Эроншиноси тоҷик: Бояд хатти форсиро зинда кунем (бахши поёнӣ)

خط نیاکانГуфтугӯи Исфандиёри Одина бо Сафари Абдуллоҳ, донишманди тоҷик, дар бораи ҳувияти эронӣ ва тоҷикӣ

________________________

Бахши нахусти ин гуфтугӯ

Бахши дувуми ин гуфтугӯ

________________________

Фикр мекунед, имрӯз вазъи забон чи гуна аст дар ин бахш аз Эронзамин?

Вазъи забони мо, бадбахтона, ба назари ман, бисёр бисёр бад аст ва ман ки дирӯз дар хиёбонҳои Душанбе мегаштам, чанд ҷо воқеъан гиря кардам. Масалан, дар чаҳор донишгоҳатон дар девор нивиштааст, ки “маркази русӣ.” Шумо маънои чунин ҳарферо мефаҳмед, ки чи аст? Ман намефаҳмам. Чи маънӣ дорад “маркази русӣ”? Мо дар забони форсӣ чунин ҷумлае надорем. Ҳадди ақал “маркази омӯзиши забони русӣ” бигӯянд, ё масалан “Маркази фарҳангии Русия” бигӯянд. Вале чизе ки инҳо мегӯянд, ман мутаваҷҷеҳ намешавам.

Масалан, вақте ман телевизиюнҳои Душанберо мебинаму гӯш мекунам, ба марази гӯш гирифтор мешавам. Ин қадр гӯшхарош аст! Наттоқҳо ба ҳадде бо лаҳҷаи хонаводагияшон суҳбат мекунанд ва талаффузашон ғализ аст, ки дигар нишоне аз забоне, ки буд, нест. Забони Садриддини Айнӣ, ҳамон забоне, ки Саъидии Сирҷонӣ дар пешгуфтори “Ёддоштҳо”-и Айнӣ гуфта буд, ки “ёде аз забони Абулфазли Байҳақӣ мекунад”, ку он забон??? Намебинем! Яъне забон бисёр хароб аст ва ман чораро фақат дар як чиз мебинам, ки ман ҳудуди сиву анд сол ҳам дар ин бора мегӯяму менивисам, ҳудуди чиҳил сол. Ягона роҳе, ки мо бояд аз ин бадбахтиҳо раҳоӣ ёбем, ин аст, ки аз даст додаҳои худро дубора эҳё кунем. Яке аз даст додаҳои мо хатти форсист, ки зӯран бо дастури Истолин аз мо рабуданд ва бар сари мо хатти русиро таҳмил карданд. Ин хат як девори Чин миёни мо ва ҳамзабононамон аст.

Бархе аз мунтақидони устод Айнӣ ӯро ҳам ба доштани нақше дар табдили хат дар Тоҷикистон муттаҳам мекунанд. Шумо дар ин бора чи назаре доред?

На, устод Айнӣ ҳеч нақше надоштанд ва ҳеч коре ҳам наметавонистанд бикунанд. Ҳеч касе дар муқобили Истолин наметавонист коре бикунад. Хеле касон кушта шуданд ва Худоро шукр, ки устод Айнӣ зинда монданд. Вале устод Айнӣ то дами марг бо хатти русӣ як ҷумла ҳам нанивиштанд ва (ин хатро) напазируфтанд. Ҳамеша бо хатти форсӣ менивиштанд ва инро ҳама медонанд.

Ягона роҳе, ки мо бояд аз ин бадбахтиҳо раҳоӣ ёбем, ин аст, ки аз даст додаҳои худро дубора эҳё кунем. Яке аз даст додаҳои мо хатти форсист, ки зӯран бо дастури Истолин аз мо рабуданд ва бар сари мо хатти русиро таҳмил карданд. Ин хат як девори Чин миёни мо ва ҳамзабононамон аст.

Аммо дар амри сода кардани забон чи нақше доштанд? Чи фикр мекунед?

Воқеъан забонро дар он давра бояд сода мекарданд. Шумо агар забони авохири қарни 19 ва авоили қарни 20-ро хонда бошед, ин забоне буд, ки агар дар як сафҳа 80 вожа бошад, аз он 79 тояш арабӣ буд. Хеле бадарднахур буд. Алъон ҳам дар Теҳрон хеле ошиқи арабӣ ҳастанд. Мо ду чизро бояд ҳамеша дар назар бигирем. Ҳисоби ислом ҷудост, ҳисоби араб ҷудост. Мо мусалмон ҳастем, вале араб нестем. Мо эронӣ ҳастем ва забонамон форсист. Ё тоҷик ҳастему забонамон форсист. Бояд танҳо дар ҷое вожаҳои арабиро ба кор барем, ки муродифи форсияшро надошта бошем. Масалан, вақте ки дар Эрон мегӯянд, ки “ҳазинаҳои аёбу заҳоб”, ман мағзам хароб мешавад. Дар сурате ки мо метавонем бароҳатӣ бигӯем “рафтуомад”, чиро рафтуомад нагӯем? Мутаваҷҷеҳ ҳастед, ки чи мехоҳам бигӯям?

