Боргирии “Худомӯзи курдии курмонҷӣ”-и Чангизи Паҳлавон

KurmanjiПаҳлавон, Чангиз (1392), Худомӯзи курдии курмонҷӣ (Маҷмӯъаи забонҳои ҳавзаи тамаддуни эронӣ).

“Худомӯзи курдии курмонҷӣ” нивиштаи дуктур Чангизи Паҳлавон, бунёдгузори нигараи “ҳавзаи тамаддуни эронӣ” аст, ки дар баҳори 1392 чоп шуда ва дар Маҷмӯъаи забонҳои ҳавзаи тамаддуни эронӣ ҷо гирифтааст.

Паҳлавон дар бахше аз пешгуфтори ин китоб нивиштааст:

“1) Китоби ҳозир маҳсули нигоҳи ин қалам аст ба яке дигар аз ҷилваҳои ҳавзаи тамаддуни эронӣ. Ончи дар ин ҷо омадааст, боздеҳи мутолеъоти пароканда ва иқомате кӯтоҳ дар Диёрбакир аст. Дар он ҷо бо омӯзгорони Анститӯи курд сарукор доштам ва дар маҳзарашон матолибе муқаддимотӣ омӯхтам. Он қадар тавони молӣ надоштам, ки бар муддати иқомати худ бияфзоям ва вориди резакориҳо, хосса лаҳҷаҳои роиҷ дар он минтақа шавам. Дар натиҷа, рӯ овардам ба мутолеъаи забони курмонҷӣ аз тариқи забонҳои гуногун, хосса олмонӣ, фаронса, инглисӣ, туркӣ ва курдӣ.

2) Ҳадафам аз ин мутолеъот дар оғоз чизе набуд ҷуз ошноии бештар бо нақши забонҳои курдӣ дар арсаи тамаддуни эронӣ. Аммо андаке пасонтар дарёфтам ёддоштҳоеро, ки фароҳам оварда будаам, метавонам бо каме ороиш ва вироиш ва пероиш дар ихтиёри дигарон низ бигзорам, шояд ки муфид уфтанд. Дар ҳини кор дар зимн дидам муҳаққиқону пижӯҳишгарони китобҳои дастури забони курмонҷӣ тамринҳо ва ҷумлаҳои омӯзишии судманде гирд овардаанд, ки нодида гирифтани онҳо хатост ва аз ин гузашта ниёзманди сарфи вақт ва ҳазинаҳои бисёр аст. Ин ҳар ду аз тавони ман хориҷ буд ва дар ҳамон ҳол ғайризарур. Ба ҳамин сабаб, то ҷое ки тавонистаам, аз он тамринҳо ва пурсишу посухҳо баҳра гирифтаам ва онҳоро дар ҷои худ ва дар хидмати ҳадафи ин китоби омӯзишӣ ба кор гирифтаам. Аз ин бобат метавон ин худомӯзро навъе таълиф ба шумор овард. Бо ин ҳол, то куун чизе шабеҳ ба ин худомӯз дар забони форсӣ надидаам. Аз ин назар китоби ҳозир шояд ҷойгоҳе вижа дошта бошад. Агар умре бошад нуктаҳои такмилиро дар худомӯзҳои дигаре, ки дар дасти ҳуруфчинӣ ва таълиф дорам, мегунҷонам.

3) Ҳамаи тарҷумаҳо ва баробарниҳодаҳо аз ин қалам аст. Бад-ин эътибор китобе фароҳам омадааст барои дӯстдорони забонҳои курдӣ ва ёдгирии ин забонҳо. Гомест кӯчак, аммо бархурдор аз ҷойгоҳе хос. Тамринҳоро низ дар мавориде худ ороста ва танзим кардаам ва дар мавориде ба ҳамон шакли оғозин аз манбаъи аслӣ баргирифтаам, аммо сари ҷояш баста ба назми ин китоб қарор додаам. Бино бар ончи омад, гирдоварӣ ва таълифи матолиб ва ҳамчунин интихоб ва тарҷумаву тавзеҳи мавориди дастурӣ дар ин китоб аз ин қалам аст.

