Порсиро пос медорем

???????????????????????????????Устод Латифи Нозимӣ

Сорбоно, бори маҳмил банд сӯи қалъаи торих
Сӯи коҷистони сабзи чомаҳои порсӣ
Боз бигшо “номаҳои порсӣ”
Мо ҳамон човушхонони Хуросонем
Меҳтариро гар ба коми шер бошад
Боз бистонем
“Ё бузургӣ баъд аз ин ё марги рӯёрӯй”
Ин суруди куҳнаро бо корвон пайваста мехонем
Ошиқи он систонизодаи айёри саффорем
Порсиро пос медорем

Сорбоно!
“Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме”
“Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме”
Хинги моро сӯи Ҷайҳун бар
“Реги Омӯву дуруштиҳои” онро
Бӯса мебахшем
Бӯи ҷӯи Мӯлиёнро,
Ёди ёри меҳрубон,
Аз насими гесувони рӯзҳои рафта меорем
Порсиро пос медорем

Мо чун он овораи Юмгон
“Қимати дурри дариро”
Зери пойи галлаи хукон намерезем
Посбонони нигаҳдорем
Порсиро пос медорем

Сорбоно!
Порсӣ моро куҳан ишқ аст
“Ишқи ӯ боз андар овардам ба банд
Кӯшиши бисёр нояд судманд”
Солҳоро дар “ҳисори ной” пӯсидем
Ошиқу шайдои ганҷи модарӣ будем
Бо дарои “корвони ҳулла сӯи Систон” инак
Парниёнеро ҳавори хеш медонем
Ҳамсадо бо Байҳақӣ ғамнома мехонем
Мо Аҷамро зинда месозем бо ин порсӣ
Шеърро тобанда месозем бо ин порсӣ
Лашкаре аз абрҳои осмони обии дурем
Мисли борон рӯйи гандумзорҳои вожа меборем
Порсиро пос медорем

Сорбоно! Бонг барзан –
“К-эй худовандони мол, ал-эътибор, ал-эътибор”
Мо дил аз ҳар эътибору ҷоҳ баркандем
Аз дили Ғарнота то Бангола инак роҳпаймоем
Шаҳрванди Балху Ғазнину Ҳарӣ моем –
Ошиқи Марву Нишобуру Бухороем
Хурҷини мо зи қанди порсӣ лабрез аст
Шеъри мо аз шаҳди ноби порсӣ яксӯ шакархез аст
Мо куҷо соҳилнишинони сабукборем?
Порсиро пос медорем

Сорбоно!
Порсӣ гӯем, тозиро биҳил
“Бишнав аз най, чун ҳикоят мекунад
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад
К-аз найистон то маро бибридаанд…”
Оҳ, ёди он найистон мекушад моро
Зинда месозад хиёли рӯзҳои рафта аз кафро
“Ёд бод он рӯзгорон ёд бод”
Рӯзгори мастии Хайём
Наъраи он ринди дурдошом
Наъраи он риндро аз ҷон ҳаводорем
Порсиро пос медорем

Аз насими даврагарди кӯчаи дилдор мепурсам
“К-эй насими кӯи маъшуқ ин чи бӯи хуррам аст”
Аз куҷо мехезад ин боди саҳаргоҳӣ?
Аз диёри атрхези Суғду Фарғона?
Аз “Гулистон” ё “Баҳористон”?
Аз “Ҳадиқа” ё зи тарфи “Бӯстон”-и Саъдии Шероз?
Рост гӯ, бӯи насими атрафшон аз куҷост?
Дар ҳавои ин насими атрафшон сахт беморем
Порсиро пос медорем

Сорбоно!
“Абри озорӣ баромад, боди наврӯзӣ вазид”
Бори маҳмил банд сӯи боруи торих
“Бас, ки дар ҷони ҳазину ҷисми беморам тӯӣ”
Он далели роҳи пиндорам тӯӣ
“Шаб, ки тӯфонҷӯии чашми тарам омад ба ёд”
Дар ҳуҷуми хобҳоям, гиряҳоям бо ту мегуфтам:
Сорбоно, бори маҳмил банд,
Аз миёни кӯчабоғи Систон бигзар
Роҳи абрешим ба зери гомҳои устувори хештан тай кун
Аз канори марқади Будо зи шаҳри Бомиён бигзар
Дар Хуҷанду Кошғар як рӯз манзил кун
Аз Хутан то Толиқон бигзар
Корвониҳои бедорем
Порсиро пос медорем

Сорбоно!
“Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст”
Кист, медонӣ, ки ин дурри дарӣ
Он каломи нағзи тоҷик аст
Ин ҳамон дерина қанди порсист
Нағмаи Саъдӣ, навои Рӯдакист
Нолаҳои ҷонгудози Мавлавист
Рав, “инаб” хон ё “узум”
Ин ҳамон “ангури” шаҳдолуд дар чархушти торих аст
Рав “ҳарир”-у “парниён” гӯю “паранд”
Ин ҳамон абрешими тобида дар ангушти торих аст
Ин паранду парниёнро
В-ин ҳарири зарфишонро
Аз дилу аз ҷон харидорем
Порсиро пос медорем


Дар ду намоҳанги зер устод Латифи Нозимӣ дар гуфтугӯ бо кадбон Мунаҷҷимзода аз порсиситезӣ дар Афғонистон мегӯяд:

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*