Гуфтугӯи Исфандиёри Одина бо Сафари Абдуллоҳ, донишманди тоҷик, дар бораи ҳувияти эронӣ ва тоҷикӣ
_______________________
_______________________
Дар бораи вожаи эронӣ ё ҳувияти эронӣ. Чиро ин вожа дар ғарби Эрон, дар Эрони кунунӣ, ҷо уфтоду мардум худашонро эронӣ гуфтанд, аммо мо ҳам, ки мегӯем эронӣ ҳастем, мардуми инҷо ҳаргиз ҳувияти эронии худро барҷаста накарданд?
Яке аз нивисандагони бузурги рус гуфта буд, ки агар як нафарро сӣ рӯз пайваста девона гӯӣ, рӯзи сиву якум худаш девона мешавад. Вақте ҳафтод сол ба сари мо заданду заданду гуфтанд шумо эронӣ нестед, эронӣ нестед, эронӣ нестед, алъон хеле душвор шуда, ки бигӯем мо эронӣ ҳастем. Аммо ман вақте Эрон мегӯям, Эрони худаму Эрони Фирдавсиро дар назар дорам. Ва танҳо маҳдудаи Ҷумҳурии Исломӣ нест, Ҷумҳурии Исломӣ танҳо бахше аз Эрон буд. Эрон хеле бузургтар аз он буд, ки мо имрӯз бигӯем Ҷумҳурии Исломии Эрон. Масалан, замоне буд, ки ҷаҳон ба ду тақсим шуда буд ва мегуфтанд Эрону Анерон, яъне Эрон ва ғайри Эрон. Эрон хеле бузург буд ва мутаассифона, мо будем ва гузаштагони мо буданд, ки натавонистанд ин кишвари бузургро, чунонки мебояд, ҳифз кунанд. Шояд ҳамаи имперотуриҳо сарнивишташон чунин бошад. Вале мо ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки забони мо порсист ва мо эронӣ ҳастем. Касоне ҳастанд, ки инҷо дину мазҳабро дар миён мегузоранду масхарабозиҳое мекунанд, ки на ба суди мост ва на ба суди Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба хотири ин ки барои мо муҳим эроният ва забони форсист.
Яке аз нивисандагони бузурги рус гуфта буд, ки агар як нафарро сӣ рӯз пайваста девона гӯӣ, рӯзи сиву якум худаш девона мешавад. Вақте ҳафтод сол ба сари мо заданду заданду гуфтанд шумо эронӣ нестед, эронӣ нестед, эронӣ нестед, алъон хеле душвор шуда, ки бигӯем мо эронӣ ҳастем.
Чун аз Эрон сухан гуфтем, баночор бояд аз Турон ҳам сухан гӯем. Ин исми кишварест, ки дар муқобили Эрон дар “Шоҳнома” ҳам омадааст. Аҷиб ин ки баъзеҳо мегӯянд ин вари рӯди Омӯ Туронзамин аст. Шумо чи фикр мекунед?
На, ҳамчунин чизе нест. Ман мақолае дорам “Эрон ва Турон ба ривояти Шоҳнома”, ки ба чанд забон, аз ҷумла дар Сан-Питерзбург ва Теҳрон мунташир шудааст. Ман дар ин мақола бо иттико ба матни “Шоҳнома” ба ин натиҷа расидам ва дӯстони дигар ҳам ба ин натиҷа расидаанд, ки вақте сухан аз Турон мегӯем, ҳаргиз турконро дар назар надорем. Турон сарзамини эрониёни кӯчнишин буд, сарзамини сакоиҳо, ҳамон сакоиҳое, ки дар Урупои Шарқӣ буданд. Бибинед, алъон даъво ҳаст, ки аз панҷ ё чаҳор музейи Криме теъдоде бозёфтҳои сакоиро ба Урупо бурдаанд, ҳоло намедонанд, ки ба Укройн баргардонанд ё ба Криме. Воқеъан, ин сакоиҳо саҳми бисёр бузурге дар торихи ҷаҳон доштанд. Бозёфтҳое, ки дар Урупо ва дар истепҳои ҷанубии Русия ва дар бахше аз манотиқи Қазоқистон пайдо шуда, гувоҳи он аст, ки намешавад ба роҳатӣ гуфт, ки сакоиҳо танҳо як қавми кучӣ ва ғоратгар буданду бас. Хеле қавми ғаюре буданд ва бозмондаҳои онон ҳамин осиҳо ё усетиёиҳо ҳастанд, ки имрӯз ба ду лаҳҷа ҳарф мезананд, лаҳҷаҳои дигорӣ ва иронӣ. Усетиёи Ҷанубӣ дар Гурҷистон ва Усетиёи Шимолӣ дар Қафқози Русия аст.
