Масъалаи вожасозӣ (4)

D. AshouriУстод Дориюши Ошурӣ

Чи ниёзе вожасозиро зарурӣ мекунад? Ниёз ба номидани чизе тоза ё баёни мафҳуме тоза. Ҳангоме, ки чизҳои тозае, чи аз мақулаи зот, чи аз мақулаи маъно, дар миён меояд, ногузир номе металабад, ки пеш аз ин дар забон набудааст. Ҳол ин масъала матраҳ аст, ки ин чизҳои тозаро чи гуна метавон номид? Оё бояд айни он номҳо ва феълҳо ва ҷуз онҳоро аз забони бегона вом гирифту ба кор бурд ё дар забони бумӣ ҷонишине барои онҳо ёфт ё сохт?

Ин масъала дар гузашта дар тамаддунҳо ва фарҳангҳо бисёр рӯй додааст, ки бар асари иртибот ё омехтагии тамаддунию фарҳангӣ бо тамаддуну фарҳанги дигар ё расидани мероси яке ба дигаре чунин ниёзе пеш омадааст. Намунаи муҳимми он дар гузаштаи худи мо бархӯрди тамаддуни исломӣ бо фарҳанги юнонӣ ва кӯшиш барои ҷазби он дар худ аст ва дидаем, ки забони арабӣ чигуна, пас аз яке ду сада печутоб хӯрдану зӯр задан саранҷом тавонист бахши муҳимме аз мероси илмию фалсафии Юнонро дар худ ҷазб ва аз они худ кунад.

Пешравони ин кӯшиш мутарҷимоне буданд, ки бо дастмояе аз забони норасо ва ибтидоӣ ба суроғи мероси фарҳангии бакул бегона рафтанд ва бо гирифтану бумӣ кардани бархе мафоҳим ва номҳо ё қарор додани баробарҳое қарордодӣ дар баробари мафоҳими фалсафию илмии юнонӣ, сарриштаро ба дасти наслҳое доданд, ки дигар ба сарчашмаҳо бознагаштанд ва забони аслиро наёмӯхтанд, балки ҳамин мояи кори мутарҷимонро дар фазои фарҳанги худ чандон варз доданд, то ки чизе варзида, ва дар ҳамон ҳол, чизе дигар аз кор даромад, ки имрӯз фарҳангу тамаддуни исломияш меномем.

Бегумон, агар кӯшиши андешаварон намебуд, агар касоне ҳамчун Киндӣ ва Форобӣ ва Бӯъалӣ ва Розӣ ва Берунӣ ва дигар ҷӯшишҳои кӯшишу нубуғ, мояи кори мутарҷимон ва миёнҷиҳои фарҳангиро намеварзонданд ва пухтаву сахта намекарданд, он корҳо ҳамчунон хому бесуд мемонд. Муҳим ин аст, ки фалсафаи исломӣ тарҷума ва рӯнивиште аз фалсафаи юнонӣ нест, балки мояи юнониро сурати хосси хеш бахшида ва ин кор ҳосили офаринандагии офаринандагони ин тамаддун аст, на мутарҷимон.

Ва аммо, агар офаринандагони фарҳанги исломӣ ба ихтиёр ва аз сари кунҷковию ташнагӣ барои дониш ва шӯри пижӯҳандагӣ ба суроғи мероси Юнон ё Эрони Бостон ё Ҳинд рафтанд, мо дар замонае ҳастем, ки баночор оворе аз китобҳову донишҳо ва арзишҳову мафоҳим ва абзорҳо аз сӯи дигаре аз ҷаҳон бар сари мо рехтааст ва мо дармонда дар миёни ин овор истодаем, ки бо ин ҳама ки хонаи падариро бар сари мо хароб кардааст, чи кунем ва чигуна метавонем аз ин ҳама чизҳое, ки фӯту фанни сариҳам карданашонро намедонем, дубора хонае барои худ бино кунем.

Ошуфтагии кори забон худ бозтобест аз ошуфтагии кори ҷаҳони мо. Ҷаҳоне басомон забоне басомон дорад, зеро забон ойина аст ва дар худ бозменамоёнад, ки ҳар қавме дар чи ҷаҳоне ба сар мебарад ва нисбати ӯ бо ҳама чиз – дар миёни замину осмон ва фаросӯи осмонҳо – чигуна ва дар чи мартабаест (дар ин мақом моро бо ин сухани Мортин Ҳойдегер коре нест, ки “забон хонаи вуҷуд аст ва инсон дар ин хона ба сар мебарад”).