Дар Тоҷикистон ҳам вазъият ҳамин аст. Тоҷикистон громери бисёр харобе дорад, ки дар асоси громери русӣ нивишта буданд ва алъон бояд комилан тағйир ёбад. Муҳиммтарин чиз дар ин роҳ, ки бояд аз он шурӯъ кард, эҳёи хат аст. Ман ҳудуди чиҳил сол аст дар ин бора мегӯяму менивисам, вале мутаассифона, ин бархеро аз як гӯшашон ворид мешаваду аз гӯши дигарашон хориҷ мешавад. Вале намедонам кай, дер ё зуд, мутмаин ҳастам, ки миллати мо бояд худашро бишносад ва ин корро анҷом бидиҳад. Замоне ки хат эҳё шуд ва мардум тавонист адабиёти форсиро бештар бихонад ва бо ҳамзабононаш муъоширати бештар дошта бошад, хоҳ-нохоҳ хеле аз мушкилот бартараф хоҳад шуд.

Дар Теҳрон хеле ошиқи арабӣ ҳастанд… Бояд танҳо дар ҷое вожаҳои арабиро ба кор барем, ки муродифи форсияшро надошта бошем. Масалан, вақте ки дар Эрон мегӯянд, ки “ҳазинаҳои аёбу заҳоб”, ман мағзам хароб мешавад. Дар сурате ки мо метавонем бароҳатӣ бигӯем “рафтуомад”, чиро рафтуомад нагӯем?

Фикр мекунед чи мушкилоте дар ин замина вуҷуд дорад?

Монеъа танҳо сиёсист ва маърифати сиёсию маърифати фарҳангӣ, чун, мутаассифона, маърифат ҳар қадр пойин бошад, дарки ин масъала ба ҳамон андоза душвор аст.

Бархеҳо мегӯянд, ки барои гузор аз як хат ба хатти дигар маблағи зиёде лозим аст?

Ин як ҳарфи пуч аст. Бибинед, масоиле ҳаст, ки ба сарнивишти як қавм ё миллат марбут аст, инҷо набояд дар бораи масоили иқтисодӣ андеша кард. Вақте як хатти ҳазору чаҳорсадсолаи моро аз байн бурданд, ҳеч кас дар ин бора фикр накард! Як хатти ҳафтоду андсоларо мо мехоҳем ба ҷояш хатти худамонро барқарор кунем, мегӯянд маблағ ниёз дорем. О чи маблағе? Бояд барномарезии ҷиддие сурат бигирад ва ин кори як рӯзу ду рӯз нест, дар ҳудуди понздаҳ сол ё бист сол, аз соли аввал шурӯъ кунанд ва оҳиста-оҳиста, нармак-нармак, андак-андак як марҳиларо тай кунанду хатро барқарор кунанд. Тамоми ҳамсоягони мо хатташонро иваз карданд. Узбакҳо иваз карданд, озариҳо иваз карданд, хуб, мо чиро накунем?

Фикр мекунед оё онҳо муваффақ шуданд дар табдили хатташон? Оё хатти ҷадид барои онҳо ҳеч фоидае овард?