Чиро номи забонашонро “иронӣ” мегӯянд?
Иронӣ аз номи Эрон бармеояд. Яке аз маъноҳои калимаи “Эрон” озода будан ва дорои шарму дониш будан аст. Масалан, вақте Фирдавсӣ Эронро бо Араб муқобил мегузорад, мегӯяд:
Аз ин морхор аҳриманчеҳрагон,
Зи доноиву шарм бебаҳрагон.
Яъне ончи эронӣ дорад, араб надорад:
На тахту на ганҷу на бахту нажод,
Ҳама дод хоҳанд гетӣ ба бод.
Вожаи “Эрон” ба сурати “ир” дар номи Ирлонд ҳам боқӣ монда ва решаи ҳиндуурупоӣ дорад.
Бале, албатта. Аммо манзури ман ин аст, ки Шумо гуфтед усетиёиҳо бозмондаи мардумони туронӣ ҳастанд, яъне сакоиҳо, ки гуфтед туронӣ ҳастанд. Аммо чиро номи забонашон “иронӣ” аст?
Ба хотири он ки агар Шумо “Авасто”-ро хонда бошед, вақте ба эрониён дуъо мефиристанд, ба турониён ҳам мефиристанд, чун инҳо ҳама бозмондаҳои Фаридун буданд. Тибқи “Шоҳнома”, Фаридун сарзамини Эронро ба писаронаш тақсим мекунад ва фарзанди дувумаш, ки Тур буд, ва Тур бисёр ғаюр буд, ба ӯ бахше аз заминҳоро дар марзи Чин медиҳад. Ва баъд ду бародар меоянду бародари кӯчакро, ки Эраҷ буд, мекушанд. Ва бо кумаки Фаридун Манучеҳр, ки писари Эраҷ буд, аз амӯҳояш кини падарашро меситонад ва як ҷанги бародаркушӣ шурӯъ мешавад, ки дар “Шоҳнома” хуб бозтоб ёфтааст. Ин ки усетиҳо як бахш аз забонашонро “иронӣ” мегӯянд, амре табиъист, чун эрониву туронӣ яке ҳастанд: “Зи Эрону Турон ҷудоӣ набуд”, то замоне ки ин бародаркушӣ шурӯъ шуд. Аз ин лиҳоз, ин амре табиъист ва шарт нест, ки ҳатман туронӣ гӯянд.
Вақте сухан аз Турон мегӯем, ҳаргиз турконро дар назар надорем. Турон сарзамини эрониёни кӯчнишин буд, сарзамини сакоиҳо, ҳамон сакоиҳое, ки дар Урупои Шарқӣ буданд.
Зимнан, дар “Шоҳнома” ҳам аз сакоиҳо ном бурда шудааст, ба гунаи “сагзӣ”, ва Сиистон ё Сакистон ҳам зоҳиран ба қавми сакоӣ рабт дорад. Аммо инҳо дар дохили Эрон буданд, чун Рустами Дастон, ки сакоӣ буд. Инҳо дар қалби Эрон буданд ва аз Эрон ҳамеша дифоъ мекарданд дар муқобили Турон. Яъне мешавад гуфт, ки сакоиҳо ду қисмат буданд, ки бахше эронӣ буданду бахше ҳам туронӣ?
Бибинед, дар мавриди сиистониҳо баъзеҳо чунин мепиндоранд, ки ин ҳамон Сакистон аст. Ин нуктаест, ки миёни уламо дар бораи он назари воҳид вуҷуд надорад. Баъзеҳо чунин мепиндоранд, баъзеҳо мегӯянд, на, ин чизи дигар аст. Ҳатто ҳастанд касоне, ки мегӯянд Рустам аз шарқи Эрон буд. Хеле аз муҳаққиқони бузург чунин назар доранд. Баъдан, Сиистон алъон танҳо дар Эрон нест, бахше дар Эрону бахше дар Афғонистон ва бахше дар Покистон аст. Нимрӯз, Кобулу Зобулу инҳо дар “Шоҳнома” омадааст, инҳо меҳани паҳлавонони зобулӣ буданд, ки Рустам ҳам аз онҳост. Вале хуб, ин масъалаест, ки баҳси тӯлонӣ мехоҳад. Муҳим ин аст, ки мо бидонем, ки туронӣ ҳаргиз турк набуд. Турониҳо ҳамон эрониҳое буданд, эрониҳои биёбонгард, ки муқобили шаҳрнишинон меҷангиданд. Ва дар ҳамин ҷангҳо Куруши Бузург ба дасти хонуме, ки сарвари турониён буд, кушта шуд.