Як такони торихӣ-фарҳангии сахт як такони забонии сахт ба дунбол дорад, то ба ҷое ки ҳатто забоне ҷои худро ба забоне дигар медиҳад. Чунонки бештари ақвоми исломӣ бо таконе, ки хӯрданд, забонашон арабӣ шуд ва барои мо ин такон дастикам нишастани форсии дарӣ ба ҷойи забони паҳлавӣ буд ва сипас дар тӯли чандин сада мизон кардани гирандаҳои ин забон бо фиристандаҳои арабӣ ва тақлид аз забону баён ва адаби араб. Ва барои урупоиён такони Ренесонс нишастани забонҳои инглисӣ ва фаронса ва олмонӣ ва дигар забонҳоро ба ҷои забони лотинӣ дар мақоми забонҳои адабӣ ва фарҳангӣ ба бор овард.

Ошуфтагии кори забон худ бозтобест аз ошуфтагии кори ҷаҳони мо. Ҷаҳоне басомон забоне басомон дорад, зеро забон ойина аст ва дар худ бозменамоёнад, ки ҳар қавме дар чи ҷаҳоне ба сар мебарад ва нисбати ӯ бо ҳама чиз – дар миёни замину осмон ва фаросӯи осмонҳо – чигуна ва дар чи мартабаест…

Акнун бори дигар як такони торихиӣ-фарҳангиро мегузаронем, ки такони забонии дигаре ба дунбол дорад. Ин такон аз сӯйи Ғарб аст ва ногузир такони забонӣ ҳам рӯ ба сӯйи Ғарб дорад. Забони форсӣ на танҳо аз назари номҳо ва мафоҳим дар дигаргунии шадид аст, балки бархӯрди пайваста бо вуҷӯҳи бешумори тамаддуну фарҳанги ғарбӣ суратҳои баёнро дар он дигаргун мекунад.

Ҳамчунонки гуфтем, мо на танҳо дар ҳоли аз ёд бурдани садҳо ва шояд ҳазорон вожае ҳастем, ки дар матни тамаддуни куҳани мо маънидор ва мадлули онҳо барои мо зинда буд, балки маънои садҳо вожаро низ андак-андак чунон дигаргун кардаем, ки бо мафоҳиме, ки аз он сӯи ҷаҳон меояд, ҳамсоз шавад (вожаҳое монанди миллат, давлат, ҳизб, девон аз ин дастаанд). Ва ё садҳо вожа тоза вориди забон кардаем, ки ё айни вожаи хориҷӣ ҳастанд (бо андак дигаргунӣ барои ҳамсозии овоӣ бо форсӣ) ё аз таркиби вожаҳои мавҷуд сохта шудаанд, то маъное тозаро баён кунанд (монанди дучарха ва дурбин ё худогоҳӣ ва худкамбинӣ ва ҷонваршиносӣ ва зистшиносӣ).

Бад-ин тартиб, вожагони зиндаи форсӣ аз сӯе коста ва аз сӯе афзуда мешавад ва аз дарун тағйири маъно медиҳад, то забоне дамсозу ҳамсоз бо аволими тамаддуни мудерн ва ҷаҳони текнулужик бошад. Аммо ин дигаргунӣ танҳо маҳдуд ба таквожаҳо нест, балки ҳамчунин наҳвӣ низ ҳаст. Ҳамчунонки рӯзгоре дароз тамос бо ҳавзаи забони арабӣ, дар мақоми забони фарҳанги исломӣ, сабаб шуд, ки бисёре аз қолабҳои иборатӣ ё иборатҳои қолабии он забон тарҷумавор ба забони форсӣ роҳ ёбад ва ҳамагир шавад, тамоси доимии мо бо инглисӣ ва фаронса низ хоҳнохоҳ ҳамин асарро хоҳад дошт, зеро бисёре аз мафоҳим ҳаст, ки барои баён қолаби забонии хосси худро металабад ва ин қолабҳо ногузир ҳамроҳи он мафоҳим аз забоне ба забоне дигар мераванд.

Дунбола дорад…

Ин бахш баргирифта аз ҷустори “Перомуни насри форсӣ ва вожасозӣ” аст, ки дар китоби “Бозандешии забони форсӣ (даҳ мақола)”, Теҳрон, нашри Марказ, омадааст.

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*