Ман фикр мекунам, ҳар кудоме аз онҳо ҳадаф доштанд ва ба аҳдофашон расиданд. Масалан, дар Узбакистон ду ҳадаф доштанд, ки хаттро иваз кунанд: нахуст, бо ин роҳ мехостанд бо форсизабонони кишварашон коре кунанд, ки дигар натавонанд бо тоҷикони инҷо иртибот дошта бошанд. Ба ин ҳадаф расиданд. Ду, онҳо мехостанд, ки ба Туркия наздик шаванд ва наздик ҳам мешаванд. Ҳама чиз ҳадаф дорад ва ҳадафҳои онҳо сиёсӣ буд. Мо бояд ҳадафи миллӣ дошта бошем. Мо бояд хуб бияндешем, ки фардо роҳи мо куҷост, куҷо бояд биравем, ба кӣ бояд иттико кунем. Ман фикр намекунам, ки наздиктар аз Эрон барои мо касе ҳаст. Ман фикр намекунам, ки наздиктар аз тоҷикони Афғонистон барои мо хеше бошад дар дунё. Хуб, инҳо ки чандин маротиба теъдодашон аз мо бештар аст, аз он хат истифода мекунанд, чиро мо бояд ҳатман хатти русиро ҳифз кунем? Ин маънои онро надорад, ки забони русиро мо бояд аз ёд бибарем. Банда, ки хеле аз китобҳоямро ба забони русӣ менивисам. Ман хеле дӯст дорам, ки миллати мо ҳам русӣ ва ҳам чанд забони дигарро фаро бигирад. Вале забон омӯхтан ва хатти миллиро барқарор кардан як чиз нест. Ҳеч зараре надорад барои забономӯзӣ.

Тоҷикистон дастури забони бисёр харобе дорад, ки бар асоси дастури забони русӣ нивишта буданд ва акнун бояд комилан дигаргун шавад. Муҳиммтарин чиз дар ин роҳ, ки бояд аз он оғоз кард, зинда кардани хат аст.

Аммо аз бас чун милюнҳо нафар аз мардуми мо дар Русия муҳоҷир ҳастанд, шояд давлат ҳам ба ин хотир намехоҳад, ки мардум мумкин аст явош-явош аз ҳавзаи фарҳангии Русия дур шаванд?

Ин зоҳири қазия аст. Чи гуна метавонанд дур бишаванд? Ин милюнҳо фарзандони мо, ки дар Русия ҳастанд, бадбахтона, дар он ҷо ҳам русиро ёд нагирифтаанд. Ба ҷойи ин ки ин ҳарфҳоро андеша кунем, ба онҳо забони русиро хуб ёд бидиҳем, баъдан бифиристем ба кишвари хориҷӣ. Ман ҷонибдори он ҳастам, ки забони русиро ҳам хуб фаро гиранд, чунон ки қаблан дар замони Шӯравӣ буда. Вале эҳёи хатти миллӣ бо омухтани забони русӣ ҳеч иртиботе надорад. Инро танҳо одамҳое иртибот медиҳанд, ки мехоҳанд баҳонае бисозанд. Ман ҳеч иртиботе намебинам. Яке аз нигарониҳои ин ҷомеъа ин аст, ки гӯё ақидаҳои исломӣ аз тариқи хатти форсӣ интишор меёбад. Аммо ин фикри содалавҳонаест. Ман хеле аз масеҳиёнро медонам, ки хатташон форсист, аммо ин ақидаҳоро паҳн намекунанд! Ин андешаҳо бепоя аст! Ин хатти миллии мост ва забони мо танҳо дар чорчӯби ин хат метавонад худро хуб эҳсос кунад.

Албатта, гузор ба хатти форсӣ дар авохири даҳаи 1980 ва авоили даҳаи 1990 яке аз аҳдофи фарҳангиён буд. Ва вақте, ки Қонуни забон тасвиб шуд, дар барномаҳои марбут ба давлати сохтани забон ҳам ин ҳадаф матраҳ шуда буд, ки мебоист дар тӯли даҳ сол ба хатти форсӣ гузарем. Аммо нашуд. Фикр мекунед, чиро нашуд?

Хуб, ҷанги бародаркушӣ, ки дар кишвари мо рух дод ва кишварро тарк кардани теъдоди зиёде аз фарҳангиён ва кушта шудани 180-200 нафар аз фарҳангиёни номвари кишвар, ҳамаи инҳо асаргузор буд. Ин кори сода набуд. Метавон дарк кард, ки кишвар муддате ба хоку хун кашида шуд ва ин кор замон мехост ва ин буд, ки ба таъхир уфтод. Ман умедворам, ки масъулини кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадди ақал мушовиронашон, агар мунсиф бошанд, тавзеҳ медиҳанд ва мефаҳмонанд, ки ин кор ҷуз ба суди миллати мо нест.

Мо бояд ҳадафи миллӣ дошта бошем. Мо бояд хуб бияндешем, ки фардо роҳи мо куҷост, куҷо бояд биравем, ба кӣ бояд иттико кунем. Ман фикр намекунам, ки наздиктар аз Эрон барои мо касе ҳаст. Ман фикр намекунам, ки наздиктар аз тоҷикони Афғонистон барои мо хеше бошад дар дунё. Хуб, инҳо ки чандин маротиба теъдодашон аз мо бештар аст, аз он хат истифода мекунанд, чиро мо бояд ҳатман хатти русиро ҳифз кунем?