Пас марзи байни Эрону Турон куҷо буд? Оё ин фарзия дуруст аст, ки рӯди Ому марзи байни ин ду сарзамин буд?
Баъзеҳо мегӯянд, ки рӯди Ому буд, вале рӯди Ому аз куҷо убур мекард? Рӯди Ому як замон то дарёи Хазар мерасид, алъон намерасад. Он замон, мегӯянд, ки аз Даҳистон убур мекард. Даҳистон дар Эрон, дар соҳили дарёи Хазар аст. Аз онҷо, аз Омуя убур мекард. Вале тибқи “Шоҳнома” тамомии шаҳрҳои Осиёи Миёна дили Эрон буд. Дар достони Сиёвуш, вақте ки Сиёвуш асирони зиёдеро аз турониён мегирад, Пирони Виса, вазири Афросиёб, меояд ва бо ишон суҳбат мекунад, ки шумо коре бикун, ки ин асиронро раҳо кунӣ. Чун Сиёвуш, тибқи ойини эронӣ, дар аҳди худ ҳамеша вафодор буд, ҳарчанд падараш дастур дод, ки асиронро бикушад, қабул накард ва маҷбур шуд, ки худаш ба Турон фирор кунад. Вале шарташ ин буд, ки шаҳрҳои эрониро раҳо кунед. Дар онҷо ошкоро омада, ки шаҳрҳои Чоч, Сипеҷобу Бухорову Самарқандро раҳо карданд. Баъд мегӯяд:
Бухорову Суғду Самарқанду Чоч,
Сипеҷобу он кишвари тахту оҷ,
Тиҳӣ карду рафт бо сипаҳ сӯи Канг,
Баҳона наҷусту фиребу даранг.
Яъне дигар маҷбур буд шаҳрҳои эрониро раҳо кунад. Ин гувоҳи он аст, ки инҳо ҳама шаҳрҳои эронӣ буданд. Ва имрӯз ҳам баъзе аз бародарони мо бисёр ошиқона талош мекунанд собит кунанд, ки Осиёи Миёна Турон будааст. Ман комилан бо ин ақида мухолифам, чун ин ақида торихан нодуруст аст. Аммо Турон поёноби дарёчаи Орол ва баъд аз Хоразм, дар савоҳили дарёи Хазар ё дарёи Мозандарон ва истепҳои ҷанубии Русия ва Дуну Днепру онҷоҳо буд, ки ақвоми кучии эронӣ дар он ҷо кучнишинӣ ва роҳзанӣ мекарданд. Дар китоби “Шаҳристониҳои Эроншаҳр” омадааст, ки нахустин шаҳре, ки эрониён бунёд карданд, Самарканд буд. Эрониён дар наздикии Самарканд шаҳрҳои Чоч, Бухоро ва Исфиҷобро сохтанд. Шаҳрҳои Хутан ва Кошғар низ аз офаридаҳои эрониён аст. Ин нуктаҳои бисёр муҳим аст, ки бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем. Вагарна андешаҳо андешаҳои дурусти илмӣ наметавонад бошад.
Баъзе гурӯҳҳо ҳастанд, ки мегӯянд инҷо Хуросони Бузург аст. Оё Хуросони Бузург бо Эрон дар таноқуз аст ё ҷузъе аз он?
Албатта, вожаи “Хуросон” як вожаи эронист, ки ягон шакке дар он нест ва бо вожаҳои хуршеду хваразму ҳамаи инҳо ҳамреша аст. Хуросони бузург ҷуғрофиёи мушаххасе надошт. Қаблан чаҳор шаҳрро Хуросон мегуфтанд, баъдан хеле фаротар рафт. Ҳатто кор ба ҷое расид, ки Осиёи Миёна ҳам ҷузъи Хуросони Бузург буд ва Рӯдакии Самарқандӣ мегӯяд “Буд он замона, ки ӯ шоъири Хуросон буд.” Аз ин лиҳоз, ин ҳам аз мавзӯъотест, ки бояд сари он андеша бикунанд ва воқеъиятҳоро бигӯянд, ки Хуросон як маҳдудаи мушаххаси ҷуғрофиёӣ набуд. Яъне метавонистанд имрӯз як бахшеро гӯянд ва фардо бахши дигареро.
