Куруши Ҷаннатӣ: Аз ҳамон замон ки гурӯҳҳои ҷӯроҷӯри одамиён ва шаҳройиниҳо (тамаддунҳо) бо якдигар бархӯрд кардаанд, барҳамкуниши андешаиву забонӣ низ ногузир рух додааст. Аз ҳамин рӯ, агар сарагароии забониро туҳӣ будани забон аз ҳар гуна созмояи берунӣ ва бегона бидонем, пас метавон гуфт, ин сухани дурустест, ки ҳеч забоне яксара сара нест ва чунин забоне агар ҳам ёфт шавад, танҳо дар миёни қабилае рушднаёфта ва дуруфтода хоҳад буд.
Забони порсӣ низ ба фарном (унвон)-и забони фарҳангу шаҳройинии Эрон, аз ҳамон оғоз бо шаҳройиниҳои перомуни худ бидеҳбистони забонӣ, хаттӣ ва вожагонӣ доштааст. Забони порсӣ дар замонҳои шоҳаншоҳиҳои ҳахоманишӣ, ашконӣ ва сосонӣ бо забонҳои эломӣ, бобилӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, сурёнӣ ва… дар пайванд буда ва баста ба ҷойгоҳу ниёзи худ аз ин забонҳо вомвожаҳоеро пазируфта, ё баворуна, вожаҳоеро ба ин забонҳо вом додааст. Бар ин поя метавонем бигӯем вомвожа вожаест, ки забоне дар раванде зосторик (табиъӣ) ва ба миёнҷии ниёзи забонии худ аз забоне дигар меситонад. Дар ин додуситад забони ҳозмоне (ҷомеъае), ки дар заминаи донишу орвин (таҷруба)-и зистӣ дар зинаи (дараҷаи) пойинтаре қарор дорад, бештар кунишпазиру ситонанда аст, то кунишгару диҳанда.
Бо ин ҳама ҳамеша ҳам бархӯрдҳои забонӣ дӯстона ва дусӯя набудааст. Дар бисёре аз ҷангҳо гурӯҳи пирӯз мекӯшидааст, то афзун бар чирагии сиёсиву мондагор кардани он, ба чирагии фарҳангӣ ва забонӣ низ даст ёбад. Аз ҳамин рӯ, гуфтаанд: “То замоне ки забони миллати шикастхӯрда аз миён нарафта бошад, он миллат шикаст нахӯрдааст.”
Дар чунин бӯторҳое (шароите) додуситади забонӣ бар пояи ниёзҳои вожагонӣ ва забонӣ нест ва гурӯҳи пирӯз мекӯшад, то вожагон ва ҳатто сохтори забонии худро бар забони гурӯҳи шикастхӯрда зӯровар (таҳмил) кунад.
Бар ин поя, бисёре аз вожагони арабиву муғулӣ дар забони порсӣ зӯрвожа ҳастанд, на вомвожа. Барои намуна,ҳангоме ки забони порсӣ вожаҳои зебои “пизишк” ва“сипос”-ро дорад, дигар ниёзе ба вожаҳои “табиб”-у “ташаккур” надоштааст ва ин вожагон танҳо ба миёнҷии чирагии сиёсии гурӯҳи пирӯз ба забони порсӣ зуровар шудаанд.
Аз дигар сӯ, дар замонҳое ки ҳозмоне аз нигари тарози донишу фанноварӣ дар ҷойгоҳи фурӯдаст бошад, чорае надорад, ки ё ба вуруди яксӯяи вожагон аз забони фародаст дар донишу фанноварӣ тан диҳад, ё дар ҷойгоҳе кунишпазиру падофандӣ ба сохти ҳамӯгҳое (баробарҳое) барои вожагони тоза бипардозад.
Забони порсӣ имрӯз дар чунин исторе (мавқеъияте) қарор дорад ва то расидан ба ҷойгоҳе ҳамтароз бо кишварҳои гуволида (тавсеъаёфта) ногузир аст яке аз роҳҳои болоро баргузинад: ё монанди Ҳинду Покистон дарвозаҳои забонияшро дар баробари сели вожагони инглисӣ бигушояд ва дар поён забони порсӣ низ омезае шигифт аз инглисӣ, арабӣ, форсӣ ва… шавад ё бо баҳра бурдан аз дастгоҳи баростӣ нерӯманди вожасозӣ дар забонҳои пешванд-пасвандӣ аз мояҳои забонии ошнои худаш барои вожагони тоза ҳамӯгсозӣ (баробарсозӣ) кунад.
Инки забони порсӣ ба кудом сӯ меравад ва кудом роҳро бармегузинад, бастагии бисёре ба худогоҳии миллии мо дорад. Забони порсӣ устувортарин сутунпояи ҳувияти эронӣ ва андешаи эроншаҳрӣ аст. Агар ин меҳанд(муҳим)-ро дарнаёбем, вожагони инглисӣ бар сари забонамон ҳамон балоеро меоваранд, ки муншиёну нивисандагони (дареғо, ки бо сарафрозӣ) садаи шашуми хуршедӣ ба пас бо корбурди беравияи вожагони арабӣ бар сари забони порсӣ оварданд.
Матни порсиро “инҷо” бихонед.
Бифирист