Устод Дориюши Ошурӣ
Бар рӯи ҳам бархӯрдҳои гуногун бо забон ва масъалаи вожасозиро метавон зери ду унвон ҷамъ кард: яке бархӯрди хирадварзона (росиюнал), ки бар он аст, ки забонро метавон бар ҳасби қолабҳое, ки қоъидаҳои сарфӣ ва пешин ба даст медиҳад, густариш дод ва вожаҳову таркибҳои тоза сохт. Ва ҳатто гурӯҳе бар онанд, ки бо ҳамин равиш метавон моддаи аслии луғатро аз забони дигар вом гирифт ва барои корбурдҳои илмӣ мутобиқи қоъидаҳои дастурии форсӣ сарф кард ва ба кор бурд (монанди “юнидан” ва “юниш”, ки аз моддаи “юн” дар шимӣ сохта мешавад). Ва ё метавон аз моддаи мавҷуд дар забон ба сурати исм ё сифат масдарҳо ё муштақҳои тоза сохт, монанди “барқидан” аз барқ, ки асҳоби “Доиратулмаъориф”-и Мусоҳиб ба кор бурдаанд ва аз ин даст вожаҳои дигар низ сохтаанд.
Пайравони ин назар ҳамвора чашме ба забонҳои урупоӣ доранд, ки баосонӣ моддаҳои хориҷиро дар дастгоҳи гуворишии худ мегуворанд ва аз они худ мекунанд, чунонки аз ҳар вожаи бегона метавонанд баосонӣ феъл бисозанд ва ё бо вожаҳое, ки пеш аз ин феъл надоштаанд, ҳамин корро бикунанд. Ин гуна рафтори хирадварзона (яъне тибқи қоъида) бо забон дар забонҳои урупоӣ ба таври куллӣ ҳосили андешаи хирадварзо (росиюнолист)-и урупоӣ аст. Забонҳои зинда ва боландаи урупоӣ, монанди фаронса, олмонӣ, инглисӣ, аз даврони Навзоиш (Ренесонс) рафта-рафта рӯ ба рушд гузоштаанд ва аз забонҳои кӯчаки қавмӣ ба забонҳои ҷаҳонии илму фарҳанг ва тафаккур бадал шудаанд. Ин забонҳо дар домони хирадбоварӣ (росиюнолисм)-и урупоӣ парвариш ёфтаанд. Аз ин рӯ, бо ин ки моддаи аслии онҳо, мисли ҳамаи забонҳои дигар, ҷуз забонҳои сохтагӣ, мисли эсперонту, фарододӣ (тродисиюнал) аст ва ҳосили рушди табиъӣ дар бистари ҳаракоти торихӣ ва фарҳангии қавмӣ ва дар дарунашон рафтори хирадварзона бо забон ва тасарруфҳои тоза дар он, яъне пойбанд набудан ба ончи аз гузашта расидааст, ё басанда накардан ба он, раво аст ва ба ҳеч ваҷҳ ҳаёҳу барнамеангезад. Чунонки ҳар андешагар ё нивисандае ба худ иҷоза медиҳад, ки бар ҳасби ниёзҳои худ вожа бисозад, мафоҳими тоза биниҳад ва ё берун аз суннат, бар тибқи қоъидаҳои дастурӣ, вожагонро баст диҳад, муштақҳои тоза аз онҳо бисозад, ё бо ба кор гирифтани мояҳои забоне дигар, бавижа лотинӣ ва юнонӣ, вожаҳои тоза вориди забон кунад. Ҳамин рафтори донишварон ва андешагарон ва нивисандагони урупоӣ сабаб шудааст, ки ганҷинаи вожагони ин забонҳо ҳамгом бо ҷаҳиши донишҳо ва фаншиносӣ дар тӯли ду-се қарн ҷаҳише азим кунад.
Мо низ хоҳ-нохоҳ бо уфтодан дар маъракаи тамаддуни мудерн ниёзҳои забонии онро ҳис мекунем ва дар чанбараи гирдобҳои ин дарё дар печутобем ва чунин эҳсоси ниёзест, ки лозим меоварад мо низ дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла дар заминаи забон, суннатшиканӣ кунем ва рафторе бар пояи санҷаҳои ақлӣ дар пеш гирем. Аммо онҳо, ки бо ин гуна ё ҳар гуна густариши забон мухолифанд, мардумоне ҳастанд бакул ноаҳлу парту хориҷ аз баҳс ё адибони суннатпараст ва посдорони фарҳанги суннатиянд, ки бар онанд, ки мебояд ба ончи аз гузашта расида, бас кунем ва, масалан, агар иштиқоқе аз як вожа дар забон ва матнҳои токунунӣ наёмадааст, ҳақ надорем чунин муштаққе аз он бисозем. Ба иборати дигар, дар ин дид, ба ҳеч ваҷҳ “хилофомади одат” иҷоза дода намешавад ва ҳар он чи бо одатҳои мо созгор набошад, барои эшон хушоянд нест.
Ба иборати дигар, такягоҳи эшон нақлӣ аст, на ақлӣ ва гирифториҳо ва масоили тозаро чи басо дарк ё ҳис намекунанд ва ё гумон мекунанд, ки бо ончи аз гузашта расидааст, метавон ниёзҳои акнунро баровард.
Бисёре аз душманони вожасозӣ берун аз ҷиргаи удабо низ, бавижа агар ошноӣ бо забони фаронса ё инглисӣ ҳам дошта бошанд, бар онанд, ки бояд ҳамон вожаҳои бегонаро, ки эшон бо он ошно ҳастанд, ба кор бурд, то эшон ба заҳмат наюфтанд. Ин гурӯҳ ҳаводори вожаҳои “байналмилалӣ” ҳастанд. Аммо ҳар кас, ки баҷид (ҷиддан) бо кори забон ва бавижа нивиштан сарукор дошта бошад, медонад, ки чунин ҳукмҳое то чи ҳад норасост. Яъне басанда кардан ба ончи то кунун нивишта шудааст ва фаро нагузаштан аз марзҳои он на шуданист, на басанда, ва ҳамчунин бардошти бениҳоят аз забонҳои дигар ҳам номумкин аст, зеро масъалаи вожаҳо танҳо дар сатҳи исмҳои ҷомид боқӣ намемонад ва масъалаи анвоъи муштақҳои феълӣ ва ҷуз онҳо матраҳ аст, ки агар қарор бошад, онҳоро ҳам мутобиқи дастури забони бегона ба кор бибарем, забоне ба вуҷуд хоҳад омад бадтар аз забони нигоштании гузашта. Масалан, қазия агар дар сатҳи “электрисите” мемонд, шояд мушкиле набуд, аммо “электрификосиюн” ва даҳҳо вожаи муштақ ва таркиб аз решаи “электру”-ро чи бояд кард? Ва ин ҷост, ки фикри сохтани “барқидан” ба зеҳни вироишгари “Доиратулмаъориф”-и Мусоҳиб расидааст.
Ин ҷост, ки ба қалби масъалаи вожасозӣ мерасем, ки ҳеч ҳукми куллӣ ва мутлақ дар бораи он дуруст нест.
Дунбола дорад…
Матни порсиро “инҷо” бихонед
Бифирист