Бародарони мо бисёр ошиқона талош мекунанд собит кунанд, ки Осиёи Миёна Турон будааст. Ман комилан бо ин ақида мухолифам, чун ин ақида торихан нодуруст аст.
Аммо номи Эрон ба унвони як воҳиди ҷуғрофиёию сиёсӣ ҳамеша матраҳ буда, дуруст аст?
Ҳамеша буда. Номи мубораки Эрон танҳо дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ беш аз ҳафтсад бор такрор шудааст. Беш аз ҳафтсад бор!
Оё имперотуриҳои Сосонию Ҳамхоманишӣ дарвоқеъ номи кишварашонро Эрон мегуфтанд ё чизе дигар? Чун дар манобеъи ғарбӣ аз давлати Ҳахоманишӣ бештар ба унвони “Persia” ном мебаранд, агарчи номи “Эрон” қадимитар ба назар мерасад?
Бале, дар замони Ҳахоманишиён “Порс” ҳам мегуфтанд, вале номи “Эрон” реша дар вожаи “ориё” ва “ориёӣ” дорад ва хеле дерина аст. Масалан, шоҳ Дориюши Бузург мегӯяд:
“Adam aarayavaush xshāyathia vazrka xshāyathia xshāyathiayānām xshāyathia pārsaiy xshāyathia dahyūnām vishtāspahyā puthra arshāmahyā napā haxāmanishiya” (Ман, Дориюш, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи Порса, шоҳи кишварҳо, пури Виштосп, наваи Аршом,Ҳахоманишӣ).
Албатта замоне юнониҳо Першиё гуфтанд, чун порсҳо ҳукумат мекарданд. Дар матнҳои ҳахоманишӣ албатта калимаи “Порс” ҳам ҳаст. Яке аз ду қавм, ки иттиҳод сохтанд, дар баробари модҳо порсҳо буданд ва порсҳо пирӯз буданд. Сосониҳо ҳам аслашон аз Порс буд. Ва ҷолиб ин аст, ки ҳамин ҳахоманишиҳо, тибқи хеле аз пижӯҳишҳое, ки ахиран сурат гирифта, аслан аз Хуросону Варорӯд ба онҷо рафта буданд. Эрон дар тӯли торих сарзамини воҳиде буд ва масалан Камоли Хуҷандӣ метавонист бароҳатӣ дар Хуҷанд зода шаваду дар Табрез бимирад. Ва ё Оли Хуҷанд дар Исфаҳон ба сар барад ва ё нишопуриҳо дар Самарқанд ҳукумат кунанд ва ғайра. Ин як замон кишвари воҳиде буда ва моро пора-пора карданд ва мо бояд талош кунем, ки забонамон ва фарҳангамон яксон бимонад.
Оё ҳамин номи Эрон ба давлатҳои пас аз ҳамлаи араб, яъне дар даврони исломӣ, ҳам итлоқ мешуд? Оё онҳо худашонро Эрон мегуфтанд ё чизе дигар?
Онҳое ки аз ториху фарҳанг огаҳӣ доштанд, деҳгонон ё деҳқонон, медонистанд, ки Эрон чист. Масалан, яке аз фарзандони деҳгонон, ки ворисони аслии Эрони Бостон буданд, ҳамин Фирдавсии Тусӣ аст. Инҳо бахубӣ медонистанд, ки Эрон чист.
Дар китоби “Шаҳристониҳои Эроншаҳр” омадааст, ки нахустин шаҳре, ки эрониён бунёд карданд, Самарканд буд. Эрониён дар наздикии Самарканд шаҳрҳои Чоч, Бухоро ва Исфиҷобро сохтанд. Шаҳрҳои Хутан ва Кошғар низ аз офаридаҳои эрониён аст. Ин нуктаҳои бисёр муҳим аст, ки бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем.
Оё аз лиҳози сиёсӣ, яъне ҳувияти сиёсии худро, ба унвони эронӣ мешинохтанд? Масалан, мо дар китобҳои торих мехонем, ки “давлати Сомониён”, аммо ин давлати Сомониён оё расман номи худашро Эрон мегуфт ё чизе дигар?