Фикр мекунам, Шумо низ дар замони ҷанги дохилӣ аз Тоҷикистон берун рафтед?

На, ман соли 1979 аз Тоҷикистон рафта будам, ки он вақт ҷанге набуд. Ман дар Донишкадаи адабиёти Маскав устоди донишгоҳ будам. Албатта, соли 1992 омадам ва танҳо як сол инҷо будам.

Ба ҳар ҳол, мехостед, ки инҷо бимонед он замон, на?

Ман омада будам ва дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ кор мекардам. Аммо баъд аз он ки ман яке аз афроди муътамади номзади риёсати ҷумҳурӣ Давлати Худоназар будам ва мо интихоботро бохтем, як силсила ҳаводисе рух дод, ки боъис шуд хеле аз фарҳангиён раванд. Ман ҳам дубора баргаштам.

Гуфтед “бохтем”. Оё дарвоқеъ дар он интихобот бохтед ё фикр мекунед тақаллубе сурат гирифт? Чи назаре доред дар ин маврид?

Манзуратон чи аст? Хуб, расман мо бохтем, вале алъон ва он замон ҳам фикр мекардем, ки набохтем ва бояд даври дувуми интихобот баргузор мешуд. Тафовут миёни Давлати Худоназар ва Раҳмон Набиев тақрибан ду дарсад буд. Вале мутаассифона як ҳафта эълом накарданду баъд эълом карданд, ки оқои Набиев 58 дарсад аз ороро дарёфт кардааст. Хуб, ин боъиси нороҳатиҳо шуд ва баъд ҳам иттифоқоте рӯй дод, ки ман, чун дар умури сиёсӣ дахолат намекунам, намехоҳам дар ин бора тавзеҳ бидиҳам. Ман ҳеч вақт алоқае ба сиёсат надоштам ва он замон ҳам дар барномаҳои “Растохез” ширкат мекардам, чун ҳадафаш эҳёи хатти форсӣ, эҳёи забони форсӣ ва эҳёи ҳарчи дар замони Шӯравӣ аз даст дода будем, буд. Ва мо ҳам он вақт ҷавону румонтик будем ва фикр мекардем, ки бисёр корҳоро хеле басодагӣ метавонем анҷом бидиҳем.

Ҳоло чи фикр мекунед? Оё бисёре аз он аҳдофе, ки доштед, амалӣ шуд ё на?

На, мутаассифона. Хеле аз аҳдофи мо амалӣ нашуд ва ман умедворам, ки баоҳистагӣ бошад ҳам, ин аҳдофи мо амалӣ мешавад. Ва Эрон ҳам бояд эҳсос кунад, ки эрониёни дуруфтода аз он марзу бум пушту паноҳе доранд. Ва ба масоили миллӣ, ба масоили забони форсӣ бояд бештар бияндешанд, чун агар забони форсӣ набошад, на Эрон аст, на мо ҳастем ва на каси дигаре.

Фикр мекунед мешуд он замон ҷилави ҷангро гирифт ё на?

Ман фикр мекунам, агар касоне мехостанд ҷилави ҷангро бигиранд, мегирифтанд. Вале, мутаассифона, ҳамин Русия, ки ҳам ба ин тарафу ҳам ба он тараф силоҳ медод, талошашро накард. Узбакистон низ даст дошт. Хеле чизҳои дигар. Ман гуфтам, ки намехоҳам дар масоили сиёсӣ дахолат кунам, чун дар соли 1994 дар мусоҳибае дар Олмотӣ гуфтам, ки ҳеч гоҳ намехоҳам дар умури сиёсӣ дахолат кунам ва накардам, чун нафратам ҳам меояд. Ба хотири ин ки ман мехоҳам фақат дар масоиле дахолат кунам, ки дар он ҷо ҳақиқату адолату садоқату самимият бошад. Аммо дар сиёсат чизҳое ҳаст, ки дур аз ахлоқи банда аст.

Эрон ҳам бояд эҳсос кунад, ки эрониёни дуруфтода аз он марзу бум пушту паноҳе доранд. Ва ба масоили миллӣ, ба масоили забони форсӣ бояд бештар бияндешанд, чун агар забони форсӣ набошад, на Эрон аст, на мо ҳастем ва на каси дигаре.

Аммо фикр намекунед, дар масоили фарҳангӣ ва забон ҳам сиёсат дахолат дорад?

Мутаассифона, агар мо дахолат накунем ҳам, сиёсат дахолат мекунад.

