Дар бораи пасванди “-гон”

گانДуктур Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ: Вандҳо яке аз афзорҳои фаристи (умдаи) вожашиносӣ дар забонҳои ҳиндуурупоиянд. Ин ёддошти кӯтоҳ нигоҳест ба корбурдҳои пасванди “-гон” дар порсӣ.

“-Гон” чимор (маъно)-ҳои гуногуне ба вожа медиҳад, ки гарин (муҳим)-тарини онҳо чунинанд:

1) Нисбат ва робита. Намунаҳо:

Бозаргон (- бозоргон, аз бозор)
Дехқон (-деҳгон, аз деҳ)
Гаравгон (аз гарав)
Нахҷиргон (- шикоргар, аз нахҷир)
Падаргон (- ирсе, ки аз падар мерасад)
Модаргон,
Шойгон (аз шоҳгон, аз шоҳ)

2) Гоҳ чимор (маъно)-ро чандон дигар намекунад, балки согин (нуонс) падид меоварад:

Дӯстгон (=дӯст, маъшуқ)
Фарзандгон (=фарзанд)
Худойгон (=сарвар, бузург, аз худой = сарвар, бузург)

3) Пасванди бешол (ҷамъ) аст ва ҷойгузини “-он” мешавад: ҳамагон, зиндагон, мурдагон, ташнагон, бандагон. Ин ҷойгузинӣ ду роян (далел) дорад. Яке ин ки дар порсии миёна ин вожаҳо ба воки “-г” поён меёфтаанд (зиндаг, мурдаг, ташнаг, бандаг), ки вахте “-он” ба онҳо мепайваста, бахши поёнӣ “-гон” мешудааст. Рояни дувум ин аст, ки воки “-г” гарёи (функсиюни) хушовоӣ дорад. Агар бихоҳем вожаҳои болоро бо пасванди “-он” бешол (ҷамъ) бибандем, хоҳем дошт: зиндаон, мурдаон, ташнаон, бандаон, ки овоики порсӣ намеписандад. Даромадани “-г” миёни ду худовои (мусаввати é, (eh), â) ин нохушовоиро аз миён мебарад.

Дарвоқеъ, порсизабонон барои сохтани десаи бешоли вожае, ки ба é поён меёбад, ба дунболи чигунагии он дар паҳлавӣ намегарданд, балки худкорона пасванди “-гон”-ро ба кор мебаранд. Гувоҳии ин зӯя (муддаъо) вожаҳои арабие ҳастанд, ки ба é поён меёбанд ва бо “-гон” бешол меёбанд: хосса – хоссагон, сифла – сифлагон, нухба – нухбагон, раққоса – раққосагон, наззора – наззорагон, ва дигарҳо.

4) “-Гон” гоҳе нишонгари гурӯҳ ва бозгариш (такрор) аст:

Ягон, даҳгон, садгон, ҳазоргон, сигон, шастгон.

Подгон = гурӯҳе сарбоз, ки дар маконе ҷой гузидаанд ва ба нигаҳбонии он гумошта шуда бошанд (Деҳхудо);

(Дар артиши Сосониён ва дар забони порсии миёна pāygān, ки хониши дигаре аз pādgān метавонад бошад, ба маънои сарбозони пиёда будааст, ҳамон тур ки pawn дар инглисӣ ва piéton дар фаронса аз решаи pedo-и лотин ба маънои по аст.)

Дирамгон = дирамҳо (Деҳхудо);
Диноргон = динорҳо.

5) Пасванди номи ҷашнҳо: Фарвардингон, Тиргон, Меҳргон, Обрезгон, Навгон. Ин пасванд дар ин ҷо ҳам бозгариш (такрор)-ро мерасонад, ойинҳое, ки бозгаршида мешаванд.

6) Номи хонаводаҳо: Гевгон, Кашводагон, ки дар ин ҷо ҳам гунае пасванди гурӯҳ ва бешол аст.

7) Номи маконҳо: Самангон, Шопургон, Гулпойгон ва дигарҳо.

Тармшиносии (терминулужии) донишики порсӣ ба пасванди “-гон” ниёзи фаровон дорад. Аз ин рӯ, бо он шуморе тарм (истилоҳ) сохтаанд, барои намуна аз гурӯҳи Мусоҳиб:

Оромгон (calms, оромгони ҷадйӣ, оромгони саратонӣ), бодҳои чиҳилгон (forties roaming), ҷанубгон, шимолгон.

Ҳамчунин, Фарҳанги решашинохтии ахтаршиносӣ ва ахтарфизик пасванди “-гон”-ро барои пешниҳоди тармҳои зер ба кор бурдааст:

Осудгон – holiday
Эзадгон – deity
Танумгон – personnel, аз танум – person
Чаҳоргон – tetrad
Доторгон – authority, аз дотор – author
Сӯгон – azimuth
Гетигон – multiverse
Мартугон – humanity, аз марту – human
Нумодгон – notation
Ҳоматгон – commentary, аз ҳомат – comment
Ҳаргон – universe, universal (ба чимори ом, умумӣ, куллӣ)
Ҳамдоргон – community, аз ҳамдор – common

Барои бештар донистан дар бораи ин тармҳо метавон торсити фарҳангро аз “инҷо”дид.

Матни порсиро “инҷо” бихонед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*