Ба қавли Рӯдакии Самарқандӣ, шоҳони сомонӣ шоҳони Эрон буданд, пас Эрон буд! Ғазнавиҳо ҳам ифтихор мекарданд, ки эронӣ ҳастанд ва барои худ шаҷараи дурӯғ ҳам мебофтанд, ки худро ба Эрон бичасбонанд. Бо он ки Ғазнавиҳо аз ғуломони турк буданд ва падари Маҳмуд Сабуктегинро Исмоъили Сомонӣ аз бозори ғуломфурӯшӣ харида буд, вале чун барояш хидмат карда буд, ӯро волии Хуросон кард. Дар натиҷа, вақте ки Қарахониён ба Бухоро ҳуҷум карданд, Ғазнавиҳо омаданду қудратро ба дасти худ гирифтанд ва ҳукумат карданд. Онҳо подшоҳони Эрон буданд. Мо наметавонем онҳоро подшоҳони турк бигӯем. Бале, нажодан турканд, вале Влодимир Мунумох ҳам нажодан юнонӣ аст, агарчи подшоҳи рус буд. Ё масалан Екотерини дувум, ки сад дарсад олмонӣ буд, аммо подшоҳи рус буд.
Эрон дар тӯли торих сарзамини воҳиде буд ва масалан Камоли Хуҷандӣ метавонист бароҳатӣ дар Хуҷанд зода шаваду дар Табрез бимирад. Ва ё Оли Хуҷанд дар Исфаҳон ба сар барад ва ё нишопуриҳо дар Самарқанд ҳукумат кунанд ва ғайра. Ин як замон кишвари воҳиде буда ва моро пора-пора карданд ва мо бояд талош кунем, ки забонамон ва фарҳангамон яксон бимонад.
Пас мешавад гуфт, ки фармонравоёни муғул ҳам, ки дар Эрон ҳукумат карданд, подшоҳони Эрон буданд?
Сад дарсад подшоҳони Эронанд. Наметавонем бигӯем, ки онҳо подшоҳони ҷойи дигаранд. Масалан, мо хеле аз шуъарои бузурги Эронзаминро медонем, ки нажодан эронӣ нестанд. Масалан Бедили Деҳлавӣ нажодан муғул аст, аз авлоди барлос ё арлос аст. Ин дар хунаш буд. Албатта, хуни падарияш буд ё модарияш, ба ҳар ҳол қисман буд, вале хуб шоъири бузурги мост! Чунонки Ҳилолии Ҷағатоӣ. Ин як амри табиъист. Масалан, ду тан аз ҳакимони бузурги Юнони Бостон, Толис (Фалес) ва Онокорсис (Анахарсис), ҳарду искиф ё сакоӣ буданд. Вале онҳо барои фарҳанги сакоӣ коре накардаанд! Чунки онҳо дар матну батни фарҳангу тамаддуни юнонӣ тарбият ёфтанд, осорашонро ба забони юнонӣ гуфтанд, мо маҷбур астем онҳоро юнонӣ бихонем.
Пас мешавад гуфт, ки эронӣ будан ба нажод рабте надорад, ҳарчанд дар бисёре аз китобҳо омада, ки эрониҳо яъне ориёиҳо, яъне аз нажоди ориёӣ ҳастанд?
Сад дар сад, вале ба нажод чиро рабт надорад? Ба нажод рабт дорад, вале ақвоми дигар ҳам ба ин нажод омехта шуданд. Масъала ин аст. Чигуна рабт надорад? Рабт дорад!
Шояд дар оғоз рабт дошта, вале баъдан ин робита камранг шуда?
Дар тӯли торих ақвоми дигар ҳам омаданду бо эрониён омезиш ёфтанд ва дар Эрон ҳатто ҳукумат карданд. Масалан туркҳо.
Ва эронӣ шуданд?
Ва эронӣ шуданд! Сад дар сад дуруст. Ҳатто дар давлати Усмонии Туркия ҳам, ки яке аз забонҳои расмияш забони форсӣ буд, нажоди эронӣ дар баробари юнониҳо ва бизонсҳо нақши бисёр муассире дошт.
Хуб, ҳоло дар бораи забони форсӣ суҳбат кунем. Чиро аз миёни забонҳои эронӣ забони форсӣ бештар густариш ёфту бештари адабиёт ба ин забон нивишта шуд?
