гӯспанд бознамуда шудааст).
Дар даврони зиндагии Исои Масеҳ дараи Гаҳаннум ба зуболадон ва чолоб (cesspool) ва маркази дафъи олудагиҳои шаҳр табдил шуда буд ва ҳар аз гоҳе барои покиза кардани он, дар он оташи бузурге барпо мекарданд. Дар мавъизаҳои Исои Масеҳ чанд бор ишора шудааст, ки гунаҳкорон дар ‘ҷаҳаннам’ азоб хоҳанд шуд. (Матто фасли 5 банди 29, фасли 10 банди 28, фасли 23 банди 15, Мурқус фасли 9 банди 43, Луқо фасли 12 банди 5).
Ин ном дар забони юнонӣ ба сурати ‘γέεννα’ (ба хати лотин Ge’enna) даромад ва аз онҷо ба сурати ‘Gehenna’ ба забони лотин аз лотин ба забони инглисӣ ва дигар забонҳои урупоӣ ворид шуд. (Торихи вуруди ин вожа ба забони инглисӣ даҳаи 1620-и милодӣ / 1000-и хуршедӣ) будааст.
Дар забони инглисӣ ҷаҳаннамро Hell мегӯянд, ки вожае жерманик аст ва ба маънои ‘ҷаҳони зерин’ (дар асл ба маънои ‘ҷои пинҳон’ ва бо ‘cell’ ва ‘калид’ ҳамреша аст). Дар забони итолиёӣ ҷаҳаннамро ‘inferno’ мегӯянд ба маънои ‘ҷаҳони зерин’, ки бо ‘infra’ маънои ‘зер’ ҳамреша аст. Ин вожа дар забони фаронса ба сурати ‘enfer’ ва дар забони испониёӣ ба сурати ‘infierno’ даромадааст ва ҳар се аз ‘infernalis’ дар лотин ба маънои ‘марбут ба зер, ҷаҳони зерин’ омадаанд.
Дар дарояи ‘ҷаҳаннам’ баробари порсии он иборатанд аз: марзағон, марзаған, марғазан ва гуфта шуда, ки шакли дурусти онҳо ‘марзаған’ аст. Аммо дарояҳои ‘марзаған’ ва ‘марғазан’ ба маънои гӯристон омадааст.
Марғазан: гӯристон:
Ҳар киро роҳбар заған бошад,
Гузари ӯ ба марғазан бошад (Рӯдакӣ)
Марзаған: гӯристон
Ҳар киро роҳбар заған бошад,
Манзили ӯ ба марзаған бошад (Унсурӣ – ‘Луғати фурс’-и Асадӣ)
Решашиносии ин вожаро наёфтаам. Аммо гӯё баробари порсии дурусттар барои ‘ҷаҳаннам’ вожаи ‘дамандон’ бошад:
Дамандон:
Дарахти борвар дар киштмандон
Чу биншонанд, растанд аз дамандон (Заротушти Баҳром – аз Онандроҷ).
Ҳар он, кӯ кунад ҷурми муҷрим дуруста,
Кунад фазли ҳақ аз дамандонш руста (Разиюддини Лолои Қазвинӣ).
Гардад аз хашми ту чу заҳри табарзад,
Гардад аз лутфи ту чу оби дамандон (Шаҳоб – аз Онодроҷ).
Дамандон аз решаи ‘дам’ ба маънои ‘гармо’ аст.
Аммо дӯзах дар порсии нав аз ‘dosh-axv’ дар порсии миёна (паҳлавӣ) омада, ки дар авестои нав ‘duzi-an(g)ahu’ ва дар авестои куҳан ‘daozh-ahva’ будааст ба маънои ‘ҷаҳони бад/зишт’ ва дар позанд ба сурати ‘dozhax’ нивишта шудааст.
Ҷаҳаннам ҷоест пур аз оташу доғ, ҳол он ки дӯзах ҷоест сарду торику жарф ва ин ихтилоф шояд ба муҳитҳои зиндагии қавмҳои сомӣ ва қавмҳои эронӣ/ориёӣ баргардад, ки гурӯҳе дар ҷоҳои бисёр доғ буданд ва гурӯҳи дигар дар ҷоҳои бисёр сард.