Бавижа дар мавриди гузор ба хатти форсӣ?

Ин кори бисёр сода аст. Масалан агар раҳбари кишвари Тоҷикистон ин корро бикунад, номашро барои ҳазорсолаҳое дар торихи мо ҷовидона мекунад. Бо як дастур метавонад ин корро кунад.

Қаблан дар матни Қонуни асосӣ вожаи “форсӣ” дар канори “тоҷикӣ” дар паронтез вуҷуд дошт, вале соли 1994 ин вожа аз матни қонун ҳазф шуд.

Бале, дар матни Қонуни асосӣ, ки бо талоши зиёди рӯшанфикрон таҳия шуд. Банда низ дар он баҳсҳо аз тариқи матбӯъот бисёр фаъъол будаму ширкат кардам ва барои расмӣ шудани забонамон имзои бузургтарин нивисандагони Шӯравии собиқро аз Маскав ҷамъ овардам ва дар ин ҷо чоп кардам, ки устодон мегуфтанд нақши муассире дошт. Номи забонро ҳам мехостем “форсӣ” зикр шавад ва онро тӯи паронтез иҷоза доданд. Ҳатто баъзе аз нивисандагони мо, ки китобашон ба русӣ тарҷума мешуд, менивиштанд, ки “аз форсӣ (тарҷума шудааст)”. Хуб, баъд аз шурӯъи ҷанг касоне пайдо шуданд, ки номи форсиро аз паронтез ҳам берун оварданд. Чи гӯям, ки аз он ногуфтанам беҳ! Ҳар касе ки каме андешаю савод дорад, медонад, ки мо агар мехоҳем ба унвони як қавм зинда бимонем, эҳёи хатту забон ва ҳатто эҳёи номи забонамон муҳим аст. Забоне бо номи “тоҷикӣ” вуҷуд надошту надорад.

Ҳар касе ки каме андешаю савод дорад, медонад, ки мо агар мехоҳем ба унвони як қавм зинда бимонем, эҳёи хатту забон ва ҳатто эҳёи номи забонамон муҳим аст. Забоне бо номи “тоҷикӣ” вуҷуд надошту надорад.

Албатта, дар солҳои ахир бисёре аз мақомҳои давлатӣ аз номҳояшон пасвандҳои “-ов”-у “-ев”-и русиро бардоштанд. Фикр мекунед, ин иқдом чи аҳаммияте дорад?

Хуб, мо ки ҳамеша надоштем, яъне наменивиштем, баъд аз он ки инҳо бардоштанд, намедонем чи кор кунем. Хуб аст, ки номҳои миллӣ барқарор шавад. Чи бадӣ дорад? Ман фикр мекунам, ки номҳо ва фомилҳои мо бояд миллӣ бошанд.

Дар ин як моҳ, ки дар Тоҷикистон будед, вазъияти фарҳангро чигуна дарёфтед?

Хеле дили ман мехоҳад, ки беҳтар бошад.

Оё Шумо мехоҳед дар оянда ба Тоҷикистон баргардеду корҳое дар ин замина анҷом диҳед?

Яке аз дӯстони ман мақолае дар бораи ман нивишт ва дар Қазоқистон чоп кард, ки агар Сафар Абдуллоҳ дар бораи кайҳон ҳам нивисад, сад дарсад дар бораи ватанаш ва дар бораи забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ андеша мекунад. Воқеъият ҳамин аст. Ман ҳар коре мекунам, марбут ба фарҳангу тамаддуни мост. Ба назари ман, омадану рафтан чандон муҳим нест. Аз тарафҳое, маро даъват ҳам карданд, ки баргардам, вале муҳим ин аст, ки барои як пажӯҳишгар бояд шароит вуҷуд дошта бошад. Агар шумо натавонед дар ин ҷо ин корро анҷом диҳед, хуб аст ки дар ҷои дигаре анҷом диҳед. Дар Қазоқистон, ки алъон ватани дувумам шудааст, ман ҳеч мушкиле надорам. Дӯстони зиёде дорам ва ифтихор ҳам дорам, кор ҳам мекунам ва корам ҳам дар заминаи фарҳангу тамаддуни худамон аст. Ҳам дарс медиҳам ва ҳам пажӯҳиш мекунам. Тасмим надорам, ки баргардам, аммо дар ҳамоишҳои илмӣ, агар даъват кунанд, ширкат мекунам, чунончи дар ҳамоишҳои эроншиносӣ дар саросари ҷаҳон ширкат мекунам.

Баргирифта аз “инҷо

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*