Аввал ин ки порсҳо ҳукумат мекарданду қавӣ буданд ва нақши муассире доштанд ва забони порсӣ забони расмӣ буд ва забоне буд, ки тамоми тираҳои эрониро муттаҳид кард. Ҳатто, матнҳои Ҳахоманишӣ ба чанд забон нивишта мешуд, вале забони аслӣ забони форсӣ буд. Баъд аз ҳукумати юнониҳо дар як муддати кӯтоҳ талоши эҳёи дубораи забони форсӣ сурат гирифт. Дар замони Ашкониён камтар, вале дар замони Сосониён ин забон бисёр-бисёр рушд кард. Ҳамин забоне, ки “дарӣ” мегӯем, забони дарбори Сосониён буд, ки онро “порсиг” мегуфтанд. Воқеъият ҳам ин аст, ки баъд аз ҳамлаи аъроб ва пазириши ислом дар Эронзамин як муддат фоҷиъаи ин миллат дар он буд, ки ба забони худ наметавонист дам аз ифтихороти миллӣ бизинад ва ба забони худ чизе биёфаринад. Дар китоби “Ду қарни сукут” устод Абдулҳусайни Зарринкӯб дар ин бора бисёр нукоти ҷолиберо ёдовар шудаанд. Дар “Торихи Бухоро” низ иттилоъи ҷолибе аз интишори ислом ва надонистани забони арабӣ ва аз ин сабаб “Қуръон ба порсӣ” хондан омадааст. Дар китобҳои дигар ҳам мехонем, ки эрониён муддати кӯтоҳе ғамгин буданд ва баъд ба забони арабӣ чунон суруданд, ки ба араби “сусморхуру биёбонгард” фарҳанг доданд ва адабиёти катбии арабӣ адабиётест, ки эрониён сохтанд. Инро ҳеч кас наметавонад рад кунад.
Даҳҳо тан аз бузургон, масалан Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ, ки номи форсияш Рӯзбеҳ писари Додбеҳ буд, хеле аз ториху фарҳанги моро ба забони арабӣ тарҷума карда буд ва дигарон аз поягузорони адабиёти клосики араб ҳастанд. Ва ҷараёни шуъубия нақши бисёр муассире дошт ва корҳои бисёр хуберо анҷом доданд ва дар шарқи Эрон, ки дуртар аз халифаҳои Бағдод буд, ҷунбишҳои миллӣ равнақ ёфт, ки яке аз маъруфтарини онҳо ҷунбиши Абӯмуслими Хуросонӣ буд. Инҳо тавонистанд корҳое кунанд, ки дар ҷоҳои дигар наметавонистанд кунанд. Ва давлатҳое падид омад, амсоли Саффориён, Тоҳириён, Сомониён, Оли Бӯя ва ғайра ва боқудраттарини онҳо Сомониён буд, ки пойтахташ Бухоро буд. Ин ҳамон Бухорое буд, ки ҳатто Маликушшуъаро Рӯдакии Самарқандӣ мегуфт “Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост.” Ва хеле қудрат пайдо карданду тавонистанд, ки забони форсии дарӣ дубора аз ин сӯи марзҳо, яъне аз Осиёи Миёна ва аз Хуросони Бузург ба манотиқи дигари Эронзамин интишор ёбад.
Яъне ин тур нест, ки ин забон реша дар ҳамин ҷо дошта бошад? Аз дигар ҷо омад ба инҷо ва дубора рафт, ҳамин тур?
Чиро? Вақте ки тамоми кишварҳову тираҳои Осиёи Миёна ҷузъе аз давлати Сосонӣ буданд, ин забон қабл аз он ки аъроб биёянд, дар инҷо интишор ёфта буд. Мутаваҷҷеҳ ҳастед? Вале забони ҷадид, форсии ҷадид, ки онро нимаъарабӣ ҳам метавон гуфт, чун дорои вожаҳои зиёди арабӣ аст, аз ин сӯ дубора ба саросари Эронзамин интишор ёфт. Ин аст, ки Носири Хисрав дар “Сафарнома” мегӯяд, ки “Қатрон ном шоъиреро дидам, ки дар даст девони Мунҷик ва Дақиқиро дошт, шеъри неку мегуфт ва забон неку намедонист, ва ба ман мехонду ҳарчи намедонист, ман ба ӯ шарҳ медодам.” Ин бад-он маъност, ки ҳанӯз дар он сазамин форсии дарӣ чандон ривоҷ наёфта буд ва мардум ҳанӯз ба забони паҳлавӣ суҳбат мекарданд.
Дунбола дорад…
Матни порсиро “инҷо” бихонед
Бифирист