Ҷаҳаннам дар бовари яҳудиёну масеҳиён ва мусалмонон
Ҳамон гуна ки дар боло гуфтам, ҷаҳаннам бештар бо оташ ва сӯхтану гармои шадид ҳамроҳ аст. Дар бовари бештари яҳудиён гуноҳкорон танҳо муддате кӯтоҳ (12 моҳ) дар оташи ҷаҳаннам месӯзанд, ҳарчанд гурӯҳи кӯчаке аз онон бовар доранд, ки ҷаҳаннам ҷовид аст. Дар бовари масеҳиён низ ҷаҳаннам даврони ҷовид аст. Дар бовари мусалмонон ҳам бархе гуноҳкорон аз гузарондани муддате дар ҷаҳаннам покиза мешаванд ва ба биҳишт мераванд ва бархе ҳам ҷовидона дар ҷаҳаннаманд (фиҳо холидун = дар он ҷовидонаанд). Ҷаҳаннам дар ислом ҳафт табақа дорад:
Ҷаҳаннам: Ҷаҳаннам ба ақидаи ҳамаи адён ҷое дар ҷаҳони дигар, ки базаҳкоронро ба анвоъи уқубат кайфар диҳанд. (ёддошти муаллиф).
Номи даракоти сабаъаи (табақоти ҳафтгонаи) он чунин аст:
1. Ҷаҳаннам, ҷои аҳли кабоир, ки бе тавба мурдаанд
2. Лазо, ҷои ситорапарастон
3. Ҳутама, ҷои бутпарастон
4. Саъир, макони Иблис ва мутатобеъони ӯ
5. Сақар, ҷои тарсоён
6. Ҷаҳим, маҳалли мушрикон
7. Ҳовия, манзили мунофиқону зиндиқону куффор
Аммо ба нивиштаи Фарҳанги Деҳхудо, дар бовари эрониёни бостон ва зартуштиён ҷоест дар ҷаҳони дигар, ки дар онҷо гуноҳкорон ҷазои корҳои бади худ бинанд, ва он маҳаллест сахт амиқ, ҳамчун чоҳе бисёр торику сарди дорои дама ва мутаъаффин (бӯйнок) ва ҷонварони мӯзӣ (зиёновар), ки кӯчактарини онҳо ба баландии кӯҳ аст, ба танбеҳи равони бадкорон машғуланд. (Аз ‘Доиратулмаъорифи форсӣ’).
Баробари порсии дурусттар барои ‘ҷаҳаннам’ вожаи ‘дамандон’ аст.
Дар ойини Зартушт барои дӯзах се табақа қоил шудаанд:
Равони гуноҳкор пас аз расидан ба сари пули чинват (chinavat = ҳамон пули сирот) дар гоми аввал ба дужмат (duzimata = андешаи зишт), дар гоми дувум ба дужухт (duziuxta = гуфтори бад) ва дар гоми севум ба дужваршт (duzivarsta = кирдори бад) дохил шавад. Сипас аз ин маҳолик гузашта, ба фазои тирагии бепоён дарояд ва дар он ҷост дужанга (duziangaha), яъне ҷаҳони зишт, ки дар форсӣ ‘дӯзах’ шудааст. (аз Яштҳо, Пурдовуд, ҷ 2 саҳ 170).
Мебинем, ки ‘ҷаҳаннам’ ҷоест пур аз оташу доғ, ҳол он ки дӯзах ҷоест сарду торику жарф ва ин ихтилоф шояд ба муҳитҳои зиндагии қавмҳои сомӣ ва қавмҳои эронӣ/ ориёӣ баргардад, ки гурӯҳе дар ҷаҳони бисёр доғ буданд ва гурӯҳи дигар дар ҷоҳои бисёр сард. Аз ин рӯ, азоби онҳо дар ҷаҳони дигар ҳам ёдоварӣ аз гузаштаи онон. Ҳамон гуна ки тавсифи биҳишт дар ‘Қуръон’ ҳам мутаносиб аст бо сахтиҳои зиндагии мардуми Арабистон (ҷое хунуку пуробу пурдарахт ва…).
Дар ҳамин замина, ба бовари ин ҳар се дин, мурдагон пас аз марг вориди ҷаҳоне миёнӣ мешаванд, ки дар забони арабӣ ва истилоҳи исломӣ бад-он ‘олами барзах’ мегӯянд ва дар бовари зартуштӣ ва дар забони порсии миёна бад-он ‘ҳамистагон’ (hamestagan) мегӯянд. Дар забони инглисӣ бад-он ‘purgatory’ мегӯянд, ки аз решаи ‘purgare’-и лотин (дар инглисӣ, purge) ба маънои ‘поксозӣ’ аст.
Матни порсиро “инҷо” бихонед
Бифирист