4) Ин китоб ду сол пеш ба поён расид. Аз онҷо, ки бизоъати молии кофӣ надоштам, ночор баста ба имконотам ба навбат ҳуруфчинии нивиштаҳоямро тадорук мебинам…

5) Умедворам бо интишори ин китоб ҳарчанд маҳдуд тавониста бошам гоме нав дар чорчӯби забонҳои ҳавзаи тамаддуни эронӣ бардошта бошам ва нигоҳ ба ҷилваҳои фарҳангии гӯшаҳои ин тамаддунро аз таваҷҷуҳе вижа бархурдор кунам. Дар давраи дуктурои риштаи фарҳанг ва иртиботот аз донишҷӯён мехостам ҳадди ақал як забон аз забонҳои арсаи тамаддуни эрониро биёмӯзанд ва як забон низ аз ҳамин забонҳоро дар чорчӯби Эрони кунунӣ. Дар канори ин ду забони инон мебояд дар он ҳангом ду забони фарангиро низ биёмӯзанд…

6) Китобҳои худомӯзи дигаре тадорук дидаам. Умедворам битавонам онҳоро низ ба ҳуруфчинӣ биспорам ва дар ҳамин андак замоне, ки аз ин ҳаёти душвор ва пурранҷ бароям боқӣ мондааст, ба чоп биспорам.”

“Худомӯзи курдии курмонҷӣ”, нивиштаи дуктур Чангизи Паҳлавонро аз “инҷо” боргирӣ фармоед.

__________________________________

Дигар наскҳои Порсӣ Анҷуман

 Порсии Сара

… (1390); Вожаномаи порсии сара; Фарҳангистони забони порсӣ, Боргирӣ аз “инҷо” (ду мегобойт)

Партав, Абулқосим (1377); Вожаёб (Фарҳанги баробарҳои порсии вожагони бегона); се дафтар; чопи дувум. Боргирии дафтари нахуст (722 рӯя) аз “инҷо”, дафтари дувум (746 рӯя) аз “инҷо” ва дафтари севум (723 рӯя) аз “инҷо”.

Ҷалолӣ, Таҳмурас (1354); Фарҳанги поя (Вожаҳои порсӣ ва бегонаи забонзад дар форсии кунунӣ ба порсии сара); китобхонаи Ибни Сино; чопи нахуст. Боргирӣ аз “инҷо” (13 мегобойт).

Вожаҳои нави Фарҳангистони Эрон (аз хурдодмоҳи 1314 то исфандмоҳи 1319); Теҳрон: Дабирхонаи Фарҳангистон. Боргирӣ аз “инҷо” (5 мегобойт).

Фарҳанг

Амид, Ҳасан (1389); Фарҳанги форсии Амид. Боргирӣ аз “инҷо” (6 мегобойт).

Имомшуштарӣ, Муҳаммадъалӣ (1347); Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ; Теҳрон: Анҷумани осори миллӣ. Боргирӣ аз “инҷо” (16 мегобойт).

Афнон, Суҳайли Муҳсин (1969); Вожаномаи фалсафӣ (форсӣ, арабӣ, инглисӣ, фаронса, паҳлавӣ, юнонӣ ва лотин); Бейрут: Дорулмашриқ. Боргирӣ аз “инҷо” (10 мегобойт)

Ҳусайни Мадании Татавӣ, Абдуррашид писари Абдулғафур (1337); Фарҳанги Рашидӣ ба ҳамроҳи муъарработ; ду пӯшина; пижӯҳиш ва веростории Муҳаммади Муҳаммадлуи Аббосӣ; Теҳрон: Китобфурӯшии Боронӣ. Боргирии пӯшинаи нахуст аз “инҷо” (дар 821 рӯя ва камтар аз ҳашт мегобойт) ва пӯшинаи дувум аз “инҷо” (дар 799 рӯя ва камтар аз ҳашт мегобойт).

Торихи забон ва дабираи порсӣ

Нотили Хонларӣ, Парвиз (1365); Торихи забони форсӣ; се дафтар. Боргирии дафтари нахуст (722 рӯя) аз “инҷо”, дафтари дувум (746 рӯя) аз “инҷо” ва дафтари севум (723 рӯя) аз “инҷо”.

Беҳрӯз, Забеҳ (1363); Хат ва фарҳанг; чопи дувум; Фурӯҳар. Боргирӣ аз “инҷо” (238 рӯя ва 4 мегобойт).

Забонҳо ва гӯишҳои эронӣ

… (1391) Вожаномаи кӯчаки порсии миёна; Фарҳангистони забони порсӣ. Боргирӣ аз “инҷо” (4 мегобойт).

Касравии Табрезӣ, Аҳмад (1325); Озарӣ ё забони бостони Озарбойҷон. Боргирӣ аз “инҷо” (1 мегобойт)

Барои боргирии наскҳои дигар ё ошноии бештар бо ин дафтарҳо ба Китобхонаи Порсӣ Анҷуман бингаред.

Матни порсиро “инҷо” бихонед

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*